Мардуми Ҳушёрӣ аз Ҷаноби олӣ мадад мехоҳад

Иҷтимоъ 24.11.2010 10:05

kumak_214

Сомонаи «Озодӣ» хабар додааст, ки сокинони деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар атрофи гузаргоҳи пулчинии ширкати IRS, воқеъ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, ки аз дохили ин деҳа мегузарад, гирди ҳам омада гуфтаанд, то замоне ширкати мазкур гузаргоҳи пулчинии худро аз дохили ин деҳа берун набарад, ба эътирози худ идома хоҳанд дод.

Хабарнигороне, ки шоҳиди тазоҳуроти сокинони Ҳушёрӣ буданд, гуфтаанд, онҳо дар даст шиору навиштаҷоте доранд, аз ҷумла бо навиштаҳои «Мушкили моро ҳал кунед», «Хоҳишмандем мушкили моро осон кунед», “Эҳтиёҷ ба кӯмаки Ҷаноби Олӣ дорем” ...

Ин сокинон то кунун чаҳор маротибаи дигар низ даст ба чунин эътироз задаанд, аммо масъулини IRS мегӯянд, ки барои интиқоли гузаргоҳ ва тарозуи он ҳудуди се миллион доллар сарф кардаанд ва феълан имкони ба ҷои дигар кӯчонидани ин гузаргоҳро надоранд.

Сокинони маҳал мегӯянд, онҳо омодаанд, тавассути ҳашар ин корро анҷом диҳанд ва ё нисфе аз маблағеро, ки барои ин кор масраф мешавад, пардохт намоянд. Аммо масъулини ширкати IRS ба ин пешниҳод розӣ нашуданд.

Дар музокираи чанд рӯзи пеш бо садҳо сокинони норозии минтақа ба ҷуз аз масъулини IRS инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори раёсати БДА -и Тоҷикистон, раиси ноҳияи Варзоб ва мақомоти дигари масъул ширкат доштанд. Аммо музокира бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Қаблан низ намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS шикояти сокинони Ҳушёриро аз гаронии роҳпулиҳо баррасӣ карда, ваъда дода буданд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳалли масъаларо пайдо хоҳанд кард. Ширкати IRS тасмим гирифта буд, ки дар зарфи як моҳ наҳваи рафтуомади ройгонро дар ду гузаргоҳи худ барои мардуми Ҳушёрӣ таҳия кунад. Аммо чунин коре то кунун сурат нагирифтааст.

Душанбе - Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд. Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна - 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна - 1,5 сомонӣ муайян шуда буд. Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд. Аммо БиБиСи навиштааст, ки ин ширкат масъулияти бозпардохти қарзҳои беш аз 250-миллион долларии Тоҷикистон ба давлати Чинро, ки барои бозсозии ин ҷодда масраф шуда, бар ӯҳда нагирифтааст.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чи¬нӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе - Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби парлумон низ расидааст, сурат мегирад.

Субҳи рӯзи 23 ноябр сокинони ин минтақа дар эътироз ба пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ гуфтаанд, ки тазоҳуроти онҳо то замони иҷрои талабҳояшон идома хоҳад дошт.

Сокинони Ҳушёрӣ мӯътақиданд, ки танҳо расидагии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қазия метавонад мушкили онҳоро ҳал кунад. Зеро дар пайи тазоҳуроти қаблӣ ҳеҷ яке аз дархостҳои сокинони ин деҳа иҷро нашудааст.

Сокинони деҳаи Ҳушёрӣ мегӯянд, ки плаза ё маркази пулчинии ин ширкат дар миёни деҳа сохта шуда ва онҳо барои расидан аз як қисмат ба қисмати дигари деҳ ҳамвора бояд маблағ пардозанд.

Масъулони ширкати IRS ҳафтае пеш гуфтанд, ки наметавонанд маҳалли плазаи худро тағйир диҳанд, зеро барои ин амр маблағи зиёде лозим аст. Вале мунтақидони ин ширкат мегӯянд, ки IRS танҳо ба манзури аз даст додани суди молӣ намехоҳад маркази пулчинии худро ба маҳалли дигаре кӯч диҳад.

Аз маркази деҳаи Ҳушёрӣ роҳи осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм оғоз меёбад ва дар сурати тағйири маҳалли бунгоҳи пулчинӣ ширкати IRS (Innovative Road Solutions) наметавонад аз ронандагони мошинҳое, ки ба самти ин осоишгоҳ ҳаракат мекунанд, пул ситонад.

Вале сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ки пулситонӣ дар омаду рафти мардум дар дохили як деҳа амре ғайри қобили қабул аст. Ҳамзамон мардуми ин маҳал тақозо доранд, ки қимати роҳпулӣ барои онҳо коҳиш дода шавад, зеро онҳо тавони пардохти онро надоранд.

Пулакӣ кардани истифода аз роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз ҳамон оғоз вокунишҳои тундеро ба дунбол доштааст. Бештари аҳзоби сиёсӣ ва мухолиф аз ин иқдоми давлат шадидан интиқод карда ва изҳор доштаанд, ки пулчинӣ дар ягона роҳи кӯҳистонӣ, ки олтернотиф ё ҳамсоне надорад, мухолифи қавонини ҳуқуқи башар аст.

Дар гузашта низ сокинони ноҳияҳои Варзобу Мастчоҳ ва бархе аз рустоҳои канори ин ҷодда тазоҳурот карда ва бо ирсоли номаҳои дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хостори лағви ин муқаррарот шуда буданд.

Масъулони ширкати IRS мегӯянд, ки роҳандозии низомии пардохтии истифода аз роҳҳо дар ҳамаи кишварҳо бо мухолифати сокинон рӯбарӯ мешавад, вале дар ниҳоят, ҷомеъа онро қабул мекунад. Ба эътиқоди онҳо, «дар ғайри ин сурат, ин роҳҳо то чанд соли дигар дубора корношоям мешаванд.»

Вале нигаронии сокинони Тоҷикистон аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ бештар ба қимати он рабт дорад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, пардохти 30 дирам барои ҳар як километри ин роҳ дар шароити сангини иқтисодӣ барои хонаводаҳои тоҷик душвор аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97