Занони тоҷик пеш аз иди Қурбон «мемиранд» баъд аз ид дубора зинда мешаванд

Иҷтимоъ 10.11.2010 09:08

bazar-214 

Тибқи муҳосиботи як марҷаъи диншиносӣ дар дунё 12 дини асосӣ ва даҳ ҳазор ҷараёнҳои мухталиф мавҷуд аст, ки аз ҷумла 6 ҳазорашон дар қораи Африқо, 1200 дигар дар қитъаи Амрико ва садҳои дигар дар кишварҳои мухталиф фаъолият доранд. То имрӯз муҳаққиқин бар ин назаранд, ки дар дунё ду дини асосӣ ва пурқудрат мавҷуд аст, яке дини масеҳӣ ва дигар ислом аст.

Вазифаи дин тарбият кардан аст

Аҳамият ва қудрати динҳо марбут ба он аст, ки ин динҳо чӣ қадар пайрав доранд ва маҳз эътибори онҳо аз рӯи теъдоди пайравонашон арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дини масеҳӣ 2, 1 миллиард, ислом 1, 3 миллиард, лоадрият (секулар,бединҳо) 1, 1 миллиард, индусҳо 900 миллион, бутпарастон 376 миллион пайрав доранд ва ҳар кадом дар ҷомеа мақом ва мавқеи махсуси худро касб кардаанд. Бар илова динҳое ба мисли дини анъанавии чиниҳо, сикхистҳо, дини яҳудиҳо, оташпарастон ва ғайраҳо мавҷуд аст. Коршиносон ва диншиносон бартариятро ба ду дини калонтарин; масеҳӣ ва ислом додаанд.

Вазифа ва мукаллафиятҳое, ки ба дӯши динҳост, иборат аз тарбияи дуруст ва бо роҳи мустақим ҳидоят намудани инсонҳост. Зеро дин муваззаф аст инсони гумроҳро аз ҳама гуна шарру фасод, куфру бединӣ берун бикашад ва зиндагии саъодатмандеро барояшон муҳайё созад. Аз ин хотир Худованд дар ҳар давру замоне китобҳои осмониеро ба бандагонаш тавассути Пайғамбарон ирсол доштааст ва ҳар кадом дар замони худ рисолати ба дӯш доштаро иҷро кардаанд. Ва ахиран китоби муқаддаси Қуръон ба ҳама гуна дарҳамбарҳамиҳои то ин дам мавҷуд буда, шаръу ихтилофҳо ва куфру ғалатфаҳмиҳо хотима гузошт ва қонуни воҳиди Худовандиро муайян намуд.

Хурофот ва дин

Таърихи пайдоиш ва пешрафти динҳо, урфу одоти адён ва ҷараёнҳои мазҳабӣ дар ҳар давру замон мухталиф будааст ва аксаран пешвоёни адёну мазоҳиб кӯшидаанд бо ҷорӣ намудани қавонине, ки дар китобҳои осмонӣ мавҷуд нест, таълимот ва сиёсати худро ҷорӣ намоянд ва бад-ин васила зимоми идораи раъиятро ба даст биоранд. Гоҳо ба назар мерасад, ки бо ҷорӣ намудани падидаҳои шуми хурофотӣ аз асли маънӣ, ки дар китобҳои муқаддас мушаххас нишон дода шудааст, аз қавонини шаръӣ берун шудаанд ва дар паи амалӣ намудани аҳком ва аҳдофи хеш аз муқаддасоти динӣ инҳироф намудаанд. Иддае аз пешвоёни адёну мазоҳиб бо мурури замон динро воситаи муҳим дар тобеъ намудани пайравонашон қарор додаанд. Мо дар ин ҷо имкони таҳлили ин мавзӯи басо мушкил ва баҳсталабро надорем, танҳо ба хурофоте, ки тайи солҳои ахир онро ба қонунҳои ислом нисбат медиҳанд ва ҷашнҳоеро аз қабили иди Фитр ва Қурбон ҳамасола таҷлил менамоянд, аз нигоҳи мардум баррасӣ менамоем ва мекӯшем бифаҳмем, ки то чӣ андоза чунин як таҷлили сермасраф ва ҳангомабарангез чӣ хисороте ба кисаи мардум ворид менамояд.

Инқилоби идҳо ва мардуми гурусна

Ҳамасола идҳои Фитр ва Қурбон дар саросари кишвар бошукӯҳу шаҳоматҳое, ки назирашро наметавон дар ягон кишваре пайдо намуд, бо вижагиҳои махсусе таҷлил мегардад. Агар бигӯем, ки Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе инқилоберо дар таҷлили ин ду ид ҷорӣ намудааст, иштибоҳе нахоҳад шуд. Дар рӯзҳои ид, ки он одатан се рӯз идома меёбад, дастархонҳои шоҳонае густурда мешавад, ки тамоми анвои нуқлу меваҷот чи хушку чи тар, таъому шарбат, ҳасибу паниру шириниҷот онро муззайян мегардонад. Албатта, аз нигоҳи нахуст ин ҳама хонгустурданҳо нишоне аз вазъи хуби зиндагии мардум гувоҳӣ медиҳад ва собит месозад, ки воқеан мардуми мо камбуде дар таъмини хонаводаи худ бо маводи ғизоӣ ва соири талаботҳои дигари маишӣ надоранд. Мисли ин ки тамоми сол дастархонашон ғанӣ ва шоҳона бошад. Вале, пас аз хатми ҷашн комилан рӯшан мегардад, ки ин ҳама фиреби назар будааст ва субҳу чошту шом аксари мутлақи мардум болои дастархонҳои худ ба ҷуз нону шакару чой чизи дигаре намегузоранд. Шояд аксари хонаводаҳои мардум ҳафтаҳову моҳҳо рӯи гӯштро ҳам набинанд, ки дар ин шакку тардиде нест ва касе наметавонад ин иддаоро рад намояд.Воқеияти зиндагии мо ҳамин аст ва зиндагии бухуру намур солҳост меъёри рӯзгори мо гардидааст, ки ба ин шакли зиндагӣ ба ҷуз қаноат кардан чораи дигаре ҳам надорем.

Мусобиқаи дастархонороӣ

Таҷлили ҷашнҳои динӣ воқеан солҳои ахир як сарбории сангинеро болои шонаҳои мардум бор кардааст. Муболиға нест агар бигӯем, ки то фаро расидани идҳои Фитру Қурбон мардумро ғаму воҳима фаро мегирад ва мисли ин ки ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ шуда бошанд, ба ҷои хушӣ намудан ғаму андӯҳ домангирашон мегардад. Махсусан занҳо, ки даҳ рӯз ба пухту паз ва омодасозии дастархон машғуланд, қабл аз таҷлили ид як бор «мемуранд»-у пас аз гузашти ид дубора зинда мешаванд. Таҷлили ин ду ид авқоти ахир ба шакли як мусобиқа табдил ёфтааст, ки зарбаҳои сангине ба кисаи мардум мезанад. Мардум мекӯшад, ки аз ҳамсояи худ қафо намонад ва бо истифода аз охирин пасандозҳои худ ва ё қарз гирифтан аз ҳамсояву хешу табор дастархонашро ба таври шоҳона музайян гардонад, то мавриди накӯҳиш ва масхараву мазоҳи ҳамсоя, махсусан занон қарор нагирад. Дар таҳияи дастархони идӣ захираҳои ду-се моҳаи маводи ғизоии худро масраф менамоянд, ки тақрибан 250-300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Нархи як дона тарбуз то 25 сомонӣ боло рафта, тамоми анвои мева ва маводи ғизоӣ 1-1,5 баробар боло бардошта мешавад. Дар ин бора матбуот ҳамеша бонги хатар мезанад ва масъулини шаҳрдориву кумитаи зиддиинҳисорӣ ва Тоҷикматлуботро хотирнишон месозад. Мутаассифона, дигар гӯши ин масъулин ё чизеро намешунавад ваё болоравии маводи ғизоӣ ҳамчун меъёр ба расмият даромадааст. Тоҷирони тоҷик ҳам аз бемасъулиятии мақомоти мазкур истифода бурда, нархҳоро мувофиқи хостаи худ муайян менамоянд. Беинсофии тоҷирон ба ҳадде расидааст, ки дигар ислоҳи он ғайриимкон гардида ва чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи фасодзада дигар қудрате наметавонад дар муқобили онҳо истодагарӣ намояд.

Иди мусалмонӣ ва номусалмонии мо

Идҳои Фитру Қурбон дар соири мамолики мусулмонӣ воқеан ҳамчун ҷашни динӣ таҷлил мегарданд. Ҳамон Афғонистони ҷангзада, Ирону соири мамолики исломӣ ва Покистоне, ки аксаран мардумаш дар фақру тангдастӣ ба сар мебаранд, қабл аз оғози ин ду ид нархи тамоми маводи ғизоиро дар бозор пойин меоранд ва он тавассути родиёву телевизион ҳар дам эълон мешавад. Масалан, дар Афғонистону Ирон ҳукумат расман дар ин замина иқдом менамояд ва тоҷирон низ ба хотири он ки дар ин рӯзҳои муқаддас савобе ба даст биоранд, новобаста аз иқдомоти ҳукуматашон нархро дар бозорҳо коҳиш медиҳанд ва ин амалро минҳайси як кори хайре анҷом медиҳанд. Бадбахтона, тоҷири мо аз тоҷири афғону иронӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва аз кӯчаи адлу инсоф нагузаштааст, вале мебинӣ, ки ҷойнамоз болои китфонаш намоишкорона сӯи масҷид шитобон аст ва мисли гурбаи зоҳид машғули тоату ибодат аст. Фурӯшандаеро медонам, ки бо ифтихор мегӯяд: Иншооллоҳ, дар идҳои Фитру Қурбон агар ангуру меваамро фурӯшам, як мошини нави "Toyota" ва ё "Lexus" мехарам ва соли оянда ҳатман тавофи Каъба хоҳам кард. Ба гуфти ӯ аллакай ангуру меваҳои заруриашро харида, дар анбор то оғози иди Қурбон нигоҳ медорад. Дар як сол мо ҳамагӣ ду "сезон" дорем мегӯяд ин фурӯшанда (манзураш идҳои Фитру Қурбон аст).

Аз Худо битарсед, эй «мусалмонҳо»!

Ду рӯз қабл аз иди Фитр шоҳиди он будем, ки дар бозори "Саховат" зане аз фурӯшанда нархи ангуру нокро пурсид. Фурӯшанда нархи ангурро 15 сомонӣ ва нокро 9 сомонӣ гуфт. Оҳу фиғони ин зан боло шуд ва дар ҳоле ки гиря гулӯгираш карда буд, гуфт: Аз Худо битарсед, эй номусулмонҳо! Ангуре, ки ду рӯз пеш 5-7 сомонӣ қиммат дошт, чаро имрӯз ин қадар қимматаш боло рафтааст? Фурӯшанда филҳол ҷавоб дод: Мо мусулмон нестем, ҳами ту мусулмон бош бас аст ва бо тамасхур занро аз пешаш ронд. Ин ҳолро мардум медиданд ва касе ҷуръат намекард, ки ба фурӯшанда чизе бигӯяд. Ҷавони диловаре бо як ҷаст тамоми зарфҳои ангурро ба сари фурӯшанда фурӯ рехт ва бо пойҳояш дар замин титу пош намуд ва хитобан гуфт: Агар бубинам, ки минбаъд бо муштариён чунин муносибат мекунӣ ва меваҷотро гарон мефурӯшӣ, дасту поятро хоҳам шикаст. Мардум ҳам, ки мунтазири чунин як амал буданд, ҷавонро пуштибонӣ намуданд. Бовар кунед, дар чанд лаҳза нархи ангур ва меваҷот дар тамоми бозор тағйир ёфт. Мардум агар бихоҳанд, метавонанд нархро дар бозор муайян намоянд. Ва ё ба қавли Шайхи кибор, Иброҳими Адҳам, роҳи дигари арзон кардани нарх ин аст, ки муддате чизе нахарем ва нахӯрем.

Ҳукумат бояд танзим кунад!

Чанд нуктаи муҳим аст, ки бо риоя намудани муқаррароти онҳо метавон хурофотеро, ки ба сари мардум иҷборан таҳмил гардидааст, аз байн бурд. Яке ин ки расман аз тарафи Ҳукумат чунин як таҷлили сермасраф ва исрофкорона қатъан манъ карда шавад ва онҳоеро, ки муқарраротро муроот наменамоянд, муҷозот ва ҷарима бояд кард. Дар дунболи қонуни танзим метавон идҳои Фитру Қурбонро дохил кард ва бад-ин васила ба мусобиқаи дастархонороӣ хотима дод, зеро дар ин ҷо ба ҷуз хурофот ҳеҷ як амокини динӣ дида намешавад. Зеро, вақте дин вазъи иҷтимоии пайравонашро агар ҳимоя карда натавонад ва дар шугуфоиву саъодати онҳо талош наварзад, пас он дин нест ва тамоми сунану одоте, ки қабул гардидааст, ҷуз хурофот чизи дигаре маънидод намегардад. Барои мисол, пайравони дини масеҳӣ ҳеҷ вақт кӯшиш накардаанд, ки таҷлили иди динии худ "Пасха" (Фасҳ)-ро бо чунин шукӯҳу шаҳомату масорифи камаршикан таҷлил намоянд ва аз он киссаи мардум тиҳӣ гардад. Масеҳиён рӯзи Фасҳ ҳамдигарро табрик мегӯянд ва ҳамчун нишони эҳтиром ва иди мазҳабӣ ба эшон тухмҳои ранг кардашударо тақдим менамоянд ва чанд амокини мазҳабиро, ки масрафе ба дунбол надорад, ба ҷо меоранд. Воқеан онҳо дар ин рӯз хушиву хурсандӣ менамоянд.

Воизон, ки ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд…

Нуктаи дигар, бояд рӯҳониёну мударрисон ва войизону имомхатибҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ҷои вазъҳои хушку холӣ (мутаассифона, иддае аз войизон ва масъулини динӣ танҳо ба хотири эҷоди минбар ва баланд бардоштани ҳайсият ва мақоми худ суханпардозӣ мекунанд, ки камтар ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд) моҳият ва вижагии идҳои Фитру Қурбонро ба мардум бифаҳмонанд ва пеши роҳи чунин як исрофкориро бигиранд. Аз матлабе, ки гӯё агар дастархон пурнозу неъмат ва ғанӣ бошад, рӯҳу арвоҳ ҳамон қадар хурсанд мешуда бошад, даст бикашанд ва ин иддаои ғалат ва хурофотиро лағв ва аз байн бибаранд. Хурофотеро, ки ҳамеша ба мусулмонон ба ҷуз ғаму андӯҳ ва сарбориҳои бемаънӣ чизи дигареро ҳадя намекунад, бишкананд ва аҳком ва амокини исломи нобро таблиғ намоянд. Зеро, агар ҳар гуна дин, ба хусус дини муқаддаси ислом ба сурати аслӣ амал намояд, беҳтарин дарс ва беҳтарин саъодатро ба пайравонаш ҳадя хоҳад кард. Ислом дар зоти худ беҳтарин таълим ва бузургтарин мабдаъи тарбиявӣ маҳсуб меёбад.

Аз субҳ то шом кӯча ба кӯча, хона ба хона гаштани кӯдакон бо халтаҳо қобили таъриф нест ва дар кишваре аз кишварҳои мусулмонӣ ба ҷуз Тоҷикистон ин амал ҷойиз нагаштааст. Чунин таҷлилгирӣ аз кӯдакӣ шуури бачаро тағйир медиҳад ва аз даврони туфулият хурофотро дар хуну пӯсташ ҷойгир менамояд, ки дигар ислоҳнашаванда аст ва ҳаргиз қобили пазиришу бахшиш буда наметавонад.

Рӯ ба исломи ноб

Ба хотири аз байн бурдани хурофот ва ба идҳои воқеан динӣ табдил додани Фитру Қурбон моро зарур аст пас аз адои намоз дар ин рӯзи муборак ба аёдати хешону дӯстон биравем ва дармондагонеро, ки ниёз ба кӯмаку дастгирӣ доранд, ҳар кас мувофиқи тавон ва имконияташ кӯмак расонад, ки ин бешак беҳтарин тоат ва ибодат дар назди Худованд аст ва сарчашмаи аз ноумедиҳо берун сохтани як мусулмон ва умуман як инсони дармондаву мӯҳтоҷ аст. Дар сари қабри волидайн ва наздикон оётеро аз Қуръони Карим тиловат намоем ва дар ҳақашон бибахшем. Гирди дастархони пурнозу неъмат нишастану шикам пур кардан хоси мусулмони асил нест ва ин неъмат дар рӯзи ахир ба заҳробае табдил хоҳад ёфт, ки тамъаш аз заҳру зуқум дида тундтару талхтару бадбӯйтар аст.

Билохира, вазифаи мусулмонии мо ин аст, ки мо ба исломи ноб ва аҳкоми Худовандӣ рӯй биорем ва намозу рӯза, закоту хайрот, ҳаҷу дигар амокини диниамон сидқан анҷом дода шавад ва он ҳам танҳо ба хотири намоишкорӣ набошад. Риё ва зоҳирпарастӣ бадтарин ва зишттарин гуноҳон аст, ки дар ҳеҷ мавриде бахшида нахоҳад шуд ва боиси зиштии ахлоқи ҳамида мегардад. Дар рӯзҳои таҷлили идҳои Фитру Қурбон воқеан шодӣ кунем, на дар фикри он бошем, ки чӣ тавр қарзҳои гирифтаамонро баргардонем.

Гар мусулмонӣ чунин аст, ки Ҳофиз дорад,

Вой агар аз паси имрӯз бувад фардое!

Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97