Қӯштеппагиҳоро то қасри Президент кӣ кашонд?

Иҷтимоъ 02.03.2011 13:47

QushtepaТибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, ба қавли баъзе аз сокинони маҳаллаи  "Якуми май"- и ҷамоати "Россия", шоми 18 феврал 200 нафар кормандони милиса ба маҳаллаи онҳо омада, бидуни огоҳӣ ба тахриби манзили зисти онҳо оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи соҳибони манзилҳо, кормандони милиса ҳамроҳ бо намояндагони масъули ҳукумати ноҳия ба ин маҳалла омада, аввал хати лӯлаи об ва барқи ин манзилҳоро қатъ намуда, ба хароб кардани хонаҳо оғоз кардаанд. Сокинони ин маҳал гуфтаанд, инҳо манзилҳое ҳастанд, ки соли 2006 бо қарори Додситони кулли Тоҷикистон пас аз як бозрасии гурӯҳи кории Додситонӣ иҷозаи сохтмон дода шудааст.

Маҳаллаи "Якуми май" дар тарафи чапи роҳи мошингарди Душанбе- ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, аз охирин маҳаллаи шаҳр наздики 1 км дуртар ҷой гирифтааст.

Субҳи 21-уми феврал, наздики 30 нафар сокини ин маҳалла, ки бештар аз занон иборат будаанд, бо сабаби вайрон кардани хонаҳояшон дар назди Қасри президент гирди ҳам омаданд. Ин занон гуфтаанд, ки барои ҳалли мунсифонаи масъала, онҳо танҳо ба Президенти Тоҷикистон бовар доранд ва аз ин рӯ, ба назди ӯ омадаанд, то арзашонро бигӯянд.

Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ дар ин бора ҳанӯз ибрози назаре накардаанд.

 Шунидан кай бувад, монанди дидан

 Qushtepa.02Барои баёни воқеъияти ҳол, мо ба маҳаллаи тахрибшуда омадем. Дар ин маҳалла тахмин 10 - 12 хона то ба охир сохтаву болопӯшидаву боқӣ дар ҳолати нимасохт ё ки то ҳол мунтазири сохтмон буданд. Танҳо атрофи заминҳои ҷудошуда барои сохтмон бетон рехтаву девор шуда, ки ҳамаи ин деворҳо шикаста буданд. Бархе мардум машғули ҷамъ намудани хиштпораҳояшон буданд. Аммо ин сохтмонҳо дар як шаб сохта нашудаанд, ки хонандаи ноогоҳ фикр кунад, он аз назари масъулони маҳаллӣ дур монда бошад.

Тӯҳфахон Саъдуллобекова, сокин ва раиси ҳамин маҳалла ба мо дар бораи чӣ гуна иттифоқ афтодани тахриби манзилҳояшон қисса кард: - Чорсадто милиса омад. Деворҳоро бо экскаватор чапа карданд…

Аз ӯ дар бораи чӣ гуна қитъаи заминро ба даст овардану сохтмон карданашро суол мекунам, ӯ мегӯяд, ки "30 сол дар колхози "Россия" аз муҳандиси бехатарӣ то сармуҳандис кор кардам. Ин ҷо замини пахта буд. Ман ин заминро нахаридаам. Навбат истода, гирифтам".

Дар мавриди ин ки ҳуҷҷати ин қитъаи замин оё қалбакӣ баромадааст ё мушкили дигаре аст, Тӯҳфахон Саъдулобекова гуфт: "Ман қарор, сертификату нақша дорам. Техпаспорт кардам. То панҷ сол касе гап назад. Назоратчӣ аз Додситонии кулл омад, гуфт, ки ҳамааш тӯғрӣ, дар асоси қарори Президент аст, чаро хона намесозӣ гуфта, ҳатто маро ҷанг кард".

Аз ҳамсӯҳбатам мепурсам, ки магар бидуни огоҳӣ тахриби сохтмонҳоро шурӯъ кардаанд, дар ҷавоб шунидам: "Ба мо 28 январ огоҳнома омад, аммо бе имзо. Гуфтанд, 10 феврал заминҳоро холӣ карда диҳед".

Дар мавриди муроҷиаташон ба ҳукумати маҳаллӣ Тӯҳфахон гуфт: - Юсупов муовини раиси ноҳия гуфт, ин ғайриқонунӣ не, ҳамааш қонунӣ аст. Шумо кӯшиш кунед, пеши президент равед. Ҳамаи қонунҳоро нишон дода гуфт, ки онро барқарор кунед. Мо ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, интизори ҷавобаш будем. Рӯзи сешанбе 22 феврал бояд аз прокуратура, аз коррупсия ва вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода, ки вакили мо аст, меомаданд. Лекин он рӯз нарасида, 18 феврал омаданду ҳамаро барбод доданду рафтанд".

 Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр?

 Qushtepa.03Бошандагони ин маҳалла намедонанд, ки амри тахриби манзили онҳо аз ҷониби кӣ сурат гирифтааст ва сабаби аслияш чист. Танҳо ҳаминро медонанд, ки милисаҳо омаданду сохтмони ғайриқонунӣ гуфта, экскаваторҳо шикастани деворҳову сохтмонҳоро сар карданд.

Ин гуна тахрибҳо аввалину охирин нест. Эҳтимол аст, дар оянда низ дар дигар минтақаҳои атрофи Душанбе сурат бигирад. Замине, ки дар маҳаллаи "Якуми май" барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудаву сохтмон кардаанд, замини обӣ будаву дар чор - панҷ соли қабл пахта кишт мешудааст. Инро ҳатто онҳое, ки дар ин замин хона бунёд кардаанд, рад намекунанд. Дар тақсимоти замин ҳатто дар оянда дигарбора бозсозӣ шудани роҳ, ки ноҳияи Рӯдакӣ ва Ёвонро ба марказ мепайвандад ва ягона роҳи алтернативии наздике, мебошад, ки маркази ҷумҳуриро бо маркази вилояти Хатлон мепайвандад, ба назар гирифта нашудааст. Ингуна назарногириҳо қариб, ки дар тамоми маҳалҳои атрофи Душабе, ки барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо шудаанд, ба чашм мерасад. Ҳама кӯчаву паскӯчаҳо тангу бориканд.

Онҳое, ки дар маҳаллаи Қӯштеппа сохтмон кардаанд, ба гумон аст аз пеши худ омада заминро ғасб карда бошанд. Онҳоро ё ҳукумати маҳаллӣ замин барои сохтмон додааст ё бо воситаи барои худашон маълум аз ҳукумати маҳаллӣ ба даст овардаанд. Дар сурати ғайр кас бе қарори ҳукумати маҳаллӣ чи гуна метавонад заминро сертификат кунад? Агар ҳукуматҳои маҳаллӣ заминро ҷудо накарда бошанд, пас қарору муҳру имзои масъулин дар дасти инҳо аз куҷо пайдо мешавад?

Раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ҳар рӯз камаш ду маротиба аз назди ин маҳалла гузар мекард, раиси ҷамоату дигар масъулини ноҳия низ ҳамчунин. Магар раиси ноҳияву ҷамоат дар тӯли панҷ сол, ки бо чашм сохтмонро медиданд, оё намедонистанд, ки барои инҳо розигӣ додаанду қарор баровардаанд ё не? Агар не, пас чаро қаблан пеши роҳи ин сохтмонҳоро нагирифтанд?

Дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург дар мавзеъҳои наздик ба шаҳр замин барои сохтмони "катедж"-у "дача" ҷудо намекунанд. Чаро ки дар дурнамои онҳо дар ин маконҳо сохтани микрорайонҳои нав ва ё ки корхонаҳои бузурги ба шаҳр наздик аст. Ҳар хонае, ки дар наздик ба шаҳр сохташуда бошад, ҳатман ки дар солҳои 40 ва 50-и асри гузашта сохта шудаанд. Аммо заминҳои атрофи Душанбе ҳама тақсим шудаву хонаву хонача шудааст.

 Мардумро кӣ то назди Қасри Президент меорад?

 Бубинед, ҳукуматҳои  маҳаллӣ як мушкили кӯчакеро, ки дар сатҳи ҷамоатҳо бояд ҳал шавад, бузург карда, ба сатҳи Ҳукумати марказӣ ва Президент мерасонанд. Мардумро навобаста аз хоҳишашон водор месозанд, ки пеши Қасри президент раванду мушкилашонро дар миён бигузоранд. Ва ин барои аввалин бор нест, ки ҳамчунин талошҳое барои дарёфти ҳақи худ дар кишвар сурат мегирад.

Ва ҳамин моҷарои хонаводаи Рақибовҳо дар ноҳияи Файзобод, ки ба долонҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ кашонида шуд, низ як мушкили кӯчаке буд, ки дар маҳалаш роҳи ҳал пайдо нашуд. Танҳо роҳбари кордон лозим буд, ки халқ беҳуда дар ин бора нагуфтааст, "ба кордон кор осон". Ҳамин мушкили кӯчак аз бемасъулиятии масъулон расонаӣ шуд ва баҳонае шуд дар дасти мунтақидони сиёсати ҳукумат вабадхоҳони хориҷӣ, ки бо мисол оварданаш дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ҳукуматро муттаҳам бикунанд.

Ҳукумати маҳаллие, ки мушкилоти иҷтимоии як хонаводаи кӯчакро ҳал карда наметавонаду овозаву дарвозаашро то ба сатҳи ҳукумати марказиву президенту созмонҳои байналмилалӣ мерасонад, пас мушкилотҳои бузургтару сиёсиро чӣ гуна ҳал мекарда бошад?

Умари Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97