Кӯдаконро аз телевизион наҷот диҳед

Иҷтимоъ 11.04.2011 19:18

Filmhoi_fantaziАввалан сухани худро дар бораи пайдоиш ва наҳат ёфтани телевизион оғоз хоҳам кард. Ихтироъи телевизион аз соли 1920 сар мешавад, ки дар аввал аз дискҳои механикӣ истифода мекардаанд ва сураташ низ он қадар возеҳ набуд ва дар соли 1923 вақте Владимир Зуркин камераро (конескопро) ихтиръо кард, ки он барои тасдиқи сурати электирикӣ кӯмак мекард ва инчунин олимҳои зиёде буданд, ки барои ихтироъи телевизион нақш гузоштаанд.

Дар соли 1927 ширкати "Генерал Электрик" барой возеҳтар ва хубтар нишон додани сурат дар шишаи телевизион ва барои нақл кардани сурату савт аз Вашинтон ба Нюёрк таҷрибае гузаронд, ки дар ин таҷриба комёб гашт.

Дар соли 1935 ширкати НВС- и амрикоӣ аввалин шабакаи тевизиониро ба вуҷуд овард, он соли 1939 аввалин шабакае буд, ки барномаш муназзам буд ва қисми зиёде аз мардуми Амрико аввалин бор дар маркази намоишгоҳи байналмиллалӣ baynalmilal istihdomi телевизионро диданд, ки он ҳам аз хатҳои сиёҳу сафед иборат буд ва баъдтар дар соли 1941 дар Амрико шабакаҳои АВС СВS NBS пайдо шуданд.

Таъсири телевизион

Аммо мебинем, ки телевизион имрӯз, чӣ тавре тасаввур кардааст, чӣ таъсири манфӣ ба насли наврас мерасонад.( tatavuri)

Зиёде аз табибон ва олимони илми нафс таъкид кардаанд, ки телевизион,сигоркашӣ ва автомобил - инҳо офатҳои қарни нав мебошанд, ки ба ҷисми инсон ва дар ақли ӯ зарар меоранд, инсонро аз варзиш, аз ҳаракат кардан боз медоранд ва ба бехобӣ ва тарс водораш мекунанд.

Албатта ҳастанд барномаҳое, ки шахс аз он метавонад манфиат барад , аз ин сабаб метавонем барномаи телевизионро ба ду бахш татақсим намоем .

1. барномаи телевизионии ҳақиқӣ, яъне воқеъй (Reality)

2. барномаи телевизионии фантазӣ, яъне ғайрвоқеъӣ (Fantazy)

Барномаи ҳақиқӣ шахсро водор месозад то бо ақл фикр кунад. Аммо барномаи фантазӣ шахсро ба эҳсосот тела мекунад. Зиёд аз баҳскунандагон фикр карданд, ки барномаи хайёл ё драммаи унфӣ ба монанди дуздию ғоратгарӣ ё худ куштору зӯроварӣ ба инсон таъсири нафсӣ мерасонад ва инчунин бисёре аз уламои тиб сабаби бемориҳои нафсиро аз бисёр тамошо кардани телевизор ё таслим шудан ба он аз ҷиҳати нафсӣ, ақлӣ ва ҷисмонӣ медонанд. Яке аз табибҳои Зеландияи нав Ҷурдун Миромуз дар тӯли таҷрибаҳои гузаронидааш исбот сохт, ки дар ҳақиқат филмҳои унфӣ ба (Tarzan) сабаби тарси кӯдакон ва баъзе касалиҳои рӯҳӣ - нафсӣ мегардад, мисол дар вақти хоб сухан гуфтан ва амсоли инҳо.

Бо дидани баъзе филмҳо кӯдакон худро мекушанд

Аз ин рӯ яке аз шабакаҳои телевизионии Амрико нишон додани чунин филмҳоро манъ кардааст. Дар Париж ҳам пас аз ҳодисаи духтараки хурдсоле баъд аз тамошои филм худро оташ мезанад, чандин шабакаҳои телевизионӣ баста шуданд. Ман худ дар як рӯзномаи мисрӣ хондам, ки писарбачаи хурдсоле баъд аз тамошои филме ( spider man), ки қаҳрамонаш монанди анкабӯт (тортанак) аз ошёнаҳои баланд худро ба поён меандозад, аз боми бинои баландошёна худро ба пойин андохтааст.

Филмҳое сабабгори бадахлоқии кӯдакон

KovboyДар ҳақиқат таҷрибаю баҳсҳо нишон дод, ки кӯдакон хислатҳои бад ва дашному бадахлоқиҳоро аз филмҳо ёд мегиранд. Ногуфта намонад, ки таъсири телевизион дар ду давра зиёд ба назар мерасад.

Марҳилаи тифлӣ. Марҳилаи баъди тифлӣ, яъне наврасӣ ва то синни ба балоғат расидан. Духтур Вилиам Белсони бритонӣ муайян сохтааст, ки панҷ намуд барномаҳое ҳастанд, ки сабаби асосии гирифтани хислатҳои бад барои кӯдакон мегарданд.

1. Кавбой

2. боксҳои озод

3. филмҳое, ки ду гурӯҳ ё нирӯ зидди ҳамдигар меҷанганд

4. филмҳое, дар онҳо тифлон нақш меофаранд ва он ҷо ба куштору дуздӣ даст мезананд.

5. филмҳое, ки куштору зӯровариро ҳамчун рафтори одӣ нишон медиҳанд

Охирсухан

Дар охири ҳамин матлаб гуфтаниям, ки имрӯзҳо намоиши чунин филмҳо дар телевизиони тоҷик аз мадди назар дур нест, имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки телевизион яке аз васоили зудтаъсир ва тезбаҳсшавандаи васоити умум ба ҳисоб меравад, аммо аз чӣ бошад, ки барномаҳои панду ахлоқӣ камтар дида мешавад, филмҳои амрикоӣ чуноне ки дар боло зикр кардем, агар кӯдакон тамоми ахлоқу рафтори бадро аз намоишҳои ғайриахлоқӣ бигиранд, чаро имрӯз мо намоишҳоеро, ки пур аз панду ахлоқ аст, пахш намекунем? Агар назар ба ислому аҳодис кунем, ҳама панду ахлоқ аст, чаро боре ояте аз Каломуллоҳ дар телевизиони тоҷик садо намедиҳад?

Зиёд қорибачаҳое ҳастанд, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ рафта ҷойҳои намоёнро ишғол карда, обрӯи миллати азизамонро бардоштаанд. Чаро чунин чеҳраҳоро боре ба ҳамсабақони онҳо аз тариқи оинаи нилгун пешкаш намекунанд?

Дар ҷое хондам, ки атеистони Ғарб солҳо фикр мекарданд барои вайрон кардани ахлоқи мардуми Шарқ ва аз байн бурдани расму ойини ҳамидаи мо то ин васоилро, яъне ба воситаи телевизион тавонистанд ин амали худро ҷорӣ созанд.

Бале, имрӯзҳо агар аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе гузар кунем аз забони кӯдакони хурдсол як дашномҳое мешунавӣ, ки ҳоло худи онҳо маънои ин калимотро дарк накардаанд.

Чаро имрӯз мо дар фикри ин ҳама нестем?

Бо умеди ислоҳи барномаҳои телевизионӣ ва муввафақиятҳои ахлоқӣ ба насли наврас.

Умедҷони Шокирӣ,

донишҷӯйи Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97