Толибон бармегарданд!

Иҷтимоъ 15.12.2010 10:41

Аммо ин суол, ки "аз ин пас чӣ бояд кард?" посух мехоҳад

tolibon_4То даме, ки президент нагуфт…

То таваҷӯҳи Президент ба масъалаи бозгардонидани толибилмоне, ки ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷа таҳсил доранд, танҳо аз вилояти Хатлон 679 нафар наврасону ҷавонон дар давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таълим мегирифтаанд.

Гӯиё то 4 декабр 388 нафари онҳо ба Ватан баргаштаанд. Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар вохурӣ бо волидайн ва толибилмоне, ки аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ баргаштаанд, иброз дошт, ки бояд дар ин вохӯрӣ тамоми ҷавонони аз мадрасаҳои исломии хориҷа баргашта иштирок мекарданд, аммо аз бемасъулиятии шӯъбаҳои марбутаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштироки ин ҷавонон дар таъмин карда нашудааст. Раиси кумитаи дини кишвар ваъда дод, ки барои санҷиши саҳеҳи маълумотҳои шаҳру навоҳии Хатлон бобати аз таълимоти ғайрирасмии мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ баргардонидани толибилмони тоҷик чунин вохӯриҳоро дар сатҳи шаҳру навоҳии Хатлон такроран баргузор хоҳад намуд. Ба гуфтаи ӯ чунин як раванди носолим, яъне бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба омӯзиш бурдани шаҳрвандони як кишвар дар солҳои 30-юми асри гузашта рух дода буд. Алъон чунин раванд дар Тоҷикистон такрор ёфта хатарот кушода набошад ҳам, аммо давлат муваззаф аст, ки аз сафарбаркунии пинҳонии наврасону ҷавонони кишвар ба мадрасаҳои хориҷа ҷилавгирӣ намояд.

Бинобар маълумотҳои Кумитаи дини Тоҷикистон баъди супориши Президент бобати баргардонидани наврасону ҷавононе, ки ғайрирасмӣ ба таълимгоҳҳои динии хориҷ аз кишвар рафтаанд, гӯиё аз ноҳияи Қумсангир 92 нафар ва аз ноҳияи Шаҳритӯс 42 нафар толибилм баргаштаанд. Ҳамчунин дар ин муддат аз навоҳии Вахшу Бохтар, Хуросону Ёвон аз 20 то 29 нафарӣ ҷавононро ба Ватан баргардонидаанд.

Абдураҳмон Холиқов аз ҷумла гуфт: "Ман ба ин маълумоте, ки масъулини шаҳру навоҳӣ оид ба баргардонидани наврасону ҷавонон аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ бовар мекунам, аммо мо ноҳия ба ноҳия сафар намуда, ин ҳисоботҳоро пурра месанҷем."

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар тӯли 20 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳукумати Тоҷикистон барои рушди дин тамоми шароитро муҳайё намудааст. Имрӯз теъдоди масҷидҳои панҷвақтаи кишвар ба 8 ҳазор мерасад. Дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷидҳое сохта шудаанд, ки то кунун ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамаи ин гуна имтиёзу имкониятҳоро сарфи назар намуда, имрӯзҳо бархе аз нафарон дини исломро бадном намуда, мардумро ба роҳи нодуруст мебаранд.

Толибилмони дарди сар

Тибқи гуфтаи Хуршед Зиёев, сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вазорати маорифи, бо қарори ин вазорат то оғози нимсолаи дуюми соли хониш-12-уми феврал бояд толибилмони аз мадрасаҳои динии хориҷа баргашта мувофиқи маълумотҳои азбар намудаашон дар муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷойгир карда мешаванд. Ба гуфти Хуршед Зиёев агар бархе аз толибилмон хоҳиши онро дошта бошанд, ки дар риштаи дин таълимро давом диҳанд, дар кишвар мадрасаҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй мавҷуд аст. Наврасоне, ки аз мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар канор монда, як муддат дар хориҷ аз кишвар қарор доштанд, метавонанд дубора ба мактаб боз гарданд. Ҷавононе, ки синну солашон аз 18 сола боло аст, вале маълумоти миёна надоранд, дар омӯзишгоҳҳои касбӣ қабул карда мешаванд. Намояндаи маорифи кишвар иброз дошт, ки бояд тамоми толибилмони аз мадрасаҳои динии хориҷи кишвар баргашта, аз ташхиси тиббӣ ва машварати равоншиносон гузаранд. Зеро ҳар нафаре, ки як муддат дар хориҷи кишвар таълим гирифта, дер боз аз Ватан дур мондааст, шояд гирифтори беморие ё нуқсе шуда бошад. Барои ҳамин - мегӯяд Хуршед Зиёев, - аз муоинаи равоншиносон гузаронидани ин гуна наврасону ҷавонон ҳатмист.

Толибилмонро ба аскарӣ даъват карданд

Дар ҳамин маврид мӯйсафеде суол кард; ки "ман фарзандамро аз хориҷи кишвар бозпас ба Ватан хондам. Фарзанди ман ба Ватан баргашт, аммо оҷилан ӯро ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд". Шояд мӯйсафед пурсиданӣ буд, ки модоме пеш аз ҷо ба ҷо кардани толибилмони баргашта агар аз назди равоншинос гузаштани онҳо муҳим бошад, пас чаро фарзанди маро бидуни чунин муоина ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд.

Аммо масъулони минбарнишин "вазифаи ҳар шаҳрванд будани хидмати ҳарбиро мисол оварда, ҳамагонро мутақоид карданд, ки ҳимояти Ватан қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Зимнан, дар ин мулоқот масъули бахши танзими шаҳри Сарбанд низ иттилоъ дод, ки аз теъдоди толибилмоне, ки аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ баргаштаанд, аллакай ду нафарро ба хидмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд. Ҳамин тавр суоли "Оё аз муоинаи тиббию ба гуфте муоинаи равоншиносон ногузашта ба хидмати ҳарбӣ фиристодани чунин ҷавонон дуруст буд?" кушода боқӣ мемонад.

Пӯшида нест, ки чунин амали комиссияи даъват ба хидмати ҳарбии шаҳри Сарбанд қобили қабул нест. Зеро ин амали онҳо эътимоди волидайнро барои бозпас хондани фарзандон аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ коста мегардонад. Охир дар шаҳри Сарбанд захираи ҷавонон барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кам ҳам нест. Ва ин ҳам дар ҳоле ки давлат аз таҳсили ин толибилмон дар хориҷ бонги изтироб задааст, ки мумкин аст ин ҷавонон дар рӯҳияи терроризм таълим дода шудаанд.

Зарурияти илмҳои динӣ ва дунявӣ

Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, муовини раиси вилояти Хатлон зимни муроҷиат ба волидайн ва толибилмон иброз дошт, ки дар баробари таваҷӯҳ ба риштаи дин наврасону ҷавонони моро мебояд ба илмҳои дигаре, ки омили рушди иқтисод ва пешрафти ҷамъият ба ҳисоб мераванд таваҷҷуҳ намоянд. Азбаски фаҳмиши мардуми мо дар сатҳи лозима қарор надорад, мо фарзандонамонро ба мадрасаҳои динии кишварҳое мефиристему намедонем, ки онҳо дар онҷо чиро меомӯзанд. Баъдан оё ҳамаи он толибилмоне, ки дар мадрасаҳои динӣ таҳсил карда, ба Ватан бармегарданд, бо ҷойи кор таъмин мешаванд?

Дар ин мулоқот ҳамчунин намояндаи Кумитаи амнияти миллии кишвар иқрор кард, ки ба раванди ситезаҷӯйӣ рафтани ҷавонон пеш аз ҳама волидон гунаҳкоранд. Ӯ афзуд, ки дар чанд соли охир бинобар беаҳамиятии мо; ҷомеа ва падару модарон даҳҳо нафар ҷавонони мо ба равияҳои мамнуъи Салафия, Ҳизб-ут-таҳрир ва ташкилотҳои террористии толибону Ҳаракати Исломии Узбакистон шомил шудаанд. Дар чанд вақти охир мақомот ҳафт нафар ҷавононро боздошт кардаанд, ки онҳо қаблан дар мадрасаҳои исломӣ ғайрирасмӣ таълим гирифта, бар зидди ҳамватанони худ яроқ гирифта, ҷангидаанд. Ба гуфтаи манбаъ аз ҷумла дар воқеаҳои Рашту Балҷувон собиқ дастпарварони мактабҳои он кишварҳо иштирок кардаанд. Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки дар вақти безарар гардонидани гурӯҳи мусаллаҳи ҳамроҳ бо Сӯҳроб Лангариев кормандони мақомоти мазкур се нафар аз ҳамроҳони ӯро дастгир кардаанд, ки дастпарварони мадрасаҳои исломии Покистон мебошанд.

Мактабтаҳхона

Намояндаи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки чанде пеш Имом хатиби деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахш Илҳом Норқулов боздошт гардид, ки ӯ зиёда аз 50 нафар наврасону ҷавонони навоҳии гуногуни Хатлонро ҷамъ карда, пинҳонӣ таълим медодааст. Баъди якчанд муддат толибилмонро ба яке аз таҳхонаҳои назди бозори Корвон бурда, аз онҷо барои сафарбар намудани ин наврасон ба мадрасаҳои динии хориҷа замина тайёр мекардааст. Зимни тафтишот аз таҳхонаи номбаршуда 75 нафар наврасонро пайдо кардаанд, ки зери роҳбарии Илҳом Норқулов таълим мегирифтаанд. Дар шароити намнокии ин таҳхона падару модарон моҳе 50 сомонӣ ҷамъ карда, фарзандони худро бо таъом таъмин мекардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, волидайн огоҳ нестанд, ки вақте фарзандони онҳоро бо чунин роҳҳо ба мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ интиқол медиҳанд, онҳоро аз газетахонию тамошо кардани шабакаҳои телевизионӣ маҳрум мекунанд. Ингуна омилҳо боиси коста гардидани ҳисси ватандӯстии насли наврас мегардад. Тибқи маълумотҳои ин намояндаи амният аз 406 нафаре, ки мақомот онҳоро аз нуқтаи гумрукии Панҷи Поён бозпас баргардонидааст, 5-6 нафари онҳо дар ҳаводиси Рашт иштирок доштаанд. Мавсуф дар анҷоми сухаронии худ бо як суолу як пешниҳод ба иштирокчиён муроҷиат кард; "Чаро амрикоиҳо бар зидди давлату мардуми худ ҷанг намекунанд? Зеро насли навраси Амрико фарогири илму технологияи муосир аст ва онҳо дар сар як фикр доранд, рушду инкишоф ва тараққиёти ҷомеа. Аз ин рӯ падару модарони азиз хоҳиш мекунам, фарзандонатонро беназорат нагузоред!"

Як дарси мулоқот ва телевизион

Мулоқот чӣ натиҷа дод? Модари як нафар аз толибилмони аз Покистон баргашта иброз дошт, ки аз сӯҳбат бо масъулини ҳукумату мақомоти он маълумоти зиёде бардоштем: "Агар вохӯрии ҳамин рӯзро дар телевизион ҳам намоиш медоданд, бовар дорам ба мардуми деҳот таъсири хуб мерасонид. Рост аст, ки асоси ҳамаи бадбахтиҳои ҷомеа бесаводии мо аст. Дар деҳот бештари мардум имкони газетахонӣ надоранд. Телевизион дастрас ва тамошои он қариб бепул аст. Оё намешавад, ки то рекламаҳои дорую поруи дар хориҷа "брак"- шударо намоиш додан, ҳамин гуна вохӯриҳоро пурра дар телевизион намоиш диҳанд. Агар ҳамин иштирокчиён ба тамоми ноҳияҳои вилоят рафта бо мардум вохӯранд, ба фикрам волидайн фарзандони боқимондаро ҳам бозпас мехонанд. Мо мардум ташнаи ҳамин хели вохӯриҳо ҳастем. Кош дар маҳалҳо низ ҳамин гуна одамони маданӣ рӯи кор меомаданд. Театрҳои деҳот обод шавад, бо мардум вохӯриҳо ташкил кунанд…"

Файзулло Маҷидов толибилми мадрасаи Покистон, ки бо даъвати Президент ба Ватан баргаштааст, дар сӯҳбат бо хабарнигорон чунин ибрози назар дошт:

"Ман дар Қарочӣ қарор доштам. Тӯли 1 солу 7 моҳи таълим дар мадраса танҳо аз "Қуръон" таълимамон медоданд. Ҳар сари вақт намояндаи ҳукумати Тоҷикистон омада аз вазъи таълими мо бохабар мешуд. Моро гуфтанд, ки ба Тоҷикистон баргашта, дувумбора бо роҳи қонунӣ ва бо қайди давлатӣ ба ин мадраса омада таълим гиред. Умед дорам, ки ин дафъа тариқи квотаи Ҳукумати Тоҷикистон ба Покистон рафта таълимро давом медиҳам. Ҳоло Ватан даъват кард, омадем".

Толибилми Зоҳидон муддарис мешавад…

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин падару модарон суханронӣ карда, тақдири ояндаи фарзандони худро пурсон шуданд. Яке аз хатмкунандагони мадрасаи Зоҳидон аз масъулин пурсид, ки "оё ӯ метавонад ба ҳайси мудариси мадрасаи кишвар кору фаъолият кунад?" Дар посух ба ин суол Абдураҳмон Холиқов ваъда дод, ки агар илми азбар намудааш мухолифи арзишҳои мазҳабии мо набошаду ихтисоси азхудкардааш мувофиқат намояд, метавонад дар мадрасаи давлатӣ дарс бигӯяд.

Поёни мулоқот

Аз сӯҳбати иштирокчиёни ин мулоқот маълум мешавад, ки муҳимтарин масъала дар ҳаёти имрӯзаи мардум ҳамкории ҳукуматҳои маҳал бо мардум, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа таъмини ниёзҳои фарҳангӣ барои аҳолии деҳот, дастрасӣ ба рӯзномаву нашрияҳо ниёз ба беҳбудӣ доранд. Зеро бо як ду вохӯриҳои ангуштшумор ва бо ҳамин cатҳи пойини дастрасии мардум ба иттилоот ва шароитҳои фарҳангӣ наметавон ҷамъиятро ободу маданияти сиёсию фарҳангии мардумро баланд бардошт. Вале ба ҳар ҳол мушкили ин толибилмон танҳо бо вохӯриву сӯҳбат ҳал намешавад. Гиреҳи мушкил ҳанӯз нимкушодааст.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97