Майдони фикри мардуми мо танг то ба кай…

Иҷтимоъ 18.10.2010 09:22

Ё зери ҳошияи хушунат ва зӯроварӣ дар оила

Оила бе ишқ оила нест, он бесидқ бесафост, оила инсонро бо риштаи қавии муҳаббат ва меҳр аз ҳар ҷонибу кӯе мекашад сӯи худ ва оила ҳаст, ки дар замири инсонҳо тухми имон сабз мешавад ва гул мекунад, садоқат ба Худованди якто қавитар мегардад.

 

Аммо, гоҳо дар оила амалҳое рух мезананд, ки аз шуниданаш боз ҳам инсон дар андеша мешавад. Аслан одамон бо хулқу атвори худ оилаҳои хешро ё ободтар месозанд ё баракс валангор. Солҳои охир вожаеро бо номи хушунат дар матбуоти давр ва нишасту конфронсҳо хеле зиёд мешунавему дар мавридаш андешаронӣ мекунем. Ва ҳадаф аз ин гуфтану андеша ронданҳо аз миён баркандани хушунат, яъне зӯроварӣ дар оилаҳост. Хушунат чист? Ва чаро солҳои охир ба як масъалаи рӯшани нигаронкунандаи қисме аз аҳли ҷомеа маҳсуб ёфт? Оё он ҳамсинну сол бо рӯзи пайдо гаштанаш дар матбуот аст ва ё...?

Ҷавоб пайдо намудан ба ин шакл суолҳои зиёду якмаънӣ мушкилӣ ҳам надорад, чаро ки ин маъниро мутаассифона ҳар кадоми мо бе ягон душворӣ дар ҷомеаи имрӯзӣ пайдо карда метавонем. Ва ин масъала аз касе пӯшида нест. Ва пӯшида нест, ки хушунат ва зӯроварӣ дар оилаи тоҷик таърихи пешина низ дорад, ки он ба шакли дигар, бо ибораи таҳқири ҳамдигарӣ ифода мешавад. Бубинед, на ифодаи аввалӣ гуворост ва на дуввумӣ. Ҳар дуи ин маънӣ ҳам аҳли хонаводаҳоро ба паст задани ҳамдигар мувоҷеҳ месозад. Яъне, вақте ки яке аз аҳли хонавода мехоҳад мақому манзалати худро иҷборан назди дигар аъзои оила хусусан ҳамсари худ, баландтар гузорад, аллакай ин замон аввалин нишонаи рух задани хушунат дар оила ба назар мерасад. Масъалаи хушунати оилавӣ на фақат масъалаи доғи рӯзғори бонувон аст, балки мутаассифона мардон ҳам хушунат мебинанд, аммо пӯшида нест, ки бештари маврид занон «сайди шикор»-и ин маънии номатлуб мегарданд. Дар зиёда оилаҳои минтақаҳои гуногуни кишвари мо бонувон ғайричашмдошт ба хеш хушунатро раво мебинанд. Шояд хонанда дар ин росто бо банда ҳамандеша набошад, аммо «ту» гуфта муроҷиат кардан ба зан ва бо ҳарфи калон «Шумо» гуфта, муносибат намудан ба мард, аллакай хушунат нисбати зан аст. Мусаллам аст, ки ҳам зан ва ҳам мард, ҳарду инсонанд, ҳардуро Худованд халқ кардааст ва бояд муносибату эҳтиром нисбати ҳарду дар як мақом сурат бигирад. Тули зиндагонӣ зан- модаронро васфу ситоиш мекунем. Шоиронамон шеър мебофанду мо онро бо дабдаву ҳамҳама мехонем ва боз ба он оҳанг ҷур карда месароем. Аммо гоҳо чашм мепӯшем, вақте мебинем, ки ҳақиртарин кас дар оила боз ҳам зан- модар аст. Аз ин ҷиҳат батакрор мегӯям, ки воқеан бештари маврид зани тоҷик дар оилаи хеш ру ба ру бо хушунату беқадрист. Ва ҳангоме, ки зан дар оилаи хеш таҳқир мебинад, ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ҷомеа як шахси муваффақ бошад.

Гоҳо мардони мо саропо «ғурур»-ӣ нозарур мешаванд, ки он ҳам ифода меёбад дар таҳқир кардани бонуи хонадон. Ба андешаи бархе аз мардон, зан бояд ҳамагӣ дар кунҷи хона биншинаду ба қавле ба тарбияи фарзандон машғул бошад. Аммо кадом тарбия, вақте ки зан аз кунҷи хона ба ҷое намебарояд ва касеро намебинаду касеро намешунавад? Аз ҷомеа чизе намеомӯзад, то онро ба фарзанди худ биомӯзад. Шояд мардон мегӯянд, ки аз ҷомеаи имрӯза чизе омӯхта намешавад? Саҳв мекунанд. Ба ин гуна хулосабарориҳои бархе аз мардон ҷавоб ин аст, ки зиндагии мардумоне, ки дар атрофи мо умр ба сар мебаранд, пандҳои ибратомӯзи беше дорад, ҳатто аз бадтарин чизе панд гирифтан имконпазир аст. Ва лоиқ ба ёдарас аст, ки андешаи аз беадабон панд гирифтани Луқмони Ҳаким низ ба ҳамин маъност.

Дар ҳолатҳои дигар мардон андеша доранд, ки марди ҳақиқиро ҳамсараш бояд кор накунад, (манзур кори берун аз хона аст). Мардони ба қавле ҳақиқии мо дар ин ҳолат фикр доранд, ки зану фарзандро бояд фақат мард хуронаду пӯшонад. Яқин аст, ки ин гуна андешаҳо замоне ба сари эшон меояд, ки ҳанӯз вазнинии бори зиндагиро дар шонаҳои худ эҳсос накардаанд. Ҳанӯз ҳамагӣ як фарзанд доранд, ё ду фарзанд, ё ки ҳоло умуман фарзанддор нашудаанд. Ва далелҳое мавҷуданд, ки мардоне, ки замоне мушт ба сина куфта:- «ман мехуронаму ман мепӯшонам»,- гуфтанд, пас аз соҳиби чор, панҷ ва шаш фарзанд шудан, зери бори гарони рӯзғор пахш гашта, кулли зиндагӣ ва кору борашро низ бар дӯши зан партофта, ҳатто маротибае ба пас нанигариста, бо баҳонаи мардикорӣ ҷониби кишвари дигар шитофтанд. Ва иддае аз эшон дигар барнагаштанд… Ин ҷо пораеро аз қиссае меорем, ки шоҳидаш гаштаем ва ба қавле баъзе аз   қаҳрамонони ин қисса ҳанӯз ҳам аробаи зиндагӣ мекашанд…

Салима ном ҷавондухтари нозпарварди айёми шуравӣ дуввумину охирин фарзанди волидони худ буд. Падару модар духтарашонро хеле эрка ба воя расонида буданд, аммо Салима ба ҳама нозукиву эркагӣ нигоҳ накарда, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, зиёда ҳунарҳои замонаву занонаро аз худ карда буд. Дар баробари ин духтари зебо ҳам буд. Пас аз фурсати хеле кӯтоҳи хатми мактаб Амирбек ном ҷавони сарватманд ӯро хостгорӣ кард, падар орзӯҳои дар қалби ҷавонаш парвардаи духтарашро фаромӯш карда, ӯро ба шавҳар дод. Амирбек - наход зӯри ман нарасад, ки туро хӯронам,- гуфта, Салимаро на ба хондан иҷозат доду на барои дар ҷое кор кардан. Тӯли зиндагӣ ҳама чизи мехостаи ҳамсарашро пайдо карда меовард, хоҳ пӯшиданӣ бошад, хоҳ хӯрданӣ. То хонаи ҳамсоя Салима мошинсавор мерафт, ба тасвир пошнаи туфлиҳои хориҷиаш бӯи хоки заминро боре ҳам ҳис накарда буданд. Ҳама хешу табор дар хидмати Салимаву Амирбек буданд, пештарину навтарин матоъ моли ҳадяи ӯ буд. Зиндагӣ ҳамин хел шоҳона идома кардан мегирифт. Умуман гӯё ҳама хубу ҳама олӣ буд…

Аммо, бо гузашти солҳо замоне расид, ки даврони дигаргуниҳову мушкилоти зиндагӣ пеш омад, аз ҳама он дороиву «султонӣ» дигар фақат чор пояи сутуни барқади хонаи барҳавои холӣ боқӣ монда буду халос. На дигар мошину на атласу на кимхо. Фақат нӯҳ нафар бачаи наврасу ноболиғ, шавҳари бе ҷои кор ва Салимаи маҳрумшуда аз нерӯи ҷавонӣ. Амирбек ягона василаи наҷотро дар мардикорӣ дар кишвари Русия дид. Рафт ба мардикорӣ. Рафту дигар наомад, бедарак шуд. Фақат хабараш меомад, ки пули ёфтагиашро дар ишкамаш мехӯраду тамом… Аз миён солҳо мегузаштанд, зиндагии вазнин ва таъминоти оила ҳама дигар бар дӯши Салима уфтода буд. Ӯ ҳамагӣ аз Худованд талаб мекард, ки шавҳараш сиҳату саломат баргардад, ҳунарҳои айёми духтарӣ омӯхтаашро, ба монанди пухту пазу духту дӯз истифода карда, як каму беш рӯзи бачаҳояшро мегузаронд, ба қавле барои зинда мондани онон кӯмак мекард. Аммо чун бачаҳои наврас қадрас мешуданд, бори рӯзғор боз ҳам гаронтар мегашт. Бори ғам бошад, Салимаро лоғартару бемадор сохта буд…

Азобҳои сангини зиндагии солҳои навадум як–як паси сар мешуданду бачаҳои Салима ба воя мерасиданд, аммо аз Амирбек ҳанӯз ҳам дарак набуд, марди «ботакаббури баору номус» дигар аз ҳоли зану фарзандон фаромӯш карда буд. Дар кишвари бегона, шояд   зистан осонтар буд, ки аз ин ҷиҳат хонуми русӣ пайдо кард … Яке аз зимистонҳои сарди зиндагӣ Салима писари ба воя расидааш Рустамро ба ҷустуҷӯи падар фиристод. Гуфт- падаратро гирифта биёр, бачам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Амирбек бо ҷайби холӣ ҳамроҳи писар ба Ватан баргашт. Хеле сархаму шарманда омад. Аммо Салимаву фарзандон ӯро бо хушҳоливу шукрона пешвоз гирифтанд. Вале бори вазнини зиндагӣ дар ҳаққи Салима кори худро кайҳо карда буд, ӯ бо иллати хуруҷ кардани саратон дар ҷисмаш ба бемористон афтид. Пас аз ҳафтаи дар беморхона хобидани занаш Амирбек аллакай нақшаи зани нав гирифтанро мекашид. Пинҳонӣ аз Салимаи бемор хонаи зани наваш мерафту меомад, ӯро болои зани аввал никоҳ карда буд. Пас аз як моҳи дар бемористон бистарӣ шудан Салима аз олам даргузашт…

Пас аз ҳафтаи марги ӯ шавҳар ба хона зани навашро овард. Фарзандон дар ҷои ҳанӯз нақши пои модарашон тоза нашуда, гаштугузори моиндарро дида наметавонистанд, хеле гаронӣ мекард ин дард барошон. Фақат Амирбек аз ин парвое надошт. Духтари дуввуми Салима, Гулнора аз фишори фироқи модар ва ҷилваҳои нобаҳангоми модарандар ғамбемор шуда, аз дунё чашм пӯшид. Ин оила дигар сафинаи нимшикастаеро   мемонд, ки на ба пеш шино карда метавонист ва на аз ҷояш ба қафо ҳаракат мекард. Ҳама дар пас монда буд, аммо дигар ба пас ҳам баргашта намешуд… Дар ин хонадон пас аз марги модару хоҳар ҳатто зиндаҳо ҳам дигар худро мисли мурда эҳсос мекарданд. Фақат Амирбек гӯё «шикастнопазир» буд, арусакҳои ба ҳавлӣ овардааш яке паи дигаре меомаданду мерафтанд…

Хонандаи зираку закӣ бе шарҳу тавзеҳи иловагӣ аллакай дарк кард, ки нишонаи аввлаини ба шикаст рубару шудани ин оила кадом замон сар зад ва сабабгори аслии он кӣ буд. Ва ин мисол яке аз ҳодисаҳоест, ки ин ҷо оварда шуд, бадбахтона ба ин монанд мисолҳо ва аз ин бадтар дар ҷомеаи мо ангуштшумор нестанд.

Дар ҷомеаи имрӯзӣ ташкилоту ҷамиятҳое, ки баҳри бартараф намудани хушунати хонаводагӣ талош мекунанд, шояд аллакай амалҳои зиёдеро дар ин ҷода руи кор овардаанд. Бонувони мо акнун хуб дарк мекунанд, ки дар бештари маврид дар оилаҳояшон ҳуқуқҳояшон помол мегардад ва ба зуровариву таҳқир рубару мешаванд. Аммо аз ин огоҳӣ ва донистанҳо ҳосил чӣ? Беҳтар он аст, ки бо мардоне кор бурда шавад, ки дар шаклҳои гуногун аҳли хонаводаи худро мувоҷеҳи хушунат месозанду ин амали худро як кори муқаррарӣ ва расмшуда меҳисобанд. Аз ин масъала агар ҳар қадар бонувон иттилои бештар пайдо кунанду мардон камтар, хушунат дар оилаҳо боз бештар мешаваду кам не. Яъне ҳамагӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон барои рафъи масъала нокифоят аст. Мардон низ бояд ба ин раванд ҷалб шаванд. Бештар дар конфронсу семинорҳои бахшида ба ин мавзӯъ занон ҷалб мешаванд, дар тренингу ҷаласаҳое, ки миёни мардуми деҳот гузаронида мешавад, бонувон даъват мешаванд, ё ки мардон даъват шаванд ҳам, онон аз ширкат бештари маврид саркашӣ мекунанд. Гӯрӯҳе аз мардони мо метарсанд, ки зери таъсири ин гуна ҷаласаву огоҳкунониҳо занҳо ҳуқуқдон шуда, дар натиҷа (ба ибораи бофтаи қисме аз аҳли ҷомеа), мардҳо «занкалон» мешаванд. Имрӯз дар хонаводае, ки нуфузи зан то як андоза баланд асту баробари мард суханаш қурб дорад, мутаасифона чунин баҳогузорӣ мешавад ва мардони мо аз номнавис шудан ба ин гурӯҳ метарсанд. Ва ҳатто кӯшиш мекунанд, ки вақту бевақт дар оилаҳои худ садо баланд карда, беасос ҷангу хархаша кунанд, то ҳам ба қавле саривақт «алови чашми» бонуи хонадон гирифта шавад, ҳам ҳамсояҳо донанд, ки ин мард занкалон нест. Дар сари занаш зӯр аст. Аҷаб ифтихоре…

Бонувони мо ҳам гоҳо намехоҳанд, ки дар атроф дар бораашон чунин баҳогузорӣ кунанд. Онҳо ҳатто розӣ ҳастанд, ки аз марди хонадон ҳақорат бишнаванд ва дар баъзе маврид ҳатто ба мушту лагад ҳам тоб меоранд, аммо бардошти ифодаи зикршуда барошон гаронӣ мекунад. Аҷаб зиндагие дорем, мо мардум. Ба ҷои оне, ки бештар дар фикри беҳбудии ҳолати рӯзғори хеш бошем, бештар такя ба андешаи ҳамсоя мекунем. Маънии «ҳамсоя чӣ мегӯяд» ҳама вақт таъқибамон мекунад ва мақоми баландтаре дорад нисбат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром гузоштан ба аҳли хонавода.

Яке аз иллатҳои сар задан ё ки барҳам нахурдани мушкилоти хушунат, ин ба асри бистуяк- асри дигаргуниву таҳаввулот ва пешрафтҳо ворид шудани мардум бо андешаҳои куҳан аст. Қисме аз мардуми мо ҳанӯз намефаҳманд ё дарк кардан намехоҳанд, ки ба асри тоза бо афкори тоза ворид шудан муносибтар аст. Мисле ки агар ба манзили нав ворид шавем, ҳатман бо колои нав ворид мешавем.

Вале чӣ гӯем, ки:

Майдони фикри мардуми мо танг то ба кай,

Пои талаб ба арсаи мо ланг то ба кай?

Дунёи нав ба ҷомаи нав гашт хушнамо,

Мо мекунем ба кӯҳнаи худ ранг то ба кай?

(Бориқ Шафеӣ)

Ба андешаи банда назаррастарин хавфе, ки дар оянда барои хушунат дидани бонувони тоҷик замина фароҳам меорад, пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ идома надодани таҳсил барои ҷавондухтарони имрӯз аст. Аммо вобаста ба ин, масъалаи нигаронсозандаи дигар он аст, ки занону духтарон дар зиндагӣ на танҳо аз шавҳар, балки аз ҷониби волидон ва бародарони худ ҳам хушунат мебинанд. Бештари маврид падарон ва бародарон садди роҳи идома додани таҳсили онҳо мешаванд. Дар ин масъала муносибати модарон дигартар аст. Дар баробари ин қариб ҳамаи мо борҳо шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки пас аз хонавайрон шуда, ба манзили падар баргашта омадани духтарон, маҳз бародарон ва ҳамсарони онҳо мушкилот ба миён меоранд. Ҷанги маъмулии янгаву хоҳаршӯ аз ҷумлаи ҳамин мушкилот аст.

Бемаълумотиву дорои ягон ҳунари мушаххас набудан, гирифтори таҳқиру мушту лагади шавҳар ва ё наздикони ӯ гаштан, ниҳоят хонавайрон шудан ва бо якчанд тифлаки нигарон дар чорроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондан, бе баҳс дар натиҷаи саривақт ҷое таҳсил накардан ва маълумоти касбӣ нагирифтан аст. Соҳибҳунару соҳибилм будан, дар бештари масоил метавонад инсонро аз мушкилоти мухталифи зиндагӣ эмин дораду аз вартаи ноумедиҳо ӯро раҳоӣ бубахшад.

Масоили сарбаставу гиреҳхурдаи оилаҳои мо ки дар доираи хушунату зуроварӣ зуҳур меёбанд, мутаасифона, ки кам нестанд, хеле зиёданд. Аммо шояд чизеро ки аён аст дигар ҳоҷат ба баён набошад, вале зиёд мехоҳем, ки мардони мо аз доираи баъзе одатҳои қолабиву фартутшудаи кӯҳнаи худ берун шаванд ва дунёро бо назари дигар бубинанд. Эҳсос намоянд, ки дар ягон давру замон зуровариву фишору хушунати бепояву ноҷо ба касе манфиат наоварда буд. Хусусан агар сухан аз хушунати оилавӣ биравад.

Оила то ба он андоза бояд поку муқаддас бошад, ки ҳатто гарде аз нопокиҳо ба он роҳ наёбад. Мардони тоҷик муваззафанд, ки бонувони худро дар баробари модарону хоҳарони хеш эҳтиром бигзоранд. Дигар онҳоро ҳамагӣ ҳамчун як ҳукмшудае ба «унвони» «паршикаста» ё «заиф» баҳогузорӣ накунанд. Ҳаёт дар шебу фароз ва ҷараёни пурталотуми худ борҳо собит намудааст, ки занҳо дар талоши зиндагӣ кардан ҳеҷ гоҳе аз мардон камӣ надоштанд ва дар ҳама ҷабҳаҳо метавонанд ба онон баробар шудан.

Солҳои охир барои мардони тоҷик одат шудааст, ба кишварҳои дигар мардикорӣ рафтану он ҷо оилаи нав бунёд кардан ва аз хонаводаи хеш фаромӯш намудан. Аҷаб беинсофӣ ва амали манфуре... Ин ҷо аҳли хонаводаи худро аз муҳаббат, меҳрубонӣ, осудаҳолӣ ва умуман қариб аз ҳама хубиҳои зиндагӣ маҳрум кардан ва он ҷо думболи хонуми дигаре шудан... Бонувони «бечора»-и мо бошанд, он қадар ҳалиму меҳрубон ва бахшандаанд, ки ҳатто ҳамин гуна муносибату таҳқирро низ кори тақдиру сарнавишт гумошта, шукронаи ҳама чизи доштаашон мекунанд. Ва аз Худованди меҳрубон ҳамагӣ талаби саломат ва бедарду зиллат баргаштани ҳамсафарони умри худро мекунанд.

Пас, ҷавонмардони моро дигар чӣ мемонад, ба ҷуз аз боре худ бо худ дар танҳоӣ сӯҳбат кардан, кулли амали худро дар тарозуи хирад баркашидан, аз доираи саҳву хатоҳои хеш берун шудан ва ниҳоят дар канори аҳли хонаводаи худ хушбахтонаву сарбаландона умр ба сар бурдан.

Моҳсафари ЯҲЁЗОД, журналист

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97