Муаллим як кило сабӯс ҳам арзиш надошт

Иҷтимоъ 22.02.2011 09:39

BekorkhujagiБанда омӯзгорам ва рафтори ноҷои ҷавононро мебинам, нороҳат мешавам. Афкору андешаҳои беҷову бепояи ҷавонон, хулосаҳои беасоси волидайн, суханони кӯдаконро шунида дар гирдоби фикру ҳам хиҷолат ғарқ мешавам.

Афсӯс мехӯрам аз он ки чунин андешарониҳо ва ҷаҳонбинии тангу тираи онҳо моро ба куҷо мебурда бошад? Ва ин насли ҷавон оянда кӣ хоҳад шуд ва тақдири мо насли калонсол чӣ мешуда бошад?

Таълиму тарбияи фарзанд қарзи ҳар як падару модар аст. Ақлу фаросат ва дарку дониши ҳар падару модар аввалин сарчашмаест, ки зеҳну шуури кӯдак аз он об мехӯрад ва маззаву лаззати он то охири умраш боқӣ мемонад. Чуноне ки мегӯянд, омӯхтани илм дар тифлӣ мисли нақшест рӯйи санг. Мо медонем, ки дар тарбияи ҳама инсонҳои бузург аз ҷумла Фирдавсиву Хайём, Бӯалӣ Синову Хоҷа Ҳофиз Мавлонову Шайх Саъдӣ ва Донишу Айнӣ нақши волидайнашон хеле бузург аст. Таҳкурсии донишу маърифати ин бузургон ва сойири афроди шинохта ва нухбагони илму адаб аз ҷониби падару модарони ишон, яъне дар муҳити хонавода гузошта шуда ва баъдан бо заҳмату талошҳои устодонашон ба мақому мартабаҳо расидаву номи ҷойгоҳи шойиста касб кардаанд. Аксари бузургони мо то синни 6- 7 солагӣ дар омӯзиши илмҳо ба муваффақияту комёбиҳо даст ёфта буданду баъдан дониши хешро дар пеши устодони замони худ сайқалу такмил бахшидаанд. Мутаассифона имрӯз чунин нест. Бо вуҷуди фароҳам будани тамоми шароиту имконоти омӯзишу парвариш ва додану гирифтани таълим ҳам падару модарон ва ҳам фарзандон ба ин масъалаи аслу асоси зиндагии инсонӣ камтар таваҷҷӯҳ доранду саҳлангорӣ мекунанд. Маълум, ки чаро омӯзишу дарёфти илму донишро масъалаи аслу асоси ҳаёт номидам, зеро Паёмбари акрам фармуда, ки "Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯӣ."

ДАР НУРОБОД  "БАҲОРИСТОН" НЕСТ, КАМБУДИҲО ҲАСТ!

Чунин менамояд, ки мо падару модарон дар нисбати фарзандони хеш хеле дилсӯзу меҳрубонем ва омода ҳастем, ки ҳар хоҳишу хостаи ишонро бароварда бисозем, вале он чи, ки барои ояндаи онҳо зарур ва ҳатмӣ аст, яъне илмро, инсони бофарҳангу ҳушманд ва дорои сифатҳои ҳамидаи одамӣ буданро барояшон муҳайё намесозем, то оянда дар набарди нобаробари зиндагӣ комёбу растагор шаванд. Агар мо воқеъан мехоҳем, ки ояндаи фарзандони мо хушу гуворо ва бе мушкилот бошад бояд омӯхтани илму адабро барои тифлонамон дар мақоми аввал бигузорем. Ба ҷойи ғамхориву дилсӯзиҳои ноҷову нозарур дар таълим ва тарбияи ишон сахтгиру ҷиддӣ бошем. Банда худ дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистони кишвар- Нуробод омӯзгор ва сарвари мактаб ҳастам ва бо он таҷрибаи беш аз 25 солае, ки дар ин соҳа дорам метавонам бигӯям, ки ҳанӯз дар  самти таълиму тарбия камбуду мушкилот зиёд аст ва бо вуҷуди талошу заҳматҳои ҳукумати марказӣ, вазорати маориф ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки корҳои бештареро ба анҷом бирасонем. Нуробод ноҳияест, ки дар соли гузашта ва ибтидои соли равон ҷиҳати ҳодисоти маълуми хунбор номаш дар сархати навиштаҳои расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар қарор дошт. Ва ин ноҳияест, ки аксари кулли тифлонаш то 6- 7 солагӣ дар муҳити хонаводагӣ таълиму тарбия меёбанд, яъне мисли тифлони шаҳрӣ ва дигар навоҳии кишвар ин ҷо боғчаи кӯдакон мавҷуд нест, ба истиснои маркази ноҳия. Ва кӯдакони мо аз тамошои барномаҳои телевизиони "Баҳористон" ҳам маҳруманд. Мо таълиму тарбияи фарзандонамонро як кори саҳлу сода мепиндорем ва аслан ба ин вазифаи бузургу масъулиятнок камтар диққат медиҳем. Ва чун фарзандонамон бероҳа мешаванду даст ба аъмоли нохушу ботил мезананд, афсӯсу надомат мехӯрем, ки чаро чунин шуд ва чаро дар вақташ чунон накардем. Ва панди бузургонамонро ба кӯйи фаромӯшӣ супурдаем, ки гуфтаанд: "Фарзанд азиз, вале одобаш аз ӯ азизтар аст." Аксари падару модарон бо шӯхиҳои бемаънӣ ва лутфу дӯстдориҳои бемавқеъи хеш фарзандонро эркаву нозпарвард месозанд ва ин бойиси он мешавад, ки ҳатто аз як панду насиҳат, сахтгӯӣ ва ҷиддияти  устодон ба ҳангоми таҳсилу таълим озурдаву нороҳат мешаванд.

ДУШВОР АСТ, ВАЛЕ БА ТИФЛОН БОЯД ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРД

Bekorkhujagi_02Ҳамин нозпарвард кардани тифлон аст, ки иддае падару модарон баъзан ба мактаб омада, аз одобу рафтори фарзандони хеш гилаву шиква мекунанд, ки тифлонашон ба ҳарфи онон гӯш намедиҳанд. Албатта ин натиҷаи ҳамон тарбияи нодурусти волидайн аст, ки дар вақташ аз оқибати ногувори он андеша накарда буданд. Кӯдак ҳамагӣ 5-6 соат дар тарбияи устод ва дар мактаб зери назорати муаллимон аст, боқӣ 17- 18 соат ӯ дар хона ва дар тарбияи падару модар қарор дорад. Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандони хеш ҷиддӣ андеша бикунанд ва мактабу омӯзгорро дар ин самт ёру ёвари беминнат бошанд, зеро сухан сари масъалаи тақдири ояндаи тифлони онҳо ва ояндаи давлату кишвар меравад. Падару модарон муваззаф ҳастанд, ки шароитро барои илмомӯзии фарзандонашон муҳайё намоянд. Оре, мо медонем, ки имрӯз шароит вазнин аст, сатҳи рӯзгори мардум то ҷое, ки бояд нест, вале бояд бо даст додани камтарин имконот мо барои фарзандонамон ашёи хониш ва як шароити содаеро омода бикунем. Ба ҷойи ба онҳо харидорӣ намудани телефонҳои мобилӣ, зару зевар ва либосҳои фохир бояд китобҳои бадеъӣ, дискҳои таълимӣ ва дафтару қалам бихарем. Мусаллам аст, ки устод ҳарчӣ заҳмат бикашад ва сабақи хубе барои шогирдон ҳам бидиҳад, вале дар хона падару модар ба таҳсили фарзандонашон таваҷҷӯҳ накунанд, ин як кори бефоида аст. Ҳеч устод ба ояндаи шогирд бетафовут нест, ҳар омӯзгор мехоҳад, ки шогирди ӯ босавод, таҳсилдида ва номбардори ӯ бошад. Аз ин рӯ ҳама сахтгирии омӯзгор нисбати шогирд ба хотири ояндаи дурахшони ӯст, ҷабри устод аз рӯйи кинаву бадбинӣ нест, балки аз сари меҳру масъулият аст. Маҳсули дастранҷи устод ва ифтихору шарафи ҳар мактаб ин шогирдони донишвару номбардор ҳастанд. Устод ба ҷуз шогирди донишманду камол ёфта дигар чизе барои ифтихор кардан надорад.

РӮЙИ ОН САБӮСТАҚСИМКУН ТО ҚИЁМАТ СИЁҲ АСТ!

Замоне омӯзгор шахси соҳибмақом ва обрӯманди ҷомеъа буд ва аз камию костии рӯзгораш шикояте ҳам надошт. Ҳама дар деҳот тамоми масоили деҳа ва ҳатто мушкилоти рӯзгори шахсиашонро бо ширкати омӯзгор ҳал мекарданд. Чӣ метавон кард, ки замонаҳо дигар шуд ва имрӯз шукрона аз сулҳу фазои ороми кишвар мегӯем. Бо душворӣ ҳам бошад тайи чанд соли ахир корҳои хубе дар соҳаи мактабу маориф ба анҷом расида истодааст. Таваҷҷӯҳи масъулини ҳукумат ба муаллим ва тарбияи тифлон дигар шудааст. Имрӯз шароити омӯзгор то ҷое беҳбуд ёфтааст. Як ҳодиса ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад. Соли 1994 буд. Замони бисёр душворе буд. Мардуми ноҳияи Нуробод мисли сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон аз гуруснагӣ азоб мекашиданд. Рӯзе барои мардуми хоҷагии "Роғун", ки нигорандаи ин сатрҳо дар ин хоҷагӣ сарвари мактаб кор мекардам, сабӯс оварданд. Сабӯс барои хӯрдани мардум. Банда омӯзгоронамро ҳамроҳ гирифта, ба макони тақсими сабӯс рафтем, то барои  ғизое тайёр кардан ба тифлонамон чанд кило сабӯс дарёфт намоем. Масъули тақсими сабӯс бешармона ва бе ҳеч андешае гуфт: "Барои муаллимон сабӯс нест." Бубинед, устоди мактабро, куҷо мактаб устоди хешро, тарбиятгарро, омӯзгорро он бехирадони раҳгумзада ва аз дасти муаллим ба мартабаи сабӯсфурӯшиву "помош" тақсимкунӣ расида, ба як кило сабӯс нагирифтанд. Мо омӯзгорон хаставу ноумед ба мактаб баргаштем, вале рӯҳафтода нашудем, дили хешро ба ояндаи дурахшони кишвар таскин додем ва шогирдонамонро ҳам мегуфтем, ки ин рӯзҳои сахту сангин хоҳад гузашт. Касе тарки вазифа накард. Ва гузашт он рӯзҳо. Имрӯз мардум сабӯсро боз ба гову гӯсфандонашон медиҳанд. Оре, гузашт он сахтиҳо, вале рӯйи он сабӯстақсимкун то қиёмат сиёҳ хоҳад монд, ки муаллимони деҳаро ба як кило сабӯс нахарид.

ШОГИРДОНИ МАКОТИБИ НУРОБОД ПЕШСАФАНД

Итминони комил дорам, ки агар аз ҷониби падару модарон ва аҳли ҷамъият як андоза ба таълиму тарбияи тифлон таваҷҷӯҳ шавад, кори мо омӯзгорон дар ин самт пешрав хоҳад шуд, комёбиву дастовардҳои аҳли маориф ба маротиб боло хоҳад рафт. Чанде қабл дар шаҳри Душанбе озмуни шогирдони макотиби миёнаи навоҳии атрофи пойтахт ва минтақаи Рашт аз фанҳои гуногун баргузор гардид, ки дар он шогирдони макотиби ноҳияи Нуробод низ ширкати фаъол доштанд ва чанд тане аз онҳо ҳатто барандаи ин озмун низ гардиданд, ки ин бешубҳа аз кори хуби омӯзгорон ва масъулини шӯъбаи маорифи ноҳия дарак медиҳад. Зиндагӣ имрӯз ба маҷрои хеш даромадаву рӯзгори мардум ободтар шуда. Ва ҳамагонро зарур аст, ки сари таълиму тарбияи насли наврас- насли ояндасозу бунёдкори ҷомеъа талоши бештар дошта бошем. Зеро чуноне бузурге фармуда:

Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Аҳтамбеки Қурбонӣ,

директори мактаби № 36- и

ноҳияи Нуробод, узви ИЖТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97