Шойистасолорӣ

Иҷтимоъ 19.11.2010 09:33

shoistasolory

ё имкони бе пардохти маблағ донишҷӯй шудан ҳаст?

Дар рӯзномаи "Садои мардум", шумораи № 86-87 (2611-2612) аз 27 июли соли ҷорӣ таҳти унвони "Донишҷӯ шудани беҳтарин довталабонро кафолат медиҳам" мусоҳибаи ректори Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов ба нашр расида буд.

 

Ҳарчанд ин ҳақиқат боварнакарданӣ буд, вале шӯълаи умедеро дар дили довталабон ҷой дод. Мақоларо ба хоҳарзодаам Сурайё, ки довталаби ин донишгоҳ буд, нишон додам. Ҳамин кофӣ буд, ки Сурайё бо   итминони комил ба имтиҳонҳо омодагӣ гирифт ва рӯзҳои 3-7 август имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида дар конкурс яке аз аввалинҳо шуда ба номи баланди донишҷӯ мушарраф гардид. Ростӣ, то имрӯз бовар надорад, ки бе "тағо" донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шудааст.

Воқеан, ин кор дар ҷомеъаи то ҷое фасодзадаи мо ҳақиқа¬тест боварнакарданӣ. Ҳоло ҳам метавон гуфт, ки умед намурдааст ва инсонҳое рӯи кору вазифаанд, ки ба пешрафту рушди ватан дилсӯзу фидоии ин миллатанд, вале афсӯс, ки теъдоди онҳо ниҳоят каманд. Ба хусус ин маъниро чӣ тавр метавон ҳазм кард, агар бигӯянд, ки дар Донишгоҳи тибби Тоҷикистон ҳаққи хидмати дохил шудан то ба 18-20 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст? Агар воқеан маблағпардозиҳои ҳангуфт мӯҷиби донишчӯ шудан бошад, онгоҳ яқин аст, ки мо на табиб, балки қассобу дуздонеро тарбия мекунем, ки ҷабри онҳо дар оянда ҳадду канор нахоҳад дошт. Дар тафаккуру зеҳни донишҷӯ аз нахустин рӯзҳои таҳсил мафҳуми ғорату дуздӣ ва қаллобиву фиребу найранг роҳ меёбад ва минбаъд ин маънӣ ҷомеаро боз ҳам дар фисқу фасод ғӯтавар месозад.

Солҳост, ки дохил шудан ба факултаҳои ба истилоҳ калидӣ ва рӯғании баъзе аз макотиби олии кишвар "шарафу ифтихор" гардидааст. Барои мисол "ставка"-и дохил шудан ба ин гуна факултаҳо то 15 ҳазор доллар муайян шудааст. Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод зимни як нишасти матбуотӣ гуфтаҳои болоро таъйид намуда, зикр кардааст, ки дар ин бора маводу асноди зарурӣ дар даст доранд.

Манзур муҳосибаи "ставка"-ҳо нест ва мо маблағҳои киссаи дигаронро ҳисоб намекунем. Бигзор онҳое, ки пул доранд, тибқи хостаашон онро масраф намоянд. Дар ин ҷо ҳадаф чизи дигарест, ки наметавон дар ин бора хомӯш буд. Магар мо бо давлате мусобиқа дорем, ки кӣ зиёдтар шаҳрвандонашро бо дипломҳои таҳсилоти олӣ таъмин менамояд ва ё дипломи мактаби олӣ доштан танҳо барои шарафу ифтихор аст? Боре вазорати маориф фикр кардааст, ки ҳазор-ҳазор дипломдорону таҳсилоти олӣ дошта ба чӣ коре машғуланд ва ин дипломҳо бо каллаҳои холӣ ба чӣ дарде мехӯранд? Наход ин мардум надонанд, ки ҳуқуқшиносу корманди бонк шудан на ҳар касро муяссар аст. Ин як мушкил ва проблемаи ҳалношудае барои ҷомеъаи гардидааст. Болои ин дурӯғгӯӣ, изофанависӣ, коғазбозӣ меҳвари аслии корамон гардида ва рӯйрост дурӯғро бар ҳақ бартарият медиҳем. Ҳамин изофанависиву дурӯғгӯии иддае аз масъулин ҳатто тайи як сафари кории Президенти кишвар ба ноҳияҳои наздики пойтахт ошкор гардид.

Дурӯғ ин аст, ки раисони баъзе ноҳияҳо дар ҳар маҷлиси ҳукумат ё дар мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо Сардори давлат дар бораи иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва пешрафти сатҳи рӯзгори мардум бо ифтихор гузориш медиҳанд, вале воқеият нишон дод ва ба ин нукта худи Президент низ ишора кард, ки ҳама чиз дар гузориши онҳо дурӯғ ва фиреби назар будааст. Тасаввур кунед, ки ин гуна давлатмардон ҳатто бешармона бо чормағзи пуч бағали сарвари кишварро пур кардан мехоҳанд, пас муносибати онҳо бо мардуми оддӣ чӣ гуна буда метавонад? Оё боре аз паёмади ин дурӯғҳо андешае кардаанд? Магар ин руасо, ки Президент онҳоро бовар кардааст ва дурӯғ мегӯянд, аз ин ба баъд ҳаққи роҳбар буданро доранд?

Дардовару аҷиб ин аст, ки раҳбарони аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар худро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд. Чанд сол пеш, дар маҳфиле, дар як ноҳияи кӯҳистон ба сифати меҳмон даъват шуда будам. Маҳфил бисёр ҷолибу пуршукӯҳ мегузашт ва медидам, ки гоҳ-гоҳе иддае аз дастандаркорони маҳфил ба коре даводав доштанд ва гурӯҳе аз мактаббачагонро дар ду тарафи дарвозаи даромадгоҳи ҳавлӣ саф ороставу бо ҳар кадом машқи шеърхонӣ мекарданд. Пурсидам, ки чаро бачаҳо соатҳост ин ҷо рост истодаву шеъру сурудхониро машқ мекунанд? Зане, ки дар мақомоти ноҳия мансабдор ва масъули омода намудани ин барнома буд, гуфт ки ин замон раиси ноҳия ба маҳфил ташриф меорад ва ин ҳама омодагиҳо ба хотири пешвозгирии ӯст. Ҳамин тавр раис бо гулу гулдастаҳо ва сурудхонии бачаҳо, бо карру фару шоҳона истиқбол гардид ва кафкӯбиҳои ширкатдорон дуру дароз идома ёфт. Ин воқеият буд.

Ҷаҳон дар рушду тараққист ва тафаккури мардум низ ҳамвора пеш меравад. Аммо фикр намекунам, ки дар ояндаи наздик ҳам ислоҳоте дар тафаккури масъулини маҳалҳо барои пешрафта намудани зиндагии мардум сурат бигирад. То он даме ин масъулини камтар эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта сари дар маҳалҳо сари коранд, аз пешрафти иҷтимоии миллат сухан гуфтан муҳол аст. Дар зулмоту торикӣ нигоҳ доштани ақл баробар ба зинда ба гӯр андохтани неруҳои ақлонӣ ва хору залил сохтани тафаккуру баёнҳост. Ин тафаккури шахшуда, қолабӣ ва зиндагии дар шиор яхбаста, ки маҳз бо айби ана ҳамин раисони ноуҳдабарои бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ҷараён аст ва Сардори давлат бо сад умеду эътимод онҳоро болои мардум роҳбар кардааст, эҳсоси воқеъии миллатдӯстӣ ва ватандориро дар батни миллат аз байн мебарад.

Магар вақти он нарасидааст, ки иқдомоти наҷиб ва ватандӯстонаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов дастгирӣ ёбад ва кафолат дода шавад, ки ҳадди ақал аз 20 то 30 фисади довталабони донишманд ба шогирдӣ пазируфта шаванд? Мегӯянд, ки кадрҳои болаёқат ояндаи ҷомеаву миллатанд, пас мушовири давлатии Президент оид ба кадрҳо ва раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ин замина чӣ вақте иқдомоти ҷиддитар ва муассиртаре меандешанд? Суоли матраҳ аст!!!

Ибодуллоҳи НУРУЛЛОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97