«Бозро ба зӯрӣ намешавад шикор бурд»

Иҷтимоъ 22.10.2010 10:14

a11111

Ё 200 марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!

 

"ОБЛАВА"-И ҲАМЕШАГӢ ВА ҶАВОНИИ ГУРЕЗПО

Имрӯзҳо давраи даъват ба суфуфи қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки соли ҷорӣ чанд ҳазор нафар ҷавонон ба хидмат даъват мегарданд. Дар ин бора боре ҳам мароҷеъи низомии кишвар хабар надодаанд ва шояд хабаре ҳам пахш нанамоянд.

 

Зеро, даъват аслан аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқии пешбинигардида сурат намегирад ва соле ду давра "облава"-ҳои машҳуру ҳамешагӣ оғоз меёбад, ки дар ин давраҳо аксари ҷавонон худро дар кунҷи хонаҳошон пинҳон мекунанд ва ё як ду моҳ қабл аз оғози "облава" роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд. Аз ин ки ҷавонон аз хидмати аскарӣ сарпечӣ мекунанд, сабабҳоест, ки такрори он дар ин ҷо ҷоиз нест ва ин сабабҳо боис шуда, ки дар суфуфи қувваҳои мусаллаҳ баъзан ҷавонони ба хидмат носолим даъват мешаванд ва ё тасодуфан аз кӯчаҳо боздошт шуда, иҷборан ба хидмати аскарӣ бурда мешаванд.

СУОЛИ 20 СОЛ БЕҶАВОБ

Борҳо дар зеҳни мо суоли чаро ҷавонон аз хидмати аскарӣ сарпечӣ мекунанд, чарх мезанад ва ҳамеша кӯшиш мекунем ба ин суол посух биёбем, вале ҳар дафъа суолҳо беҷавоб мемонанд ва даъват ба хидмат боз ҳам мисли солҳои қаблӣ аз рӯи ҳамон қолабҳои иҷборӣ ва зӯроварӣ сурат мегирад. Аслан агар аз ҷавонон бипурсӣ, ки хидмат кардан мехоҳанд ё на, ҳатман посухи рад шунида мешавад. Дар ин ҷо мо вазъияти Вазорати мудофиаи кишварро ҳам бояд ба назар бигирем, ки бояд соле ду маротиба суфуфи худро бо даъватҳои тоза сурат гирифта, мукаммал намояд. Зеро, ҳангоми ба итмом расидани хидмати сарбозон онҳоро ҳатман рухсат медиҳанд, то аз паи зиндагии мулкии худ шаванд. Ҷои онҳоро бояд бо сарбозони тозаэъзомшуда мукаммал намуд.

Вақте шароити хидмат дар суфуфи қувваҳои мусаллаҳ ба талабот ҷавобгӯ нест, вақте ниҳодҳои марбута наметавонанд тарбияи ватандӯстӣ ва бедор сохтани ғурури миллиро дар батни ҷомеъа бунёд намоянд, даъват ҳамеша бо тариқи "облава"-ҳо сурат мегирад ва аз сарбозе, ки иҷборан ба хидмат даъват мегардад, ҳеҷ гоҳе як ватандӯсти асилро интизор шудан нашояд. Ба қавле "бозро ба зӯрӣ наметавон ба шикор бурд".

ИСРОИЛ ВА «ДЕДОВШИНА»

Аммо дар ҳалли ин қазия роҳҳое мавҷуд аст, ки аз онҳо бояд истифода бурд. Барои мисол мо бояд таҷруббаи даъват ба хидмати аскариро дар давлатҳои ҷаҳон биёмӯзем ва аз онҳо истифода намоем. То он даме, ки "дедовщина" дар қувваҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад, ҷавонон аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Аммо, то имрӯз ин падидаи манфиро натавонистаем аз домони ниҳодҳои низомӣ берун андозем. Давлати Исроил барои андак ҳукмронии "дед"-ҳо аз болои сарбозони ҷавон, онҳоро ба сахттарин муҷозот, ки тамоми умр сарбории шонаҳояшон мегардад, маҳкум менамояд ва ё аз ҳама гуна имтиёзҳо маҳрумашон менамояд. Ин нахуст давлатест, ки чунин як падидаи шумро билкул аз байн бурдааст ва хидмат дар суфуфи қувваҳои мусаллаҳро ҳар як шаҳрванди яҳудӣ вазифаи муқаддаси худ медонад. Ин аст, ки урдуи Исроил бонизомтарин урду дар ҷаҳон шинохта шудааст ва сатҳи ватандӯстӣ ва миллатдӯстии онҳо хеле болост.

Тавре ҷавонони аз хидмати аскарӣ фориғшуда мегӯянд, "дедовшина" дар қувваҳои мусаллаҳи моро наметавон ба "дедовшина"-и давлати дигаре баробар кард. Агар "дед"-и мо дар ғазаб шавад, вой бар ҳоли сарбози ҷавон. Ҳамин тарсу ҳарос боис мешавад, ки ҷавонон аз хидмати аскарӣ сарпечӣ мекунанд ва ё бо ришваву пора додан асноди қалбакиро соҳиб мешаванду худро аз хидмат фориғ мегардонанд. (Ришваситонии иддае аз комиссариатҳои ҳарбиро борҳо дар ВАУ нашр кардаанд ва ашхоси муҷрим сазовори ҷазо ҳам гардидаанд). Онҳое, ки хидматро анҷом медиҳанд ва дар ин давра аз "дед"-ҳо "навозиш" мебинанд, ҳангоми ба мартабаи "дед"-ӣ расидан, ҳамин ҳолро ба сари сарбозони ҷавон ҷорӣ мекунанд. Ин худ гувоҳ аст, ки то хидмат ва дар давраи хидмат корҳои таблиғотӣ ба таври сатҳӣ анҷом дода мешавад. Аз ҷониби дигар вақте бача дар мактаб саводи комил намегирад ва мафҳуми ватанро дар вуҷуди худ эҳсос карда наметавонад, ӯ ҳеҷ гоҳ ватандӯст буда наметавонад. Мо худ мекӯшем, ки шуури миллӣ ва эҳсоси ғурурмандиамон боло бурда нашавад. Дар ин замина агар рӯйирост бигӯем, коре анҷом дода намешавад.

Вақте сухани дурӯғро ҳар рӯз мешунавем, худ ба дурӯғ гуфтан одат мекунем. Миллате, ки ду¬рӯғгӯй аст, аз ӯ ҳеҷ гоҳе ватандӯст буданро набояд интизор шуд. Тасаввур кунед, ки субҳ ҳамин ки чашматро боз мекунӣ, аввалин чизе, ки мешунавӣ дурӯғ аст. Дар пардаҳои телевизион ба ҷои барномаҳои ҷолибу диданӣ дар мавзуоти ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ ҳар рӯз аз субҳ то шом лочу почҳое пахш мегардад, ки дидану шуниданашон ҳеҷ аҳамияте надорад. Рақсу сурудхонӣ тамоми рӯз идома меёбад ва як намоиш паи ҳам ҳафтаву моҳҳо ва солҳо пахш мегардад. Такрори бемавқеи филмҳо (воқеан ин филмҳо аз ёд шудаанд), худнамоии гурӯҳакҳое аз пардаҳои телевизион фақат ба хотири ин ки шахсиятҳои аввали ҷумҳурӣ онҳоро бишносанду дар оянда ба корҳои сатҳи баланд даъваташон намоянд, ҷавҳари барномаҳои телевизионӣ гардидааст. Хилоҳои эфирӣ боз ҳам бо сабаби он ки барномаҳои мушаххасе тарҳрезӣ ва таҳия намегардад, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки телевизион дар тарбияи ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо саҳме намегирад. Ҷомеаро дар рӯҳияи ҳунарманди рақсу суруд шудан тарбия менамояду халос. Шояд дар оянда ҳамин ҳунармандону раққосон мудофеин ва номбардорони ватану миллат гарданд?

АСКАРИ НАРАФТӢ, ВАЗИФА НАГИР

Тадбирҳоеро, ки масъулини ниҳодҳои мудофиавӣ бояд биандешанд, мутаассифона то ҳанӯз андешида нашудаанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қонунбарорӣ низ дар ин замина тадбиреву чорае иттихоз нагардидааст. Масалан, таҷрубаи кишвари ҳамсоя барои мо ҳам аз аҳамият холӣ нест. Фарз кардем, агар дар Узбакистон шахсе, ки хидмат накардааст, дар умури муҳими давлатӣ ба кор эъзом намегардад. Дар давлати Исроил онҳоеро, ки бо сабабҳои мухталиф аз хидмат сарпечӣ кардаанд, шахсони ғайриэътимодӣ мепиндоранд, мавқеи эшон дар ҷомеа заиф аст ва аз имтиёзҳое, ки барои шаҳрвандони яҳудӣ ва дигар миллатҳо муайян гардидааст, бархурдор нестанд. Дар Русия ҷавондухтарон бо ашхосе, ки дар суфуфи қувваҳои мусаллаҳ хидмат накардаанд, издивоҷро комил намеҳисобанд, зеро эшонро ашхоси маъюб ва ё оризманд мегуморанд ва ба ҷумлаи "мард"-ҳо дохилашон намекунанд. Яъне, кару калу кӯр ҳама дар ҷомеа мавқеи худро доранд ва дар як меъёри муайян зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд.

ХИДМАТИ АСКАРӢ ВАЗИФАИ "БЕСОҲИБОН"

Танҳо ба хотири ин ки аз хидмати аскарӣ фориғ гарданд, ҷавонони мо бо пардохти маблағҳои калон дар макотиби олии кишвар дохил мешаванд ва то он даме, ки донишҷӯ ҳастанд, аз хидмат озоданд. Ба хидмати аскарӣ ҳамон бесоҳибҳо, ки маблағу савод надоранд, даъват мешаванд. Вақте бо сарбозе ҳамсӯҳбат мешавӣ, (бо чанд тан сӯҳбатҳое доштем ва ин мавзӯъ пеши мо комилан рӯшан аст) ба зудӣ эҳсос мекунӣ, ки бача дар зиндагӣ комилан хом аст ва аз чизе хабардор нест. Дарси тарбияи бадан дар сатҳи хеле паст қарор дорад ва ё умуман бад-ин масъалаи муҳим аҳамияте дода намешавад. Яъне сарбози мо пас аз "дембел" шудан обутобёфта нест ва бо андоми лоғару мушакҳои заиф ба хонаву дарашон бармегарданд. Дарси мардонагӣ кам меомӯзанд ва бадани худро обу тоб намедиҳанд. Мафҳуми ватан ва ватандӯстиро аслан наомӯхта ва ин падида барояш бегона аст. Танҳо рӯзҳоро мешумораду аз хидмат раҳо шуданро интизорӣ мекашад.

МИЛЛАТИ БЕ ИДЕАЛ

Бадбахтӣ ва нокомии мо ин аст, ки ба ҷои идеалҳои миллӣ моро ғурури миллӣ меомӯзонанд ва ба ин кор ташвиқ мекунанд. Дар ҳоле ки агар миллат идеали миллӣ надошта бошад, пас чӣ гуна ӯ метавонад ғурури миллӣ дошта бошад? Вақте тамоми соҳоти зиндагиву рӯзгори моро фасод печонидааст ва пулу сарвату шиносу тағабозӣ мавқеи инсонро муайян мекунад, возеҳ аст, ки идеали миллӣ мурдааст. Миллате бидуни ҳадафу идеал аслан вуҷуд дошта наметавонад. Ва ҳамин нукот мутаассифона дар даъвати сарбозон ба хидмати аскарӣ нақши калидӣ мебозад. То имрӯз нашунидаам ва дар ҷое ҳам нахондаам, ки вазоратҳои қудратии кишвар кӯчактарин ислоҳоте дар низоми амалкунандаи худ гузаронида бошанд. Мисли солҳои низоми шӯравӣ шахси дар вазифа буда то он гоҳе, ки қалбаш метапад, корашро идома медиҳад.

Вазъи имрӯзаи мудофиавии кишвар таҳавуллоти бузургеро тақозо дорад. Қабл аз ҳама бояд сатҳи маишӣ ва зиндагии афсарону хидматчиёни ин ниҳодҳо нисбат ба тамоми дигар сохторҳои мулкии кишвар даҳчанд боло бурда шавад. Вақте фикри афсару хидматчиёни органҳои қудратии кишвар ба таъмини сатҳи маишии хонаводааш масруф бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар фикри хидмат кардан нест ва ҳамеша худро ба чизе ва ё касе мӯҳтоҷ медонад. Мафҳуми ватандӯстӣ ва боло бурдани сатҳи мудофиавии кишвар барояш чандон аҳамият нахоҳад дошт. Зеро, зану фарзанд ва онҳое, ки дар такаффулашон қарор доранд, ҳуқуқи зиндагии босаъодатро дороанд ва аз эшон ҳамеша ашёи мавриди ниёзашонро тақозо менамоянд. Дар акси сурат афсар фикру зикрашро танҳо ба таъмини ҳамин ниёзмандиҳои хонаводагӣ маътуф медораду бас.

САРБОЗӢ НАРАВӢ, МАБЛАҒРО БА ДАВЛАТ СУПОР

Вазоратҳои қудратии кишвар вобаста ба шароити имрӯза вазифадоранд лоиҳаеро ба парлумони кишвар пешниҳод намоянд ва ашхосеро, ки воқеан намехоҳанд дар суфуфи неруҳои мусаллаҳ хидмат намоянд, ба пардохти маблағҳои муайян мукаллаф намоянд. Ин амал дар чандин давлатҳои дунё амалӣ гардидааст ва имкон медиҳад, ки аз ин ҳисоб сатҳи маишии афсарону хидматчиёни сохторҳои низомӣ ва амниятии кишвар боло бурда шавад ва дар оянда як урдуи муназзаму қобили эътимод таъсис дода шавад. Маҳз ҳамин ниҳодҳои мудофиавӣ ва амниятии кишваранд, ки мардум осуда мехобанду кору фаъолият менамоянд. Эҳтиром ба афсару сарбози ватан яке аз рукнҳои муқаддаси башарӣ ва давлатдорӣ аст, ки бидуни мавҷудияти онҳо марзу буми кишвар осуда буда наметавонад. Аз имрӯз шурӯъ намуда, ба тариқи қарордод сарбозону афсаронро бояд ба хидмат даъват кард, то як урдуи обутоб дида дошта бошем ва ҳамзамон қобилияти мудофиавиамон таъмин гардад ва идеалу ғурури миллиамон пойдор бимонад. Аз ин ки ҷавонаки хому дунёнадидаро бо зарби шаллоқу тарс додан аз кӯчаҳо ба тариқи "облава" ба хидмат "даъват" менамоем, муроде ҳосил намешавад ва ба чизе комёб намегардем. Беҳтар аст, шакли қарордодии хидматро ҳамчун алтернатиф дар муқобили хидмати аскарӣ қарор бидиҳем. Ҳазорҳо тан ҷавонони тануманд ва афсарони эҳтиётии мо неруи кориашонро дар кишварҳои бегона сарф менамоянд ва агар дар ватан маоши хуб барояшон муҳайё гардад, ин неруҳо корҳои бузургеро дар амри таъмини қобилияти мудофиавӣ ва тарбияи идеалу ғурури миллӣ анҷом дода метавонанд. Бояд тамоми макотиби олии кишвар кафедраҳои ҳарбиашонро дубора фаъол намоянд. Зеро, мавҷудияти кафедраҳои низомӣ худ дар боло бурдани шуур, аҳдоф ва ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонон нақши муҳиммеро бозӣ хоҳад кард. Шарт нест, мо як урдуи садҳазор нафара дошта бошем. Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

200 марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!

Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97