Кафили амнияти сармояи мардум кӣ бояд бошад?

Иҷтимоъ 30.11.2010 08:43

kafili-pul_1Маблағҳои мардум дар бонкҳои Шӯравӣ, дар вақти ду дафъа табдил шудани пул, "мӯҳрабизнес", сӯхторҳои паёпай дар дӯкону бозорҳои пойтахти кишвар ва шояд ҳам дар "Мовароуннаҳр "сӯхт"... Эътимоди мардум оё аз байн намеравад? Хабарнигори "Миллат" оид ба ин масъала назарпурсие анҷом дода, ки он пешкаши хонанда мегардад.

 

Марат МАМАДШОЕВ, муҳаррири нашрияи "Азия-плюс"

Аввалан, беҳтарин кафил худи мардум аст, аммо ҳукумат ҳам бояд кафил бошад. Ҳукумат бояд назорат кунад ва як механизм бояд бисозад. Мо дар як шумораи рӯзнома ҳамин механизмро чоп кардем, ки чи гуна ҳукумат метавонад ҳамин соҳаро назорат кунад. Ҳозир ҳамин соҳа бе назорат мондааст. Аз мардум пул мегиранд, пул гум мешавад, ҳеч кас ҷавобгар нест. Мардум норозӣ ҳаст, норозигии мардум рӯзе авҷ мегирад ва эътироз сар мезанад. Аз ин сабаб, ба фикри ман, ҳукумат бояд ҳамин корро назорат кунад ва масъулиятро бар дӯш бигирад.

Қосими БЕКМУҲАММАД, ҷомеашинос

Ба сурати табиъӣ кафили амнияти сармоя ва дороиҳои ҳар як шаҳрванд давлат аст. Вале агар манзур иттифоқоте аз қабили варшикастагии ширкатҳову бонкҳо, ҳуққабозиҳое назири мӯҳрабизнес ва ё сӯхтори бозорҳост, ки ба мардум хисорот ворид мекунад, пас баҳси ҳуқуқии мавзӯъ пеш моеяд, ки бояд аз тарафи ниҳодҳои марбута ба таври ҷиддӣ думбол шавад.

Аммо ба назари банда мушкили аслӣ ин аст, ки бима (суғурта) ҳанӯз натавонистааст ба муҳити тиҷорати кишвари мо роҳ ёбад, ҳарчанд дар соҳаҳои дигар низ вазъ аз ин беҳтар нест. Ва агар, масалан, мушаххасан сӯхтори бозори "Саховат"-ро дар назар бигирем, пас мантиқан ҳифзи ҷону саломатии мардум ва дороиву моликияти онҳо дар ин бозор бояд бар дӯши созмоне бошад, ки масъулияти ҳифозатро дорад. Ва дар мавриди ҳодисоти табиъӣ ё сӯхтор бояд ширкатҳои бима ба доди мардум бирасанд, ки фикр намекунам дар дурнамои наздик мо метавонем шоҳиди чунин коре бишавем.

Дар чунин шароит бояд давлат ба доди мардум бирасад ва ҳадди ақал бо пардохти бахше аз хисорот ба идомаи тиҷорати онҳо кӯмак кунад, зеро бидуни чунин кӯмак умри тиҷорати бахши зиёде аз онҳо на танҳо ба поён мерасад, балки барои идомаи зиндагии маъмулии худ низ бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Абдулфаттоҳ ШАФИЕВ, рӯзноманигор

Кафили амнияти сармояи мардум бояд додгоҳи одил, мақомоти интизомии поквиҷдону кордон ва низоми фароҳамовари шароити шаффоф барои фаъолияти соҳибкорон бошанд. Агар шароит барои рушди соҳибкорӣ фароҳам бошад, бахши хусусӣ бештар ва беҳтар пеш меравад ва имкони даст ёфтан ба сармоя пайдо мешавад ва мардум ҳам ба ваъдаҳои сармояи муфт ва осон камтар дода мешаванд. Агар мақомоти интизомӣ аз фасод орӣ бошанд, "соҳибкорон"-и бевиҷдон ва фиребгарро осонтар ва дар оғози фаъолияташон бозмедоранд ва дар сурате ки сармояи мардум ҳамоно дар хатар уфтод, додгоҳи одил бояд мушкили сармоядор ва мардумро ҳал бикунад ва ба додаш бирасад.

Зиёратшоҳ АҲМАДОВ, хабарнигор

Таъмини амнияти сармояи мардум пеш аз ҳама бар души мақомоти дахлдори давлатӣ вогузор шудааст. Яъне дар заминаи назорати иҷрои қонунҳои кишвар дар бахшҳои мухталиф, мақомоти зиёди давлатӣ масъул ҳастанд. Пеш аз ҳама мақомоти додситонии кишвар. Замоне ки кадом як ширкат ба фаъолият дар бахшҳои мухталифи хадамот шурӯъ мекунад, аз ниҳодҳои мухталифи давлатӣ иҷозатнома дарёфт мекунад. Маълум аст, ки танҳо баъд аз санҷиши тавонмандиҳои молӣ, зеҳнӣ ва нируи инсонии ин ширкатҳо, онон ба фаолият оғоз мекунанд. Барои ҳамин, замоне ки ин ширкатҳо бо мушкилот гирифтор шуда аз фаолият боз мемонанд, ё муфлис мешаванд, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бояд посухгӯи ин кор бошанд. Аз сӯи дигар бояд механизми мушаххаси бозгардонидани маблағи мардум аз сӯи ин ширкатҳо таҳия ва тасвиб шавад.

Аммо дар мавриди ҳолатҳое, ки бевосита давлат дар ҷалби сармояи мардум барои пружаҳои мухталиф иқдом мекунад, бе чуну чаро давлат муваззаф аст, ки замонати бозпардохти ин маблағҳоро таъмин кунад ё дар сурати зарурӣ, бетаъхир ин сармояҳоро бозпас бидиҳад.

Абдуқаюми ҚАЮМЗОД, коршинос

Масъулияти ҳифзи сармоя (пул) - и мардум, ки ба ҳамагуна муассисае, ки фаъолияти онро давлат ҷойиз шуморидааст, бар дӯши давлат хоҳад буд. Агар ин сармоя чӣ дар бахши хусусӣ ва хоҳ дар тарҳҳои давлатӣ ҷалб ва ё гузошта шудааст, давлат муваззаф аст, ки онро ҳимоят кунад. Ҳимояти сармоя ҳимояти шаҳрванд аст. Вақте ҳам ки сухан аз мавориди пешомадаи мушаххас аз қабили ширкатҳои мӯҳрабизнеси «Ҷамол», биносозии «Мовароуннаҳр» ва ё «Сангтӯда-1» ва «Роғун» меравад, наметавон ин бори масъулиятро аз шонаҳои давлат канор гузошт. Чаро? Зеро ин ширкатҳо ва корхонаҳо дар ниҳодҳои марбутаи давлат расман сабти ном ва иҷозаи фаъолиятро дарёфт кардаанд. Ва бо гирифтани иҷозаи фаъолият ва роҳандозии ин фаъолият анвои мухталифи молиётро боз ҳам ба идороти зидахли давлат супориданд. Аз ин ҷост, ки шаҳрванд ва сокини ин кишвар ба ин бовар буд, ки ин корхонаҳоро давлат иҷозаи фаъолият додааст, барояшон бовар кардааст, бар дурустии кор ва амали онҳо шубҳа намекунад ва дар ҳоле ки ин корхонаҳо роҳи каммасрафи расидан ба ҳадаф масалан соҳиби манзил шуданро медиҳад, пас чаро бояд бо онҳо ҳамкорӣ накунад. Яъне ин давлат буд, ки таҳрик дод то мардум бо ин ширкатҳо ҳамкорӣ кунад ва барояшон сармоя бигзорад. Ин ширкатҳо бо кафолати додаи давлат бовар ва ҳамин тавр пули одамонро соҳиб шуданд. Мардум сармояи худро гузошт. Вақте давлат (ниҳодҳои давлат) огоҳ шуданд, ки ба ин ё он корхона мардуми зиёде сармоя гузоштааст, боястӣ фаъолияти онро таҳти контроли мудом мегирифтанд, онгуна ки дар вақти ситонидани молиёт ҳушёриро аз даст намедиҳад.

Аммо ҳоло миллионҳо доллари садҳо, балки ҳазорҳо сокини кишвар дар ин ду ширкат нопадид мешаванд. Вале дар воқеъ он пулҳо нопадид шуданд? Ва ё дар куҷое маҳфузанд? Акнун, ки давлат онҳоро соҳибони ин корхонаҳоро ба додгоҳ мекашад, ба кунҷи зиндон меандозад, пас кӣ бояд посух ба ин шаҳрвандонро бидиҳад? Онҳо ин пулҳоро аз куҷо бигиранд? Оё давлат рисолати худро, ки кафили таъмини озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш аст, иҷро кард? Вақте ба ин суол посухи кофӣ ва қонеъкунанда дода намешавад, ҳар гуна шойеъаҳо, ки «фалониҳо» шариканд, паҳн ва боиси нобоварии мардум ба давлат мешавад ва ин ҳама боиси бурузи шикоф ва фосила миёни мардум ва давлат мешавад. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки давлат алоҳида аз мардум ба сар мебарад. Ин фоҷеаи ҷомеаи мо аст, ки эътимод аз байн рафтааст ва рафтан дорад. Вақте давлат барои анҷоми рисолати худ аз тадобире чун ҷорӣ кардани андози аксизии сефоиза ба телефонҳои мобилӣ даст мезанад, яъне роҳу тактикҳоеро кашфу эҷод карда, гӯиё бюҷетро ғанӣ месозад, пас чаро муроқибат накард, ки ҷайби атбоашро   чанд тане битаконад. Касро шаку гумон фаро мегирад, ки чаро пештар ҷилави чунин ширкатҳоро, ки агар қаллоб буданд, нагирифт ва сармояи шаҳрвандонашро натавонист ҳифз кунад?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97