Чаро ҳавошиносон дурӯғ гуфтанд?

Иҷтимоъ 30.10.2010 09:40

pogoda21457

Ё куҷо шуд борону сардие, ки ваъда карданд?

Нисфирӯзи 18 октябр аз идораи нашрия барои тановули ғизо вориди ошхона ё ба истилоҳи маъмули имрӯзӣ бар шуда, чашмам ба телевизори дар девори он насб гашта уфтод ва сатрҳои равонро хондам;

 

 

"Рӯзҳои 20, 21, 22 октябри соли равон вазъи ҳаво тағйир хӯрда, сард мешавад. Борон борида, дараҷаи ҳаво то 8-10 градус гармӣ пойин мефарояд. Аз ҳама шаҳрвандон хоҳиш мекунем ба ин тағйироти ҳаво омодагӣ дошта бошанд." Акнун вақте ин сатрҳоро менависам соат аз 11 гузаштаву таърихи рӯз 23 октябр аст. Аз борону сардии ваъдашуда то ҳол дараке нест. Ба телевизион шаб нигариста будам, ҳарорати ҳаворо 13 дараҷа ва инак аз саҳар 16 дараҷа гармӣ нишон медиҳад.

Ростӣ банда ба пешгӯиҳои ҳавошиносон эътимод доштам, вале моҳи феврали ҳамин сол ин идора то ҷое эътимоди маро шикаста буд. Ҳавошиносон зимистони ҳамин сол на танҳо маро, балки 200 ҳазор хонандаву 35 ҳазор омӯзгори мактабро ва ҳам вазири мӯҳтарами маорифи кишварро бо пешгӯиҳои хеш оид ба вазъи ҳаво раҳгум андохтанд.

ВАЗИРИ МАОРИФ ФИРЕБ ХӮРД

Абдуҷаббор Раҳмонов, як соддаи дигар мисли ман ба қавли ҳавошиносони кишвар, ки гӯё моҳи январ хунуку миёнаи дуюми моҳи феврал гарм мешавад бовар карда, бо судури амре тифлони мактабро ба таътили чиҳилрӯзаи зимистонӣ фиристод, то дар январи ба қавли ҳавошиносон сард азобу азият накашанд ва бемалол дар хонаҳои гарми хеш истироҳату фароғат намуда, моҳи феврал дар гармӣ (боз ҳам ба гуфти ҳамин ҳавошиносон) ба мактаб омада таҳсилро идома бидиҳанд. Вазири маориф фиреб хӯрд ва ин дилсӯзиаш дар ҳаққи шогирдони мактаб қурбони пешгӯиҳои бепояи ҳавошиносон гардид. Ва ҳамин тавр, тифлони мактаб моҳи нисбатан гарми январи соли 2010- ро дар хонаҳои гарми волидайн гузаронида, миёнаи дуввуми моҳи сарди феврал ба мактабхонаҳои хунук омаданд. Агар ҳамин зимистони рафта тифлони мактабро сард зада бошад, уболаш дар гардани ҳамин ҳавошиносони ҳавоношиноси мо бор аст, ҳарчанд масъулиятро аз дӯши вазорати маориф ҳам гирифтанӣ нестам. Биёем ба сари рӯзҳои 20, 21, 22 октябр. Банда дигарбора ба гапи ҳамин ҳавошиносон бовар карда, ҳар саҳар дар ин се рӯз попӯшу ҷомаву жемпири хешро то сардам назанад ба бар мекардаму кор меомадам ва бегоҳ бори гароне бар дӯш тафсидаву арақшор ба хона мерафтам. Ва се рӯз бо ҳамин минвол гузашт. Ин субҳи 23 октябр ба худ гуфтам, борону барф он тараф истад, агар сангу сел ҳам бирезад, ки аз баҳри палтову жемпир мегузарам. Ва хуб ҳам шуд, ки чунин кардаам, зеро инак вақте ин матлабро то ҳамин ҷо овардаам, соат аз 11 гузаштаву офтоб сахт тобон ҳам, ки нест, вале хира- хира ба рӯйи ман лабханд мезанад. Бо куртаву пиҷак имрӯз хеле худро роҳату озод эҳсос мекунам, кошкӣ он се рӯзи рафта ҳам аз ақли худ кор мегирифтам. Болои ин ҳама, ки худро бо либоси гарм дар азоб монда будам, як масҷид одамро дар маҳалла огоҳ карда будам то либоси гарм ба бар кунанду ба сардии ногаҳон меомада омодагӣ бигиранд ва акнун ду шаб боз баъди кор аз шарм масҷид ҳам намеравам. Ва ҳине, ки шаби 19 октябр хабари сард шудани ҳаворо аз қавли идораи ҳавошиносӣ ба мардуми маҳалла мерасонидам, ҳамсояам мулло Абдуманнон рост гуфта буд, ки Худо беҳтар медонад, чӣ хоҳад шуд. Оре, мулк аз они Худост ва подшоҳӣ аз Ӯст. Ин Худост, ки ҳазорон пешгӯиро барбод задаву пешдононро дурӯғгӯ сохта.

ДАР ИРКУТСК БОРОНУ САРДӢ ШУД

Вале бигзарем аз ин ҳақиқат, ки на ҳама шояд онро қабул доранд ва бозгардем сари он ки чаро рӯзҳои 20, 21, 22 октябр борон наборид ва ҳаво сард нашуд. Гуфтам шояд дар кадом манотиқе аз кишвар ҳаво сард шудаву борон рехта бошад. Аз шаҳри Панҷакент дӯстон гуфтанд, ки ҳаво хуб аст, ба ноҳияи Бохтар занг задам, он ҷо низ ин се рӯз офтобӣ будааст, аз Нуробод ҳам хабар расид, ки аз сардиву борон дараке нест. Пас ин пешгӯии ҳавошиносони мо барои кӣ ва кадом кишвар буд?! Бегоҳи рӯзи 22 октябр Зафар, як шарикдарси собиқам аз шаҳри Иркутски Русия, ки он ҷо бори муҳоҷират мекашад, бароям хабар дод, ки он ҷо ҳаво якбора сард шудаву борон меборад. Гуфтамаш моро ҳавошиносонамон ҳамин гуна "сюрприз" ваъда карда буданд, вале маълум, ки онҳо вазъи ҳавои шаҳри шуморо пешгӯӣ карда будаанд. Барои маълумоте дарёфтан сари он ки чаро борон нарехту ҳаво сард нашуд, соати 11. 15 дақиқаи рӯзи шанбе (23 октябр) ба Идораи ҳавошиносии кишвар занг задам. Навбатдори идора Баҳодур чун аз мақсадам огоҳ шуд, бароям гуфт, ки то ҳол аз раҳбарият касе ба кор наомада. Бо телефони 223-17- 72, ки Баҳодур бароям дода буд, ба ҳавошиносон дар тамос мешавам. Аз он сӯйи гӯшӣ бонуи русе бо исми Валентина Викторовна чун пурсидамаш чаро рӯзҳои 20, 21, 22 октябр ҳаво сард нашуду борон нарехт, бароям гуфт, ки мо маълумоти пешниҳодкардаи тайёрро мехонем, ана мисол имрӯз рӯзона ҳаво 21-23 дараҷа гарм мешаваду шабона 4-6 дараҷа гарм хоҳад буд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе раҳбарият дар кор нестанд, рӯзи душанбе ба ин суъол сардори идора посух хоҳанд гуфт. Ва якшанбе ҳам ҳаво мӯътадил ва бебориш буду инак душанбе омада. Ҳине, ки ин сатрҳоро менависам намедонам ин ҳафта бори чандум аст ба осмон менигарам, ҳаво соф аст, вале ба ростӣ каме сардтар аз рӯзҳои пешин.

ПЕШГӮӢ КОРИ ОСОН НЕСТ!

Рақами телефони идораи ҳавошиносиро бармечинам ва баъди муаррифии хеш бо он суъоле, ки ту хонандаи азиз аз шуниданаш безор шудӣ муроҷиат мекунам. Ва оқибат соати 11-и рӯзи 25 октябр бо сардори Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадҷон Сафаров телефонӣ ҳамсӯҳбат шудам. Мавсуф мегӯяд, ки мо вазъи ҳаворо барои кулли манотиқи кишвар пешгӯӣ мекунем ва аслан пешгӯӣ кардан як кори саҳлу осон ҳам нест, агар дар Душанбе борон набориду ҳаво сард нашуд, маънии онро надорад, ки мо иштибоҳ кардаем. Кӣ гуфт, ки ҳаво хунук нест, мепурсад аз ман ҳамсӯҳбатам. Посухаш гуфтам, ки ман мегӯям, тани як пиҷак ҳамин ҳоло аз нишасти хабарии Кумитаи андоз баргаштам ва ҳаво офтобиву хуб аст. Ҷаноби Сафаров гуфт, ки ба Маркази пешгӯии вазъи ҳаво, ки дар тобеъияти идораи онҳо будааст, муроҷиат кунам. Аз он ҷо бонуе ба суъоли ман, ки дар куҷост сардиву борони ваъдагӣ гуфт, ки Шумо дар куҷо будед, ки рӯзи 22 октябр ҳаво сард шуда буд. Ҳайратзада ба худ гуфтам, воқеъан ман он рӯз дар куҷо будам? Шояд аз ҳуҷраи корам берун нарафта ва аз сард шудани ҳаво бехабар мондаам, вале… Ба ёдам расид, 22 октябр, рӯзи ҷумъа, охир он рӯз ман ба намози ҷумъа рафта будам, пас чаро сардиро эҳсос накардаам. Оре, барои он ки ҷомаву жемпир доштам, вале дигаронро дида будам, ки таги як курта буданд, чаро онҳо аз хунукӣ шикоят надоштанд, хоҳари ҳавошинос! Маълум, ки он рӯз гарм будааст.

САДҚА ШАВАМ ХУДОРА, ЯК БОМУ ДУ ҲАВОРА

Ин ҳафтае, ки гузашт ТВ "Сафина" дараҷаи ҳаворо дар шаҳри Душанбе, масалан рӯзи 23 октябр + 21 мегуфту Шабакаи аввал + 15 нишон медод. Ин як дардест ҳамешагӣ барои шабакаҳои телевизионии мо, ки идораҳояшон аз ҳам дар фосилаи сад метр мавқеъ доштаву дараҷаи ҳавои пойтахтро ҳаргуна бароямон шарҳ медиҳанд. Ҳа¬мон "як бому ду ҳаво", ки мегӯ¬янд, мисоли равшанаш ҳамин аст, ки қаблан ҳам дар ин бора навишта буданд. Шояд як шабака аз рӯйи нишондоди дараҷасанҷи дар он идора насб шуда аз вазъи ҳаво иттилоъ медиҳаду шабакаи дигар аз маълумоти Маркази ҳавошиносии кишвар истифода мекунад. Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ки аз идораи мо ҳаррӯза ахбори расмиро дар бораи вазъи ҳаво танҳо ТВ "Сафина" дарёфт менамояд, дигар шабакаҳо бо мо ҳамкорӣ надоранд. Шояд, вале мардум иттилоъи дақиқ мехоҳад. Ва чаро аз тариқи телевизион хабари боридани борон ва сард шудани ҳаворо дар рӯзҳои 20, 21, 22 октябр ба мо гуфтанду то имрӯз масъулини телевизион он дурӯғи хеш ё ҳавошиносонро рост намекунанд?

ЯК ХАТОЕ РАФТ, РАФТ

Ҳамон бону аз Маркази пешгӯии ҳавошиносӣ, ки ҳатто худро муаррифӣ кардан нахоста буд, бо асабонӣ мегуфт, ки шумо журналистон сад хабари дурӯғу ростро медиҳед, ҳеч гап неву ба ҳамин як вазъи ҳаво сард мешавад гуфтани мо ин қадар часпидаед. Шояд рост гуфт он хоҳари ҳавошиноси мо, ки воқеъан чаро ин қадар ба вазъи ҳаво часпидаем, як хатое рафт, рафт. Аздусар сардиҳо дар пешанд.

Толибшоҳи БАРОТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97