Нишасти СҲШ чӣ дод?

Иҷтимоъ 02.12.2010 09:30

jamila-khuseynova_4Ҷамила ҲУСЕЙНОВА, xабарнигори "Чархи гардун"

Шахсан ман интизор будам, ки дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхай пеш аз ҳама масоили ҳамлу нақли бору коло ва транзити вагонҳои тоҷик тавассути кишварҳои аъзои ин созмон, алалхусус, Узбакистон, ки тайи як соли охир барои равуойи вагонҳои мо монеа эҷод мекунад, баррасӣ мешавад.

Аммо нахуствазирон танҳо як бор ба ин масъала таъкид намуданд, он ҳам аз ҷониби муовини сарвазири Узбакистон Ботир Хоҷаев иброз шуд, ки ҳамкорӣ дар бахши роҳу нақлиёт ва интиқолу транзити молу бор бояд беҳтар шавад. Дигар тамом.

Чизи дигар, ки интизор будам он баррасӣ мешавад, ин саддсозиҳо ва монеаҳои кишварҳои узв ва ҳамсоя ба зидди сохтмони НБО-и Роғун буд, ки ин ҳам дар ҳошияи сӯҳбатҳо дар бораи ҳамкориҳо дар бахши обу энержӣ баррасӣ нашуд. Дар бораи беҳтар намудани вазъ ва шароити буду боши муҳоҷирони кории тоҷик аслан ҳарфе нагуфтанд, тақдири фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ низ маълум нашуд.

Сарони ҳукуматҳо ҳатто ба нишасти матбуотӣ набаромаданд ва мувофиқи барномаи иҷлосия танҳо Оқил Оқилов ва котиби генералии СҲШ Мурод Имоналиев як баёнияи муштаракро хонданду тамом, дигар на суоле буду на ҷавобе, ҳатто Владимир Путин ҳам аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард.

Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор

kholiqnazarНишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки бо иштироки Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар Душанбе ҷараён дошт, ба поён расид. Азбаски то ба ин замон чандин чунин нишастҳо баргузор гардида буданду натиҷаи онҳо фақат дар рӯи коғаз монда буд, мардум аз он самараи назаррасеро умедвор набуданд. Вале бархе аз коршиносон ҳадс мезаданд, ки дар он ҳатман баъзе мушкилоти Тоҷикистон ҳалли худро меёбад ва аз ҷумла сарони кишварҳо масъалаи мушкилоти роҳи оҳани Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. Вале мутаассифона ин тавр нашуд. Сарвазири кишвар Оқил Оқилов агарчӣ аз мушкилоти роҳи оҳан ҳарф зад, вале мутаассифона ба таври мушаххас ин мушкилотро пеш нагузошт. Чунин ба назар мерасид, ки байни Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи роҳи оҳан ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад.

Дар нишасти мазкур низ чун ҳамеша сухан аз терроризми байналхалқӣ, ҷудоиталабӣ, ифротгароӣ ва маводи мухаддир рафта, роҳҳои мубориза алайҳи он "ҳамчун самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви СҲШ" ҳисобида шуд. Шахсан маро як чиз хеле аз чунин нишастҳо мутаассир намуд. Вақте миёни худи кишварҳои узви СҲШ як муттаҳидие вуҷуд надорад, вақте баробарҳуқуқӣ дар байни эшон таъмин нест, вақте як кишвари узви ин созмон алайҳи дигараш санксияҳои гуногун ҷорӣ намуда, дар муҳосираи иқтисодиву сиёсӣ қарор медиҳад ва сарҳадоташро ба рӯи ин кишвар мебандад, пас онҳо чи гуна алайҳи ин ё он нерӯҳои беруна ба амсоли терроризм мубориза мебурда бошанд? Мардум аз ин нишаст пеш аз ҳама аз Русия чизҳои зиёдеро умедвор буданд. Аммо нишасти президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Русия Путин низ пушти дарҳои пӯшида баргузор гардиду он чӣ натиҷае дод, норӯшан боқӣ монд.

Бахусус суханронии Ботир Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбакистон дар ин нишаст, ки роҷеъ ба иҷрои босуръати тарҳҳои коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард нигаронида шуда буд ва мегуфт, ки Узбакистон хостори густариши ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва иттиҳодияҳои байнибонкии кишварҳои узви ин созмон аст, хеле хандаовар ба назар мерасид. Намояндаи кишваре, ки ҳама роҳҳояшро ба рӯи узви дигари ин созмон бастааст, маҳз дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ҳарф мезад. Ба ҳамин хотир ман фикр мекунам, ки нишасти мазкур чун ҳамеша на ба фоидаи Тоҷикистон ҳал шуд. Таассуроти ягонаи ман аз ин нишаст он буд, ки дар фарҷоми он роҳҳои марказии пойтахти кишвар бегоҳ баста шуданду сокинони пойтахт баъд аз кор соатҳо вақти худро дар пиёдагардӣ сарф намуда, нимашабӣ ба хонаҳояшон расиданд.

Ҳошим Холзодаи НЕКВАРЗ, коршинос

nekvarz-Нишасти нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аз ҷиҳатҳои гуногун дорои аҳамият буд ва дастоварди қобили зикр барои давлати Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии таҳаввулоти минтақа ба ҳисоб меояд. Ба ғайр аз Узбакистон дигар аьзои созмон мақомоти муҳимми худро ба ин нишаст фиристоданд, ки баёнгари эьтимоду боварии онҳо ба тавоноии Душанбе дар беасар кардани дасисаи амниятии моҳи сентябр дар шарқи кишвар аст. Масъалаи дигари диққатбарангез дар нишасти нахуствазирон анҷом шудани баҳсҳои ҷиддӣ махсусан аз сӯи Тоҷикистон, Русия ва Ирон барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои минтақаӣ бавежа дар чаҳорчӯби СҲШ буд. Албатта ногуфта намонад СҲШ то ба ҳол натавонистааст ба ниёзҳои ҳамаи аъзо ба таври одилона ва дар партави рӯҳи ҳамгароӣ ва манофеи ҷамъии минтақа посух гӯяд. Ин созмон бештар арсаи худнамоии аъзои алоҳида ва қудратманде мисли Чин ва Русия будааст ва хостаи дигар тарафҳои шарикро камтар ба назар гирифтааст.

Дар ҳамин радиф метавон ҳузури Путин дар иҷлоси Душанбе ва натиҷаи музокироти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва замзамаи бозгашти марзбонони рус ба марзи тоҷику афғон ва низ тамоюли Тоҷикистон ба муомила бо Маскав барои истифода аз фурудгоҳи Айниро чун эҳёи ҳузури ҷиддии Русия дар Тоҷикистон қаламдод кард. Ба назар мерасад ин чархиш дар ҳоле ки Узбакистон дубора ба самти Ғарб гароиш пайдо кардааст, беш аз пеш дар ҳоли суръат гирифтан аст.

Тоҷикистон дар ҳоле мизбони яке аз нишастҳои муҳими минтақаӣ буд, ки ҳамчунон бо фишорҳои Узбакистони ҳамсоя рӯ ба рӯ аст. Интизор мерафт мақомоти тоҷик аз ин нишаст дар ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи аъзои СҲШ ва афкори умумии минтақа ва ҷаҳон ба фишорҳо ва маҳдудиятофариниҳои тоқатфарсои давлати ҳамсоя баҳрабардории лозим ва заруриро анҷом диҳанд, ки чунин нашуд. Аз ин лиҳоз метавон ба ҳукуматдорони тоҷик баҳои манфӣ гузошт. Нуқтаи дигари манфӣ дар ин иҷлос суханронии расмии нахуствазири Тоҷикистон ба забони ғайридавлатӣ буд. Вақти он расида, ки мақомоти олирутбаи Тоҷикистон ба ин масъалаи ҳувиятбахш аҳамияти лозимро диҳанд ва боиси он нашаванд, ки забони миллӣ беш аз ин хор шавад.

Ҳумайрои Бахтиёр, журналист

humayroНамояндагони СҲШ натавонистанд масъалаеро баррасӣ намоянд, ки воқеан Тоҷикистон ҳоло барои рафъи он ниёз дошта бошад. Пӯшида сурат гирифтани мулоқоти нахуствазири Русияву намояндагони воломақоми Тоҷикистон ва ба тасвиб нарасидани ягон санади воқеан муҳим гувоҳи ин гуфтаҳост. Сафари Путин ҳамон тавре ҳамкасбони дигарам низ навиштаанд номаълум, ки чӣ самар ба бор овард. Аммо маълум буд, ки сафари соддае набуд. Ба ҳар сурат мулоқоти президентҳо Раҳмону Путин беш аз вақти муайяншуда ба дарозо кашиду ин гӯё бойис гардид, ки сарвазири Русия аз нишасти матбуотии дар нақша буда даст кашид. Он чӣ ки ба сафари намояндагони Тошканд иртибот дорад, бардошти ман чунин аст, ки ин сафар фарзияҳоро кам на, ки зиёд кард. Аввалан ширкат накардани сарвазири Узбакистон. Инро метавон ба ду омил нисбат дод. Яке "нописандӣ" -и Тошканд ба маъное, ки "барои шумову нишастҳоятон сатҳи муовини сарвазир кифоя аст" ва дуюм, шояд рабт мегирад ба сару садо дар бораи фарзияҳои ахир оид ба тағйир дар Қонуни асосии кишвару ҷойгузини эҳтимолии Каримов гардидани раиси Сенат, на сарвазир.

Аз ин дидгоҳ, нишасти навбатии СҲШ ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон чизе надод. Умуман ба фикри ман СҲШ ҳоло ба унвони як созмони минтақаиву байналмилалӣ мавқеи устувор надорад. Боре мушоҳида нашудааст, ки намояндагони калидии созмони мазкур бо таваҷҷӯҳ ба мушкили дохилӣ ва ё берунаи кишварҳои узв кӯмак расонанд ва ё мавқеъгирӣ намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки СҲШ дар ин авохир самти фаъолияти худро иваз мекунад. Зеро таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ яке аз ҳадафи аслии фаъолияти СҲШ будаву аммо бо сабабҳои "номаълум" ин созмон боре ҳам накӯшидааст, то дар мавриди муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон ва гузашта аз ин дар мавриди нооромиҳо дар Рашту Қирғизистон ҳарфе бизанад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97