Ленин дар Кӯлоб

Иҷтимоъ 09.12.2010 16:41

lenin_41258ё бозгашти дубораи доҳии пролетарҳои дунё

Дар шаҳри Кӯлоб дубора ҳайкали Владимир Улянов, маъруф ба Ленин, ки тарроҳи табадулоти хунини давлатии Русия ва аввалин сарвари давлати собиқи Шӯравӣ буд, насб гардид.

Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз ин иқдоми асосгузори ҳизбашон бо хушӣ истиқбол намуд. Раиси коммунистони Кӯлоб Шариф Сафаров гуфтааст, ки онҳо аз ҳайкали Ленин, ки моликияти ин ҳизб аст, дифоъ кардаанд. Хотиррасон бояд кард, ки ҳанӯз ду моҳ пеш аз боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пайкараи пешвои коммунистони ҷаҳон Ленин, ки тайи 60 соли ахир он ҷо истода буд, барканда шуда буд.

Бо баркандани ин пайкара дар 29 августи соли равон коммунистон аз ҳукумати маҳаллӣ барои дубора барқарории он пофишорӣ намуданд. Масъулини боғи фарҳанг ахиран розӣ шуданд, то бо тармими дубора ҳайкали Ленинро дар макони аввала барқарор кунанд. Мардум барқарори ин ҳайкалро гуногун қабул намуданд.

Сокини шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Муҳамдалиев гуфтааст, онҳо интизор доштанд, ки дар ҷои Ленин ҳайкали дигаре мегузоранд, вале дидани дубораи он барояшон ҳайратовар будааст. Ӯ мегӯяд, ки Ленин барои мо бегона аст. Мо фикр кардем, ки дар ҷои он ягон ҳайкали қаҳрамони Тоҷикистонро мегузоранд. Дар давраи Ленин бобову бобокалонҳои мо гуреза шуда бу Афғонистон рафтанд. Давраи ӯ ҳам он қадар замони хуб набудааст.

Зайнабибӣ, сокини дигари ин шаҳр, ки дар замони Шӯравӣ бузург шудааст, мегӯяд, мо набояд хидматҳои Ленинро фаромӯш карда, ҳайкали ӯро барканем. Ба гуфтаи ӯ, баркандани ҳайкали Ленин нишони қадрношиносист. Вай афзудааст, ки Ленин - Ленин буд. Қаҳрамон буд. Барои халқи тоҷик хизмат кардааст ва мо хизматҳои ӯро фаромӯш накардаем. Дар ҳамин ҳол Савиринисо, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ки ҳайкали Ленинро набояд ҳамчун бут парастиш ва эҳтиром гузошт.

Савринисо гуфтааст: «Дар вақташ Ленинро қариб пайғамбар эълон карда, ба мо талқин мекарданд, ки ӯро парастиш кунем. Қариб монда буд, ки ӯро тавба кардам, Худо эълон кунанд. Мо бояд ҳайкалпарастӣ накунем, аз ҳамон ҳайкал чӣ мерасад барои мо?»

Аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин аввалин бор дар Тоҷикистон аст, ки як ҳайкали баркандаи Ленинро дубора барқарор мекунанд. Ин ҳайкал охирин ҳайкали Ленин дар Кӯлоб аст, се ҳайкали дигари ӯ дар соли 2006 ҳангоми таҷлил аз 2700 солагии шаҳри Кӯлоб барканда шуда буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97