Толибшо САИДОВ, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон: «ҲАР ГУНА ТАВҶЕҲИ ҲАМҶИНСБОЗИРО МАҲКУМ МЕКУНАМ!»

Иҷтимоъ 06.04.2011 14:16

T.SaiDovИмрӯзҳо дар бархе аз расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар мавриди мавҷудияти ҳамҷинсгароӣ ва лутигарӣ дар ҷомеъаи мо, афзоиши чунин аъмоли бурун аз чаҳорчӯби ахлоқи тоҷикӣ- мусалмонӣ, нақз ва табъиз шудани ҳуқуқҳои ҳамҷинсбозон матолибе ба чашм мерасад. Ва ҳам созмонҳову афроди алоҳидае зуҳур кардаанд, ки мехоҳанд бад- ин васила ҷомеъаи суннатии моро доғдор ва хешро пуштибонони ҳуқуқи инсон муаррифӣ намоянд.

Банда ҳанӯз моҳи июли соли 2010 зери унвони "Марду мард, кадоме зан, кадоме шӯ" ("Миллат", №29, аз 22- 07- 2010с.) дар бораи ҳамҷинсбозӣ, ливотат, ҳомосексуализм дар матлабе навишта будам, ки "Фасоди ахлоқӣ, лаҳву лаъаб, зинову фоҳишагӣ, маразҳои сироятиву бедавову инсонкуш чун спиду сифилис, нашъамандиву ҳамҷинсбозӣ, шаробхориву урён ба намоиш гузоштани бадан дар тарабхонаҳо ва мавзеъоти фароғату истироҳат, бепардаву бурун аз ахлоқи одамӣ нақш офаридани марду зан дар филмҳо, афзоиши бемайлони сафи ҳаромзодаҳо имрӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ақвоми Мағриб гардида, ки таъсираш бешак ба кишварҳои мусалмонии мардумаш дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва пойбанд ба тарбия ва таъолими суннатӣ хоставу нахоста мерасад ва акнун метавон гуфт, то ҷое ҳам нақше ба рӯзгори мо гузошта."

5 апрел аз рӯзномаи "Имрӯз- нюс" ва ҳам аз сомонаи ВВС матолиберо дар ин мавзӯъ мутолиа карда, хеле нороҳат шудам. То ҷое банда иттилоъ ёфтам, созмони ғайридавлатие бо номи "Имконоти баробар" мехостааст, мавзӯъи ҳамҷинсбозиро миёни кормандони расонаҳои хабарии кишвари мо мавриди баҳсу муҳокима қарор бидиҳад, вале рӯзи 5 апрел рӯзноманигорони тоҷик дар он ширкат кардан нахостаанд ва оғози ин семинар ба рӯзи 6 апрел мавқуф гузошта шудааст. Аз ҳампешагони гиромии хеш, ки ба ин семинар даъват шудаанд, эҳтиромона мепурсам дар кори он ширкат карда, расман ҳама гуна баҳсу баррасии ин мавзӯъотро маҳкум намоянд. Тибқи қонунгузории кишвари мо ва ҳам мутобиқи шариати Муҳаммадӣ ва ду мазҳаби роиҷ дар кишвар, ки аксари мусалмонони Тоҷикистон аз он пайравӣ доранд, ҳамҷинсбозӣ ва ливотат мамнӯъ ва он як аъмоли зишту нохуш ва бойиси танаффури инсоният дониста мешавад.

Пас, пурсидан мехостам, ки ҳадаф аз баргузории ин семинар ва ба баҳсу баррасӣ кашидани ин мавзӯъи ҳаром дар чист?! Ва аз ниҳодҳои зидахл пурсидан мехостам, ки чаро ва ба чӣ хотир созмонеро, ки ҳадафаш ҳимоя аз ба истилоҳ ақаллиятҳои ҷинсӣ ва як навъ таблиғи ҳамҷинсбозиву ливотат аст, ба қайд гирифтаанд?! Чаро Раёсати мубориза бо ҷиноёти ахлоқии Вазорати умури дохила дар ин росто хомӯширо ихтиёр кардааст? Вазорати маориф, Кумитаи оид ба корҳои ҷавонону варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумита оид ба корҳои дин, Шӯрои уламо ва Маркази исломии кишвар дар ин масъала чӣ андеша доранд? Оё ин ҳама як кори саҳлу сода аст ва он беҳадафу беғараз анҷом мешавад? Оё доман задан ба ин мавзӯъ бар суду рушду рифоҳи миллати фарҳангсипосу олинажоди мост?!

Масъулини созмони ғайридавлатии "Имконоти баробар" дар сӯҳбати хеш гуфтаанд, ки дар семинари онҳо "бештар мавзӯъи бетарафӣ дар инъикоси масоили марбут ба афроди дорои тамоюлоти ҷинсии ғайрисуннатӣ дар Тоҷикистон матраҳ мешавад." Ва раиси ин созмон изҳор доштааст, ки ширкат накардани аксари рӯзноманигорон дар ин нишаст низ бозгӯи он аст, ки онҳо масъалаи афроди ҳамҷинсгаро ва мушкилоти онҳоро нодида мегиранд. Ва ин ҷаноб нороҳат аз он аст, ки "таваҷҷӯҳ ба душвориҳо ва мушкилоти афроди ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон" кам аст ва "дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ин қишри ҷомеъа бетаваҷҷӯҳӣ ва гоҳо афкори табъизомез мушоҳида мешавад."

Акнун хонандаи азиз, бародару хоҳари гиромии мусалмон расидем ба ҳамон рӯзу соате, ки иддае мехоҳанд аз мавҷудияти ҳамҷинсбозиву ливотат ва зери хушунат қарор доштани онҳо дар кишвари 99 дар сад мусалмони мо инак бонги хатар мезананд. Мо ҳама алҳамдуллилоҳ мусалмонем ва китоби муқаддаси мо Қуръони карим ҳанӯз 1391 сол қабл ҳамҷинсбозиву ливотатро маҳкум кардаааст. Худованд зимни баёни қиссаи қавми Ҳазрати Лут (а), ки он раҳгумзадаҳо ба ливотат рағбат доштанду даъвати набии Худоро дар мавриди куфр ва ҳаром будани ин амалашон шунидан намехостанд, дар чанд сураи Қуръон, аз ҷумла Шуъаро, Ҳиҷр, Ҳуд ва Анкабӯт зикр намуда, ба азоби илоҳӣ гирифтор гаштани он фоҷиронро чун нишон ва аломати ибрат барои мо инсонҳо ва барои ҳамеша гӯшрас намудааст. "Дарёфт он кофиронро овозу сайҳаи даҳшатноку ҳавлнок. Пас, зеру забар кардем он шаҳрро ва санг борондем болояшон." (Сураи Ҳиҷр, оёти 73- 74).

Оё касе аз мо мехоҳад болои кишвари азизу биҳиштосоямон балое биёяд, оё кӣ мехоҳад болои шаҳри нозанини Душанбеи мо борони санг бирезад? Пас, аз аъмоли касифи ливотату ҳамҷинсбозӣ дур бояд буд. Ва оё дар дунё дигар куфре бадтар ва гуноҳе сахттар аз ливотату ҳамҷинсбозӣ ва табақзанӣ ҳаст? Оё ҳароме аз ин ҳаромтар ва амале аз ин манфуртару макруҳтар ҳаст? Валлоҳ, ки фикр мекунам набуду нест! Оё ин ҳама мушкилоту сангинии рӯзгор кам нест, ки боз иддае мехоҳанд мушкили наве барои ҷомеъаи озоду мусалмонии мо эҷод намоянд?! Оё доман задани мавзӯъи дифоъ аз ҳаққи ҳамҷинсбозон ва матбуъотӣ кардану семинару нишастҳо оростан сари ин аъмоли нангин барои мардуми покизарӯзгор ва хушахлоқи мо зарурат дорад?!

Агар аз рушди ин аъмоли номатлуб ва манфур аҳли огоҳу бедори ҷомеъа, масъулини ҳукумату идораҳои марбута дар дастаҷамъӣ талошу кӯшиш накунанд, он рӯз дур нест, ки ин масъала ба як проблемаи дарди сар, ба як мушкил ва хатар табдил хоҳад шуд, ки он дар пай оқибати ногуворе хоҳад дошт. Ва метавонад низоми солими хонаводагии ҷомеъаи моро ба ҳам бизанад, ахлоқи ҷавононро фасод ва муҳити солими кишварро хароб созад. Хатаре, ки фикр мекунам барои миллати мусалмони тоҷик хеле нангбор ва муҳликтар аз ифротгароиву терроризм аст. Пас, нек ва ҷиддӣ андеша бояд кард!!!

Дар ҳамон матлаби дар моҳи июли соли гузашта навиштаи хеш гуфта будам, ки "муроди банда он аст, ки ҷиҳати пешгирии ҳарҷониба, ҳушдор додан ба насли наврас ва кулли мардуми мусалмони тоҷик дар самти покии ахлоқ ва дурӣ аз аъмоли ҳарому ҳараҷ коре муфид кардаву вазифаи имонӣ ва инсонии хешро то қадре ҳам бошад анҷом дода бошам. Нухбагони миллат, рӯҳониёни саршинос ва ақшори бедору худотарси кишварро зарур аст, ки дар пешгирии фитнаву фасоди ахлоқӣ ва солиму беосеб нигоҳ доштани ҷомеъаи кишвар масъулияти бештаре эҳсос намоянд." Ва инак ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Сино- 4 ва ба ҳайси як фарди мусалмон ҳадафмандона ва муғризона ба баҳсу баррасӣ кашидан ва ҷонибдорӣ кардани ин аз аъмоли ғайриахлоқии мухолиф ба табиату маърифату фарҳанги аҷдодиамонро маҳкум мекунам! Аз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4 - и шаҳри Душанбе даъват менамоям, ки ба афзоиши фасоди ахлоқӣ ва латма задан ба зиндагии суннатии инсонвори мо роҳ надиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97