Мо дар ватан таҳқир мешавем. Ё бад-он зиндагонӣ бибояд гирист

Иҷтимоъ 06.10.2010 18:24
2332Миша Галустян бо барномаҳои музҳики худ аз тариқи барномаҳои телевизиюн ҳар замон моро таҳқир мекунад, ва бад-ин васила симои миллатро кайҳост дар тамоми Руссия «муаррафӣ» кардааст. Имрӯз филмҳои бадеии зиёде дар пардаҳои барномаҳои мухталифи телевизиони Руссия дар маърази намоиш аст, ки тоҷикро ҳар замон паст мезанад ва

як героинфурӯшу дузду қаллоб ба дигарон мешиносонадаш. Дар филме ҳатто бачаҳои хурдсоли рус аз дидораш ҳазар менамоянд.

Мо меранҷем, ки чаро як маймунбашарае бидуни далеле моро таҳқир мекунаду дар муқобилаш коре аз дастамон намеояд. Ин тоифаи манҳус дар ҷомеаи бузурге афкори умумро эҷод мекунанд ва мардумро бар зидди тоҷик мешӯронанду даҳҳо бечораву бегуноҳро қурбони саркалҳо ва миллатгароёни рус мегардонанд…

Меранҷем аз он, ки моро дар ғурбат таҳқир мекунанд ва ҳатто як корманди пулис бо алфози тамасхуромезе наҳамон мезанад. Меранҷем, ки чаро мисли дигар миллатҳои собиқ шӯравӣ дар шаҳрҳои Руссия диаспора надорему касе пуштибонамон нест. Диаспораи мо, ки бо ном вуҷуд дорад, худ мӯҳтоҷи кӯмаку дастгирист.   Лоф заданҳои эшон танхо дар сухан аст. Аксаран дидаем, ки онҳо ҳамватанони худро дар хориҷ истисмор мекунанд, дороии бо ҳазор заҳмат ба даст овардаашонро ба яғмо мебаранд. Мисли ғулом ҳамватани худро истифода мебаранд ва ба сони як ғуломаке ба арзонӣ ба сарватманде   мефурӯшанд. Тоҷик дар ғурбат аз тоҷик бим дорад. (Инҳо мушоҳидаҳои шахсии бандаанд, ки дар шаҳрҳои мухталифи Руссия дидаам).

Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо аз тақдири шуми ин миллат бо сӯзу гудоз менависанду меноланд. Ин сатрҳоро онҳое эҷод мекунанд, ки воқеан дилашон аз вазъи баду таҳқиромези ҳамватанонашон дар хориҷ аз кишвар ба дард меояд ва бо ҳамин навиштанҳо каме худро таскин медиҳанд. Ҷомеаро мехоҳанд ба баҳс бикашанд ва дар ҳалли масъала тадбир биандешанд. Аммо ин гуфтанҳову навиштанҳо анқариби бист сол ҳамоно бетағйир аст ва ҳоле ки миллат дар шаҳрҳои бегона дорад аз бад бадтар мегардад.

Меранҷему менолем, ки моро дар хориҷ таҳқир мекунанд, вале боре намеандешем, ки ин таҳқирҳо дар муқобили таҳқирҳое, ки дар ватан мебинем, хеле ночиз аст. Вақте ҳар рӯз ва ҳамеша таҳқир мешунавем, дигар ба он одат мекунем ва миллате беномусу беғайрат тарбия меёбем. Чаро мо ба ин вазъ рӯ ба рӯ мешавему сарнавишти талху нангбореро пушти шонаҳои худ мебардорем? Чаро то ин дам роҳерову тадбиреро пайдо накардаем, то ин ҳама таҳқирҳоро аз китфони худ поин намоем? Сабаб чист, ки тоҷик аз азал бояд таҳқир бишнавад…? Ин ҳама сабабҳоро сабаҳост, ки аз худи мо ба худи мо интиқол меёбад. Мо ки дар ватани худ таҳқир мебинем, набояд гиллае аз бегонагон дошта бошем. Таҳқире, ки мо худ сари якдигар мерезем, сангинтару дардовартар аз таҳқири бегонагон аст.

Вақте туро бидуни он ки ҷурме содир кардаӣ, нохалафе таҳқир мекунад, вақте ту аз ҳаққи ҳалоли худ ҳарф мезанӣ, дучори сияҳрӯзӣ мегардӣ, вақте мехоҳӣ зиндагии мураффаҳе барпо кунӣ, ҳа-моно санги маломатҳо мисли борони баҳорӣ сӯят сарозер мегардад, вақте мех-оҳӣ мавқее дар ҷомеа касб кунӣ, ба ту мегӯянд, ки ҳама ҷойҳо банд аст, вақте мехоҳӣ номусатро ҳимоя намоӣ, мегӯянд, мо кайҳост онро шикастаем, вақте мехоҳӣ аз ақл кор бигирӣ, мегӯянд моро беақлӣ болост, вақте мехоҳӣ мавқеатро бифаҳмӣ, мегӯянд, мавқеъ надорӣ, вақте мехоҳӣ арзу дод бигӯӣ, мегӯянд додгоҳеву додшунаве нест, вақте мехоҳӣ адлро биҷӯӣ, мегӯянд адл ҳақиқатест дурӯғ, вақте мехоҳӣ… дар ҳама холатҳо аксе аз гуфтаҳоятро мешнавӣ. Пас ту таҳқирдида нестӣ?!

Ба киштии вайрон гузаштан ба об, 

Беҳ ояд, ки дар кардан шитоб. 

Дар маҳофилу маҷолис сухане барои ақл боқӣ намондааст. Кӯҳнагадои нав ба давлат расида сарвари садорати маҷлис гашта, ҳамчун носеҳе насоёе медиҳад, ки бӯи тунду тезаш чашму гулӯро ба сӯзиш меоварад. Ҳама медонанд, ки суде аз ин гӯшкарданҳо нест, вале ҳамоно маҷбуранд сухани таҳқирро бишнаванд.

Вақте барои зиндагии дурахшон умеде боқӣ намемонад, вақте туро ҳар қадам фиреб медиҳанд, вақте ту як махлуқи ночизе шинохта мешавӣ, вақте шикам пур кардан мояи ифтихори ту мегардад, вақте ҳалолу ҳаромро бо ҳам меомезӣ, вақте зану фарзанд, хоҳару наздиконат дар ҷодаҳои фаҳшу бадномиву русвоӣ гом мезананд, вақте фоҳишае зимоми идораи раёсатро ба ӯҳда мегирад, вақте туро аз нигоҳи маҳалли ҷуғрофиат ба кор намегиранд, вақте ба ту мисли бардае муроҷиат мекунанд, вақте мардум дурӯғро рост мепиндорад ва сухани ҳақро ба маънии ботил дар ҳам меомезанд, вақте муборизаро дар зистан намебинӣ, вақте зистанро барои зистан дарнамеёбӣ, вақте… Пас, аз ту дида таҳқиршудатар касе ҳаст?!

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ӯ ба марғазан бошад. 

Зистану сохтан ба хотири ояндагон насиҳати ниёкони мост ва имрӯз ин ҳама пандҳо шикаста мешаванд. Таърих бо абармардонаш ба зуболадони таърих партоб мегардад ва дар умқу жарфнои касиф макону мақоми худро дармеёбад. Тамаддуну тафаккури қарнҳо эҷод шуда дорад таҳқир мебинад. Чоруқпӯше таъриху тамаддуни тозае меофарад ва дарси зиндагиву рӯзгоре дар тамаддуни ҷадид эҷод менамояд. Афкори ҷаълӣ ва носолиме, ки бӯи ду-рӯғинаш муҳитро масмуму заҳролуд кардааст ва бӯи гандидаву пӯсидааш фазои софу беғуборро бадбӯй гардонидааст, маҳаки зиндагиву кору бори мо қарор гирифтааст. Вақте дар чунин муҳит ба сар мебарӣ, пас ту таҳқирдида нестӣ?!

Бе ҳунар давлат поянда набошад бас дер,

Давлат он бошад поянда, ки ёбӣ бо ҳунар

Вақте фикрат мехусбаду эҳсосоти буруниву даруниат мемирад, вақте аз шунидани алфози қабеҳ гӯшҳоят ношунаво мешавад, вақте бедории ту хусбидани туст ва хусбиданат бедорӣ, вақте дидор бо инсонро орзу мекунӣ, вақте мехоҳӣ сухане нек бишнавӣ, вақте ғараз пардаҳои гӯшҳоятро медаронад ва суду тамаъҷӯӣ меъёри зиндагият мегардад, пас аз адл ва ҳалол сухан магӯ, ки ин ҳама барои дигарон таҳқир аст.

Хуфта бедор кардан осон аст, 

Ғофилу мурда ҳар ду яксон аст.

Вақте дар тарсу ҳарос ба сар мебарӣ, вақте ғаму андӯҳ барои ҳамеша домангири туст, вақте дуввумбора девона зи занҷир мераҳад, вақте шӯру исёни инсонӣ дар батнаш мемирад, вақте шодии ту гиряи туст, вақте чоплусиву пастфитратиро ифтихор мепиндорӣ, вақте туро девона мехонанд, пас ту таҳқирдида нестӣ?!

Ҳар он кас, ки дар биму андӯҳ аст.

Бад-он зиндагонӣ бибояд гирист. 

Пас мо набояд аз музҳикҳои Миша Галустян биранҷем. Зеро таҳқири ӯ таҳқири бегонагон аст, вале таҳқири худӣ бар худӣ заҳрест қотил, ки ҳатто нӯшдорӯе наметавонад онро бишканад. Чаро боре намегӯем, ки меваҳои талхи таҳқирро худамон парвариш намудаем ва самараашро дорем мечашем? Ба ҳоли чунин зиндагонӣ бояд гирист!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97