Ҳарчӣ бемузд аст, беқадр бошад

Иҷтимоъ 09.11.2010 08:06

rohho-1

ё то роҳҳо пулакӣ набошанд, обод нахоҳанд буд

Ширкатҳои роҳсози ҷопонӣ, ки таъмиру тармими роҳи мошингарди Панҷи Поён - Қӯрғонтеппаро ба ӯҳда доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон хостаанд, то заҳбуру ҷӯйҳои обпартои заминҳои кишоварзии ду ҷониби роҳро ба масофаи то 35-40 метр дур аз канори роҳ кӯч бидиҳанд, зеро аз таъсири намнокии ҷӯю заҳбурҳо роҳҳои тоза сохташуда дубора харобу корношоям мегарданд.

Тибқи мушоҳидаҳо дар беш аз 20 киллометр роҳи мошингарди Панҷи Поён - Қӯрғонтеппа заҳбуру ҷӯйҳо дар масофаи хеле наздик ба роҳи мошингард ҷойгир мебошанд. Аммо дархости ширкатҳои роҳсоз бобати кӯч додани заҳбурҳои ду тарафи роҳи байналмилалӣ кори содда нест, ки дар муддати кӯтоҳ иҷро гардад.

Раиси ноҳияи Қумсангир Сироҷиддин Наҷмуддинов зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: "Гарчанде эроди роҳсозони ҷопонӣ бобати кӯчонидани заҳбуру заҳкашҳо аз атрофи роҳҳои байналмилалии навтаъмир қобили қабул аст, вале иҷрои ин амр коре нест, ки дар муддати як ё ду сол амалӣ гардад. Зеро барои кандани заҳбуру ҷӯйҳои обпарто дар масофаи дуртар аз роҳҳои мошингард аввалан мебояд, ки қитъаҳои заминро аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ бароварда, баъди ба расмиятдарорӣ ва иҷозаи ниҳодҳои марбутаро ҷиҳати кандани ҷӯйҳои нав бояд дуруст намуд. Аммо аз чӣ бошад, ки роҳсозони ҷопонӣ дар оғози корҳои сохтмонӣ ин пешниҳодро накарданд ва инак ду сол аст, ки корҳои бунёдӣ ин ҷо ҷараён дорад ва имрӯз қариб 30 километр роҳи мазкур таъмир шудааст."

Мутахассисони соҳаи роҳсозии ноҳияи Қумсангир низ ҷонибдори он ҳастанд, ки ҳар чӣ зудтар ҷӯю заҳбурҳои обкаши хоҷагиҳоро аз атрофи роҳҳои байналмилалӣ ба масофаи дуртар кӯч бидиҳанд. Тибқи иттилои ин манбаъ барои кӯч додани ҷӯю заҳбурҳо аз буҷаи давлат 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, аммо барои кандани даҳҳо киллометр ҷӯйҳое, ки паҳнои он ҳудуди бист метру қаъраш 11 метрро ташкил медиҳад, маблағ ва техникаи зиёд лозим аст.

Қонун поймол шавад, вале фойида бошад шуд

Баъдан бо ҳамин кӯч додани ҷӯйҳои обпарто аз атрофи роҳ–ҳои мошингарди минтақа хатари харобшавии роҳҳои навбунёд кам намешавад, зеро омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки роҳҳои бо маблағҳои ҳангуфт бунёд гардида, дар мӯҳлатҳои наздик харобу валангор мешаванд. Ба хусус аз меъёри муайянгардида зиёд вазн доштани мошинҳои Асотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон як омили аслии харобшавии роҳҳо мебошад. Аслан харобшавии роҳҳои мошингарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баъди кушодани пули "Дӯстӣ" дар болои рӯди Панҷ бештар мушоҳида мешавад. Танҳо дар ин давра тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 30 адад пулҳои мошингузари минтақа фурӯ рафтаанд. Мушкили асосии мо дар ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашонӣ ҳамин фаъол нашудани терминалҳои наздимарзӣ мебошад. Тибқи қоида бояд, ки истгоҳи охирини мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон масолеҳу маводи гуногуни ниёзи мардумро ворид мекунанд, то терминали наздимарзӣ бошад. Аммо бо сабабҳои гуногун имрӯз ҳамин қоидаи асосии ҳамлу нақл аз ҷониби соҳибони мошинҳои хориҷӣ риоя намешавад. Баъдан нақлиёте, ки иқтидори борбардориаш аз 40 тонна зиёд аст, ҳаққи дар роҳҳои мошингарди маҳаллии ноҳияҳо ҳаракат карданро надоранд, зеро пулу роҳҳои дохили ноҳиявӣ бардошти вазни мошинҳои боркаши байналмилалиро надоранд. Дар ду соли охир дар қаламрави Хатлон ҳолатҳое, ки бо вуруди мошинҳои калони боркаш роҳ–ҳои мумпӯш харобу пулҳои маҳаллӣ фурӯ рафтаанд, на якбору ду бор ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи Қурбонназар Раҷабов, сармутахассиси раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Қӯрғонтеппа, танҳо дар соли ҷорӣ бинобар аз меъёри муайянгардида зиёд вазн доштани мошинҳо 152 нафар ронанда ба маблағи 103 ҳазору 377 сомонӣ ҷуброн пардохт кардаанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷубронпулӣ барои вазни зиёд доштани мошинҳои боркаш ҳамон зарари расидаро пӯшонида наметавонад. Пас, мақомоти қонунбарори кишварро мебояд, ки масъалаи ҳаҷми ҷубронпулӣ ва ҷаримаро барои боркашонҳои байналмилалӣ аз нав дида бароянд.

Муҳаммад Ҳасан, як ронандаи афғон мегӯяд, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон ҷарима барои аз меъёри муайян зиёд бор доштан маблағеро ташкил медиҳад, ки ронандагон ҳеҷ гоҳ ба вайрон кардани қоидаҳои боркашонӣ дар он кишвар ба худ иҷоза намедиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон чунин қонунҳоеро таҳия кардаанд, ки ронандагону соҳибкорон аз нақзи қонуну қоида дар самти боркашонӣ ба ҳаҷме ҷарима мешаванд, ки дар нисбати фоидаи аз бори зиёд ворид кардаашон хеле ва хеле ҳам ночиз аст. Оне, ки молу маҳсулотро бо риоя накардани меъёру қавоиди боркашонӣ ворид кардаву барои мисол сад сомонӣ ҷарима мешавад, аз ҳамин бори овардааш даҳ ҳазор сомонӣ суд ба даст меоварад, пас, чаро бори дигар ин амали худро такрор накунад?

Умуман дар нуктаи гумрукии Панҷи поён ниҳодҳои назоратӣ бояд вазифа ва масъулияти бар дӯш доштаашонро софдилона ба ҷой биоваранд. Алъон ин ишора кофӣ аст, ки; дар нуқтаҳои гумрукии наздимарзӣ бояд он фарзандони баору номуси миллат хидмат кунанд, ки дар назорати иҷрои қонуну қоидаҳои мавҷудаи кишвар дар бораи воридшавию берунравии мошинҳои боркаш ба Ватани худ содиқона хидмат кунанд, на хиёнат.

Сабабгори тахриби роҳҳо деҳқон аст ё нозири роҳ?

Сабаби саввуми харобшавии роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон ин дар заминҳои ду тарафи роҳҳои мошингард парвариш намудани зироатҳои обталаб мебошад. Намунаи "беҳтарин"-и ин мисолро ронандагону мусофирон вақти гузаштан аз киллометри 20-уми роҳи Қӯрғонтеппа - Ҷилликӯл мушоҳида карда метавонанд. Масъулини раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки новобаста аз он ки чандин маротиба хоҷагиҳои назди роҳҳои мошингардро ҳушдор додаанд, ки дар заминҳои шафати роҳҳои мошингард зироатҳое ба мисли шолӣ кишт накунанд, аммо боз ҳам хоҷагидорон манфиати худро боло гузошта, аз кишти шолӣ даст намекашанд. Ин аст, ки аз асари намнокии заминҳои шолӣ роҳи мошингард ба ҳоли табоҳ афтодааст. Аммо ин гуфтаи масъулин то ҷое шубҳаовар аст. Зеро кишоварзе, ки дар одитарин масъалаҳои соҳаи хоҷагидорӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонад, оё ҷуръату иродае дорад, ки аз дастури ин ё он мақомот саркашӣ кунад?!

Тибқи меъёрҳои мавҷуда дар атрофи роҳҳои мошингарди аҳа–мияти вилоятӣ дошта, то 25 метр ва дар роҳҳои байналмилалӣ то 50 метр кишти зироатҳои обӣ манъ аст. Аммо баъди таҷдиди хоҷагиҳо сохторҳои назорат дар соҳаи нақлиёт, ки дар шакли дигар фаъолият доштанд, дар пешгирӣ аз харобшавии роҳҳо корро бо таври бояд ба роҳ намонда буданд. Деҳқони бечора, ки гоҳҳо дар кишту парвариши зироатҳо худ ба маслиҳати мутахассисон ниёз дорад, аз куҷо медонад, ки намнокии заминҳои ӯ боиси харобу фурӯравии роҳҳои мошингарди назди киштзорон мегардад.

Роҳҳо ва «бензинмагнат»-ҳо

Масъалаҳои дигаре, ки дар оянда баҳсҳои доманадорро дар пай дорад, ин дар хати сурх (хати мамнӯъ)-и роҳҳои мошингард бунёд кардани иншоотҳои гуногун, ба хусус нуктаҳои бензинфурӯшӣ мебошад.

Қурбоназар Раҷабов мегӯяд, нуқтаҳои бензинфурӯшие, ки то соли 2006-ум дар хати сурхи роҳҳои мошингарди минтақа сохта шудаанд, ба онҳо дахл надоранд, зеро он вақт иҷозат додани корҳои сохтмониро ба соҳибкорон раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақа бар ӯҳда надошт. Аз ин рӯ онҳо нисбати соҳибони ингуна нуқтаҳои бензинфурӯшӣ эрод гирифта наметавонанд. Аммо баъд аз соли 2006-ум барои пешгирӣ аз сохтмони иншооти гуногун дар канори роҳҳо ниҳоди мазкур муваззаф буд. Замоне масъулини соҳа дар нишастҳои матбуотӣ бо боварӣ мегуфтанд, ки вақте меояд, ки соҳибкорон, яъне бензинмагнатҳои кӯчак бо дасти худ нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро аз хати сурх бардошта, заминҳои ҳамшафати роҳи байналмилалиро ба ҳолати аввалааш бармегардонанд. Аммо он вақт кай мерасад алъон касе намедонад. Шояд масъулини раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Қӯрғонтеппа интизори он мешаванд, ки кай ширкатҳои хориҷии роҳсоз аз ҳукумат талаб кунанд, ки иншоотҳои тиҷоратию кишоварзиро аз хати сурх бардоранд? Ё масъулин аллакай дарк кардаанд, ки ин роҳҳо низ рӯзе соҳиб пайдо карда, пулакӣ мешаванду баъдан ин масъалаҳо бо роҳҳои дигар ҳал мешаванд?

Ҷомеа ва роҳҳои бесоҳиб

Умуман беҳдошти ҳолати   роҳҳои мошингард ва таъмини шароит барои ҳаракати нақлиёти дохилию байналмилалӣ муҳимтарин масъала дар Хатлон маҳсуб меёбад. Зеро рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, афзоиши гардиши содироту воридоти маҳсулот ва инкишофу пешравии иқтисодиёт бидуни доштани роҳҳои замонавӣ имконнопазир аст. Вале имрӯз роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ доштаамон аз ҳисоби сармояи хориҷӣ таъмир карда мешаванду барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бошад аз ҳисоби буҷаи дохилӣ маблағҳои лозимаро намеёбем. Ин ҳам дар ҳолест, ки соҳаи нақлиёт яке аз андозсупорандагони асосии кишвар ба ҳисоб рафта, теъдоди мошинҳои гуногунтамға дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мешавад. Мутаассифона дар баробари он ки ҳукуматҳои маҳал имкони моли таъмири роҳҳои маҳаллиро надоранд, ҳадди ақал ба масоили нигоҳдории онҳо аҳа–мияти ҷиддӣ намедиҳанд. Имрӯзҳо дар бисёре аз навоҳии вилояти Хатлон хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар секторҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои ҳамсояи роҳ буданро риоя намекунанд. Гоҳҳо аз беаҳамиятии баъзе хоҷагидорон пасоби заминҳо аз болои роҳҳои мумпӯш мешорад. Ё ҳолатҳое мешаванд, ки бо дасти кормандони ин ё он соҳа роҳҳоро канда, ноқилу қубурҳои гуногунро гӯр мекунанд, аммо роҳи мошингардро ба ҳолати аввалааш баргардонидан намехоҳанд. Аҷобат дар ин аст, ки вақте қоидаҳои нигоҳдории роҳро вайрон мекунанд, аз роҳгузари оддӣ сар карда то масъулини мақомотҳои маҳаллию нозирони роҳ нафаре пайдо намешавад, ки монеъи тахриби роҳҳо шавад. Ва ё нозирони роҳ дар таги кадом дарахт ё пушти иморате роҳат дар хобанд? Вақт аст, ки бархезанд!

Ҷамоли САЙФ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97