Туйҳои Хумайнӣ ва «истерика»-ҳои тоҷикӣ

Иҷтимоъ 04.11.2010 10:22

tuy-458

ё фарзанди оилаи дорову нодор буданро кӣ муайян мекунад?

Дар маркази фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тӯйи сунатии 45 нафар кӯдакон ва ҷашни арӯсии 47 ҷуфт навхонадорон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар як вақт бо дастгирии Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд.

Масъулини шӯъбаи қӯрғонтеппагии Кумитаи Имдоди Хумайнӣ гуфтанд, ки гузаронидани тӯйи фарзандони хонаводаҳои камбизоати кишвар қаблан дар як вохӯрии сарварони Тоҷикистону Ирон мувофиқа шуда буд. Тибқи маълумотҳо ҷониби Ирон хостори гузаронидани тӯйи як ҳазор оилаи камбизоати кишвар шуда буд. Зимни маросими расмӣ зикр гардид, ки то имрӯз Кумитаи Имдоди Хумайнӣ тӯйҳои суннатию арӯсии фарзандони ҳамин миқдор оилаи камбизоатро гузаронидааст.

Дар ин рӯзи хайр соҳибҷашнҳо аз навоҳии Бохтару Вахш, Носири Хусраву Шаҳритӯс, Қубодиёну Ҷилликӯл, Қумсангиру Панҷ ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ даъват шуда буданд.

Ровии ҷашн ҳунарманди шинохта Ортиқи Қодир зимни мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт:

"Ман ҳамеша дар он ақидаам, ки аксари созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, зери фаъолияти онҳо ягон ғаразе ҳаст, кадом як манфиати сиёсие вуҷуд дорад. Вале дар ҳамин 15 соли ҳамкориҳои ман бо Кумитаи Имдоди Хумайнӣ шахсан ягон ғараз ё манфиати муғризонаи ин созмонро эҳсос накардаам. Чун кори хайр аст ва он маблағе, ки дар фонди кумита ҷамъ мешавад аз ҳисоби закоту аз ҳисоби пули ҳалол аст, фонди махсуси худи Имом аст. Аз ин рӯ ин хайрия воқеан ҳам холисона аст. Ва зимни баргузории чунин маросимҳои хайрхоҳона гармии лутфу меҳри самимии мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунем".

Дар ин рӯз ба 47 ҷуфт навхонадорон 6 номгӯи ҷиҳози гуногун барои рӯзгор тақдим шуд. Ҳамчунин ба 45 нафар кӯдаконе, ки тӯйи суннатиашон ҷашн гирифта мешуд, ҳадяҳои хотирмони Кумитаи Имдод ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ супорида шуд.

Масъулини чорабинии мазкур иброз доштанд, ки ин теъдод фарзандони аҳолии вилояти Хатлон аз оилаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби буҷаи оилавии худ имкони доир намудани маросимҳои тӯйи худро надоранд.

ЛАҲЗАҲОИ ГУВОРО

Дар маросими расмии чорабинии мазкур меҳмонон суханронӣ карда, дар қатори табрикоти соҳибҷашнҳо, инчунин барои онҳо панду насиҳатҳои ҷолибе карданд, ки шояд якумр дар хотири навхонадорон боқӣ монад. Ба хусус лаҳзаҳои тақдими тӯҳфаҳои тӯёна аз ҷониби масъулини Кумитаи Имдоди Хумайнӣ дар чашмони баъзе волидайн ашки шодӣ намоён буд. Зеро на ҳамаи волидайни соҳибҷашнҳо имкони тақдим ба фарзандони навхонадори худ бо чунин лавозимоте мисли яхдон, мошинаи дарз¬дӯзӣ, китоби муқаддаси Қуръон ва телевизорро доранд.

Боз ҳам лаҳзаҳои гуворое мисли соҳиби тӯб ва дигар бозичаҳои кӯдакона шудани тифлакон, ки дар имрӯз тӯйи хатнасурашон доир мегардид, хотири ҳар иштирокчиро болида мегардонид.

Гулхумор Саидова, як бонуи бознишаста ё нафақахӯр аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар тӯйи суннатии наберааш Абдулло иштирок дошт, дастандаркорони ин маросимро дуои хайр мекард, ки писари фарзанди ғуррамаргашро хатнасур мекунанд: "Ман дар панҷ вақт намозам ба даргоҳи Парвардигор дуои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони Кумитаи Имдоди Хумайниро мекунам, ки имрӯз фарзандони оилаҳои бепарастору камбизоатро хурсанд мекунанд."

Шояд тамоми соҳибҷашнҳои маросими он рӯза худро хушбахттарин инсони рӯи дунё ҳисобиданд, ки дар тӯйи онҳо ҳунарманди машҳур Давлатманди Хол суруд мехонд. Давлатманде, ки садои марғуладору ба гуфте, наъраи мастонаааш дар ин базмгоҳ натанҳо мардуми маҳаллӣ, балки ҳатто намояндаи САҲА-и Қӯрғонтеппаро, ки гумон доштам тоҷикиро балад нест, ба ваҷд меовард. Меҳмони қафқозие дар ҳавои суруду таронаҳои Давлатманд дар ҷойи нишастааш мушт бар зону, по бар замин мекӯфт.

ЛАҲЗАҲОИ НОГУВОР

Дар боби расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи созмонҳои хайриявӣ ба хонаводаҳои воқеан ҳам камбизоат, ки ҳадафи ҳар созмони хайрхоҳу масъулини ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилояту марказ ба ҳисоб меравад, гуногунандешиҳо буд, ҳаст ва мемонад. Зеро ҳамин мафҳуми оилаи камбизоат ва муайян кардани сатҳи камбизоатии мардум аз мавзӯҳое мебошад, ки баҳсҳои доманадорро дар пай дорад. Дар баробари ин ғайри интизори ҳукуматҳои маҳал масъулини баъзе зерсохторҳои онҳо дар интихоби оилаҳои воқеан ҳам камбизоат ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Ингуна рафтори нафароне, ки ҳукумати маҳал интихоби оила¬ҳои камбизоатро ба онҳо бовар мекунад, боиси норозигии мардум мешаванд. Ва дар афкори баъзе аз ашхоси ноогоҳ гумонҳои носолиме нисбати ҳукумати маҳал ва ҳатто созмонҳои хайрхоҳ пайдо мешавад.

Шояд бисёр нафароне шоҳиди он лаҳзаҳои ногувори маросими тӯйи дастаҷамъии фарзандони мо шудаанд, ки бонуи деҳотие аз ноҳияи Панҷ барои гӯё ҳаққи фарзанди ӯро ба тифлаки дигар додаанд, эътироз мекард: «Ҳақиқат нест раиса, чаро либосҳоеро, ки бояд бачаи ман мегирифт, ба шиносҳои худатон тақдим кардед. Ман ба роҳбарони ин ташкилот шикоят мебарам».

Аммо бонуе, ки худро масъули шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Панҷ муаррифӣ кард, гуфт, ки «ин бону "истерика" мекунад. Саҳарӣ ҳамин хел шармандагиро дар назди идораи мо дар ноҳияи Панҷ ҳам ба худ раво дониста буд. Ман ӯро ба мағоза бурда, хостам аз ҳисоби худам сару либос харидорӣ кунам. Аммо якравӣ мекард, ки барои писараш шиму пидҷакеро, ки беш аз 200 сомонӣ арзиш дошт, харидорӣ намоям. Оё ҳамин аз рӯи инсоф аст» - бо таассуф аз мо суол мекард масъули САҲШ-и ноҳияи Панҷ.

"Ман ба ӯ 150 сомонӣ маблағ додам, ки рафта ба писараш шиму пидҷак ва курати сафед харидорӣ намояд. Аммо боз аз Панҷ ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ расида омада, мехоҳад, ки маро дар инҷо шарманда кунад".

Баъди як соати дигар он бонуи "ҷанҷолӣ" беҳолу бемадор, дар кунҷи роҳ уфтоду ҳамроҳ бо сардухтури ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Абдураҳим Шамсиддинов ӯро дар занбар хобонида, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд. Аммо боз ҳам масъули САҲШ- и ноҳияи Панҷ бо боварӣ мегуфт, ки ин ҳама як саҳнаи сохтае беш нест, ки бо супориши кадом нафаре барои бадном кардани онҳо тарҳрезӣ шудааст. Навбатдорони мошини ёрии таъҷилии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфтанд, ки аз баски ҳолати равонии меҳмон нохуб шуда, тапиши дилаш номӯътадил буд, ба ӯ сӯзандору гузаронидаанд. Бовар карданӣ буд, ки бону аз ғами он ки фарзандаш мисли дигар тифлакон шиму пидҷаки озода ба бар надошту дар сафи ҳамсолони худ нишастан намехост, шояд диққат дода, фишори хунаш баланд шуда бошад.

Дар ҳамин лаҳза дар дигар гӯшаи ҷашнгоҳ яке аз соҳибҷашнҳо тӯҳфаҳои тӯёнаро савдо мекард. Аз кунҷкобиҳои мо каме нороҳат шуда, изҳор дошт, ки мушкили молӣ дошта, яхдонро фурӯхтанӣ ҳаст. Зеро дар пеш фасли зимистону бебарқӣ онҳоро интизор асту дар шароити оилавии онҳо ҳалли дигар мушкилоти рӯзгор муҳимтар менамояд, дар нисбати он ки яхдонро барои рӯзи коромад дар хона нигоҳ доранд.

ОЁ ИМДОД ДАРЁФТ ЗАИФОНРО?

Дигаронро намедонам, шахсан ман дар назди ин созмони хайриявии мусулмонӣ, ки воқеъан ҳам як ташкилоти бонуфузи байналмилалист, худро нороҳат ҳис мекардам. Чӣ гуна як кишвари ба мо дӯсту бародар чунин як иқдоми наҷибро дар кишвари мо амалӣ менамоянду мо бошем…

Албатта навиштани ҷанбаҳои манфии як маросими воқеан ҳам башардӯстона дили маро ҳам сиёҳ мекунад. Аммо дилам ба он маблағҳои Бунёди Имом Хумайнӣ бештар месӯзад, ки аз ҳисоби закоти мардуми мусулмон ҷамъ шудаасту имрӯз ин гуна масраф мешаванд. Шахсан ба мардуми бароям бештар аз дӯст, ирониҳо, эҳтироми бузург дорам. Аз ин рӯ умед дорам, ки баъзе эроду пешниҳоди маро оид ба оқилона сарф кардани маблағҳои Кумита барои ниёзмандтарин мардуми Тоҷикистон ҳамчун як сухани созанда қабул намоянд, на сӯзанда.

Зеро савоби бештар аз садақоту хайрия ҳам дар он аст, ки хайрхоҳон ҷустуҷӯй ва пурсуҷӯй намоянд, то аз навоҳии Хатлон ниёзмандтарин оилаҳоро кӯмак расонанд. Ва маблағҳои башардӯстона тавре сарфу харҷ шавад, ки мебояд.

КАМБИЗОАТҲОРО КӢ МУАЙЯН МЕКУНАД?

Аслан Кумитаи Имдоди Хумайнӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иқдомоти хайрхоҳонаи худро амалӣ мекунад. Аз ин рӯ камбудиҳое, ки дар рафти расонидани хайрияҳо мушоҳида мешаванд, аз хатои масъулини зерсохторҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ сар мезанад.

Мутаассифона дар 19 соли охир ҳеч яке аз созмонҳои хайриявии шомили Тоҷикистонро номбар карда наметавонам, ки дар рафти амалӣ намудани лоиҳаҳои худ ба чунин камбудиҳо роҳ надода бошанд.

Мавзӯи дигаре, ки мавриди гуфтугӯи мардум дар маросими хайрия матраҳ мешуд, ин зарурияти доштан ё надоштани он ҳама ҷиҳозе буд, ки бо маблағҳои калон харидорӣ шуда, тақдими навхонадорон шуд. Ба истиснои мошинаҳои дарздӯзӣ ва китоби Қуръони карим оё ҳамаи он оилаҳои навбунёд ба яхдону шамолдеҳ ва қолину дигар ҷиҳозе, ки ба онҳо тӯҳфа карданд, оё ниёз доштанд? Чӣ мешуд агар қаблан шароити рӯзгор ва заруриятҳои иҷтимоии ин оилаҳо мавриди тадқиқ қарор гирифта, баъдан ба ҳар оилаи навбунёд он ҷиҳозе тақдим мегардид, ки феълан навхонадорон ба он эҳтиёҷи зиёд доранд.

ДАР БОБИ БЕҲТАРИН САДАҚА

Маърифат Навкарова, коршиноси масоили хонаводагӣ иброз медорад, ки беҳтарин инъом барои навхонадорон он тӯҳфаест, ки домоду арӯс дар рӯзи тӯяшон орзуи онро мекунанд. Аммо беҳтарин тӯҳфа барои оилаҳои навбунёд агар феълан мустақил бошанд, маблағи нақд аст. Чунки онҳо медонанд, ки дар рӯзҳои аввали ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон бештар эҳтиёҷ ба чизеро пайдо мекунанд.

Як нафар аз соҳибҷашнҳо, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба суоли кадом аз номгӯйи ин тӯҳфаҳо ба Шумо бештар писанд омад, чунин посух дод: "Албатта, ҷавобан ба ғамхорию кӯмакҳои башардӯстонае, ки тақдими мо шуд, эрод гирифтан аз рӯи адолат ҳам нест. Аммо пешниҳоди ман ин аст, ки хуб мешуд ҳар оилаи навбунёдро мепурсиданд, ки баъди хонадоршавӣ бештар ба чӣ гуна кӯмакҳо ниёз доранд. Шахсан соҳиби қитъаи замини наздиҳавлӣ ҳастам. Агар ба ҷойи ин ҳама асбобу анҷоми рӯзгор ба ман маблағ барои сохтмони таҳкурсии манзили истиқоматӣ медоданд, хубтар буд. Аз ҷониби дигар садақае, ки барои бунёди таҳкурсӣ ё ину он қисми хонаи зисти оилаҳои нав дода мешавад, беҳтарин кӯмак ба хисоб меравад. Ва ингуна кӯмакҳо ҳам садақаи ҷория мешаванд ва ҳам аз хотири инсонҳо фаромӯш намешавад".

Хулоса беҳтарин кори хайр дар зиндагии ҳар мусулмон таъмиру обод кардани масҷид аст. Аммо ба гуфтаи войизи маъруфи иронӣ Шайх Зиё "Дар мавриде, ки дар маҳалле ду масҷид ҳасту мардум аз норасоии бунгоҳи тиббӣ ё мактабу китобхона шикоят мекунанд, созандаи масҷид ҳеҷ аҷре аз он масҷид намебарад. Қарор аст, ки корҳои хайр дар ҳадди фармони Худо ва дар ҳадди ниёзи мардум ва дар ҳадди ҳалли мушкилот бошад. Вақте ки хайрияи шумо ниёзеро бароварда намекунад, дар он аҷре нест".

Пас, агар кӯмакҳои хайриявие, ки эҳтиёҷи мардумро бароварда намекунад, оё созгор ба рисолати созмонҳои хайриявие мисли Кумитаи Имдоди Хумайнӣ буда метавонад?

Оё вақти он наомадааст, ки ҳама гуна кӯмакҳои башардӯстонаи созмонҳои хайрхоҳ баъди омӯзиши вазъи воқеии оилаҳои камбизоат дастраси мардуми воқеан ҳам камбизоат гардад. Ба хусус вақте хайрияҳо аз фонди Имом Хумайнӣ барои мардуми ниёзманд нигаронида шудааст. Охир як шоири тоҷик бузургии Имом Хумайниро ин тавр таҷассум карда буд:

Қуръони боз дасти дуои Имом буд…Не?!

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97