Тоҷикон дар Русия дӯст ҳам доранд

Иҷтимоъ 10.11.2010 14:48

tojikon_1

Бо даъвати губернатори Вилояти Вологдаи Федератсияи Русия гурӯҳи дипломатие дар ҳайати консулҳои фаъоли давлатҳои Шарқу Ғарб дар шаҳри Санкт-Петербург барои ширкат дар ифтитоҳи осорхонаи ҳунари бофандагии "ВОЛОГОДСКИЕ КРУЖЕВА" ва ҷашни иди "День народного единения" ("Рӯзи ҳамбастагии халқҳо"), ки дар Русия, ҳар сол рӯзи 4-ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Вологда ҷамъ омаданд.

Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Консули   фахрӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Муҳаммадназар Мирзода ба ӯҳда дорад. Субҳи рӯзи 3-юми ноябр меҳмонон бо ҳамроҳии коргарон ва   роҳбарияти шаҳр ва намояндагони ноҳияҳои вилоят бо сарпарастии губернатори Вологда Вячеслав Позгалев Осорхонаи бофандагии ҳунарҳои зеборо, ки аз ҷониби Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин дасгирӣ доштааст, ифтитоҳ карданд.

Губернатор ва дигар меҳмонон хидмати ҳукумати шаҳри Вологда ва косибони ин ҳунари қадимии русро, ки дар ин вилоят бештар рушд ёфтааст, як ҷумбиши таърихӣ эълон карданд. Ҳамчунин раиси ҳамин осорхона, ки дар ҳоли ҳозир намояндаи мардумӣ дар маҷлиси шаҳрӣ интихоб шудааст, ба Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Муҳаммадназар Мирзода сипосгузорӣ барои заҳмати сохтмончиёни тоҷик кард,ки дар мадди аввал таъмири ин сохтмонро бар ӯҳда доштаанд.

"Вологодские кружева" - ин як ҳунари дастии ресандагӣ ва бофандагист, ки вақту заҳмати зиёдеро талаб дорад, ба мисли зардӯзӣ, гулдӯзӣ ё шерозабофии мардуми тоҷик.

Дар зимни ин сафар Муҳаммадназар Мирзода, дар конфронси бахшида ба рӯзи ҳамбастагии халқҳо, ки аз тарафи "Ассамблея Народов России" бо роҳбарии раиси ин ҷамъият дар вилоят Александр Болотов дар маркази шаҳри Вологда баргузор гашт, зимни сухани табрикотӣ ба ҳама миллатҳои дар ин ҷамъият аъзо буда, шодбош гуфт. Ӯ ба Раиси Ҷамъияти Фарҳангии тоҷикони шаҳри Вологда "ВАТАН" - Дороншоев Афзалшо, эътибори ҳамватанони моро дар ин ноҳияи шимолии Русия дар назди ҳукумати шаҳр ва   байни дигар миллатҳо дар сатҳи баланд ҳимоят карда баҳои сазовор дод. Александр Болотов зимни суханронии хеш гуфт, ки тоҷикон беҳтарин дӯстони ӯ ҳастанд: "Дар ҳама маросимҳои шаҳрӣ омодаи кӯмак ба дигаронанд. Мо ҳам худро хушбахт меҳисобем, ки чунин ҳамсояҳо ва дӯстони ҷонӣ дорем". Александр Болотов ҳамчунин зимни ин суханрониаш, иди "Наврӯз"-ро иди ҳама мардуми Вологда донист ва гуфт, ки маҳз дар ин рӯз дигарон ба хонаҳои тоҷикон ба меҳмонӣ ва таронахонӣ мераванд.

Дар субҳи рӯзи 4-уми ноябр меҳмонони ин ҳамойиш аз хона-музеи Брянчаниновы, яке аз шахсиятҳои маъруфи шаҳраки Покровский дар ин минтақа дидан намуда, дар ифтитоҳи "Лавҳаи фахрӣ" дар назди дарахти шинондаи Гейдар Алиев аввалин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва яке аз роҳбарони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат карданд.

Шоми ҳамин рӯз Диаспораи тоҷикони шаҳри Вологда дар синфхонаи Масҷиди ҷомеъи шаҳр, бо зиёфати тоҷикона бо иштироки имом хатиби масҷид Равил Ҳазрат Мустафин ва Мушовири Губернатор Дойникова Надежда Алексеевна мизи мудаввар оростанд. Имом Хатиб зиндагӣ ва ибодати тоҷиконро дар шимоли Русия ҷузъе аз маданияти исломӣ ёдовар шуд. Надежда Алексеевна ба ин рӯзи ҳамбастагӣ ҳозиринро табрик гуфта, ранҷу заҳмати тоҷиконро аз ҷумла дар бахши донишгоҳ ва соҳибкорӣ қадрдонӣ карда, таъкид кард, ки аксарияти онҳоро ҳамчун шахсиятҳои фарҳангӣ мешиносад ва онҳо дар бисёр аз маросимҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат мекунанд.

Баъд аз ошноӣ Муҳаммадназар Мирзода ба ҳама ҳамдиёрон барои меҳмондории боиззаташон арзи сипос намуда, бо онҳо дар бахши кору зиндагии ҳамватанон, қавонини нави Хадамоти муҳоҷирати Русия, масоили ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, квотаи меҳнатӣ ва ғ… сӯҳбат оростанд. Онҳо ҳамроҳ бо устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Вологда профессор- Муҳаммадиев Э.М., додсент Бибикова Р. И., профессор-Наимов А.Н., дотсент-Нозимов А.Б., профессор Умаров М., додсент-Раҷабов М .Д., ва дигар аспиранту донишҷӯён, соҳибкорон ва хидматчиёни тоҷикистонӣ ба хонаи маданияти шаҳри Вологда раф¬та, намоишгоҳи либосу таомҳои миллӣ ва консерти идонаи миллатҳои гуногунро, ки намоиш дода мешуд, тамошо карданд ва дар шодии худу дигарон, ки ба хотири ҳамзистӣ ва ҳамдилӣ ҷашн гирифта мешуд, ҳамроҳ шуданд.

Фурӯзон МИРСАФОЛӢ, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97