Чаро қиммати ғизо дар ошхонаҳои Душанбе гарон аст?

Иҷтимоъ 10.12.2010 09:51

nowruz31ё дар Афғонистон бо 4 сомонӣ метавон "обед" кард

Шаҳри Душанбе бо ҳама тароватҳояш, бо ҳама дилороияш, бо хислату рафтори сокинонаш аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дунё ба куллӣ фарқ мекунад.

Чунин тафовутҳоро дидан замон кас ба ҳайрат меояд ва андешае зеҳнашро фаро мегирад, ки ин гуна "тозакориҳову навгониҳо"-ро шаҳрвандонаш ба шумули тоҷиру муҳандис, маъмури давлативу табиб, муаллим ва соири ақшори ҷомеа аз куҷо омӯхта бошанд ва чи мактабе онҳоро дар ин замина таълим дода бошад? Фикр намекунам, ки барои омӯзиши афъоли тоза мактабе ва ё устоде зарур бошад. Хислати одамӣ ҳамин аст, ки нафс ва хоҳишоташ ҳамеша ба сӯи макрӯҳият ва нопокӣ майл дорад, дар сурате агар эшон имони заъиф ва раъйи собит надошта бошанд. Ҳамин зишткориву разилатҳост, ки касофатиаш ба ҷомеа ва мардум таъсир мерасонад ва баракату муҳаббатро аз чашми инсонҳо дур месозад.

Ба ростӣ, дар ҷомеае, ки мо ба сар мебарем, ба хусус дар шаҳри дилорои Душанбе адлу инсоф дар тамоми соҳот, махсусан тибу саноати хӯрокворӣ билкул мурдааст ва мутасаддиёни ин соҳа аллакай хасоиси ҳилму одамиятро анқариб ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд ва ҷабри онҳо ба ҳадде расидааст, ки олами ҷаҳолат ва ҳирсу тамаъро дар батни банни инсон ҷойгузин кардааст. Чунин як хислат ба амрозе мубаддал ёфта, ки дардаш болотар аз амрози саратонӣ ва ё бемориҳои мӯҳлику давонопазир аст. Поя ва бунёди чунин як амрозро решакан кардан дар шароити рӯз амрест номумкин ва иҷроношуданӣ. Аммо, бо вуҷуд доштани каме адолат ва ё инсоф умед аст чунин як хасоиси зишт ва мардумфиреб табобат ёбад ва ё ба ҳадде коҳиш дода шавад.

Манзур аз суханчинӣ фаъолияти яке аз мароҷеи муҳим-соҳаи хӯрокворӣ ва фаъолияти ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Душанбест, ки ҷабри эшон ба ҳадде расида, ки касофатии онҳо на танҳо ба муштариён, балки ба моликони онҳо бештар мерасад ва ҷомеаеро, ки бе ин ҳам дар гирдоби фисқу фасод ғӯтидааст, мағшуштару машкуктар мегардонад.

Гоҳе агар саре ба ошхонаву тарбхонаҳои шаҳри Душанбе бизанед, муддатҳо "муҳаббату пазироӣ ва хидматрасонии пешхидматону горсунҳо"-ро фаромӯш нахоҳед кард. "Табассумҳои зебо ва муомилаҳои нарм"-и эшон "иштиҳояторо боз ва табъатон"-ро ончунон "болида" месозад, ки ҳар луқмаатон дар гулӯятон дармемонад ва мисли ин ки заҳробаеро хӯрда бошед, дар талвосаи ҷон кандан меуфтед ва дубора ба ин ҷо омаданро орзу намекунед. Вақте пешхизмат аз муштарӣ фармоиш мегирад, ҳаргиз лафзи "бифармоед, хуш омадед, бо иштиҳо бошед"-ро аз забони "ширинашон" нахоҳед шунид ва дар тасаввуру фикри худ онро ҷой дода ҳам наметавонед. Бо ахми гирифта пешхидмат фармоишро қабул мекунад ва муддатҳо муштарӣ мунтазир мешавад, ки ғизои фармоишиашро ҳозир кунанд. Албатта, вақте иштиҳо гум мешавад, пешхидмат на дар лаълӣ, балки дар даст хӯрокро оварда наздатон мегузорад ва бидуни хоҳишотеву сухане бо виқори гирифта аз наздатон дур мешавад. Дигар ту медониву ҳамин хӯрок. Аслан одати эшон нест, ки назди муштарӣ биёяд ва фармоишҳои дигари ӯро пурсон шавад.

Мо ба ин одат кардаем ва "расми хуби тоҷиконаамон"-ро, ки шуаро васфаш мекунанд, бо мафҳуми тозае, ки ба замона созгор гардидааст, дар зеҳнҳо ҷой медиҳем. Яъне, бефарҳангӣ гӯё мафҳуми зиндагии мо гардида,ба сифати як меъёре даромада бошад. Аммо ин ҳам ба хайр аст. Вақте қисмати ҳисобу китоб оғоз меёбад, ҳуш аз саратон мепарад. Барои ним коса шӯрбо, ними таъоми дуввум, як чойнак чой, ва як бурда нон пешхидмат камаш 15 сомонӣ талаб мекунад. Агар бахтатон омад карду пешхидмат каме адолат кунад, як сомонӣ аз нархи ҳисобшуда кам мекунад, то муштариро аз даст надиҳад. Дар маҷмӯъ аксари ошхонаву тарабхонаҳои мо нархҳоро на дар асоси ҳисоби муайян, балки бо дарназардошти манфиатҳои шахсии худашон тартиб медиҳанд. Бовар мекунед ё на, чунин як тарзи нархгузорӣ, то он ҷое, ки рафтаему дидаем, дар дигар кишваре вуҷуд надорад. Ҷабри соҳибони тарабхонаҳову ошхонаҳои мо, ки имрӯз ҳар сари қадам рост шудаанд, нисбат ба муштариён аз андоза берун шудааст.

Чанде пеш тасмим гирифтем, ки ҳамроҳ бо дӯстон ва ҳамкорон рӯзи истироҳатиро бофароғат бигзаронем. Бад-ин хотир бо машварати якдигар яке аз тарбхонаҳоро, ки дар маркази шаҳр аст, интихоб намудем. Ҷамъан дар ҳудуди бисту панҷ нафар ворид шудему пешхидмат феҳрасти хӯрокҳоро наздамон гузошт. Дар назари аввал нархҳо на он қадар гарон буд. Анвои хӯрокҳо ва барои зеби дастархон ҳафт намуд хӯришҳо низ фармоиш додем. Пас аз ним соати интизорӣ фармоишҳои мо болои мизҳо гузошта шуданд, аммо аз ҳафт намуд хӯриш болои мизҳо ҳамагӣ се намудашро дидему халос. Вақте аз пешхидмат мутабоқии хӯришҳоро пурсон шудем, бидуни шарм гуфт, ки мо ду-се хӯришро дар бушқобҳо якҷоя кардаем ва бад-ин хотир дар назари Шумо кам менамояд. Дар ин ҷо мо хуб медидем, ки пешхидмат ва умуман маъмурияти тарабхона моро хеле моҳирона гӯл зада истодаанд. Боз ҳам аз рӯи ҳикмати халқӣ "Изои мӯъмин ҳаром " чизе нагуфтем. Хандаовар ин буд, ки як чойнак чойро ним соат мунтазир шудем ва вақте пурсидем, ки чаро чойро ба ин зудӣ намеоваред, гуфтанд, ки мо барои овардани ҳар як навъи хӯрокаву нӯшокӣ ним соат вақт ҷудо намудаем. Аз муносибати сард, чеҳраи турш ва   ноӯҳдабароии пешхидматону   маъмурияти тарабхона асабӣ шудем ва билохира хоҳиш намудем, ки бо мо муҳосиба кунанд. Пешхидмат суратҳисобро (счёт) наздамон гузошт-3000 сомонӣ. Ҳуш аз сарамон парид, баъзеҳо қариб буд аз ҳуш мерафтанд. Наход ин қадар хӯрда бошем! Ба сари ҳар нафар 120 сомонӣ рост меомад. Хурдагиамон аз ҳалқамон берун шуд.

Боре дар зиндагӣ чунин як беинсофиро, ки дар ошхонаҳову рестуронҳои шаҳри Душанбест надидаем. Агар боре ба шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Исфараву Конибодом сафар карда бошед, ба хубӣ мебинед, ки ин мардум чӣ инсофе доранд. Дар ошхонаи маъруфи Панҷшанбебозори Хуҷанд агар панҷ нафар хӯроки якуму дуввуму севвумро бо анвои хӯришҳо дархост кунед, ҳаққи пардохт аз 25 сомонӣ таҷовуз намекунад. Чунин ҳолро дар тамоми ошхонаву тарбхонаҳои шаҳру навоҳии Суғд мушоҳида мекунед. Илова бар ин, тарзи қабулу хидматрасонӣ дар ин ҷойҳо воқеан инсонист ва ба муштарӣ ба мисли як меҳмони олиқадр муносибат мешавад. Тозагӣ ва ороиши ошхонаву тарбхонаҳо хеле диданӣ ва қобили таърифу таҳсинҳост.

Нархи ғизои ошхонаҳои Қазоқистону Узбакистону Чину Эрон ва ҳатто Афғонистони ҷангзада боз ҳам арзонтару хушсифаттар аст. Агар дар Чин хӯроки чошт бо ҳама анвои хӯришҳояш барои як нафар 1,5 доллари амрикоиро ташкил диҳад, пас дар Афғонистоне, ки беш аз 30 сол аст низоъу ҷангу кашмакаш аст, ҳамин хӯрок дар шароити феълӣ як доллари амрикоиро, ки муодил ба 4,5 сомонӣ аст, ташкил медиҳад. Умуман инсофу адл дар ин мамолик хеле зиёд аст ва ҳамеша қадру манзалати инсон дар мадди аввал қарор дорад.

Бо ин ки раҳбарияти ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Душанбе (манзур онҳоест, ки аз ҳад зиёд беинсофӣ мекунанд, вале аз иддаи дигар, ки адолат дар гӯшаҳои имонашон устувор аст, узр мехоҳем) қариб, ки бидуни масрафе соҳиби сарвату амвол мегарданд, чӣ маблағеро ҳамчун молиёт ба хазинаи давлат месупорида бошанд? Оё Кумитаи зиддиинҳисории кишвар ва мақомоти молиётӣ ва беҳдоштӣ боре фаъолияти ошхонаву тарбхонаҳоро таҳти назорат гирифтаанд? Агар не, дар ин замина метавон таҳқиқотеву санҷишотеро анҷом дод, ки барои на танҳо шаҳрвандон, балки буҷаи кишвар аз фоида холӣ нест. Муҳим аз ҳама муштариён бояд хӯроки болаззату арзон бихӯранд, на заҳроба! Аммо кай ва дар куҷо, маълум нест!

Ибодуллоҳи НУРУЛЛОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97