Ҷони нодон дар азоб…

Иҷтимоъ 11.04.2011 09:42

Hilloli_AhmarБарно ҳамагӣ 25 сол дорад. Маризи сил аст ва табобат мегирад. Шавҳари қариб ҳамсолу ҷавонаш низ вақтҳои ахир беҳолу бемадор буд, иштиҳо надошт ва зуд-зуд сулфаи давомдор мекард. Барно ба ёд овард, ки инсони гирифтори ин ҳолат эҳтимол маризи сил бошад ва шавҳарашро ташвиқ кард, то ҳатман ба назди пизишк равад ва аз ташхис бигузарад.

Барно номи рамзии яке аз садҳо нафарест, ки ихтиёриён ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар меҳмони онҳо мешаванд ва ба онҳо дар бораи маризии сил маълумот медиҳанд. Нахустин фоидаи Барно ҳам аз маълумоти гирифтааш ин аст, ки нишонаҳои аввалия ва эҳтимолии маризии силро медонад, ҳамон нишонаҳое, ки дар шавҳари ҷавони худаш мушоҳида кардааст.

Ба иттилоъи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, танҳо шумори расман қайд шудаи гирифторони сил дар Тоҷикистон дар соли 2010 тақрибан ҳафтуним ҳазор буд. Пӯшида нест, ки ин рақам ниҳоӣ ва баёнгари ҳол нест ва ба даст овардани рақами дақиқ ҳам кори осон нест, чунки на ҳама одамон бемор будани худро медонанд, нишонаҳои силро мефаҳманд ва ба духтур муроҷиат мекунанд.

Дар қатори созмонҳои дигари дохилӣ ва байнулмилалӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ бо ҷамъи зиёди ихтиёриёни худ хона ба хона ва маҳал ба маҳал мегардад ва ба мардум дониш медиҳад - донише, ки чӣ кор бояд кард, то гирифтори сил нашуд, чӣ гуна нишонаҳои онро муайян метавон кард ва чӣ гуна ба духтур муроҷиат кардаву табобат гирифт... Донише, ки мардум ба он ниёзи бисёр дораду дастрасии кам. Донише, ки ҷонҳоро метавонад аз марг наҷот диҳад.

Рӯзи махсуси мубориза бо сил

Ҷаҳон то андозае аз бемории сил нигарон аст, ки бар иловаи муборизаи ҳаррӯза, ба хотири ҷалби таваҷҷҳӯи ҷомеа ба ин мушкил, рӯзеро махсус Рӯзи мубориза бо сил интихоб кардааст, Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сил - 24-уми март. Дар ин рӯз, дар соли 1882, олими олмонӣ Роберт Кох ангезандаи силро кашф кард, ки баъдан ба номи худи ӯ чӯбчаи Кох номида шуд.

Чорабиниҳое, ки ҳадафаш боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба сил ва табобати он, мушкилот ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо он мебошад, чанд рӯз пеш аз Рӯзи ҷаҳонӣ оғоз мешаванд ва чанд рӯз баъд ҳам давом мекунанд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам аз ин саф қафо нест.

Hilloli_Ahmar_03Соли ҷорӣ ҶҲАТ бо пуштибонии ҳамкоронаш аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), як силсила чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сил доир кард. Ҳадаф ҳам, тавре Зафар Муҳаббатов, котиби генералии ҶҲАТ, мегӯяд, фаро гирифтани шумори ҳарчӣ бештари мардум бо иттилоот дар бораи сил, ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба он ва муассирияти табобати зери назоратии он буд. З. Муҳаббатов: "Ба ин хотир, мо ба бозорҳо рафтем, ба боғҳо ва роҳҳо рафтем, ба донишгоҳҳо рафтем, сӯҳбатҳо кардем, маводҳои чопии гуногун ва ғизоӣ тақсим кардем, озмунҳо гузаронидем ва аз ҳар касе, ки ҳамсӯҳбатамон буд, хоҳиш кардем, ки ҳар дидаву шунидаву хондаашро ба дигарон ҳам бирасонад. Дар маҷмӯъ, тақрибан 1000 ихтиёрии мо ба ин маърака ҷалб шуда буданд."

Занҷираи нахустини ин силсила аз ноҳияи Ваҳдат бо баргузории мизи мудаввар, таълими ихтиёриён, озмунҳо миёни мактаббачагон, дави марафонӣ ва тақсими варақаҳои иттилоотӣ оғоз шуд. Дар ноҳияи Ҳисор, ҶҲАТ то ба худи ҷамоати Хонақоҳи кӯҳӣ, дар дили кӯҳҳо, рафт, то барои мардуми деҳ ҳамроҳ бо хонандагони маҳаллӣ саҳнаҳое дар мавзӯъи сил нишон бидиҳад. Чунин саҳнаҳо, дар баробари чорабиниҳои дигар, дар ноҳияи Бохтар ҳам ва дар шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, низ гузаронида шуд. Ихтиёриён, кормандон ва ҳамкорони ҶҲАТ аз созмонҳои дигар, бо ёрии мақомоти ҳукуматӣ, аз ҷумла БДА, ҳамчунин, ба қатори мошинҳо нишаста, дар автомарафоне аз Душанбе то ба Бохтар тавассути қурғонтеппа рафтанд ва раҳораҳ ба назди издиҳоми мардум рафта, бо баландгӯяк онҳоро аз хатари сил огоҳ карданд ва ба садҳо нафаре, ки наздашон омаданд, сӯҳбат карданду варақаҳои иттилоотӣ доданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин чорабинӣ ба даҳҳо ҳазор нафар гуфта шуд, ки сил чӣ нишонаҳое дорад, чӣ гуна метавон аз он худро эҳтиёт кард ва агар нишонаҳоро дар худ ё пайвандони худ мушоҳида кардед, пас бояд ҳатман ташхис ва табобатро ба фардо нагзоред.

Панҷ соли мубориза бо сил

Hilloli_Ahmar_02Ҳокии ин ҳама тафсилот, Муҳарам Халилова, ҳамоҳангсози барномаи мубориза бо сили ҶҲАТ, мегӯяд; Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сар аз соли 2007 барномаҳои худ дар роҳи мубориза бо силро шурӯъ кардааст. Ин барнома аввал дар ноҳияи Ваҳдат оғоз шуда буд, дар соли 2010 дар Ҳисор роҳандозӣ гардид ва сар аз соли 2011 ноҳияи Бохтар ҳам ба барнома дохил шуд.

Барнома тақрибан 600 ихтиёрӣ дорад, ки ҳамеша омодаи ба ёрии ниёзмандон шитофтан мебошанд ва фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ, Бунёди глобалӣ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сили Тоҷикистон, ФБҶ СС ва ҲА ва созмонҳои дигар ба роҳ мондааст. Ду соли пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фаъолияти шабакаи ихтиёриёни ҶҲАТ дар Ваҳдатро намуна барои дигар кишварҳо номида буд.

Муҳимтарин нуктаи ин ҳама пайғомҳо ва талошҳои ҶҲАТ он аст, ки ба мардум бирасонем: Сил табобат мешавад, он меросӣ нест. Ташхиси балғам барои муайян кардани сил ва доруҳои зиддисилӣ ройгон мебошанд. Агар табобати пайваста ва зери назорати духтур гирифтед, аз ин маризӣ раҳо меёбед. Донишҳои Шумо на танҳо худи Шумо, балки боз наздикону дӯстон, ҳамсояҳову шиносҳоятонро низ метавонад наҷот диҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97