Мактаби маҳбуси Гуантанамо ва тарроҳи «побег»-и тоҷикӣ

Иҷтимоъ 15.11.2010 09:47

ibrohim_nasriddinov

Ё гузориш аз мактабе, ки Иброҳим Насриддинов дарс хондааст

Ҳанӯз ду моҳ пештар шояд пурсарусадотарин рӯйдоди дунё - фирори маҳбусон аз СИЗО-и Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ҷомеаи кишварро ба ҷунбиш овард.

Баъдан аксҳои ин "қаҳрамон"-ҳо дар даромадгоҳи тамоми биноҳои ҷамъиятӣ пайдо шуданду бо дидани ин аксҳо зеҳнҳоро андешаҳои ваҳмнок фишор медод. Аммо ваҳшати мардум беасос набуд, зеро бадбахтиҳо ва ё "мавсими" рӯйдоду воқеаҳои даҳшатбор дар манотиқи гуногуни кишвар аз ҳамин ҷо шурӯъ шуд. Дар ҳамон шабу рӯз оид ба "намоишгӯша"-ҳои маҳбусони фирорӣ мардум лутфҳои гуногунеро ба якдигар нақл мекарданд:

Фирориёни «депутат»

Мӯйсафеде зимни даромадан ба масҷид чашмаш ба акси фирориён афтод:

- Интихобот наздик омада бошад мегум? Ин суратҳои депутатшавандаҳоро қаторак кардаанд. Ин қадар ҷавонҳои зебоянд-а.

- Оҳиста сухан бигӯй амак, - ҷавонмарди нуроние ба пирамард хитоб мекунад - инҳо вакилон не, маҳбусони аз зиндон фирор кардаанд. Суратҳояшонро инҷо овезон намудаанд, то мо онҳоро бишиносем.

- А, ҳоли ҳамин хел бигӯ… Бачам, хайр ман аз куҷо медонам. Ҳозирҳо ба айнак ҳам ҳарфа соз намебинам. Боз гумон кардам, ки суратойи депутатомонай. Беҳтар мешавад, роҳбарон биомӯзанд, ошкор кунанд, ки сабабҳои ба роҳи нодуруст рафтани ҷавонони мо дар чист. Ба фикри ман як сабаби ба роҳи ҷиноят рафтани ҷавонон, ин паст шудани сатҳи таълим дар мактабҳо аст…

1 мактабу 1 масҷид дар як деҳа

Ҳамин андешаи пирамарди рӯзгордида моро водор кард, ки ба инъикоси муҳит ва сифати таълиму тарбият дар яке аз мактабҳое, ки яке аз "қаҳрамон"-ҳои мо, аниқтараш "побег"-и тоҷикӣ таҳсил кардааст, даст бизанем.

Ба сӯи мактаби таҳсилоти ҳамагонии №29, деҳаи "Саноат"-и ҷамоати деҳоти "Узун"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон роҳ пеш гирифтем. Чаро интихоби мо маҳз рӯйи ҳамин мактаб қарор гирифт?

Шунидем, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ҷавондухтарони ин деҳа баъди сини 14 солагӣ мактабро тарк мекардаанду ҷавонписарон андаке дертар ба мардикорӣ мерафтаанд. Ва ҳам мегӯянд, ки тарроҳи нақшаи "побег"-и тоҷикӣ маҳз дастпарвари ҳамин мактаб будааст. Биёед моро ҳамроҳӣ кунед, то ба воқеияти ҳол ошно бишавем.

Мактаби №29 ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Дар мактаб 772 нафар хонанда бо ду забон тоҷикию узбакӣ таҳсил мекунанд. Гарчанде беш аз 40% хонандагони мактаб ва аксарияти аҳолии маҳаллаҳои атрофи мактабро тоҷикон ташкил медиҳад, аммо дар мактаб ҳамагӣ як омӯзгори тоҷикзабон аз фани кимиё дарс мегӯяду бас. Боқӣ, тамоми фанҳоро омӯзгорони узбакзабон ба шогирдон таълим медиҳанд.

Ба гуфтаи Раҳимҷон Худойқулов, директори мактаби №29-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, сабаби асосии норасоии кадрҳо дар мактаби деҳа ба хурофот гаравидани аҳолӣ мебошад, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ба равони мардуми ин маҳал таъсир расонидааст. Ба гуфтари сарвари мактаб, маҳз ҳамин сабаб аст, ки мардум духтарони худро бармаҳал аз мактаб мегиранду писарон баъди хатми мактаб корҳоеро интихоб мекунанд, ки бидуни маълумоти касбӣ ҳам кор карда тавонанд. Барои ба мактаб ҷалб намудани духтарони деҳот даҳсолаҳо боз мубориза бурда истодаем, аммо бенатиҷа. Дар маҳале, ки як мактабу шаш масҷид мавҷуд аст, бояд калонсолон тамоми мушкилоти таълиму тарбиятро бо роҳи фаҳмондадиҳии аҳолӣ ҳаллу фасл карда тавонанд. Мутаассифона дар ҷалби наврасон ба таълиму тарбият падару модарон ба мо дасти ёрӣ дароз намекунанд. Ба хусус тоҷикони маҳалла, ки маҳз фарзандони онҳо даҳсолаҳо боз аз таълиму тарбият дар канор мондаанд. Ин мушкилиҳо як солу ду сол нест, ман қариб 30 сол мешавад, ки дар ин мактаб кор мекунам, ки аз ин миён 14 сол сарварии мактабро ба ӯҳда дорам, - мегӯяд Раҳимҷон Худойқулов.

Муаллими тоҷик дар «Китоби сурх»

Сарвари мактаб мегӯяд: "Сабаби дигари аз мактаб дар канор мондани хонандагон ин аз байн рафтани хидматрасонии ройгони нақлиёт барои хонандагони аз деҳоти дурдасти маҳал мебошад. Имрӯз баъзе хонандагон масофаи 4 км- роҳро пойи пиёда тай намуда, ба мактаб меоянд. Мо тасмим дорем, ки тариқи ҳашар як мактаби ибтидоӣ дар деҳаи дурдаст бунёд намоем, то ин ки хонандагони наврас то синфи чаҳорум дар наздикии макони зисти худ таълим бигиранд".

Аслан, дар мактаб хонандагони узбакзабон фаъолона таълим мегиранд. Нигора Алимардонова хонандаи узбакзабон аз синфи 10-уми ин мактаб дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки барои духтарони тоҷики сокини ин маҳал як оддати маъмулӣ шудааст, ки баъди хатми синфи 6 - 7 ба тадриҷ мактабро тарк мекунанд. Ман дугонаҳои зиёде доштам, ки баъди синфи 9-ум дигар дар мактаб таҳсил накардаанд. Баъзе нафаронро волидайн аз мактаб мегиранд, қисмати дигар бо ихтиёри худ, мактабро тарк мекунанд. Зеро ҳамсоя ба ҳамсоя таассуб мекунадку - мегӯяд Нигора.

Алиҷон Лоиқов, хонандаи синфи 10-ум иброз медорад, ки барои аз мактаб канор мондани духтарони деҳа асосан волидайн гунаҳкоранд. Зеро агар калони хонадон барои хондани духтар дар мактаб ризоият бидиҳад, албатта духтарони деҳа низ орзуи онро доранд, ки ҳатто дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар шаванд.

Холмурод Худойбердиев, ягона омӯзгори тоҷикзабони мактаб мегӯяд, ки се сол қабл вақте ба ҳайси ягона омӯзгори тоҷикзабон ба ин мактаб ба кор омада буд, аз синфи 8-ум боло ягон нафар аз духтарони деҳа ба мактаб намеомаданд. Соли дуюм ду нафар хонандаи синфи ҳаштум ва соли гузашта 3 нафар духтарони деҳа барои идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ ба мактаб омаданд.

Бубинед, дар мактабе, ки ҳудуди 300 нафар хонандаи тоҷикзабон дорад, ҳамагӣ як омӯзгори тоҷикзабон аст! Албатта фанҳои забону адабиёт, физикаю забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳои дақиқро ба хонандагони тоҷик омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Аммо имкон надорад, ки ин дарсҳо мантиқӣ дода шавад. Зеро чӣ гуна метавонад омӯзгори узбакзабон ба хонандагони тоҷик аз фани забону адабиёти тоҷик дарс бигӯяд? Ё фанҳои дақиқро бо забони мафҳум ба хонандагон фаҳмонида тавонад. Фикр мекунем, ки ба кадом суроға дахл доштани ин суолҳоро худи масъулин дарк мекунанд ва овардани ном ба номи онҳо инҷо дигар зарурат надорад, зеро камбуди мактабҳои саросари кишвар аз мо дида барои онҳо маълумтар аст.

Тоҷикони мактабгурез

Магар дар 40 соли охир ягон нафар аз хонандагони тоҷикзабони мактаби №29 ба мактабҳои олии омӯзгорӣ дохил нашудааст? Ягона омӯзгори тоҷикзабони мактаб-Холмурод Худойбердиев, 3 сол қабл аз ноҳияи Ҷиликӯл ба ин деҳа кӯчида омадааст. Омӯзгорони мактаб иброз медоранд, ки хонандагони тоҷикзабон то синфи 6-ум донишу қобилияти баланди дарсомӯзӣ доранд. Баъдан сафи духтарон аз мактаб кам шудан мегираду синфҳои тоҷикиро аз ҳисоби хонандагони узбакзабон пур мекунанд. Ба гуфтаи сарвари мактаб, агар сифати таълимро дар синфҳои то 5- 6 биомӯзем, бештар хонандагони фаъолу қобилиятнок аз ҳисоби хонандагони тоҷикзабон аст. Ба хусус дар байни духтарҳо истеъдодҳои фавқулодда зиёданд. Сарвари мактаб мегӯяд: "Мо Заррина гуфтанӣ як духтарчаи қобилиятнок дорем, ки айни ҳол дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Агар ин духтар то синфи 11 хонда ба ягон мактаби олӣ дохил шавад, оянда аз ӯ беҳтарин кадр мебарояд. Аммо афсӯс, ки барои шикастани қолабҳои шахшуда ягон нафар аз оилаҳои деҳот ташаббус нишон намедиҳад. Ва ҳозир намедонем, ки ин духтар ва ҳамсолони ӯ таҳсилро то синфи 11-ум давом медиҳанд ё не?"

Баъди сӯҳбат бо Заррина Лоиқова, хонандаи синфи 5-ум маълум гардид, ки духтарак донишу малакаи хуб дошта, бо як шавқу рағбати баланд ба мактаб меояд. Ӯ ҳанӯз хурд аст, аммо мушкилиҳои маҳалро мушоҳида мекунад. Ва назар ба дигар мусоҳибони мо сабабҳои аз мактаб дар канор мондани духтарони деҳаро рӯшантар шарҳ медиҳад. Заррина мегӯяд: "Мардуми мо "мусулмони"-ро сахт гирифтаанд. Гӯиё духтар, ки калон шуд, бояд рӯяшро одами бегона набинад. Монанди бачаҳо баромада, дар ҳама заводу идораҳо кор накунад. Духтар кори хонаро кунад, кори саҳро, гову молро нигоҳ кунад, хайр ҳама корҳои хона дар сари духтарҳо афтода аст. Лекин бояд ин хел набошад"...

Ба суоли "дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ"? Зарина гуфт: "Орзу дорам, ки духтур шавам. Ман касби духтуриро бисёр дӯст медорам. Вақте дар хона ягон нафар бемор мешавад, кас мехоҳад, духтур бошаду зудтар табобаташ кунад".

- Оё падару модар розӣ мешаванд, ки Шумо то синфи 11-ум таҳсил карда, баъдан ба шаҳрҳо барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олӣ равед? - мепурсам аз Зарринаи кӯчак.

-Намедонам. Падарам як умр дар Россия аст. Агар баъдтар омада, дар сари мо калонигарӣ накунад, намедонам. Ҳозир калони мо модарам аст, ки мехоҳад ман дар мактаб аъло хонда, дар оянда духтур шавам - бо дарки худаш посух мегӯяд ӯ.

Шамъигул Мирзонорова ва Фаришта Зайниддинова дар басти дуввум таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар хонаҳо барои духтарон кор бисёр аст. Ба хусус кори заминро духтарон иҷро мекунанд. Бачаҳо ҳама ба Русия рафтаанд.

- Апаҳои мо,- мегӯяд Фаришта,- солҳои 1990-ум дар сину соли мо буданд, тамоман дар мактаб нахондаанд. Акнун моро духтарони кенҷа гуфта, барои таҳсил дар мактаб иҷозат додаанд. Падару модарони мо мехоҳанд, ки мо дар мактаб хонда, оянда духтур шавем. Зеро дар деҳаи мо духтур нест, занону кӯдакон вақте бемор мешаванд, онҳоро ба беморхонаҳои ноҳия мебаранд.

Маорифи харобу масъулини тозаинтихоб

Ҳамин тавр бо сабабҳои гуногун мушкилоти даҳсолаҳо мавҷуд будаи як мактаби деҳот ҳали худоро намеёбанд. Агарчанде, мас¬ъулини мактаб иллати паст рафтани сифати таълим дар мактабро ба сари волидайн мепартоянд, аммо барои дар чунин вазъ афтодани мактаби №29 маъмурияти он ҳам сабабгор аст. Чаро дар бораи мушкилоти мавҷуд то ҳол сукут ихтиёр кардаанд? Ва ё онҳо гуфтаанду гӯши шунавое набуд? Наход дар 20 соли охир як хонандаи тоҷикзабони мактаб ба факултаҳои омӯзгории муассисаҳои олии кишвар дохил нашуда бошад? Воқеан, дар 19 соли охир вахимтарин вазъро дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳамин соҳаи маориф дорад, ки айни замон сардораш аз вазифа барканор шудааст. Омӯзгорон мегӯянд, ки раиси тозаинтихоби ноҳия барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбият дар мактабҳо таваҷҷуҳи хоса дорад. Ҳамзамон муовини соҳавии раиси ноҳия низ кадри тозаинтихоб аст. Чанде қабл ошкор намудани таълимоти ғайриқонунии 20 нафар наврас дар яке аз масҷидҳои маҳаллӣ, ки дар наз¬дики мактаби таҳсилоти ҳамагонии №29 воқеъ аст, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки масъулини ноҳия дар ин самт корро ҷиддӣ нагирифтаанд. Омӯзгорони мактабҳои ноҳия умед доранд, ки ин дафъа дар интихоби сардори шӯъбаи маориф аз рӯи меъёри кордонию сатҳи касбии кадрҳо кор гирифта мешавад, вагарна сифати таълиму тарбият дар мактабҳое мисли мактаби таҳсилоти ҳамагонии №29 ноҳия сол то сол паст рафта, насли наврас бесаводу соҳаҳои гуногун бесоҳиб ва ба хусус мактабҳои ноҳия бе омӯзгорони соҳибкасб мемонанд.

Тақдири насли наврас, ки дар мактабҳое мисли, мактаби №29 ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таълиму тарбият мегиранд, дар оянда чӣ мешавад, лозим ба шарҳу ёдоварӣ нест. Аммо гумони ғолиб ин аст, ки яке аз омилҳои ба ҷинояткорӣ даст задани наврасону ҷавонон паст шудани сифати таълиму тарбият дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад.

Ҷинояткорон дарстпарвари мактабанд ё масҷид?

Бармегардем ба мавзӯи баланд шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар. Қисмати асосии маҳбусони барои ҷомеа хатарнок, ки аз маҳбасхонаи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, ҷавононе мебошанд, ки "дастпарварони" мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар он шабу рӯз сархати расонаҳои дохилию берунии кишварро ному аксҳои "қаҳрамон"-и нақши асосии саҳнаи фирор Иброҳим Насриддинов пур мекард, ки гӯиё "Фирори аср"-ро маҳз ӯ роҳбарӣ мекардааст. Ҳамин Иброҳим дастпарвари мактаби таҳсилоти умумии №29-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аст, ки соли 1991 бояд дар ин мактаб дар синфи 11 мехонд.

Шояд ӯ соате ё фурсатеро аз дарс сарфи назар кард ва ё устодон дар ҷое дар тарбияти ӯ чизеро аз даст доданд, ки метавонист сарнавишти ӯро ба тамом ба гунаи мусбӣ тағйир бидиҳад.

Ба ҳар сурат бовар карданист, ки вазъи таълиму тарбият дар ин мактаб ҳанӯз дар замони Ҳукумати Шӯравӣ ҳузновар будааст? Аммо вазъ бадтар шудааст, ки беҳтар не.

(Мавзӯъ думбола дорад)

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97