Меҳргон дар Суғд баҳонаи дидор бо маъюбон

Иҷтимоъ 03.11.2010 10:20

mehrgon_14

Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи ориёист ва асоси он меҳру муҳаббату мурувват аст. Онро инчунин иди ҳосил ҳам меноманд. Ин ҷашн дар замони мозӣ баробари Наврӯз қадр дошт, вале дар ҷомеаи кунунии мо аз он хеле кам ёд меоваранд ва агар аз он ҷашн гиранд ҳам шукӯҳу шаҳомати Наврӯзро надорад. Аммо дар гузашта иди Меҳргонро аҷдоди мо хеле бошукӯҳ ҷашн мегирифтаанд.

 

Бино ба маълумоти муаррихон ин ид дар замони ҳукмронии Шоҳ Фаридун, солҳои 1634-1564 қабл аз милод пайдо гаштааст. Дар замони зиндагии шоир Манучеҳрии Домғонӣ, дар қарни 11 он яке аз ҷашнҳои боҷалол будааст, ки шеъру қасидаҳои ин суханвар далели ин гуфтаҳост.

Дар мактаби хусусии «Паймони Азизон»-и шаҳри Хуҷанд ба хотири таҷлили Меҳргон маърака оростанд. Ҳарчанд ин ҷашн тибқи анъана дар 21- 22 сентябр таҷлил мешавад, вале «дер ояду шер ояд» гуфта, аҳли мактаб онро охири моҳи октябр қайд карданд. Масъулини баргузории ин ҷашн омӯзгорони фанни забони русӣ буданд, ки шиорҳоеро ҳам ба мисли «Пушкин фасли тирамоҳро дӯст медошт» он ҷо дидан мумкин буд. Дар ҷое сабадҳои пур аз меваву сабзавот чун рамзи фаровонҳосилӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Меваву сабзавотро барои ба намоиш гузоштан шогирдони мактаб аз хонаашон овардаанд ва як қисмашро бошад, аз бозор харида буданд. Баъди гузаронидани намоиш ҳама бо дастовез ба ҷониби хонаи пирон ва маъюбони Деҳмой, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавқеъ дорад, равон шуданд.

Сардори ҷавонони мактаб Алишер Ҳаётов мегӯяд, ки онҳо касеро барои овардани меваву сабзавот маҷбур накардаанд. Мо дар байни хонандагон эълон кардем, ки ҳар кас битавонад хайре бикунад ва баъди анҷоми ҷашн бо он хайроташ ба аёдати кӯдакони маъюб биравад. Ҳама аз ин пешниҳод хушҳол шуданд ва саҳмгузорӣ карданд, - гуфт Алишер.

Дар Хонаи кӯдакони маъюб аз маъмурият касе набуд. Яке аз бошандагони хона гуфт, ки роҳбарият ба ғунучини ҳосили пахта рафтаанд. Вале мураббиву ҳамшираҳо он ҷо буданд. Дар муассисаи номбурда кӯдакони гирифтори бемории асаб ва рӯҳӣ рӯз мебаранд. Баробари дидани хонандагон ва ҳадяҳо кӯдакон шитобон ба пешвоз бархостанд. Яке аз тифлонро пурсидем, чӣ орзу дорӣ? Гуфт, ки дубора назди муаллимааш ба хондан меравад.

Дар ин муассиса кӯдаконе ҳам ҳастанд, ки аз меҳру навозиши падару модар маҳрум мондаанд. Барои онҳо омадани ҳар хабаргир ид аст. Тифлакони дӯстрӯ бо забони ширини кӯдакона назди шогирдони мактаб, ки ба аёдаташон омада буданд, шеърхонӣ карданд. Алишер Ҳаётов, як хонандаи мактаб гуфт, ки вақте яке аз он тифлон аз дастам қандро мегирифт, ангуштонамро сахт дошт ва бо ишора мегуфт, ки маро ҳамроҳат бубар, ки аз дидани ин манзара дилам реш-реш гардид.

Дар як гурӯҳи дигар бошад, кӯдаконеро ҷой додаанд, ки роҳ гашта наметавонанд. Дидани аҳволи онҳо касро ба риққат меовард. Хуршеда Аҳмадова, ки имсол мактабро хатм мекунад қисса кард, ки аз доштани пойи равон ва тани солим, аз будан дар оғӯши гарму меҳрбори волидон шукрона бояд кард. Мо ният дорем, ки ҳамроҳи дугонаҳо ва ҳамсинфонам барои тифлони ин ҷо буда либосҳо дӯхта биёрем, - гуфт Хуршеда.

Дар бозгашт бошад касе аз писарон мегуфт, ки оянда соҳибкор хоҳад шуд ва барои кӯдакони маъюб мактаби махсус боз мекунад. Барои изҳори муҳаббат ва таваҷҷӯҳ кардан ба зиндагии ниёзмандон, ба хусус тифлони маъюбу бемор вақти муайяне нест. Таваҷҷӯҳ ба ин қабил одамон бояд, ки пайваста ва доимӣ бошад. Иди Меҳргон танҳо баҳона гашт, ки шогирдони мактаби хусусии «Паймони Азизон» барои аёдати тифлони ятиму маъюб рафтанд.

Исломи РАҲИМИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97