Тоҷик чӣ дард дорад?

Иҷтимоъ 09.04.2011 10:10

world-health-day-2009Ҳамасола 7-уми апрел дар саросари дунё ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ" (World Health Day) қайд мегардад. Дар ин рӯз сохторҳои гуногуни сиҳатии ҷаҳонӣ масоилеро таҳти шиорҳои "Хуни тоза - наҷоти ҳаёт аст", "Фаъолӣ- роҳ ба сӯйи дарозумрӣ", "Саломатиро аз тағйироти иқлимӣ ҳифз мекунем" ва амсоли онҳо пеш мегузоранд. Соли гузашта шиори "1000 шаҳр-1000 ҳаёт" интихоб шуда буд.

Тоҷикистон низ аз соли 1992 ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пазируфта шуд ва ин ташкилот дафтари намояндагиашро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Бо вуҷуди саъю кӯшиш ва заҳмати шабонарӯзии табибон ва масъулини беҳдоштӣ ҳоло ҳам мушкилоти зиёде рӯёрӯи ҷомеъа дар ин самт ба назар мерасад. Ҳатто дар кишварҳои рушдкардаи дунё проблемаҳои ҳалношудаи тиббӣ бисёранд.

Ба таври мисол аксари сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бемории фарбеҳшавӣ, амрози қалб ва касалии роҳи нафас мубталоянд. Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола дар ин мамлакат ҳудуди беш аз 400 ҳазор нафар бар асари маризии саратон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир касалии фарбеҳшавӣ рӯ ба болоравӣ дошта, аз се як нафари амрикоӣ гирифтори он аст. Ҳамасола теъдоди қурбониёни ин маризӣ дар Амрико ба 45 ҳазор нафар мерасад. Ба ҷузъ ин, нашъамандӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди тамоку ва бемориҳои ҷинсӣ дар ИМА боиси ташвиши мақомоти масъул гаштааст.

Дар Русия бемориҳои фишори хун, майзадагӣ, сактаи қалб ва касалиҳои марбут ба ҷигару узвҳои ҳозима бештар миёни аҳолӣ паҳн гаштаанд. Тибқи иттилои вазорати сиҳатӣ ва шуғли аҳолии ин кишвар теъдоди гирифторони бемориҳои ҷинсӣ рӯ ба афзоиш дошта, ҳудуди шаст фисади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 143 нафар мубталои ин маризианд. Майзадагӣ аз зумраи бемориҳои асосии ҷомеъаи Русия маҳсуб гардида, аз ҳар 100 ҳазор 1530 нафар ба ин дард гирифторанд. Ҳамзамон, маризии зардпарвин (гепотит) дар Русия васеъ паҳн гашта, табибон яке аз сабабҳои онро дар майзадагии шаҳрвандон медонанд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки миллати тоҷикро кадом беморӣ бештар ранҷ медиҳад ва ҷомеъаро чӣ нигарон мекунад?

Агар африқоиҳо аз надоштани нони хурданӣ ва шароити бади зист азият кашанд, мардуми Амрико ва Аврупо баръакс, аз фаровонӣ гирифтори бемории фарбеҳиву тамокукашиву нашъамандӣ ва сактаи дил гаштаанд. Хулоса, ҳар кишвареро мушкилие дар пеш ҳаст. Пас, ҷомеъаи Тоҷикистон аз кадом беморӣ мушкилӣ дорад ва роҳи бурунрафт аз он кадом аст? Дар ин маврид андешаи чанд тан аз соҳибназарон ва масъулини соҳаро пурсидем:

Юсуф Нуралӣ,  доктори илми тиб:

Yusuf_Nurali- Аз ҳама бештар бемориҳои диабети қанд ташвишоваранд. Ба ҳамин масъала бояд бештар диққат дод. Тибқи нишондоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз се то панҷ фисади мардуми рӯйи олам гирифтори ин бемориянд, дар Тоҷикистон низ ин беморӣ хело зиёд шудааст. Ҳоло бо чӣ сабаб бошад, ки теъдоди дақиқи онҳо ба ҳисоб гирифта нашудааст. Агар ба таври тахмин бигирем, се фисади тоҷикон гирифтори ин бемориянд, пас худ хулоса бароред, ки чанд ҳазор бошандаи ин кишвар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Дар замони Шӯравӣ теъдоди ин гуна беморонро дар қаламрави он кишвар 60 ҳазор мегуфтанд. Он вақт зиндагии мардум тинҷу ором буд, ҳар кас як чизе дар зиндагӣ дошт ва дилаш аз имрӯзу фардову пасфардояш пур буд, зеро бо як маоши каме ҳам метавонист рӯзи худро гузаронад. Пушти сар кардани низоъи дохилӣ ва нооромиҳои ахир дар кишвар ва аз ҳама аламовар барои бештари оилаҳо ин аст, ки фарзандонашон дар паҳлӯяшон нестанд. Агар 300 ҳазор нафар дар муҳоҷират бошад, яъне ин миқдор модарон ҳар рӯз дар фикри ҷигарбандони худашон ҳастанд ва ғам мехӯранд. Аз ҷудоии фарзанд барои волидайн гаронтар чизе нест. Дар пешгирии ин гуна бемориҳо то он ҷое, ки вазорати тандурустӣ имкон дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тамоми мутахассисон ҳаматарафа дар фикри ҳалли ин масоиланд. Ҳамасола дар баҳси олимон ин масъалаҳо пеш гузошта роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ ва пайдо мекунанд. Аммо ман, ки ба ихтирои доруҳои диабетикӣ сару кор дорам ва таҷрибаи Ибни Синоро ҳаматарафа омӯхта истодаам ва аз ин рӯ медонам, ки ин беморӣ имрӯз дар кадом ҳолат аст. Дар Чин беш аз 92 миллион гирифтори ин беморианд. Дигар чизеро мехостам қайд намоям, ин расонидани ёрии тиббӣ ба занҳои ҳомиладор аст. Роҳи ҳалли ин масъаларо дар он мебинам, ки бояд амалиёти модарони тавалудкунандаро ҳамчун ёрии таъҷилӣ шуморанд ва бе пул табобат бикунанд. Агар ин масъала ҳалли худро ёбад, метавонад фавти занон ҳангоми таваллуд коҳиш ёбад. Мутахассисон дар шаҳр бисёранд, аммо дар навоҳӣ камёбанд. Имрӯз аксари табибони ботаҷрибаи мо ё дар мамолики араб кор мекунанд ё дар Русия. Ин ду масъалаест, ки бояд кишвари мо ба назар бигирад. Зеро аз сабаби пулакӣ будани ин кор аксари занон дар хона таваллуд мекунанд ва аён аст, ки ин чӣ оқибате хоҳад дошт.

Абдуллои Ташрифзода, сарвари дармонгоҳи тиббиву ташхисии "Тибби Шарқ":

TashrifzodaБояд бигӯям, ки савол хело ҳам ба маврид аст ва дар ҷаҳон ҳоло беш аз се ҳазор намуди бемориро табибон кашф кардаанд. Аз ин рӯ бояд қайд кард, ки ҳар дард сабаби худро дорад. Пас, хулоса бояд кард, ки се ҳазор сабаби дардҳо низ мавҷуд аст. Зеро ҳолати рӯҳу равонӣ бо бадан тавъам ҳастанд. Агар инсон ба як ҳолати рӯҳӣ гирифтор шавад, ҳатман ба бадани он таъсири худро хоҳад гузошт. Дар пайдоиши бемориҳо мавқеи ҷуғрофии зисти одамон низ таъсири худро дорад. Инчунин бемориҳое ҳастанд ки мавсимиянд. Масалан, иллатҳои сирояти рӯдаву меъда ва табларза ва амсоли он бештар дар тобистон сар мезананд. Ман ҳамчун мутахассис, асри ХХ1-ро асри тиб меномам. Аммо навобаста ба тараққиёти илму техникӣ баъзе аз иллатҳое мавҷуданд, ки ҳалли худро наёфта истодаанд. Нисбати бемориҳое, ки мо онҳоро метавонем доғи миллат бигӯем, аслан маризии захмҳои рӯдаву меъда мебошанд. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ҳар дарду иллат сабабаш аз маданият дур будани инсон аст. Аз назари мутахассис касеро ранҷонданӣ нестам, аммо тарзи истифодаи ғизоро мардуми мо кам диққат медиҳанд. Махсусан, фасли баҳорон, ки боиси пайдо шудани захмҳои меъда ва рӯда мегардад, ки инҳо беш аз 18 намуд мебошанд. Инчунин бисёре аз касалиҳои ревматизм, неврология, инчунин дар занҳо бемориҳои пасгармӣ зиёд аст. Бояд қайд намоям, ки бемориҳои равонӣ, депрессияҳо низ рӯз то рӯз авҷ гирифта истодааст. Ҷумҳурии мо, ки кӯҳистон аст ва нарасидани элементи калий йод бештар ба чашм мерасад, бисёре аз пиру барнои мо гирифтори он гаштаанд. Ин элемент бештар барои ғадудҳои сипаршакл зарур аст ва дар қисмати пеши гардан ҷой гирифтааст ва онро метавон "шоҳи ғадудон" номид. Зеро дар 17 дақиқа тамоми хуни организм тавассути ин ғадуд мегузарад, ҳам ҷойи антибиотикҳоро тоза менамояд, ва афзоиши ҷисмӣ ва рӯҳии кӯдакон ба ин вобастагии зиёде дорад. Ғадуди сипаршакл нақши дирижёрро дар организм мебозад. Касалии сил низ дар кишвари мо масъалаест, ки то ба ҳол ҳал нагаштааст. Ин бемории иҷтимоӣ аст. Шукр бояд кард, ки дар кишвари демократии ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем ва рӯз то рӯз шумораи ин бемориҳо коста мегардад, аммо ба ҳар ҳол чашмрас аст. Аммо умед аст бо беҳ шудани шароити зист метавонад аз байн биравад.

Яке дигар аз касалиҳои асосӣ ин паҳн шудани бемориҳои искимики қалбӣ аст. Дар ҷаҳон ин беморӣ ҷойи аввалро мегирад. Тибқи омор дар як сол беш аз 40 миллион одами рӯи замин аз бемориҳои дил мемиранд. Бемориҳои санги гурда низ хело зиёд аст.

Аз назари илмӣ ҳоло аз ҳама проблемаи бузург дар назди табибон касалии диабети қанд мебошад. Тибқи омор беш аз 300 миллион ба ин беморӣ гирифторанд, ки кишвари мо низ истисно нест. Дар як дақиқа аз ин беморӣ 6 нафар мефавтад, беш аз 400 нафар кӯр мегардад ва 4 нафарро пояшро мебуранд, ки онро пойи диабетӣ меноманд. Ҳатто Президенти мӯҳтарами кишвар дар суханронии худ ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда буд ва таъкид дошт, ки чораҳо андешида шаванд. Проблемаи камхунии занҳо ҳам ба назар мерасад. Аз ин рӯ бояд фосилаи таваллуд камаш се- чор сол бояд бошад. Чанд соли пеш бемории домана ҳам моро ташвиш медод, ки хушбахтона имрӯз қариб аз байн рафтааст. Фалаҷи кӯдаконаро низ тавонистанд бо эмкунии саривақтӣ пешгирӣ намоянд. Ман дар оянда хушбин ҳастам ва фикр мекунам, ки ин бемориҳоро метавон пешгирӣ намуд. Дар интиҳо инро гуфтаниям, ки табиби ҳар кас худи ӯст, ва саломатияш низ дар дасти худаш аст. Агар солимии ҷомеъа ба ҳар яки мо вобаста бошад, пас саломатии мо низ ба мо вобаста аст. Табиати мо биҳиштосо аст ва он гулу гиёҳҳое, ки мо дорем ва агар аз он доруҳои табии хеш истифода намоем ва бо маслиҳати мутахассисон аз онҳо баҳра барем иншоаллоҳ бемор нахоҳем шуд. Зеро дар ин 5000 растании шифобахши кишварамон қариб тамоми намуди витаминҳо мавҷуд аст. Агар он сарватҳои ватанамонро аз назари ақлӣ ва фаҳмиш барои саломати истифода барем кули дардҳоро шифо хоҳем дод.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншинос:

 

Mahmud_KabiriБемориҳое, ки ба мардуми мо таҳдид мекунад. ин бештар бемориҳои эҳсосианд, яъне ҷамъият дар зинаи эҳсос қарор дорад ва бемориҳо ҳам эҳсосӣ мешаванд, чунки одамон бештар эҳсоси манфӣ карда, зарари калон ба системаи мутобиқшавиии сиришт бо муҳиту ҷамъият мерасонанд ва моддаҳои нигаҳдорандаи солимӣ бо номи гормон кам ё зиёд ҳосил мешаванд. Масалан, ғамгинӣ ба зиёд ҳосилшавии ҳормон, ғадуди сипаршакл шуда, ба бемории ҷоғари дарунӣ меорад. Бемории фишори баланди хун дар байни беморони эҳсосӣ якум аст.

Дувум беморие, ки ба мардуми мо таҳдид мекунад, ин саратон аст. Агар сабаби бемории фишори баланд, туршрӯӣ ва эҳсоси норизоятӣ аз гирду атроф ё мушшахас аз касе бошад, сабаби бемории саратон нафрат ва бадбинӣ нисбати худ ё дигарон аст. Албатта як омили равонӣ танҳо наметавонад ба беморӣ биёрад, вале як омили дигарашро ба вуҷуд меорад, ба муносибати номувофиқ ба одамон ва мушкили муҳити зист меорад.

Бемории дигари ҷамъияти мо "фобия", яъне тарс аст, ки 300 намуди он маъмул аст, вале дар омори тибии Вазорати тадурустӣ нест, ки ин намуди беморон ба рӯҳшиносон ва равондармонон, пизишкон муроҷиат накарда, ба назди табибон ва муллоҳои камсавод мераванд ва бемор хроникӣ шуда, индустрияи "бозори тиби сиёҳ"-ро ба маблағи даромади худ нигоҳ медоранд. Мо ба ҷойнишини вазир барои ба танзим даровардани "бозори сиёҳи тиб" пешниҳодоте карда будем. Вале…

Дигар беморие, ки ба мо таҳдид мекунад, зиққӣ мебошад, ки аксари онҳо худро бемор намеҳисобанд. Ин гуна беморон бо нӯшидани арақ табобат карда, боиси бемории майзадагӣ мешаванд.

Бемории диабети қанд низ аз ҳисоби тарсу рашку вайронкунии қоидаҳои истеъмоли ғизо ва нӯшидани машрубот сар мезанад, ки барои ҷомеъа таҳдиди азим дорад. Дар кӯдакони мо бештар бемориҳои зарбаи асаб дар таваллуд ва фишори баланди даруни сар (черепной давление) ва бемориҳои рахит шудани онҳо дар айёми кӯдакӣ ба чашм мерасад. Ин гуна кӯдакон дар оянда ба психопатия- ҷоҳилият гирифтор шуда, номзад ба бемориҳои фишори баланд ё саркашу бесар ба маҳбасхона мебошанд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон:

KaBiRI.034785Аз нигоҳи банда маризиҳое, ки мардуми моро фаро гирифтааст, бештар характери иҷтимоӣ доранд. Масалан, бемории сил, ки як қисми минтақаи моро фаро гирифта аст ва аз замони Шӯравӣ шурӯъ шуда буд, сирф иҷтимоӣ аст. Дигар маризие, ки мардум кам муроҷиат мекунанд ва табибон кам ташхис мекунанд ин бемории хастагии равонӣ ва рӯҳафтодагӣ (стресс) ҳаст. Ин ҳам масъалаи иҷтимоист. Мардуми мо, ки бештар камбизоатанд ва камбизоати ҳолати стрессҳои зиёдро болои мардум ба бор меорад. Ин беморие аст, ки оқибатҳоро барои дигар бемориҳо хоҳад дошт. Аксари табибон ба ин назаранд, ки бештари бемориҳо дар натиҷаи стресс авҷ мегиранд. Албатта ретсепти ягона барои рафъи ин бемориҳо мавҷуд нест, ҳамаи инро бо як барнома ва дар муддати кӯтоҳ наметавон аз байн бурд, ҳатто кишварҳое, ки хело пешрафтаанд, натавонистанд, ки мушкилоти худро дар маҷмӯъ ҳал кунанд, вале мо мебинем, ки болоравии сатҳи иқтисодиёт ба болоравии сини мардум таъсири зиёд мерасонад. Пеш аз ҳама бояд сатҳи иқтисодӣ ва маърифатнокии мардумро боло бурд. Бемориҳо аз паст будани маърифатнокии мардум ба вуҷуд меоянд, махсусан бемориҳои сироятӣ. Агар мо битавонем, ки дар пеши худ ду барномаро, яке баланд бурдани сатҳи иқтисодӣ ва дигаре маърифатнокии мардумро боло барем кӯмакрасонии бисёр хуб барои рафъи бемориҳо ва тарбияи насли тандурусти кишвар хоҳад буд.

Ҷамшеди Муаззам, сокини Душанбешаҳр:

JamshedМан ба ин назарам, бемории сил яке аз бемориҳои асосии мардуми мо мебошад. Солҳост, ки дар ҷануби кишварамон ин беморӣ доман зада аст, ки борҳо дар нашрияҳои даврӣ рӯзноманигорон навишта буданд. Ба замми ин мардуми муҳоҷире, ки дар Русия кору фаъолият доранд, ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Зеро аксари онҳо дар таҳхонаву вагону мавзеъҳои барои зист номувофиқу шароити сахт зиндагӣ мекунанд ва ин пӯшида нест, ки ин ҳолатҳо асоси ин беморӣ шуда метавонад. Ба хусус, аксари ҷавонони мо, ки дар муҳоҷирати корианд ва бештар дар шароити сангин кору фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ баъди бозгашт ба ватан ҳар гуна касалиҳои сироятиро бо худ меоранд. Аммо на ҳамаи муҳоҷирин вақти бозгашт аз ташхис мегузаранд ва аксари бемории онҳо пӯшида мемонад. Решаи ҳамаи амроз ноумедӣ ба оянда ва набудани ҷойи кори доимӣ ва ғаму андӯҳ мебошад. Зеро дар замони Шуравӣ мардум аз ҷиҳати ғизоӣ ин қадар имконоте, ки имрӯз доранд, надоштанд. Аксари мардуми деҳот бо нону чой рӯз мебурд, вале солим буданд. Онҳо ки ба оянда боварӣ доштанд ва беғам буданд, қариб ки касал намешуданд. Барои пешгирии маризиҳо бояд ҷавонони мо бештар ба варзиш рӯ оранд. Зеро ин беҳтарин табиб барои ҳар як фард аст. Инчунин бояд сари вақт ҳангоми беморӣ ба духтурон муроҷиат намоянд. Мардуми моро одат ин аст, ки то аз пой наафтанд, ташхис намекунанд, ки ин оқибати хуб надорад.

P. S. Метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон бемориҳои ташвишовар кам нестанд. Ҳар минтақаи кишвар бемории худро дорад. Дар ҷануби кишвар солҳост мардумро бемории сил азоб медиҳад ва кишвари абарқудрате мисли Шуравӣ натавонист ё нахост, ки ин бемориро аз мардуми тоҷик пок созад. Дар дигар манотиқ низ аз диабети қанд, бемориҳои равонӣ ва қалб ранҷ мебаранд. "Ҳар дардеро давоест" гуфтааст Расули акрам ва ин бемориҳо ҳам роҳи табобат доранд. Метавон хулоса кард, сабаби асосие, ки аксари ин бемориҳо тавре мутахассисин ва соҳибназарон ишора намуданд, мушкилии иҷтимоист.

Лутфрезаеро ҳам дар ин маврид овардан ба маврид аст, ки нақл мекунанд; амрикоӣ қабл аз маризӣ ба духтур муроҷиат мекунад, рус ба ҳангоми маризӣ ва тоҷикӣ ба ҳангоми расидани марг…

Таҳияи Аъзами Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97