Хатнаро бас кунед! Айб аст

Иҷтимоъ 15.04.2011 09:40

KhatnaАгар 6-7 сол қабл дар расонаҳои хабарӣ омори хонаводаҳои камбизоат аз маълумотҳои расмӣ зиёд нишон дода мешуд, ҳатман ҳукуматдорон изҳори норозигӣ баён мекарданд. Аммо рафторҳои сиёсӣ ин гуна зуд тағйир меёбанд, ки ҳатто баъди ба рӯи даст гирифтани як ташаббус мавқеъҳои дигари сиёсӣ сарфи назар мешаванд. Манзури ман ба ин шакл тарғибу ташвиқи тӯйҳои суннатӣ ва хонадоршавии оилаҳои "камбизоат" мебошад, ки ҳатто тариқи моҳвораҳо барои тамоми ҷаҳон пахш мешавад.

Аз назари аксар муҳоҷирони тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд, пахши чунин барномаҳо имиҷи миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мекардааст. Охир дар дигар кишварҳо вазъи зиндагии мардум аз ҳамон камбизоатҳое, ки туйҳояшон дар телевизионҳо намоиш дода мешавад, бадтар аст. Аммо ҳеч яке аз кишварҳои дунё ба ин ҳад қашшоқии худро ба маърази тамошо намегузорад. Зоҳиран бо ин тарзи инъикоси маросимҳои хайриявӣ аз ҷониби хайрхоҳон ҳолати воқеии иҷтимоии мардум чашмрас нест. Аммо вақте гуфта мешавад, ки тӯйи фарзандони оилаҳои камбизоатро ин ё он дорандагон мегузаронанд, ин сухан хеле дардовар қабул мегардад. Мо барои тамоми ҷаҳон намоиш медиҳем, ки ҷомеае дорем, ки дар он як гурӯҳ аз эҳтиёҷоти зиндагии худ молу амволи зиёдатӣ доранду гурӯҳи дигар ҳатто барои баргузории тӯйи фарзанд эҳтиёҷ ба кӯмаки дигарон доранд. Феълан чунин вазъ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Аммо ингуна иллатҳои иҷтимоиро ягон кишвар ба намоиш намегузорад. Боз ҳам вақте ҳолати воқеӣ онгуна нест. Зеро соҳибҷашнҳо бо ҳамин маросимҳое, ки бо дастгирии хайрхоҳон доир мегардад, қаноат накарда, ҷашни арӯсии худро қаблан ё баъд такроран доир мекунанд. Аз ҷониби дигар барои чунин оилаҳо мушкили асосӣ маблағ барои харидории "қалин" ба ҳисоб меравад, на ин ки баргузории маъракаи зиёфати мардум. Пас чӣ ҳоҷат аст ба чунин намоиш ва худнамоӣ?!

Мо кистем?

Баъдан дар хориҷ аз кишвар моро масхара ҳам мекардаанд. Рост, охир тӯйҳои хатнасур маросиме нест, ки барои тамоми дунё намоиш дода шавад. Боз ҳам пахши маросимҳои хайрхоҳонаро уламои дин риё медонанд. Барои муқоиса, дар кишварҳое, ки даромади буҷаи давлатиашон даҳҳо ҳато сад баробар аз буҷаи давлати мо аст, хатнасури бачаро дар беморхона бидуни сарфи зиёдатӣ иҷро мекунанд. Дар деҳоти кишвари мо ҳам мардум баъди таҷрибаи зиндагӣ дар доираи қонуни танзим дар мавриди баъзе расму оинҳо назари дигар пайдо карда, имрӯз тӯйҳои хатнасурро як маросими зиёдатӣ меҳисобанд.

Арману озариҳо як анъана доранд, вақте фарзанддор мешаванд, ба номаш дар дашту теппаҳо ва саҳрои холии диёрашон ягон навниҳол мешинонанд. Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ барои тифл-бачаи ба дунё омада он қадар ниҳол мешинонанд, ки то ба сини никоҳ расидани фарзанд аз ҳисоби он дарахтон манзили зисти ояндаи он фарзандро бино карда тавонанд.

Аз ҷониби дигар вақте оилаҳои камбизоати деҳот чунин маросимҳоро аз шабакаҳои сартосарӣ тамошо мекунанд, як савол дар зеҳнашон пайдо мешавад. Модоме инҳо камбизоат бошанд, пас мо кистем? Ё худ он кӯдакони сару пойлучи кӯчаҳо ва модаронеро, ки барои нонпулӣ рӯзи дароз дасти талаб сӯи роҳгузарон дароз мекунанд, ба кадом табақаи аҳолӣ дохил кард? Мутаассифона ман то имрӯз нашунидаам, ки ягон нафар аз саховатмандон тӯйи суннатии талбандаҳои кӯчаю хиёбонҳоро доир карда бошанд. Ё шарт аст, ки гадобачаҳои бозор ҷойи дасти садақапурсӣ дароз кардан, бояд байни пояшонро дошта, аз роҳгузарон хоҳиш кунанд ки; Бой- амак чу-чули маро ҳам хатна кунед?

Саховат ривоят дорад

Дар мо умуман як тарзи солими дастгирии фарзандони оилаҳои камбизоат вуҷуд надорад. Агар ҳадафи мо кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ бошад, бояд ҳукумат ва дороён ба аҳолии камбизоат моҳихӯрӣ не, балки моҳидориро биомӯзанд. Яъне ин тарзи кӯмаку дастгириҳое, ки соҳибҷашнҳоро ҷамъ мекунанду мехуранду мераванд, аҳаммияти муваққатӣ дорад. Аз ин рӯ дар намоиши дастгирӣ аз ташаббуси сарвари давлат бобати кӯмак ба оилаҳои камбизоат зиёд сохтакориҳо ба назар мерасанд. Вагарна чанд сол қабл мақсад аз таъсиси Фонди хайриявии Тоҷикистон ин дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби саховатмандон арзёбӣ мегардид (Воқеан ин Фонд куҷо шуд?). Пас чаро саховатмандон мисли ҳамтоёни хориҷии худ хайрияи худро тариқи Фонди давлатӣ амалӣ накунанд. Аммо дар ҷомеаи мо дидаю дониста садақаи мардумро ба риё табдил медиҳем.

Имрӯз ҳукумат як маркази таҳлилие надорад, ки афкори оммаро оид ба мавқеи мардум дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроия ва сиёсати пешгирифтаи онҳо омӯзад. Аз ин рӯ ин суол-

Оё нафаре кафолат дода метавонад, ки иддае аз ҳамин ташаббускорони баргузории тӯйҳои фарзандони оилаҳои камбизоат, худ сабабгори камбизоат ё камбағалу қашшоқ шудани мардум нестанд?

Аслан олами бозаргонӣ натанҳо муҳити ҷомеа, балки равони одамон ва меъёрҳои иҷтимоиро низ дигаргун кардааст. Агар замони шӯравӣ мебуд, оё корхона ё ташкилоте, ки дар истеҳсолоту таъмини музди меҳнат камбудиҳои ҷиддӣ дорад, тариқи телевизион тарғиб мешуд? Чанде пеш дар як маҳфиле, ки ҳамагон як гузориши тӯёнаро тамошо мекарданд, суоли "камбизоат кист?" матраҳ шуд. Бонуи коргари соҳаи иҷтимоӣ иброз дошт, ки ҳар оилае, ки дар буҷаи хонаводагӣ 400-500 сомонӣ маблағи захиравӣ надорад, ингуна оилаҳо камбизоат ба ҳисоб мераванд. Яъне дар ҳолати фавқуллода агар узви оилааш бемор шаваду барои табобати он маблағ наёбад, камбизоатии худро эҳсос мекунад. Албатта дар нисбати якчанд соли охир сатҳи камбизоатии аҳолӣ хеле поён рафтаст. Аммо мутаассифона то имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти Хатлон чунин оилаҳо кам нестанд.

Гузаштагони мо гуфтаанд, ки саховатмандӣ як ривоят дорад. Нафаре, ки мехоҳад аз даромади софи худ ба ниёзманде дасти саховат дароз кунад, бояд нахуст тамоми атрофи худро ҷустуҷӯй карда, эҳтиёҷмандтарин мардумонро пайдо намуда, ба онҳо дасти кӯмак дароз кунад. Вагарна дар ҳоле дар маҳал ё шаҳри мо оилаҳое пайдо мешаванд, ки ҳатто нони хӯрдан надоранд, расонидани кӯмаку дастгирӣ ба дигар оилаҳое, ки вазъи оилавиашон ниёзманд будани онҳоро зери шубҳа қарор медиҳад, ҳеҷ аҷре надорад. 

Камбизоат кист?

Аз назари Сафар Раҳимов, омӯзгори равоншинос, он оилаҳое камбизоат дониста мешаванд, ки музди меҳнати онҳо барои сабадчаи истеъмолии узви оила баробар нест. Яъне агар сабадчаи истеъмолии аҳолии деҳот 80 сомонӣ бошад, омӯзгори соҳиби зану ду фарзанд бо 360 сомонӣ ба табақаи оилаҳои миёнаҳол дохил мешудааст. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Ҷумъахон Ашӯров, сардори раёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар асоси талаботи тиббӣ имрӯз сабадчаи истеъмолии як шаҳрванд бояд 224 сомониву 54 дирамро ташкил диҳад. Дар баробари ин дар баъзе мавридҳо сардори оила маҷбур мешавад, ки маблағи барои ғизои аҳли хонавода нигаронидашударо барои сару либос ва табобати ягон нафар аз узви оила сарф намояд. Пас, дар чунин ҳолат оила камбизоат мешавад.

Дар деҳот бошад, камбизоат гуфта он нафаронеро меноманд, ки чорпои хонагӣ ё мурғу дигар ҳайвоноти истеҳсолкунандаи ширу гӯшту тухм надоранд. Инчунин дар хонае, ки агар музди меҳнати коргарони оила ва даромади хоҷагиҳои ёрирасони онҳо барои таъмини ғизо ва сару либосашон кифоя накунад, ин оила камбағал ё камбизоат дониста мешудааст.

Аммо ба гуфтаи рӯзноманигор Хуршед Сафаров истифодаи мафҳуми камбизоат дар гузоришҳои расонаӣ қобили қабул нест. Оилаҳое, ки барои гузаронидани маросимҳои тӯйи фарзандонашон имконият надоранд, онҳо камбизоат на, балки ниёзманд ҳисобида мешаванд. Зеро дар чунин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ карда, дар ҳоли фақр қарор доштан, хоси мардуми мо нест.

Аммо ба фикри Давлаталӣ Ғаффоров муҳоҷири корӣ, ки барои дидорбинӣ ба зодгоҳаш омадааст, камбизоат инсонеро мегӯянд, ки чаҳор "ишкел"-и дуруст надорад. Яъне аз ин ё он узви бадан маҳрум аст. Ба истиснои ҳамин гуна одамон дигар ягон фарди рӯи заминро камбизоат гуфтан дуруст нест.

Бо дасти рост садақа бикун, дасти чап огаҳ нашавад

Ба гуфтаи Давлаталӣ нафароне, ки мехоҳанд дар доираи сиёсати иҷтимоии ҳукумат ба ниёзмандон кӯмак расонанд, донистанашон зарур аст, ки "Садақа бояд он тарзе дода шавад, ки дасти рост диҳаду дасти чап огоҳ нашавад". Ҳикмати ин гуфтор ин аст, ки агар дасти чап шоҳиди хайр кардани дасти рост шавад, ин барои дасти рост шӯҳрат мешудааст. Ва шӯҳратпарастӣ нишони маърифат нест.

Як ҷавони деҳотӣ, ки дар доираи маросимҳои наврӯзӣ ҷашни арӯсиашро мегузарониданд, иброз дошт, ки агар ба ҷойи сарфи маблағ барои баргузории тӯйи онҳо дар тарабхонаҳо ва тақдим намудани яхдону дигар лавозимоти манзил ба онҳо як гӯшаи замин тӯҳфа мекарданд, хубтар мешуд. Зеро дар нисбати ашёи рӯзгор оилаҳои нав ба воситаҳои истеҳсолӣ ниёз доранд. Чӣ тавр зиндагиро пеш бурд? Саволест, ки дар рӯзҳои аввали ба ҳаёти мустақил қадам ниҳодан, дар зеҳни дилхоҳ ҷавонмарди деҳот пайдо мешавад. Дар шаҳр барои навхонадорон беҳтарин тӯҳфа таъмини ҷавонон ба ҷойи кор мебошад.

Аммо боз ҳам саховатмандону масъулини баргузории тӯйҳои хайриявиро мебояд, ки дар интихоби оилаҳои камбизоат диққати ҷиддӣ диҳанд, то дар наворҳои телевизионӣ занҷирҳои тиллоии пайвандони соҳибҷашнҳо намоён набошад, ва бинандагон нагӯянд, ки ин ҳамааш дурӯғ аст.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97