Корвон бо роҳи худ равон аст. Оё матбуот "меҷакад"?!

Иҷтимоъ 06.10.2010 18:15
2331

Дар пойтахт зиндагӣ кардан ҳамеша ифтихор доштааст.

Фахр аст он вақт ки ҳамаи шароитҳо барои зиндагӣ муҳайё бошанду ба ҳеҷ мушкиле рӯ ба рӯ нагарди ва худи ту низ ба ҳамаи ин бетараф набоши, аммо дар шаҳри Душанбе бошад, сокинонаш ҳамеша ба чизе мувоҷеҳанд. Ё масалаи ба об таъмин набудан ё норасоии қувваи барқ ё

ифлосии кӯчаҳои шаҳр, инчунин бе низомӣ дар соҳаи нақлиёт ва садҳо мушкилҳое мавҷуданд, ки бартараф кардани онҳо хеле мушкиланду касе аз пайи бартараф кардани онҳо намегардад.

Соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе дорои мушкилии фаровоне мебошад ва ин бесарусомоние, ки алъон дар соҳаи мазкур мавҷуд аст ин мушкилиро дучанд афзун сохтааст. Давра ба давра қатъ кардани фаъолияти тангемҳо ва бе низомии чандинборҳо дар соҳаи нақлиёт аз моҳи июн шурӯъ шуд ва то ин замон ҳамвора аз тариқи расонаҳои хабарӣ дар ин бора гузоришу мақолаҳо интишор мешавад, аммо ин гӯё ба гӯши касе аз масъулини ин соҳа намерасида бошад. Онҳо ҳатто аз пайи ба низом даровардани хатсайрҳое намешаванд, ки фаъолияташон ғайриқонунист. Масалан хатсайри рақами 19 то Қарияи боло мусофир мекашонаду халос, ин дар ҳолест, ки ин хатсайр бояд мардумро то Заводи пивабарорӣ бибарад. Ё ин ки хатсайрҳои Саховат-Цирк ё хатсайри рақами 28 ки нуқтаи охиринаш маҳаллаи Зарафшон аст аз бозори Корвон то ГАИ ё маҳаллаи 82 мусофир мекашонанд. Аммо мардум чораи дигар надоранд ба ҷуз он ки як сомонии дигар диҳанду ба ҷойи лозимбудаашон рафта расанд. Ҳамчунин баяд иброз намуд, ки барои микроавтобусҳои Газел роҳкиро ба маблағӣ 90 дирам пешбинӣ шудааст ва ин ҳам бошад бо сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон теъдоди бештари ронандагонро онҳое ташкил медиҳанд, ки нақлиётро аз касе иҷора (аренда) гирифтаанду барои ба даст овардани маблағи бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар посух ба суоли он ки чаро ронандагон ба чунин қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, ронандае, ки худро Исмат муаррифи кард, гуфтаҳои болоро тақвият бахшида чунин гуфт: Соҳиби ин тангем ҳар рӯз ба ман 20 сомон бар ивази хидматам медиҳад. Рӯзе мешавад, ки 30 сомон ҳам пардохт мекунад, ки ин аз кашонидани шумораи мусофир вобаста аст. Аз ин ҷо саволе бар меояд, ки оё метавон оилае, ки аз 5 нафар иборат аст бо 20 сомонӣ ҳам хӯронд ва ҳам пӯшонид? Танҳо барои як рӯз ғизо харид мекунем то рӯзи дигар боз ҳаминро интизор мешавем. Барои он ки соҳиби ин мошин бисёртар ҳаққи хидмат диҳад, маҷбурам дар ду ё се хатсайр мусофир кашонам.

Маврид ба тазаккур аст, ки хамакнун ба ҷои тангемҳо дар пойтахт ва гирду атроф он   «Hunday» ба мусофиркашонӣ машғуланд   ва то ҷое талаботи мардумро қонеъ ҳам мекунанд, лекин бояд як чизро гуфт, ки онҳо танҳо барои кашонидани мусофирҳои раҳдуранд, ки дар як маҳал зиндагӣ мекунанд, қаблан дар мавриди «тангем»-ҳо низ чунин сару садоҳо мавҷуд буд, ки ин мошинҳо танҳо барои рузгори як хонавода мебошанд, вале тавре мебинем онҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд ва касе аз паи ба танзим даровардани онҳо намегардад.   Соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе ба ғайр аз мавҷуд будани автобус, троллейбус ва микроавтобуси «Газел» , ки солҳои сол боз фаъолият мекунанд на трамвай ва на метро дорад, ки мардумро сари вақт ба ҷояшон бурда расонанд. Имрӯз воридоти шумораи мошинҳои сабукрави хориҷӣ ба кишвар хеле афзудааст, намешавад, ки автобусу тролейбусҳои навро ворид кунанду, хидмати мардумро сари вақт иҷро. Субҳгоҳон, агар мушоҳида кунед, мардум дар истгоҳу сари кӯчаҳо қариб 2 ё 3 соат мунтазири нақлиёте мешаванд, ки онҳоро ба ҷои кору мактаб ва донишгоҳ бирасонанд. Худ низ борҳо шоҳиди он гаштаам, ки   троллейбусҳои шикаставу валангор боре ҳам мусофиронро ба ҷои лозимаашон набурда, қувваи барқ канда мегардад ва мусофирон аз дохилаш фуромада боз мешитобанд суйи хатсайри дигар. Чизи дигаре, ки мебояд онро таҳқиқ кунем ин боз ҳамон Шаҳраки донишҷуйён маъруф ба Ҷазира аст, ки ба миқдори якчандҳазор донишҷуй дорад. Мушкилии донишҷуйён низ зиёд аст, мебоист чанд хатсайри иловагӣ низ то ҷазира кушода шавад ва кушода ҳам шуд, лекин то имрӯз ҳеҷ аз ин хатсайрҳо ба ин ҷо наомадааст. Наргиси Ҳомид як донишҷуйи сокини Душанбе дар ин бора ба мо чунин гуфт: Аз рӯзе, ки факултетҳои дигар дар ҷазира кушода шуд, бояд хатсайри рақами 18 аз «Обшорон» то ҷазира ба донишҷуён хидмат мерасонд, аммо мутаасифона аз ҳамон рӯзе, ки ҳамин қарор баромад дар тарафи ДМТ на маршруткаи 18-ро мебинаму на тангемро. То кунун ҳам ин ҳол идома дорад ва хатсайрҳои рақами 52 ё 31, ки бояд аз тарафи Саховат то Ҷазира меомаданд то Қарияи боло меоянду халос Донишҷуйён низ   барои дар сари вақт ба дарс ҳозир шудан ё ба манзилашон рафтан маҷбуранд, ки аз чанд хатсайр истифода кунанд.

Аз суйи дигар бархе аз мардум хоҳиши онро доранд, ки агар хатсайрҳои шахсӣ барҳам дода шаванд дар ин сурат фаъолияти воситаҳои нақлиёти давлатӣ хуб ба роҳ монда мешавад ва мардумро низ лозим намеояд, ки 1ё 2 соат нақлиётро мунтазир шаванд.

Имрӯз ҳам фаъолияти идораҳои нақлиёти пойтахт хеле ноӯҳдабароёна аст. Бо зиёдшавии шаҳрнишинон, имрӯз норасоии нақлиёти мусофиркашӣ ҳар лаҳза ба назар мерасад ва масъулини соҳаро мебояд, агар кореро ба анҷом расондани шаванд, талаботи мардумро нодида нагузаранд. Бовар кунед аз ба танзим даровардани нақлиёт раҳмат мешунавед на ин ки лаънат.

Ниҳонӣ Ќадамова
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97