Пирони ночор – бори дӯши давлат ё фарзандон?!

Иҷтимоъ 21.02.2011 16:58

Bahmanmoh_02Бо вуҷуди кам будани теъдоди куҳансолон дар Тоҷикистон вазъи таъмини иҷтимоъии онҳо дар сатҳи пойин қарор доштааст.Тибқи иттилоъи Оҷонси омори Тоҷикистон, ҳоло теъдоди афроди синни болои 65 сол 130 ҳазор нафар буда ва онҳо 1,7 дар сади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд.

Зимни муаррифии "Ҳисоботи миллӣ дар мавриди пиршавии аҳолӣ" Саодат Камолова, муаллифи гузориш ва раиси Маркази гермонтологии Осиёи Марказӣ, гуфт, дар ҷараёни ин пажӯҳиш 705 хонавода аз тамоми манотиқи Тоҷикистон пурсиш шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин пажӯҳиши нахустин дар кишварҳои шӯравии пешин дар заминаи пиршавии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки бо пуштибонии молии Созмони Милали Муттаҳид анҷом шудааст.

Аз сӯйи дигар, Эмин Сангинов, муовини аввали вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар солҳои ахир ба хилофи арзишҳо ва анъаноти миллӣ мавридҳои ба хонаи куҳансолон таҳвил додани падару модарони пир афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 40 дар сади бошандагони хонаҳои куҳансолони Тоҷикистон соҳиби фарзанд буда, вале фарзандон аз онҳо рӯй гардондаанд. Масалан, аз ҷумлаи 83 бошандаи хонаи куҳансолони шаҳри Ваҳдат 41 нафар аз хонаводаҳои аз лиҳози молӣ мутавассит будаанд. Манбаъ мегӯяд, ки дар хонаи куҳансолон шароити мусоид барои будубоши афроди пир фароҳам буда, аммо бештари бошандагони он хостори бозгашт ба хонаҳои худ ҳастанд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфта шуд, ки ба далели фақру бекорӣ теъдоди зиёди фарзандон ба заҳмат ниёзҳои рӯзгори худро бароварда карда ва имкони молии таъмини иҷтимоъию парастории волидонро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Саидмурод Фаттоев, мушовири раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки дар пешнависи Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълимиу тарбияти фарзанд", ки мавриди баррасии умумӣ қарор дорад, дар мавриди масъулияти фарзанд дар парастории падару модари пир низ моддае ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, тибқи ин санад фарзанд вазифадор аст ба ҳангоми пиронсолии волидон шароити молию иҷтимоии онҳоро таъмин ва онҳоро нигоҳубин кунад.

Бино ба иттилоъи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 70,6 дар сади куҳансолон дар кишвар ба кумаки молӣ ниёз доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 70 дар сади куҳансолон моҳона ба миқдори 80 сомонӣ ё 17 доллар ҳуқуқ дарёфт мекунанд, ки ин маблағ барои харидории дору ва маводди зарурии ғизоӣ кифоят намекунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саодат Камолова, раиси Маркази гермонтологии Осиёи Марказӣ, бештари куҳансолон гирифтори бемориҳои фишори хун, захми меъдаю рӯда ва қалб ҳастанд, ки барои табобати онон маблағи зиёде лозим аст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди бад будани сиҳҳатияшон бештари куҳансолон ба пизишкон ё бемористон муроҷиъат намекунанд.

Дар ин ҳамоиш ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки тибқи Қонуни асосии кишвар, ки табобати ройгони шаҳрвандони кишварро замонат додааст, куҳансолон бояд ба таври ройгон табобат шаванд.

Ҳамчунин, лозим аст қонуне дар бораи таъмини иҷтимоъии куҳансолон таҳия шуда ва тадобири мушаххас барои беҳбуди вазъи куҳансолон рӯйи даст гирифта шавад.

Тибқи "Ҳисоботи миллӣ дар мавриди пиршавии аҳолӣ" мизони пиршавӣ дар Тоҷикистон 5,1 дар сад буда ва ин рақам дар вилояти Бадахшон 7,3 дар сад ва вилояти Суғд 5,7 дар садро ташкил додааст.

Ивар Викки, масъули Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин кишвар теъдоди куҳансолон чандон зиёд набуда ва ин кишвар ҳанӯз бо мушкили куҳансолон ба монанди Урупо мувоҷеҳ нашудааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Викки, бахши аслии мутахассисони варзида дар бахшҳои омӯзишу беҳдошти Тоҷикистон афроди куҳансол ҳастанд ва ба далели ночиз будани маош дар ин бахшҳо ҷавонон намехоҳанд ҷойгузини онҳо бошанд. Ӯ гуфт, аз ин лиҳоз, мумкин аст дар зарфи 5 то 10 соли оянда Тоҷикистон бо мушкили шадиди камбуди мутахассисон дар бахшҳои омӯзишу беҳдошт мувоҷеҳ шавад.

Зимнан, Гурӯҳ Байналмилалии Бӯҳрон низ дар гузориши ахири худ ҳушдор дода буд, ки бештари кормандони арсаҳои тардурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кадрҳои Шӯравӣ буда ва дар оянда кишвар бо мушкили камбуди мутахассисон рӯбарӯ хоҳад шуд, зеро дар 20 соли истиқлол Тоҷикистон натавонистааст, мутахасисони хубе дар арсаҳои мухталиф тарбият кунад.

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, беш аз як миллион тан аз атбоъи тоҷик барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд.

Ба гуфтаи манобеъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2010 муҳоҷирони тоҷик беш аз 2 миллиард доллар ба хонаводаҳои худ аз тариқи бонкҳо пул фиристодаанд. Арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ ҳокист, ки пули муҳоҷирон тақрибан ниме аз тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Масъулони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфтанд, ки муҳоҷирони корӣ дар мамолики хориҷӣ фаъолият карда ва ба Сандуқи Иҷтимоъӣ молиёт пардохт намекунанд.

Аз ин лиҳоз, имкон дорад ин афрод ба ҳангоми бознишаста шудан ҳуқуқи бознишастагӣ ё нафақа дарёфт накунанд ва бо мушкилоти ҷидии молӣ мувоҷеҳ шаванд.

Манбаъ: Би – Би – Си

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97