Гаравгонони Шӯрообод: Чаро сокинонро ба гарав мегиранд?

Иҷтимоъ 02.12.2010 18:05

shuroobod-4Ҳамеша аз ноҳияи Шӯрообод хабари гаравгонгирии сокинони оддӣ ба гӯш мерасид.   Ҳатто чанде пеш, хабари ба дасти қочоқбарон ба гарав афтодани раиси ин ноҳия низ дар расонаҳои хабарӣ паҳн гашт.

Ҳарчанд, ки раиси ноҳия дертар ҳодисаи ба гарав афтоданашро рад кард, аммо маълум шуд, ки дар он ҳодиса ду сокини оддӣ аз ҷониби қочоқчиён воқеан ба гарав афтодаанд.

Сафар ба Даштиҷум

Яке аз гаравафтодагон сокини шаҳри Кӯлоб Розиқов Абудқаҳҳор ва дуввумӣ сокини деҳаи Кишти ноҳияи Шӯрообод Сафаров Зайдулло будааст. Дар пайи як сафар мо хостем, то ҳангоми сӯҳбат бо сокинон омилҳои гаравгонгирии қочоқчиёнро маълум кунем. Вақте ба Даштиҷуми ноҳияи Шӯробод сафар кардам, шабро дар чойхонае, ки миёни деҳаи Кишт ва ҷамоати Дашти Ҷум, наздикии қисми сарҳадии 2931-и ноҳияи Шӯробод ҷойгир аст, сипарӣ кардам. Тасодуфан, ин чойхона моли Зайдулло, нафари ба наздикӣ ба гарав афтода будааст.

Ронандаҳо: «Моро ғорат карданд…»

Дар чойхонаи мазкур, ки сари роҳи самти Душанбе - Бадахшон ҷойгир аст, бештар мусофирони мошинҳои боркаш шабашонро рӯз мекунанд. Аз аз сӯҳбати ронандагон мешавад бисёр чизҳоро барои худ рӯшан кард, аммо онҳо танҳо бо нагуфтани номашон дар ин маврид сӯҳбат мекунанд. Аз онҳо дар мавриди ҳодисаи ҳамла ба корвони мошинҳо дар ин роҳ, ки тахминан ду моҳ пеш иттифоқ афтода буд, суол кардам. Як ронанда гуфт: "Мо ҳайронем, ки чаро мошинҳоро ғорат карданд. Асосан, афғонҳои марзшикан то ҳамон замон ба мошинҳои боркаш умуман коре надоштанд. Мо онҳоро зиёд вомехӯрдем, вале агар ягон чиз мепурсиданд, хайр, дигар коре надоштанд. Шояд ин гурӯҳи ғоратгаронаш будааст."

-Умуман ин роҳ ором аст ва ба ҷуз вайронии роҳ аз ноҳияи Шӯрообод то саршавии ноҳияи Дарвоз дигар дар ин роҳ мушкилот нест, - мегӯяд ин ронанда.

Аммо ронандаи дигар дар посух ба гуфтаҳои ин ронанда афзуд: "Бовар кун додар, ғоратгарон буданд ё каси дигар ҳоло аз сафари шабона ба ин мавзеъ метарсем. Пас аз ҳамон ҳодиса аз ҳамон сарҳадбонони худамон дилам сард шуд. Ҳамон шаб бисёриҳо шоҳид буданд, ки раиси ноҳияро ҳам боздошт карда буданд, вале бо ғорати ҳамроҳонаш ӯро раҳо карданд. Он ғоратгарон бо гарав гирифтани ду нафар на ба Афғонистон, балки ба сӯи кӯҳҳои мо рафтанд, мо инро бо чашми худ дидем. "

Тасмим буд, то бо соҳиби чойхона, ки бевосита дар дасти қочоқчиён дар гарав буд, сӯҳбат кунам, вале ӯ то субҳ пайдо нашуд ва чун тариқи телефони ҳамроҳаш занг задам, изҳор дошт, ки майли сӯҳбатро надорад.

Гуфтушунид бо қочоқчиён дар хоки Тоҷикистон

Масъулини ноҳияи Шӯрообод хабари дар гарав будани раиси ноҳияро рад карданд, аммо Наим Шарифов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия гуфт: "Дар ҳақиқат ҳодисаи ғорат вуҷуд дошт, аммо на гаравгонгирии раиси ноҳия. Он вақт қочоқчиён ду нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба гарав гирифтанд ва мо тариқи гуфтушунид, онҳоро раҳо кардем. Бо кадом роҳ, дар ин гуфтушунид гаравафтодагон озод шудаанд, махфӣ аст. Ин ба он хотир аст, ки мабодо боз ба озодкунандагони мо ягон зиён нарасонанд. Аммо бояд бигӯям, ки гуфтушунид дар дохили хоки Тоҷикистон барои озодкунӣ ҷараён гирифт. Бе ягон зарар озод кардани гаравгонон худ натиҷаи кор аст."

Мақомот дар аксар маврид сабаби ба гарав бурдани сокинонро шарҳ намедиҳанд. Аммо зимни сӯҳбат бо сокинон маълум шуд, ки тақрибан ба истилоҳи онҳо "касеро бе гуноҳ" гарав намегиранд. Салоҳиддин (номи шартӣ), марди 56 солаи сокини ин ноҳия ҳангоми сӯҳбат гуфт: "Додар, ин қочоқчиён медонанд, ба кӣ сару кор бигиранд. Шукри Худо чаро маро ё фарзандони маро гарав намегиранд? Барои он ки мо умуман ба наркотик (маводи нашъаовар) сару кор нагирифтаем. Онҳо нафаронеро гарав мегиранд, ҳозир ё пештар бор мезаданд (маводи мухаддир интиқол медоданд) ва аз афғонҳо қарздоранд. Барои ҳамин чанд бор меоянд ва қарзашонро мепурсанд, диданд, ки ба хубӣ намешавад, фарзанду занашонро гаравгон мегиранд."

Аз ин мард пурсидам, ки чаро сокинони ҳамкор бо қочоқчиён намехоҳанд, қарзашонро ба "хубӣ" пардохт кунанд? Ӯ дар посух афзуд: "Охир, бечораҳо як маротиба ним маротиба бор мезананд, ки ё худашон ва ё одамашонро меқапанд. Пештар ба гуфтаи худашон борро безналичий (ғайринақдӣ) мегирифтанд. Одамашонро, ки қапиданд, тамом. Дигар пулашон ҳам месӯзад. Баъд наметавонанд, пулро гардонанд. Барои ҳамин ба гарав мебаранд ва диданд, ки гаравгирӣ фоида накард, қарздорро мекушанд. "

Ин гуфтаҳо ҳодисаи тобистони имсол ба вуқӯъ пайваста дар ноҳияи Ҳамадониро ба хотир меорад. Тибқи иттилои расмӣ дар мавзеи Назарайвони ноҳияи Ҳамадонӣ Баҳриддин Одинаев, як сокини ин ноҳия аз ҷониби 7 нафар қочоқчӣ дар рӯзи равшан ва пеши чашми даҳҳо тан шоҳидон кушта шуд. Ин нафар тоза аз маҳбас раҳо шуда будааст ва қочоқчиён ба сокинони дар маҳалли ҳодиса иброз доштаанд, ки марҳум аз онҳо ба маблағи 18 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор буда, аз пардохти он сарпечӣ менамудааст.

Ду гурӯҳи марзшикан

Аммо бархе сокинони дигари ноҳияи Шӯрообод аз мавҷудияти ду гурӯҳи марзшикани афғон дар ин ноҳия сӯҳбат мекарданд. Наҷмиддин Зарифов, як сокини ин ноҳия зимни сӯҳбат бо мо гуфт: "Аз сӯҳбату мушоҳидаҳо ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки дар мавзеъҳои дастнораси ноҳия ду гурӯҳи шаҳрвандони марзшикани афғон фаъол аст. Як гурӯҳаш ба интиқоли маводи мухаддир ба одамони даркории худ машғуланд ва гурӯҳи дигар иборат аз дуздону авбошонанд. Дар ҳақиқат қочоқчиён ба одамони оддӣ сару кор надоранд ва фақат ба кори худ машғуланд. Лек ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҳамеша молу гови мардумро медузданд. Агар даҳ соли ахирро ҳисоб кунем, ҳазорон сар молу гову асп, ба ғайр аз хар (зеро хар аз оби Панҷ гузашта наметавонад) дуздӣ шудаанд, вале ягонтои он баргардонида нашудааст. Ин гурӯҳи авбошон одам намедузданд, вале ғорат мекунанд. Фақат ҳайвон, аспҳои хонагӣ, говҳоро медузданд. Лек ҳамин як соли охир дуздиашон кам шудааст. "

«Ҳар кас қочоқчӣ шудан наметавонад»

Ҳангоми гаштугузор ва сӯҳ¬бат бо сокинони ноҳия маълум шуд, ки онҳо аз сӯҳбати рӯйрост сахт метарсанд. Шояд дар Шӯрообод деҳае набошад, ки аз он ҷо нафаре бо даст доштан дар маводи мухаддир дар маҳбас набошад ва ё ҳади ақал ҳабс нашуда бошад. Сокинон мегӯянд, аксари онҳо фиреб хӯрдаанд. Онҳо изҳор медоранд, ки аксари сокинонро мафияи қочоқчиён бо мақсади худ истифода бурдаанд ва аз интиқоли маводи мухаддир тақрибан ҳеҷ манфиате надидаанд. Бобои Раҳим ном сокини ин ноҳия изҳор дошт, ки имрӯз аз пушти маводи мухаддир садҳо кӯдак ятим мондааст.

-Мардум дар ҳамон давраи бесарусомонӣ фиреб хӯрданд. Фикр карданд, ки бой мешавем, вале аз пушти ин чизи ҳаром аз ҳама чизашон маҳрум шуданд. Ҳозир дигар ҳар кас наметавонад, ба ин кор машғул бошад. Дигар ҳозир маводи мухаддир ба дасти мардуми оддӣ намерасад. Ин корро ҳамонҳое мекунанд, ки дар болоҳо пушту паноҳе доранд. Дигар мардуми оддӣ аз ин кор пушаймон аст ва оқибаташро фаҳмидааст.

Мақомот: Ҳифзи пурраи марз мушкил аст

Дар ҳамин ҳол, мақомоти марзбонӣ дар ин ноҳия мегӯянд, аз сабаби кӯҳу ҷангали касногузар доштан ва қисмати зиёди минтақаи марз минкоришуда, ҳифзи пурраи он имконнопазир аст. Танҳо тариқи чархбол мешавад марзро хуб ҳифз кард, ки ҳоло ба гуфтаи марзбонон онҳо ин имконро надоранд.

Беш аз 30 ҳазор гектар замини назди марзӣ ҳар сол аз қочоқчиён тоза карда мешавад, вале боз онҳо дубора дар он ҷо макон мегиранд.

Табаров Боймуҳаммад, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97