Сафири Қазоқистон дар Душанбе даргузашт

Иҷтимоъ 11.11.2010 14:42

abutalip-akhmetov

Абуталип Ахметов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, шаби гузашта, бар асари бемории қалб даргузашт. Аз сафорати Қазоқистон ба «Миллат» гуфтанд, ки сактаи қалбии ҷаноби Ахметов ба таври ногаҳонӣ сурат гирифта, кӯмаки пизишкон суде ба бор наовардааст.

Дар ҳоли ҳозир масъулони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон барои интиқоли ҷанозаи Абуталип Ахметов ба ватан омодагӣ доранд.

Зимнан, парвози наздиктарин ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзи шанбе анҷом мешавад ва манобеъи сафорати ин кишвар гуфтаанд, ки ҷанозаи ҷаноби Ахметов рӯзи шанбе тавассути ҳавопаймо ба кишвари ӯ интиқол хоҳад ёфт. Субҳи имрӯз парвозе ба Алмаато анҷом шуд, вале имкони интиқоли ҷасади сафири Қазоқистон ба ватанаш фароҳам нашудааст.

Абуталип Ахметов 61 сол дошт ва дар моҳи майи соли 2008 ба симати сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон фиристода шуд.

Қабл аз маъмурияташ ба Тоҷикистон, ӯ дар вазифаи консули кишвараш дар шаҳри Истанбули Туркия ифои вазифа кардааст. Қазоқистон аз шарикони умдаи Тоҷикистон дар минтақа маҳсуб мешавад. Манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки Абдуталип Ахметов дар тавсеъаи равобити ин ду кишвар нақши муассире доштааст.

Имрӯз, панҷшанбе аз соати 14 то 17 ва фардо ҷумъа аз соати 10 то 17 барои касоне, ки мехоҳанд изҳори андӯҳи худро дар дафтари ҳамдардӣ ба Абуталип Ахмедов сабт кунад, дарҳои сафорати Қазоқистон боз хоҳанд буд.

Идораи нашрияи «Миллат» бо камоли андӯҳ даргузашти нобаҳангоми Абуталип Ахмедовро ба дӯстону наздикон ва кормандони Сафорати Қазоқистон дар Душанбе таслият мегӯяд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97