Нозимҷон Нидоев: «Баъзе устодон то ҳанӯз афсона мегӯянд»

Иҷтимоъ 11.04.2011 13:49

Nidoev_01

Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ки 16 июли соли равон 15 сола мешавад, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи андоз, ҳуқуқ ва иқтисод саҳми шойиста дорад. Хабарнигорони "Миллат" чанде қабл бо ректори ин Донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ Нозимҷон Нидоев мусоҳибае анҷом доданд, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандаи арҷманди нашрия менамоем.

Устод, мехоҳам нахуст назари шуморо дар мавриди он бипурсам, ки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон барои таҷлил аз 20 - умин соли Истиқлоли Тоҷикистон чӣ дастовезе дорад?

Ҳақиқатан мо тайи ҳамин ду сол барои сазовор пешвоз гирифтани 20- солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 15- умин соли таъсисёбии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ки низ ҳамин сол ҷаш гирифта мешавад, кӯшишу талоши бисёр кардем. 16 июли ҳамин сол донишкадаи мо 15 сола мешавад ва мо тасмим гирифтаем, ки нахуст Иди Истиқлоли кишварро таҷлил намоем, онгаҳ санаи таъсиси донишкадаи хешро ҷашн бигирем. Ба ҳамин хотир мо нақшаи чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи таълим, тарбия , илм ва беҳтар намудани инфраструктураи донишкада тартиб додаем. Дар ҳоли ҳозир мо бештар ҷиҳати баробар кардани сатҳи таҳсили донишҷӯёнамон ба сатҳи ҷаҳонии таҳсилот кӯшиш дорем ва дар ҳамин замина соли гузашта чанд ихтисоси нав таҳия карда, ҷорӣ намудем, ки ин ихтисосҳо ҳама ҷавобгӯи талаботи имрӯзӣ ҳастанд. Аз шаш ихтисоси нав масалан, якеаш тиҷорат дар интернет, дигар дар равияи ҳуқуқшиносӣ, яъне таъмини ҳуқуқи соҳибкорони хурду миёна ва таъминоти ҳуқуқии гумрукӣ аст. Дар солҳое, ки ман дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар кафедраи иқтисодиёти савдо кор мекардам, факултаи иқтисод, махсусан иқтисоди савдо беҳтарин факулта ба шумор мерафт ва довталабони зиёде ҳам дошт, ҳатто аз факултаҳои шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ дида, дар ин факулта довталаб зиёдтар буд ва озмун низ хеле дар сатҳи баланд баргузор мешуд. Аз ин рӯ мо қарор додем, ки ихтисоси иқтисодчии корхонаҳои савдоро низ роҳандозӣ намоем. Давомоти хониш ҳам аз 50 ва 60 дар сад то ба 98 дар сад расидааст, ки фикр мекунам ин аз беҳтар шудани шароити таълим дарак медиҳад. Ҳоло ҳар як кафедра дар дохили худ кабинети таҷҳизонидашуда дорад, ки бо тамоми шароити муъосир ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин сайти интернетии Донишкада хеле ҳам фаъол аст. Дар ҳар синфхона беш аз бист компютер мавҷуд аст, ки ҳама бо шабакаи интернет пайваст аст ва дилхоҳ донишҷӯ метавонад, ки ҳангоми дарс ё баъди анҷоми дарсҳо аз он истифода кунад. Дар маҷмӯъ мо беш аз 300 компютер дорем. Вале то ҳанӯз кори мо ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нест. Зеро мо худ маблағгузорем ва касе ба мо кӯмак намекунад. Фақат бо маблағи донишҷӯён ва чанд хоҷагии ёрирасоне , ки ташкил кардаем,   пеш рафта истодаем, ба қавли русҳо "помош ждать не откуда, не слева не с права." Новобаста ба ин мо дар давоми як соли фаъолиятамон ду баробар маъоши кормандонамро баланд бардоштем. Як бор моҳи феврали соли гузашта ва бори дуввум аз моҳи январи ҳамин сол музди меҳнатро дар донишкада боло бурдем. Ва бояд гуфт, ки сатҳи маъоши кормандони донишкадаи мо нисбат ба дигар донишгоҳҳо аз як баробар болотар аст ва метавон гуфт барои зиндагӣ басанда аст ва шояд ҳамин аст, ки кормандони мо кӯшиш менамоянд, ки босифаттар кор кунанд. Дар тӯли якуним ду сол бештар аз сад барномаҳои таълимиро таҳия намуда, дувоздаҳ китоби дарсиро таълиф намудаанд. Дувоздаҳ нафар номзади илм ва чор нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд.Агар аз рӯи миқдори устодон ва донишҷӯён бигирем, мо дар ҷойи аввал ҳастем.

Дар маҷмӯъ Донишкадаи 15 сола чанд доктор ва чанд нафар номзадҳои илм дорад?

Ҳоло чордаҳто доктор ва шаст номзади илму дотсентҳо дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба замми ин мо ба дигар донишгоҳҳо кадр тайёр намуда истодаем. Ҳозир аз ҳисоби шогирдони донишкадаи мо ду нафар ноиби ректор ва шаш нафар мудири кафедра шуда кор мекунанд. Инчунин ноиби декан ва чанде аз мудирони шӯъба ва омӯзгорони Донишкада хатмкардаи ҳамин даргоҳи илму маърифатанд. Ин бойиси ифтихор аст, ки донишкадаи мо як базаи илмӣ барои дигар мактабҳои олии кишвар гардидааст.

Дар донишкада чӣ? Чаро дар ин ҷо кор намекунанд?

Ин афрод дар ҳамин донишгоҳ ба воя расидаанд, рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд ва аз ҳамин ҷо ба дигар донишгоҳу муассисаҳои илмӣ ба кор рафтанд. Асоси рафтани онҳо ин аст, ки мо ҳаждаҳ кафедра дорем ва танҳо ҳамин қадар мудир зарур асту чаҳор декан. Мо дигар имкону тавони кафедраи нав боз карданро надорем.

Дар Донишкада чаҳор факулта мавҷуд аст?

Бале, чаҳор факулта дорем, ва як факултаи ғоибона. Барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии кормандонамон низ кӯшиш дорем. Пештар гирду атрофи ҳамин бино кушода буд. Чанд дафъа шабона худам омадам ва дидам, ки ҳар гуна дузду авбошу нашъаманд ҷамъ меомаданд. Як "проходной двор" шуда буд. Ҳатто ҳодисаҳои таҷовуз ба номус низ содир шуда буд. Мо чаҳор гӯшаи донишкадаро маҳкам кардем. Ду анбори калоне, ки дар пушти ин бино маҷуд аст, гирифтему бо маблағҳои худӣ онро майдончаи варзишӣ табдил додем. Дар фароғатгоҳи "Чилча"-и ноҳияи Файзобод бошад, ҳавзи шиноварӣ ва чанд ҳуҷраи дамгирӣ барои муаллимон сохтем. Барои хонандагони мактаби душвортарбияи ҷумҳурӣ як зали калон ва ошхона бунёд намудем. Дар таърихи системаи маорифи Тоҷикистон ягон донишгоҳ барои дигар таълимгоҳе то ба ҳол чизе насохтааст. Ин аввалин иқдоме буд, ки аз ҷониби мо сар зад ва дигарон ба ин аҳамият намедиҳанд.

Ва ин нукта бойиси зикр аст, ки устодони донишкадаи мо, аз қабили профессор Нодир Одилов, Рустам Назаров, Шавкат Исмоилов, Мирзо Аҳмадов ва Сайидмуродов дар як қатор конфренсияҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд. Дар миёни вакилони парлумон ҳам хатмкардаҳои донишкадаи мо ҳастанд. Донишкадаи мо зодаи даврони Истиқлол аст.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон донишгоҳҳо ва донишкадаҳо зиёданд, оё фаъолият кардани чунин донишкада зарурат дорад?

Ман фикр мекунам, ки зарурати объетивӣ мавҷуд аст. Муносибатҳои бозорӣ вобаста ба шароите, ки ба як донишгоҳ ва донишкада медиҳад, муайян мекунад, ки кадоме аз донишгоҳҳо заруртар аст. Як чизро қайд кардан ҷойиз медонам, ки алҳол камбудиҳо мавҷуданд. Масалан, як ихтисосро дар чанд донишгоҳу донишкада таълим медиҳанд, ки ин ҳам ҷиҳати мусбат дорад ва ҳам ҷанбаи манфӣ. Масалан, факултаи молия ва қарз. Ҳамин факулта дар Донишгоҳи миллӣ нархи шартномавияш яку ним ҳазор доллар аст, дар мо бошад 700 доллар. Ва дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ ҳамин гуна факулта ҳаст. Имсол чуноне шумо низ медонед, бисёре аз донишгоҳҳо бедовталаб монданд, масалан дар Донишгоҳи славянӣ ва баъзе аз факултаҳои Донишгоҳи миллӣ. Ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бошад, қариб ҳеҷ кас нарафт. Ҳоло он ки дар мо дар як ҷой аз се то панҷ кас довталаб буд. Бояд гуфт, ки донишкадаи мо қаблан Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ном дошт ва як паҳлӯи сиёсии мавҷудияти ин маърифатгоҳро махсус бояд қайд кард, ки дар он замони бесомониҳо хидмати ҳамин донишкада дар ҷалб кардани мардум ба зиндагии орому осоишта хеле бузург аст, бигирем ҳамон солҳо бист ҳазор донишҷӯ дошт, пас 150 ҳазор нафар ба кор фаро гирифта шуда буд. Яъне 150 ҳазор одам саргардони кор ва меҳнати ҳалол буд, фикрашон ба дигар чиз неву маҳз ба кор банд буд. Ана ҳамин ҷиҳатҳои сиёсии онро гуфтан даркор, ки одамонро ба кор ҷалб намуданд, аз кӯчагардӣ ва бекорӣ одам ба ҳар чӣ даст мезанад. Ин коре буд, устод Исломов ҳамроҳи муаллим Гулмирзоев пеш мебурданд. Ҳамин чиз дар ҳамон давра зарурияти обективӣ дошт. Албатта ин чизҳо ҳоло каме дигартар менамояд, лекин он замон барои мо, барои ҷомеъа хеле зарур буд. Аз ҳама муҳимаш он буд ки аз панҷсад то ҳафтсад нафар ин ҷо маъош мегирифтанд. Олиме набуд, ки ин ҷо ба тариқи соатбайъ ё ҳамкор фаъолият надошта бошад, ҳатто чанде вазирон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент низ бо Донишкада ҳамкор буданд ва то имрӯз кор мекунанд. Шогирдони мо ҳоло дар бисёре аз мақомҳои давлатӣ кор мекунанд, ният дорем, ки пас аз таҷлили понздаҳсолагии Донишкада дар тахтаи махсус дар долони Донишкада расмҳои хатмкардагони шинохтаи ин даргоҳро овезон мекунем ва шояд бовар накунед, ки онҳо фориғуттаҳсили ҳамин Донишкада бошанд.

-Устод, қаблан аз фаъолияти Донишкадаи Шумо зиёд интиқод мешуд. Имрӯз вазъият чӣ гуна аст? Камбудиҳо ислоҳ шуданд?

Ин ҷо гап дар бораи дигар чиз аст. Албатта, дар куҷое, ки кор бошад, дар он ҷо хато ва камбудӣ ҳаст. Ленин гуфта буд, ки "касе кор мекунад, хато мекунад" ва Сталин гуфта буд, ки "фақат мурдагон хато намекунанд."

Ман гумон намекунам, ки дар ҳамин ду соли охир Донишкадаи иқтисодӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифта бошад. Ин тавр нест. Шояд танқидҳо буданд ва гуфтам ку агар кор бошад, хатову нуқсоне ҳаст ва танқид ҳам пайдо мешавад. Аз пешрафтҳову чорабиниҳои муҳиме, ки мо дар Донишкада баргузор мекунем, телевизион ва радио камтар мегӯянд. Моро баъзан интиқод мекунанд, ки чорабиниҳои зиёд мегузаронем. Баръакс ин ҷо кор ҳаст, мо ноибҳои ректорро аз ҳисоби мутахассисони ҷавон таъин кардем. Ҳатто дар аввали соли хониш ман чанд нафарро медонам, вақте дар мо то ҳаштод ва навад фоиз давомоти донишҷӯён буд, дар Донишгоҳи миллӣ 15 фоизи мардум ҳатто дар дарс набуданд. Ин ягон гапи хушку холӣ нест. Шумо метавонед ҳозир рафта дар ягон синфхона дароед, ё ки дилхоҳ рӯз биёед, бинед, ки аз саҳар то бегоҳ чӣ хел донишҷӯён ба дарс фаро гирифта шудаанд. Ҳозир мо намегӯем бе камбудӣ ҳастем, камбудӣ ҳаст. Ҳозир низ баъзе муҳассилин бо ришу фашу либоси варзишӣ ба дарс меояд, лекин умуман ҳозир масъалаҳои тарбиявӣ, хониш ва илмомӯзӣ беҳтар шудааст. Имрӯз агар донишҷӯе, ки бесабаб ба дарсҳо ҳозир нашавад, бечунучаро хориҷ мешавад. Аввал падар ва модарашро як бор огоҳ мекунем. Ва ҳам кадом донишҷӯе, ки аз сето зиёдтар қарзи академӣ дошта бошад, вайро низ хориҷ мекунем.

 

Сатҳи дониши муҳассилини Донишкадаи Шумо дар кадом поя аст?

Nidoev_02Донишҷӯёни имрӯз дигар он муҳассилини 5-10 соли пеш нестанд. Бо дилхоҳ муаллим ва олим баҳс карда метавонанд. Дар ҳақиқат донишашон хеле беҳтар шудааст. Соли гузашта қариб ҳар моҳ якто чорабинӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳо бо иштироки вазири маориф ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент мегузашт, дар ҳамон маъракаҳо ҳам баромади шогирдони мо баръало намоён буд. Соли гузашта устодони мо аз назария ба амалия гузаштанд. Порсол дуто ихтироъ аз ҷониби устодони ин даргоҳ шуд. Омӯзгор Шарофов истгоҳи барқии бе дарғот ва бо газ истифодашаванда ихтироъ кард. Инчунин дар олимпиадаҳо хеле аз шогирдони мо ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ҳозир мо дар донишандӯзии шогирдон мушкил надорем. Мушкил дар устодҳо дорем. Бисёре аз устодони ин маърифатгоҳ дар мафкураашон молу бори кӯҳна аст ё ин ки ҳанӯз ба истилоҳ афсонаҳои халқи тоҷикро барои шогирдон ривоят мекунанд. Мо ҳозир аз ин гуна устодон ният дорем, ки халос шавем. Имрӯз муносибатро бо донишҷӯён дигар кардаем. Мо бо донишҷӯ ҳамчун рафиқ, ҳамкор, ҳамчун аъзои оила, ҳамчун шахсе, ки тарбия мегираду ба воя мерасад муносибат мекунем. Ҳақиқатан пеш буданд мавридҳое, ки устодон дар портфелҳо дафтарчаи имтиҳоноти шогирдонро гирифта мегаштанд. Мо ба ин чиз хотима додем ва аммо наметавонем бигӯем, ки пурра хотима дода бошем. Ин дар дигар донишгоҳҳо низ ҳаст, лекин дар мо хеле кам шудааст.

Солҳои пеш, вақте Донишкадаи мо номи андоз ва ҳуқуқро дошт, бо роҳбарии Сайёра Олимовна донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳо дар Санкт- Петербург, Тошканд ва дигар кишварҳо ҷойҳои намоёну сазоворр ишғол карда буданд. Имрӯз фарқияти донишҷӯёни мо назар ба даҳ соли пеш хеле зиёд аст. Он донишҷӯёне, ки дар собиқ хориҷ шуданд ва ҳозир меоянд ва ин ҳама тағйироту дигаргуниву фарқиятро мебинанд ба шӯъбаи ғоибона мегузаранд ё ба дигар донишгоҳҳо барои хондан мераванд, чунки ин ҷо талабот комилан дигар шудааст.

- Донишкадаи шумо аз рӯи кадом меъёр мутахассис тайёр мекунад, аз рӯйи талаботи замон, бо дархост ё кадом меъёри дигар?

Аслан аз рӯи ихтисосҳое, ки имрӯз барои ҷомеъаи мо заруранд ва ба дарди муносибатҳои бозорӣ мехӯранд, мо мутахассис тайёр мекунем. Номи донишкадаи моро Президенти кишвар гузоштааст, яъне Донишкадаи иқтисодӣ. Аслан дар ин донишкада бояд макро-иқтисодиёт таълим дода шавад. Он чи ки дар Донишкадаи соҳибкорӣ, молия ва ҳоказо аст, онҳо соҳавӣ ҳастанд ва базаи ягона бояд ин ҷо бунёд шавад, асос бояд ин ҷо ҷамъ шавад. Ва ҳамин гуна ҳам мешавад. Мақсад хамин хел аст. Лекин барои ин меҳнати зиёд кардан даркор. Ҳоло мушкилоти хеле зиёд дорем. Масалан, нисфи донишкадаамон дар ин ҷо асту ними дигараш дар маҳаллаи Гипрозем, масофа хеле дур аст ва аз ин рӯ назорати раванди таълиму тарбия бароямон каме мушкил аст.

- Хатмкунандагони шумо ҷойи кор пайдо мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки дипломи донишкадаи иқтисодиро баъзе аз корхонаву муассисаҳо чандон ба назари эътибор намегиранд ва авлавиятро ба Донишгоҳи миллӣ медиҳанд?

Баръакс аст. Ин як рақобат аст. Ман ҳатто бо камоли ифтихор гуфта метавонам, ки хатмкардагони донишкадаи мо дар Дастгоҳи иҷроияи Президент, дар мақомоти прокуратура, Агентии мубориза бо корупсия, дар дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, дар Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ҳам фаъолият доранд. Соли гузашта 120 нафар хатмкардагони Донишкада соҳиби дипломи аъло гардиданд. Чанде қабл як маҳфил доштем, як донишҷӯдухтар бо чор забон, англисӣ, фаронсавӣ, русӣ ва тоҷикӣ сухан кард. Мо ба донишҷӯён танҳо ҳангоми дар курси якум таҳсил карданашон забони хориҷӣ меомӯзонем, дигар худашон бештар худомӯзӣ мекунанд.

Дар Донишкадаи иқтисодӣ чӣ қадар донишҷӯ таҳсил мекунад ва чӣ қадар омӯзгор ин ҷо фаъолият мекунад?

Штати омӯзгорӣ ҳамагӣ 225 нафар дорем. Ва дар маҷмӯъ ҳамроҳ бо дигар устодон, ки аз дигар донишкадаву муассисаҳои илмӣ ҳастанд, 320 нафарро ташкил мекунад. Имсол аввалин бор шумораи донишҷӯёни рӯзона аз ғойибхонҳо зиёд шуд. Аммо чанде аз онҳо хориҷ карда шуд ва боз ғойибхонҳо зиёд шуданд. Шумораи донишҷӯён аз панҷуним то шаш ҳазорро ташкил мекунад. Аз ин шумора 2700 нафар дар шӯъбаҳои рӯзона ва зиёда аз 3 ҳазор нафар ғойибхон ҳаст.

-Агар имкони молии бештар медоштед, кадом дигар корҳоро амалӣ мекардед?

Пеш аз ҳама он робитае, ки бо 15 донишгоҳу донишкадаи хориҷӣ дорем, қавитар мекардам. Маъоши омӯзгорон ва идрорпулии донишҷӯёнро боло мебурдам. Барои афзун намудани сатҳи зиндагии устодону кормандони донишкада кӯшиш менамудам. Базаи илмӣ ва техники донишкадаро тақвият мебахшидам. Курсҳои бозомӯзии устодонро ба роҳ мемондем. Ва ҳамин ниятро дорем, ки ин корро аз соли оянда хубтар ба роҳ монем. Агар имкони молӣ даст медод, як зали калон, яъне китобхона, бойгонӣ, зали калони маҷлисгузаронӣ ва умуман бинои маъмурӣ месохтем.

- Чаро номи донишкада иваз шуд?

Барои иваз кардани ном, бояд номи ҳуқуқро мегирифтанд. Асосан ин донишкадаи андозу гумрук буд. Донишкада аввал ба Кумитаи андоз итоат мекард. Муассисаш ҳам Кумитаи андоз буд. Вақте Вазорати даромадҳо ва пардохтҳо ташкил шуд, донишкада он ҷо итоат мекард. Ва кори хуб нашуд, ки донишкада аз Кумитаи андоз ҷудо шуд. Ҳоло муассиси донишкадаи мо Вазорати маориф аст. Агар донишкада сирф соҳавӣ мешуд, боз беҳтар буд. Барои он, ки маблағгузорӣ мешуд, таваҷҷӯҳ ва муносибат дигар мешуд. Ҳозир донишкадаи мо барои Кумитаи андоз, соҳаи молия ва гумрук кадр тайёр мекунад. Донишкадаи мо имрӯз соҳиби нишон ва рӯзнома аст.

Шакли ғойибхонӣ аз соли гузашта маҳдуд шуд. Назари Шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

Тамоми бадбахтиҳое, ки дар ҷумҳурӣ нисбати таҳсилот ба амал омадааст, асосан аз ҳамин шакли ғойибхонии таҳсил аст. Мо аз ҳамин сол сар карда аз таҳсилоти ғойибона пурра даст мекашем.

- Устод мо барои Шумо ва ҳама устодону шогирдони Донишкадаи иқтисодӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20 солагии Истиқлол ва 15 - умин соли таъсисёбии Донишкада барору комёбиҳо мехоҳем.

- Ба шумо ҳам сарбаландӣ мехоҳам.

Сӯҳбати Толибшоҳи САЙИДЗОДА

ва Умари ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97