Ояндаи мо ё сабақи туркманӣ?

Иҷтимоъ 09.10.2010 12:58
2124

Туркман бурд,

тоҷик бохт

Пурсишу мушоҳидаҳо ва иттилооте, ки дар даст дорем, собит сохта, ки туркманҳо аз ҷумлаи пурсабртарин миллатеанд, ки дар Осиёи Миёна шинохта шудаанд ва сарбориҳои сангини рӯзгорро бо сабру таҳаммули хоссае доранд пушти сар мекунанд.

Ба қавли маъруф агар «дар сарашон чормағз шиканӣ ҳам, садо баланд намекунанд». Хислатҳои наҷиби эшон, аз қабили парҳезкорӣ, канораҷӯӣ аз ғайбату танқиду хашму бухлу кина ва аз сиёсат дурӣ ҷӯстану таваҷҷуҳ ба ҳунару санъат намудан, имкон фароҳам овардааст, ки ин миллат дар тӯли қарнҳо дар муҳити сулҳу осоиштагӣ давлати миллии худро бунёд созад ва имрӯз ба яке аз кишварҳои сарватманди минтақа табдил ёбад. Ҳамин сабру таҳаммул ва якдигарфаҳмии туркманҳо буд, ки дар тӯли беш аз 20 соли ҳукмронии Туркманбошӣ бо сиёсат ва хатти маши раҳбари худ созиш намуданд ва имрӯз ба яке аз манобеи тавлидотии нафту гоз дар минтақа шинохта шудаанд. Туркманҳо нахуст миллатеанд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ давлати худро бидуни ҷангу ҷидол ва дарҳамкашӣ бунёд намуданд.

Бар тибқи иттилои коршиносон сиёсати солими давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Туркманистон пас аз ба сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимаҳаммадов оғоз гардид. Ҳадафи аслӣ ва барномаҳои дурнамои давлати кунунии туркманҳо зиндагии мураффаҳе барои ояндагон эъмор кардан аст. Яке аз сабабҳои асосии суботи ҷомеаро туркманҳо дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебинанд ва бо ин мақсад шабу рӯз кору пайкор доранд.

Мардуми дур аз сиёсату

фориғ аз ҳангома

Дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон мо як гурӯҳ рӯзноманигорон ба ноҳияи Ҷиликӯл, онҷо ки туркманҳо беш аз чаҳорсад сол сукунат доранд, сафар намудем. Таассуроти беҳтарине, ки аз ин сафар бардоштем, ин буд, ки туркманҳо ба зиндагӣ ва рӯзгори хеш меҳру алоқаи беандозае доранд, ки аз бисёр ҷиҳат намунаи ибрат аст. Яке аз хислатҳои наҷиби ин мардум дурӣ ҷӯстан аз сиёсату сиёсатбозиҳост. Ба зиндагӣ бо чашми воқеият менигаранд ва қазову қадарро барои худ амри табиӣ мегуморанд.

Туркманҳо меоянд!

Дар асоси гуфтаҳои туркманҳои рӯзгордидаи Ҷилликӯл сукунати онҳо дар ин ноҳия таърихи беш аз 400 сола дошта, имрӯз 26-27% аҳолии ноҳияро аққалиятҳои миллии туркман ташкил медиҳанд. Муносибати бародарона ва дӯстонаи тоҷику туркман шароит фароҳам оварда, ки онҳо Тоҷикистонро ватани аҷдодии худ меҳисобанд. Вақти сӯҳбат бо туркманҳои рустоии Ҷилликул эҳсос мешуд, ки онҳо хело ҳам ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд. Меҳра Ҷамал, шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, ки бо ҳамазбони тоҷикистонии худ Тӯра Ҷумъаев оила барпо намуда, 14 сол аст дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад, нисбат ба ин обу хок ва миллати тоҷик бо як меҳру садоқати сӯзон сухан мегӯяд:- соли 1996 зимни сафари ҳунарии туркманҳои Тоҷикистон дар Туркманистон бо шавҳари имрӯзаам Тӯра Ҷумъаев шинос шудам. Ӯ ончунон дар бораи Тоҷикистон нақл мекард, ки ман ба ин ватани афсонавӣ ғоибан ошиқ шудам ва ба ин сарзамин меҳр бастам. Вақте ба Тоҷикистон омадам, онро хеле зебо дарёфтам ва мардум пас аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ дар умури бунёдсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ машғули кору фаъолият буданд. Ҳар гоҳ ба дидори волидайнам ба Туркманистон меравам, маро хумори ин обу хок дубора зуд ба ин ҷо меорад. Тоҷикистон ва мардуми он воқеан дӯстдоштанианд…

Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд мебошанд. Тозагул духтари ягонаи хонадон мегӯяд, ки барои дар оянда рӯзноманигор шудан дар мактаби тоҷикӣ таҳсил дорад ва забони тоҷикиро хеле дӯст медорад. Ӯ гуфт, ки мехоҳад дар қатори дигар фарзандони ин миллат аз адабу шеъри ширину гуворои миллати кӯҳанбунёди форсу тоҷик ба куллӣ бархурдор бошад.

Мушкили таълим дар

мактабҳои туркманӣ

Бино ба қавли раиси хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷилликӯл Бекмурод Холов дар хоҷагии онҳо беш аз 6 ҳазор туркман зиндагӣ мекунанд. Гарчанде туркманҳо ба корҳои хоҷагидорӣ шавқу рағбати зиёд дошта бошанд ҳам, аммо вақти берун аз корро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ сарф мекунанд. Ягона мушкилоти туркманҳои Ҷилликӯл он аст, ки солҳои охир китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ бо забони туркманӣ пурра дастрас намешавад. Даврон Алимуродов як тан аз сокинони хоҷагӣ иброз дошт, ки ин қазия пас аз ба алифбои лотинӣ гузаштани Туркманистон рух додааст. Дар ноҳияи Ҷилликӯл дар 8 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таълим барои 2577 хонанда бо забони туркманӣ ба роҳ монда шудааст. Талабаҳо аз адабиёте, ки 20 сол қабл тадрис мегардид, истифода менамоянд.Омӯзгорони туркман барномаҳои таълимии макотиби тоҷикиро ҳамарӯза аз забони тоҷикӣ ба туркманӣ тарҷума карда, ба шогирдон меомӯзонанд, ки ин дар ҳоли ҳозир ва оянда мушкилоти дигареро ба бор меоварад. Аммо то имрӯз чунин як масъалаи доғ касе аз масъулинро ба ташвиш наовардааст.

Руҷӯъи туркманҳо ба

мактабҳои тоҷикӣ

Имомназар Худойберенов беш аз 32 сол мешавад, ки дар мактаби таҳсилоти умумии ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродови ноҳияи Ҷилликӯл аз фанни биология бо забони туркманӣ дарс мегӯяд. Имсол ӯ набераашро ба синфи якуми мактаби тоҷикӣ супурд. Ӯ мегӯяд:-Бо мақсади он ки набераам забони тоҷикиро биомӯзад ва дар оянда дар макотиби олии кишвар дохил шавад, ӯро ба мактаби тоҷикӣ овардам. Вале як матлаб маро ба ташвиш овардааст, ки тақдири беш аз 2000 нафар фарзандони туркман дар оянда чӣ мешуда бошад? Ин фикрро муовини сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷилликӯл Илчибек Аҳмадбеков низ таъйид намуда, тадобири лозимиро дар амри ҳалли қазияи мазкур тақозо менамояд.

Сабақи туркманӣ

ва сулҳи тоҷикон

Нуқтаи ҷолибе, ки бароям кашф гардид, ин буд ки туркманҳо ҳеҷ гоҳе мушкилоти иҷтимоии худро овозаву дарвоза намекунанд ва дар ин бора чандон хуши сухан гуфтан ҳам надоранд. Ҳамсӯҳбати мо, ки номашро нахост ифшо кунад, мегӯяд, «вақте дарду мушкилоти зиндагиро ба забон овардан гирифтӣ роҳи ҳалли масъала мураккабтару сангинтар мешавад.Муҳим ин аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилот тадбир бояд ҷӯст».

Тавре мебинем, дар як гӯшаи ҷануби Тоҷикистон туркманҳои муқимӣ буду бош доранд, ки бо маданият, муоширату гуфтору кирдори хоси худ барои дигарон намунаи ибратанд. Дар фазои сулҳу оромӣ зистанро беҳтарин неъмат барои худ медонанд ва аз гуфтору кирдорашон бармеояд, ки барои ҳифзи муқаддасоти ватан ва нигаҳ доштани фазои ором омодаанд ба по хезанд ва нагзоранд, ки бадхоҳе ин оромиро халалдор созад. Онҳоеро, ки имрӯз мехоҳанд кишвари моро дубора ба коми оташ бикашанд, сахт маҳкум менамоянд. Чунин афродро ба гургони даррандаву ҳарис мушобеҳ месозанд ва ҳар дафъа омодаанд бо онҳо дар мубориза ва набард бошанд, то оромии кишвар ва тамомияти арзии онро таъмин намоянд ва зиндагии басаъодату мураффаҳеро барои насли баъдӣ таъмин намоянд. Мехоҳанд мардум сиёсатзада набошанд ва ба эҳсосот роҳ надиҳанд. Онҳоеро, ки ба миллат ва дастовардҳои ин кишвар бо чашми бухл ва ҳасаду кинаву нафрат менигаранд, маҳкум менамоянд. Ба пиндори эшон Тоҷикистон воқеан кишвари тамаддунофару биҳиштиест, ки назирашро наметавон дар ақсои олам пайдо намуд. Ҳамин сулҳу ваҳдате, ки мо ба даст овардаем, намунаи ибрати оламиён аст ва онро набояд касе   мунҳал созад.

Вақти он расида, ки сатҳи фарҳангшиносии мардумро баланд бардошта, зеҳниятҳои онҳоро аз фикру андешаҳои сиёсӣ раҳо намоем? Чаро дар сӯҳбатҳои туркманҳои Ҷилликӯл баланд бардоштани ҳосилнокии боғҳои анору таҷдиди дӯконҳои қолинбофию дигар масоили муҳими зиндагӣ муҳокима мешаваду дар маҳофили сари кӯчаву бозору корзорҳои мо мавзӯъҳое матраҳ мешаванд, ки аслан ба ободонӣ ва пешрафти ҳаёти иқтисодии мо рабте надоранд. Ҳама сиёсатбозу сиёсатдон шудаанд ва масоили сиёсиро ҳар кадом аз нигоҳи худ, ки он ҳам ғалату хатарнок аст, арзёбӣ менамоянд. Биёед, фарҳанги таҳаммулпазириро аз туркманҳо, ки яқинан онро аз ирониён ба мерос гирифтаанд, биомӯзем. Сулҳро, ки ягона дастоварди 19 солаи соҳибистиқлоли мост рахна насозем. Агар дар ин сангар қарор дорем ва агар дар сангари дигар.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97