Водии ташналаби Вахш

Иҷтимоъ 23.10.2010 10:16

DSC05580

Дар даҳсолаи «Об барои ҳаёт»

Аз мавриди амал қарор гирифтани барномаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт барои солҳои 2005-2015», ки бо ташаббуси сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон гардида аст, як панҷсола сипарӣ гардид. Дар доираи ин барнома дар сатҳи Тоҷикистон низ якчанд қарору санадҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бобати беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии аҳолӣ ба тасвиб расидаанд.

 

Вале мушоҳидаҳо собит месозанд, ки бештар аз иқдомоти мақомоти маҳал, ки дар асоси қарору санадҳои гуногуни ҳукумати марказӣ бо як шӯру дабдаба, рӯи кор меоянд, аммо дар як муддати кӯтоҳ аз ёдҳо фаромӯш мешаванд. Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ аз 2.12. 2006 ва   «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои солҳои 2007-2020» аз зумраи чунин санадҳо мебошад.

Ба гуфти Абдумаҷид Шарифов, директори корхонаи давлатии фаръи байниноҳиявии обу корезии шаҳри Қӯрғонтеппа, иҷрои ин қарорҳо бояд аз тариқи чаҳор сарчашма маблағгузорӣ шаванд. Азхудкунии маблағҳои марказонидашудаи буҷаи давлат, сармоягузории дохилию хориҷӣ ва инчунин ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо. Сарчашмаи чаҳоруми маблағгузорӣ ин аз ҳисоби буҷаи корхонаҳои соҳа мебошад. Дар айни замон танҳо аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз 1,5 миллион доллар барои беҳдошти вазъи хидматрасонӣ дар обанборҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва қубурҳои обгузари маркази вилоят аз худ карда шудаанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд барои беҳдошти вазъи таъминот бо об ва азнавсозии системаи корезии шаҳри Қӯр­ғонтеппа 1 миллиону 900 ҳазор доллар ҷудо намояд, ки аз ин маблағҳо 30 дар сади он қарз ва боқӣ ба сифати грант ҷудо карда мешаванд.

Боқӣ манбаҳои маблағгузорӣ барои беҳдошти вазъи таъминоти аҳолии вилоят бо оби ошомиданӣ гӯиё дар санадҳои зикргардида ба хотири «ороиш»-и ҷумлаҳо номбар шудаанду халос. Ин аст, ки имрӯз ба ҷуз марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва баъзе деҳоти ангуштшумори вилоят дигар дар тамоми Хатлон сифати оби нӯшокӣ ҳатто ба сатҳи даҳсолҳои аввали ободшавии водӣ ҳам ҷавобгӯй нест.

Шаҳри Қӯрғонтеппа

Тибқи оморӣ эҳтимолӣ имрӯз дар ин шаҳр беш аз 70 ҳазор аҳолӣ сукунат дорад. Аҳолии шаҳр бо воситаи се обанбори асосӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Бинобар гуфтаи директори корхонаи давлатии фаръии байниноҳиявии обу корезии шаҳри Қӯрғонтеппа Абдумаҷид Шарифов обанборҳои №1 ва №3 аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ пур карда мешаванд, баъдан ин обҳоро бо воситаи насосҳои обкаш ба шаҳр интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи сарвари корхонаи мазкур оби ин чоҳҳои амудиро аз қаъри 35 - 40 метр гирифта, баъди такшин намудан, ба он хлор мепошанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз чанд сол қабл ҷумакҳои обкашии сохтаи ташкилоти байналмилалии «АКТЕД»-ро коршиносон танқид карда, эрод гирифта буданд, ки гӯиё дар водии Вахш то дар чуқурии 70 метр оби тоза пайдо нест. То имрӯз нафаре аз мутахассисони соҳа ин андешаро инкор накардааст. Танҳо кимиёшиносони ҷавон иброз медоранд, ки обҳои зеризаминии минтақа микробҳои ба солимии инсон зараровар надошта бошад ҳам, аммо ингуна обҳо дорои тамоми компонентҳои лозима нест.

Намакоб ҷойи хлорро гирифта метавонад?

Ҳамчунин барои бо об таъмин намудани аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа обанбори №2 хидмат мерасонад, ки ин обанбор аз ҳисоби оби дарё пур карда мешавад. Мутаассифона сифати оби ошомиданӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи якчанд меъёр ба талабот ҷавобгӯй нест. Бори аввал нест, ки мардум оид ба он ки гоҳҳо аз ҷумакҳои манзилҳои истиқоматии онҳо оби аз меъёри муайяншуда зиёд хлоршуда ҷорӣ мешавад, ба гӯш мерасад. Масъалаи дигари ташвишовар бобати хлоркунии об дар обанборҳои шаҳр аст. Иддае аз мутахассисони соҳаи санитарӣ эпидемиологии минтақа иброз медоранд, ки барои безарар гардонидани оби ошомиданӣ бояд ба оби обанбор моеъи хлор якҷоя карда шавад. Аммо аз сабабҳои норасоии маблағ барои дастрасии моеъи хлор ва кор накардани технологияи лозима барои коркарди ин навъи хлор дар рӯдхонаҳои шаҳр ба ҷойи хлори моеъ хокаи хлорро истифода мебаранд. Абдумаҷид Шарифов, директори корхонаи давлатии фаръии байниноҳиявии обу корези шаҳр иброз медорад, ки хокаи хлоре, ки барои безараргардонии рӯдхонаҳо истифода бурда мешавад, истеҳсоли заводи кимиёи Ёвон буда, аз ҷиҳати мустаҳкамӣ 20-25%-ро ташкил дода, он ба солимии инсонҳо чандон (?) хавфнок нест. Он хлоре, ки қаблан аз Русия меоварданд, гипохлорид ном дошта, мустаҳкамиаш 50 %-ро ташкил медод, ки ин хокаи кимиёӣ ба гуфтаи ин манбаъ, воқеан ҳам ба инсон зараровар будааст. Гуфта мешавад, ки алъон мутахассисони байналмилалӣ технологияи навро санҷидаанд, ки аз истифодаи намак об безарар гардонида мешавад. Вақте ин таҷриба дар Тоҷикистон роҳандозӣ шавад, мо дигар дар масъалаи сифати оби нушокӣ мушкили нахоҳем дошт.

Таркиби об дар «Vip Zona»

Мутахассисон иброз медоранд, ки танҳо бо ҳамин як пошидани хокаи хлор об аз ҳамаи моддаҳои зараровар тоза нахоҳад шуд. Дар замони шӯравӣ барои такшин кардани дигар элементҳои зиёдатии таркиби оби рӯдхонаҳо, омехтаи «коогулянт» истифода бурда мешуд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз сабаби қиммат будани арзиши он, ин маводи кимиёиро барои тозатар кардани оби обанборҳо истифода намебаранд. Аммо банда мутмаинам, ки дар пойтахти ҳар як аз кишварҳо дар обанборе, ки аз он ба «Vip Zona» об интиқол мегардад, ин хокаро барои такшин кардани элементҳои зиёдатии об истифода мебаранд.

Умуман дар маркази вилояти Хатлон нишондоди беҳтарин дар соҳаи обтаъминкунӣ ин аст, ки шаҳр ягона нуктае дар минтақа аст, ки шабонарӯзӣ бо оби ошомиданӣ таъмин аст. Агар барои масъулини соҳа меъёрӣ мусбати хидматрасонӣ ҳамин далел ба ҳисоб равад, пас вой ба ҳоли ин мардуме, ки бо ном шаҳрнишин ҳастанд.

Пули об куҷо мешавад?

Воқеан ҳам норасоии маблағ бойис мешавад, ки сифати хидматрасонӣ дар соҳаи таъминоти оби нушокӣ низ ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Мутаассифона ҷамъоварии ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ мавзӯи доғ боқӣ мемонад. Дар ҳоле ки баъд аз пардохти ҳаққи партовпартоӣ арзонтарин соҳаи хидматрасонии коммуналӣ ҳамин таъминот бо оби ошомиданӣ аст. Аммо бо сабабҳои барои мо номаълум маблағҳои ҳаққи обтаъминкунӣ ба буҷаи соҳа ҷамъ намешаванд. Масъулин мегӯянд, ки мардум аз пардохти ҳаққи истифодаи оби ошомиданӣ саркашӣ мекунанд. Сокинони шаҳр бошанд, иддао доранд, ки пулчинакҳо ҳар сари вақт омада, аз онҳо барои истифодаи обу газу барқ ва нуқтаи партовгоҳ маблағ меситонанд, аммо дар соҳаҳои мазкур қарзи истифодабарандагон аз миллион зиёдтар аст. Ростӣ, ман ба ҷойи ҳамин роҳбарону коргарону дигар масъулини ин соҳа шарм медорам, ки наход дар 20 соли соҳибистиқлолии кишвар як механизми оқилонаи ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии коммуналиро кор карда баромада наметавонанд. Охир ин бовар карданӣ нест, ки мардум ҳаққи хидматрасонии коммуналиро пардохт накунаду боз дар манзили худ осоишта зиндагӣ карда тавонад. Дар ҳақиқат дар шаҳри мо ҳам ҳастанд оилаҳои «зӯр»-е, ки пулчинакҳо барои дари хонаи онҳоро кӯфтан ҷуръат намекунанд, аммо чунин муштариён ба ин ҳад зиёд нестанд, ки қарзи маблағи ночизи хидматрасонии як соҳа ба 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расад.

Абдумаҷид Шарифов, сарвари корхонаи давлатии фаръии байниноҳиявии обу корезии шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медорад, ки ҷамъоварии маблағи хидматрасонӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 64%-ро ташкил додааст. Аз сабаби он, ки корхона аз ҳисоби андоз 350 ҳазор сомонӣ қарздор буд, мақомоти мазкур суратҳисоби ҷории корхонаро бастааст. Имрӯз корхона аз ҳисоби даромадҳои худ танҳо барои музди маоши коргарон маблағ гирифта метавонаду халос. Масъулин аз он, ки корхона дар ҳолати начандон хуб қарор дорад, нигаронанд.

Ноҳияи Румӣ

Дар навоҳии дурдасти вилояти Хатлон масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ қариб, ки аз ёдҳои масъулин фаромӯш шуда. Зеро дар бештари навоҳӣ танҳо марказҳои ноҳия бо оби тоза таъминанду халос. Аммо мутаассифона дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ сокинон мушкили дастрасии доимӣ ба обро доранд. Тӯли чандин солҳо мешавад, ки сокинони мавзеи Ғаравутии ноҳияи Ҷилликӯл, хоҷагии «Гулистон»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва дигар мавзеъҳои навоҳии Вахшу Ҷилликӯл, Панҷу Қумсангир ва Носири Хусраву Абдураҳмони Ҷомӣ аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд.

Як нафар аз собиқ раисони маҳаллаи истгоҳи панҷуми обкашии собиқ совхози «Гулистон»-и ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба хотир меорад, ки; «то солҳои 1994 - 1995 мушкили норасоии об дар деҳоти минтақа мушоҳида намешуд. Гарчанде «Гулистон» тариқи насосҳои обкаш обёрӣ мешавад, ба истиснои рӯзҳои аз кор мондани насосҳои обкаш, ки боиси эътирозу шикоятҳои мардум мешуд, боре чанд рӯз бинобар садама дар истгоҳи обкашӣ деҳае беоб монд. Маро барои ором кардани мардуми деҳа, ки роҳ ҷониби ҳукумати ноҳияро гирифта буданд, фиристоданд. Вақте ба назди мардум расидам, дари мошинро кушодан замон кампири Давлатбӣ панҷшохаро бар гулӯям гузошта, гуфт: Раис ман як ҳафта мешавад оббозӣ накардаам, ҳамин дар мусулмонӣ рост меояд?

Ин сухани кампири Давлатбӣ гӯиё зарба аз паси сар буд. Ман он рӯзу чанд рӯзи дигар ба худ намеомадам. Бори нахуст дарк кардам, ки ин мардуми соддаю сарпаст, ки як умр бо музди ночизе вазнинтарин кори давлати Шӯравиро ба ӯҳда гирифтаанд, агар ба хашм оянд, курсиҳои калонҳои маҳалро ҳам меларзонанд. Инак 16 сол мешавад, ки ман ба нафақа баромадаам. Аммо дар ин муддат рӯзҳо он тараф истад, ҳафтаҳову моҳҳо мардуми деҳа обро ба серӣ намебинанд. Аммо мардум ҳам каме собиру бепарво шудаанд, ки шояд агар беобӣ моҳҳо ҳам давом кунад, парвои замину осмонро надоранд. Ё шояд садои онҳо дигар ба масъулини боло намерасад, гуфта, ба тақдир тан додаанд».

Ноҳияи Вахш

Дар бештаре аз деҳоти ноҳияи Вахш норасоии оби ошомиданӣ мушкили аввалиндараҷаи мардум ба ҳисоб меравад. Якчанд нафар аз сокинони деҳаи Тончии ҷамоати деҳоти «Машъал»-и ноҳияи Вахш нақл мекунанд, ки дар мавсими сармо аз оби новаки хона истеъмол мекунанд. Агар дар фасли сармо боришот кам шавад, рӯзи кӯдакон бо обкашӣ сипарӣ мешавад. Деҳаи Тончӣ як чоҳ дорад, ки гунҷоиши он 65 тонна об аст. барои бо насоси обкашӣ пур кардани ин чоҳ аҳолии деҳот 200 сомонӣ пардохт мекунанд. Мутаассифона мегӯянд, мусоҳибони мо,- оби чоҳ тоза нест, масъулини соҳаи санитарӣ -эпидемиологӣ боре ҳам ҳолати санитарии чоҳҳои обзахиракунии деҳотро намесанҷанд.

Агар ба ҳолати санитарии чоҳҳои амудию каналҳои обгузари водии Вахш назар кунем, ба мардуми ин минтақа қоил мешавем, ки то чӣ андоза бадани солиму «иммунитет»-и қавӣ доранд, ки боз бемор намешаванд.

Манбаи вируси «навбаромад»

Намедонам чанд моҳ, шояд солҳо боз иншооти тозакунии ахлоту паспартовҳои шаҳри Қӯрғонтеппа «Очистное сооруженый», ки берун аз ҳудуди шаҳр воқеъ аст,пурра кор намекунад. Дар солҳои пеш пастпартовҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аз чаҳор ҳавз гузашта такиш мешуданду оби ба канали паспартов ҷоришуда, бо маҳлулҳои гуногуни кимиёӣ безарар гардонида мешуд. Аммо аз сабаби он ки имрӯз аз се насоси обкашии иншооти мазкур корношоям гардидаанд, ки як қисми паспартовҳои маркази вилоят тариқи канали 22 километраи паспартов ҷорӣ шуда, ба канали Вахш ҳамроҳ мешавад. Дар поёноб аҳолии як қисми навоҳии Вахшу Бохтар, Ҷиликӯлу ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз ин об истеъмол мекунанд. Пурсишҳо собит месозанд, ки танҳо дар ҳамин мавсими тобистон дар ин минтақаҳо як навъ бемориҳои «навбаромад» ба қайд гирифта шудаанд, ки бо баъзе хусусиятҳои худ ба бемориҳои дарунрави шадид, домана ва «малярия» шабоҳат дошта бошанд ҳам, аммо табибон оид ба вазъи ин беморон як ташхиси муайян монда наметавонанд. Сардухтури ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ Абдураҳимов Шамсиддин иброз медорад, ки дар асл сатҳи гирифтории бемории домана дар ноҳия нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Аммо дигар намуд беморие, ки дар рӯзҳои аввали хуруҷаш ба нишонаҳои домана шабоҳат дорад, аз ҳисоби ноҷӯшонида истеъмол кардани оби каналу ҷӯйборҳо мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ дар ин ноҳия 72, 5% аҳолӣ оби каналу ҷӯйборҳоро истеъмол мекунанд. Духтурони ноҳия мегӯянд, ки манбаи асосии хуруҷи бештари бемориҳои сироятӣ истеъмоли оби техникӣ аст. Аммо ошкор карда наметавонанд, ки оберо, ки аҳолӣ ноҷӯшонида истеъмол мекунанд, дар таркибаш чӣ дорад.

Ба як суол кӣ ҷавоб мегӯяд?

Боиси таассуф аст, ки саҳлангории баъзе масъулин натанҳо вазъи соҳаи дар ихтиёри онҳоро ба ҳоли табоҳ мебарад, балки ба нозуктарин масъала солимии ҷомеа хатари ҷиддӣ меорад. Дар ҳоле ки дар татбиқу амалӣ гардидани барномаҳои сатҳи байналмилалӣ Сарвари тоҷикон нақши асосиро мебозад, аммо дар дохили кишвар иддае аз беҳунарон ба ҷойи беҳдошти таъминоти аҳолӣ бо оби тоза баръакс обҳои табииро ифлос мекунанд. Ба суоли он ки; бо «ташаббусу дастгирӣ»-и кӣ оби ташнобу паспартобҳои маркази вилоят ба канали оби истеъмолии даҳҳо ҳазор аҳолии навоҳии поёноб ҳамроҳ мешавад, шояд нафаре ҳаст, ки посух гӯяд?

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97