Аз мурдан метарсам, бо ин гӯристонҳое, ки дорем…

Иҷтимоъ 05.04.2011 09:17

Guriston_0121Мақолаи Сайидҷалол Саидов "Гулистонҳоро гӯристон ё гӯристонҳоро гулистон мекунем", ки дар рӯзномаи "Миллат" №09 (287) 02.03 2011 нашр шудааст, маро водор кард чанд андешаву далелеро дар робита ба баъзе аз матолиби мақола биёварам. Албатта, муаллиф дар баробари дигар масоили маросими тадфину азодорӣ ва суннатҳои барҷомонда, кӯшидааст роҷеъ ба мавҷудияти сағонаҳо ва гӯрҳои дастаҷамъӣ ибрози ақида намояд ва таваҷҷӯҳи хонандаро ба ин масъала мабзул бидорад.

Аз ин ки сағонаҳо дар ҳама давру замон дар кишварҳои мусулмонӣ мавҷуд буданд ва имрӯз ҳам дар бонуфузтарин аз кишварҳои исломӣ маросими дафн дар гӯрҳои кӯҳна анҷом дода мешавад, шакку тардиде нест. Ин амал ба он хотир анҷом дода мешавад, ки замин зиёд банд нашавад ва мардум аз он истифодаи дуруст биёваранд, то барои зиндаҳо неъматҳои маишӣ биофаранду истеҳсол намоянд.

То вуруди ислом ва пас аз он мардуми ориёинажод ҳамчунон сағонаҳое доштанд ва аз гӯрҳои умумӣ истифода мебурданд. Дар ҳоли ҳозир низ гӯрҳои дастаҷамъӣ мавҷуданд, ки мо дар поён хоҳем гуфт. Барои маълумоти бештар тавсия мешавад аз таҳқиқотҳои анҷомшуда: "Равиши тадфин дар Ирони бостон", Фаридуни Шермард, муассисаи интишоротии "Фурӯҳар", 1377, Ҷон Би Нос "Таърихи ҷомеъи адён", тарҷумаи илмии Асғар Ҳикмат, Теҳрон, "Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ", Абдураҳим, "Ҷаҳони мазҳабӣ", Теҳрон, нашри "Фарҳанг", 1378, Симин ва Тимин, "Ойини ҳинду", тарҷумаи Алии Муҳаддиёнии Аттор, Қум, "Маркази мутолиот ва таҳқиқоти адён ва мазҳаб", 1383 ва ғайраҳо истифода намуд.

АЗ ТАРС МУРДАҲОРО ТАНОБПЕЧ МЕКАРДАНД

Инсон дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ба шаклҳои гуногун мурдагонашро ба хок супурдааст. Албатта то ба имрӯз шаклҳои гуногуни дафни мурдагон мавҷуд аст, ки онҳо бо риоя аз фарҳангу тамаддуни роиҷи худ ба ҳеҷ ваҷҳе ба одоту суннатҳои дини ислом мувофиқат намекунанд. Яке аз мушкилотҳои инсоният дар тӯли мавҷудияташ ин будааст, ки мурдагонашро чӣ гуна ва куҷо дафн кунад. Мо дар ин ҷо бо истифода аз таҳқиқотҳо ва пажӯҳишҳои дар ин замина анҷомёфта мекӯшем тариқаҳои дафн ва маросимҳои ба он вобастаро биёварем ва дар ин масъала каме ҳам бошад ба таври бисёр мухтасар рӯшанӣ андозем.

Кӯҳнатарин гӯрҳое, ки то кунун ёфт шудааст, ба панҷоҳ ҳазор сол пеш аз мелод мерасад. Дар асри пеш аз санг ҷанозаро монанди ҷанин дар шиками модар ба паҳлӯ дар як гӯри сангӣ мехобонданд. Бо чунин тарз дафн кардан аз як сӯ онро мефаҳмонд, ки фавтшуда ба хоб фурӯ рафтааст ва аз сӯи дигар умед ба он буд, ки ӯ бедор аст ва пас аз растохез дубора таваллуд мешавад.

Одоти мардуми пешиниён ин буд, ки ҷанозаи мурдагонро танобпеч мекарданд. Аз он метарсиданд, ки мурдагон зинда шаванд ва суроғи зиндагон биёянд. Гӯрҳои азиме ба дарозии 12 метр, ки бо тахатасанг бино мешуд, меканданд. Дар чунин гӯрҳо сад мурда ҷо мегирифт. Чунин гӯрҳои азиме ба биноҳои бошукӯҳ шабоҳат дошт ва сохтани онҳо вақту маблағи зиёдеро металабид.

ДИЛИ БУЗУРГОНРО ҶУДО МЕГӮРОНДАНД

Дар Юнони қадим мурдагонро дар тобуте аз санги оҳак қарор медоданд ва ин тобути сангиро саркафак ё гӯштхор меномиданд. Дар замони ҷоҳилият арабҳо расм доштанд, ки ҳамроҳи майит шутурро дафн мекарданд ва миқдори тангаҳои тиллоӣ ва ё нуқраӣ он ҷо мегузоштанд, то дар сарои охират ҳам пул барои харид дошта бошад ва ҳам маркабе барои савор шудан. Дар қуруни вусто гумон мебурданд, ки рӯҳи инсон дар қалби ӯ ҷой дорад. Аз ин рӯ бархе аз подшоҳону ҳунармандони бузург васият мекарданд, ки қалбашонро ҷудогона дафн кунанд. Ричард Шайрдел, Наполеон Бонапарт, Данте ва Шопен аз шахсиятҳои машҳуреанд, ки қалби онон ҷудогона дафн шудаанд.

Дар Канъон ва дар Ирони бостон ҷасади майитро дар ғор ва ё дар дили кӯҳ қарор медоданд. Дар Нақши Рустам дар синаи кӯҳ мақбараҳои азиме аз даврони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ ба ёдгор мондааст. Дориюши Кабир, Ардашер, Дориюши дуввум ва Хашоёршоҳро дар дили кӯҳ дафн кардаанд. Дафни мурдагони Ҳахоманишӣ дар дохили кӯҳ яке аз далелҳоест, ки Ҳахоманишиён гарчи Аҳуромаздоро ба унвони Худо қабул доштанд, вале ба Зартушт ва ойини вай эътимоде надоштанд.

СОЛХӮРДАҲО БА КӮҲ РАФТАВУ ОН ҶО МЕМУРДАНД

Мурдагонро фақат дар хок ё дар дили кӯҳҳо дафн намекарданд. Дар фарҳанги иронӣ-зартуштӣ дафн кардан дар ҳаво низ расм буд. Дар ин ойин замину оташ табарукӣ дорад ва рӯҳ, ки аз бадани инсон берун рафт, пайкари мурда бисёр палиду нопок аст ва ҳар чизро олуда мекунад. Ба ҳамин ҷиҳат мурдаро набояд ба хок ё ба оташ супурд.

Зартуштиён аз замони Сосониён ҳар ҷо, ки буданд дахмаҳое (майдончае, ки дар баландӣ қарор дорад) месохтанд ва мурдаро ба он ҷо мебурданд ва дар ҳавои озод канори деворе мениҳоданд, то мурғони шикорӣ ва ҳайвоноти дарранда онҳоро бидаранд ва муталошӣ кунанд. Ва вақте, ки фақат устухоне аз мурда боқӣ мемонд, устухони ӯро бармедоштанд ва дар муҳавватаи (майдонча) хурде мегузоштанд ва онро сутудон (мақбара) мегуфтанд. Ба қавли Сайид Нафисӣ ин аз калимаи устухондон гирифта шудааст.

Дар Амрикои шимолӣ, дар иёлати Флоридо қабилаи Самюл аз қабилаҳои сурхпӯстон мурдагонашонро дар танаи дарахтон мегузоштанд, то ба тадриҷ таҷзия шаванд. Қисмате аз ин қабилаҳо ҳангоми кӯч бастан аз як ҷое ба ҷои дигар мурдагонашонро рӯи замин мегузоштанд ва ба роҳи худ идома медоданд. Чунин як одат роиҷ буд, ки солхӯрдагони ин қабилаҳо, вақте ҳангоми маргашон фаро мерасид, аз қабила ҷудо мешуданд, худро ба кӯҳ зада он ҷо оромона мемурданд. Ҷасади онон дар ҳамон ҷо мемонд ва ба тадриҷ аз байн мерафт.

ЯКЕ МУРДАРО МЕСӮЗАД, ДИГАРЕ БА ОБ МЕАНДОЗАД

Дар Тиббет ҳар гоҳ занони бордор мемурданд, ҷасади ононро ба рӯд месупориданд. Викингҳо ҷасади мурдагонашонро савори қаиқи хурде мекарданд ва ба об месупориданд. Дар Олмон дар баъзе қавмҳо расм шудааст, ки ҷасадро ибтидо месӯзонанд ва сипас хокистари онро дар зарфе ҷой медиҳанд ва ба об меандозанд.

Дар Ҳиндустон сӯзондани мурдаҳо яке аз расмҳои маъмулӣ аст. Ҳазору панҷсад сол пеш аз мелод онҳо мурдаро месӯзонданд ва хокистари онро бо ҳамроҳи ашёи зиннатӣ, ки аз мурда ба ҷой монда буд, дар як зарфи гилини сода ҷамъ мекарданд. Дар миёни ҳиндуҳо расм аст, вақте касе мемирад, агар дорои фарзанд аст, писари калонӣ мебоистӣ оташро биафрӯзад. Ҳиндуҳо эътиқод доранд, ки рӯҳи мурда бо сӯзондани ҷисми ӯ озод мешавад. Дар Ғарб ҳам сӯзондани мурда расм аст. Хокистари мурда ва баъзе ҳайвоноти хонагиро дар зарфе мениҳанд ва ин зарфро ба хок месупоранд.

Маросими дафн тасаллидиҳие барои бозмондагон мебошад. Дар замони румиҳо вақте мурдае дар оташ месӯхт, бозмондагон аз дидани дуде, ки аз ҷасад бармехост тасаввур мекарданд, ки рӯҳи мурда ҳамроҳ бо он дуд ба осмон меравад ва бо ин фикр худро тасаллӣ медоданд. Баъдҳо бо омадани масеҳият ва ислом сӯзондани мурда нишонгари беэҳтиромӣ ба ҷисми инсон дониста шуд ва ҷасадҳо дар дахмаҳо мансух гардид.

ҚАБР БОЯД ҚАСР НАБОШАД

Мусулмонон ва яҳудиён бо сӯзондани мурда мухолифанд. Дар ислом ва яҳудият мебоист мурдаро ҳатман дар хок дафн ва пеш аз хок супурдан ҷаноза бояд кард. Аммо дар қисмате аз мамлакатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Ирон бо афзоиш ёфтани нуфуси ҷамъият аз аввалҳои даҳаи панҷоҳи асри пор гӯрҳои ду ва сетабақаӣ ба вуҷуд омад. Дида мешавад, ки аъзои фавтшудаи як хонаводаро дар як гӯри сетабақа қарор додаанд. Санге ба номи санги лаҳад ҳар як аз ин табақотро аз ҳам ҷудо мекунад ва ба ҳар як гӯр як санги лаҳад гузошта мешавад. Ин бад-он хотир аст, ки аз замин сарфаҷӯӣ гардад.

Дар ислом ва яҳудият гӯрҳои қасрмонанд ҷойиз нест. Гӯристон дар тасаввуроти мусулмону яҳудӣ мафҳуми як хонаи абадиро медиҳад ва аз дигар тараф пандомӯз барои дигарон аст. Гӯристони аҳли тасаннун (сунниҳо) хеле сода аст ва аксаран гӯрҳо беному нишонанд, танҳо санге болои он гузошта мешавад. Дар Марокаш санги қабрро ба андозаи қомати мурда метарошанд ва ҷуз ин ҳеҷ ному нишоне аз мурдагон боқӣ намемонад. Аммо дар фарҳанги форсизабонон ва исломӣ оромгоҳҳо ва санги қабрҳо аҳамияти ҷиддӣ дорад. Чунончи бисёре аз оромгоҳҳо аз назари меъморӣ ва бисёре аз санги қабрҳо аз назари хушнависӣ шоҳкориҳое ба шумор мераванд.

МУРДАРО БОЯД СӮХТ Ё ЗЕРИ ХОК КАРД?

Бояд зикр кард, ки пас аз даврони рӯшангарӣ дар ғарб сӯзондани ҷасадҳо аз нав расм шуд. Калисои католикӣ то солҳо ба ин навъ гӯронидан мухолифати шадиде нишон медод. Дар соли 1969 ба далели камбуди ҷо калисо маҷбур шуд бо сӯзонидани ҷасад мувофиқат кунад. Сӯзонидани ҷасад ва дафни хокистари он ба маротиб арзонтар аз таҳияи тобут ва кандани як гӯр аст. Ба ҳамин ҷиҳат бисёре аз шахсон дар Ғарб ва дигар қораи олам васият мекунанд, ки баъд аз марг ҷасади ононро бисӯзонанд.

Дар Итолиё ва Ҳоланд мурдаро шарт нест, ки ҳатман дар гӯристон дафн кунанд. Аммо дар бисёре аз кишварҳо монанди Ирон, кишварҳои мусулмонии Ховари миёна, Покистону Афғонистон, Олмон, Фаронса ва даҳҳо кишварҳои дигар мурда бояд ҳатман дар гӯристон дафн шавад ва барои ин кор бозмондагони майит бояд ҳатман аз раёсати қабристонҳо ва шаҳрдорӣ иҷозаи гӯронидани мурдаашонро бигиранд. Дар Олмон то соли 2003 мурдаро ҳатман мебоист дар тобут бигзоранд ва дафн кунанд. Аммо дар соли 2003 ин қонунро бардоштанд ва акнун мусулмонони ин кишвар метавонанд бо мувофиқаи созмони гӯристон мурдаҳояшонро дар кафан бипечонанд ва ба хок биспоранд.

Тавре мебинем, фарҳанги тадфин дар ҳар адёну мазоҳиб ба ҳар сурат анҷом дода мешавад. Чун сӯзондани ҷасад аз нуқтаи назари ислом ҷоиз нест, мусулмонони иддае аз кишварҳо, ки мисли Тоҷикистон аз камбуди замини кишт танқисӣ мекашанд, бояд бо истифода аз усулҳои ҷадиди маросими дафн истифода баранд ва ҳар як ваҷаб заминро эҳтиёт ва барои ояндагони худ ҳифз намоянд.

ГӮРИСТОНҲОРО ЧАРОГОҲ КАРДАЕМ

Qabriston_012Агар амиқан назаре ба гӯристонҳои кишварамон андозем, дар ҳама ҷо мо як ҳолати риққатбореро мебинем ва бо дидани гӯристонҳои берабту бе нишону харобазор ростӣ аз мурдан ҳарчанд ҳақ ҳам бошад, бисёр метарсем. Агар аз як тараф беназмии гӯристонҳо вуҷуд дошта бошад, аз тарафи дигар мушоҳида мегардад, ки аксаран ин гӯристонҳо дар заминҳои ҳамвору ба кишт мувофиқ ҷо дода шудаанд. Вале мутаассифона ҳангоми по гузоштан ба ин водии хомӯш мо танҳо харобазорҳоеро мебинем, ки танҳо аз беқадрии рӯҳи як марди мусалмон гувоҳӣ медиҳад. Ворисони ин майитҳо гоҳе ҳам нашуда, ки сари қабри хешовандонашон биёянду болои онро аққалан тозаву поккорӣ намоянд. Алафҳои ҳарзаи солҳо болои ҳам пӯсида баёнгари бефарҳангӣ ва пос надоштани рӯҳи гузаштагон аст, ки як дарахтаке ҳам дар сари ин гӯрҳо сабз накардаанд ва ин ҷои муқаддасро ба чарогоҳи ҳайвонот табдил додаанд.

Беҳтар мебуд, ба хотири зиндагии мураффаҳи ояндагон ҳар як порча замини кишварамонро эҳтиёт намоем ва бо истифода аз заминҳои теппаву дараҳо, дар ҷойҳое, ки қобили истифода нестанд, гӯристонҳоро бунёд намоем. Шояд шахсиятҳои мазҳабии кишвар роҷеъ ба ин масъала фатвоҳое дошта бошанд ва оиди сағонаҳо назару пешниҳодоти худро ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Зеро ин масъаларо агар шахсони тахассусҳои дигар баён намоянд, ба ғазаби мардуме, ки аз аркони диниву мазҳабӣ бисёр дуранд ва ҳама чизро дар асоси шунидаҳояшон қабул кардаанд, гирифтор мешаванд ва ба ҳукмҳои ноодилонае сазовор мегарданд. Ҳарчанд дар ин масъала гуфтаниҳои зиёде дорем, аммо бигзор сухан аз даҳони Луқмон берун биояд ва шояд ба нафъи ҷомеъаву мардум кӯмакеву роҳнамое гардад.

Ибодуллоҳи Оқилпур  

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97