Садамаи шубҳабарангези Муҳиддин Кабирӣ

Иҷтимоъ 02.10.2010 16:31

14675Субҳи рӯзи шанбе, 2 октябри соли 2010 мошини хидматии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа дучори садама шудааст.

 

Бар асари ин садама пойи чапи Муҳиддин Кабирӣ каме зарб хӯрдааст, вале вазъи сиҳатии ӯ хуб аст ва зарурати муроҷиат ба бемористонро низ надоштааст. Вале як нафар аз мусофирони мошине, ки ба автомобили ҷаноби Кабирӣ бархӯрдааст, ба бемористон фиристода шудааст.

Ин ҳодиса дар 35 километрии роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот», ки Муҳиддин Кабириро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекардааст, гуфт, ки онҳо ба хотири ширкат дар конфросни минтақаии ҲНИТ дар Кӯлоб роҳии ин шаҳр будаанд, ки дучори садама шуданд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, дар посух ба суолоти хабарнигори «Миллат», ки ин ҳодисаро иттифоқан шоҳид шудааст, вазъро чунин шарҳ додааст: «Пас аз тақрибан ду километр гузаштан аз посгоҳи Фахробод, ба ҷониби Қӯрғонтеппа дар канори роҳ як мошини ҷипи сиёҳ меистод, бо он ки мо ба он наздик шудем, ки аз паҳлӯи он як мошини «Некси», ки он ҳам ба самти Қӯрғонтеппа мерафт ва ё намедонам, истода буд, хост ба самти Душанбе чарх занад, банохост дар миёнаи роҳ истод ва мошини мо ба дари қафои он бархӯрд. Яке аз мусофирони он каме зарар дида буд, ки ба бемористони маркази Хуросон фиристода шуд. Аммо се нафари дигар, ки сиҳату саломат буданд, аз маҳалли ҳодиса фавран ғайб заданд. Он мошини ҷипи сиёҳ ҳам баъди он аз он ҷо ҳаракат намуд. Ва баъди чанд лаҳза дар маҳалли ҳодиса ҳамон милисае, ки дар посгоҳи Фахробод, мошини моро манъ кард, пайдо шуд, ки санад тартиб дод. Ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки ҳодиса каме шубҳабарангез аст».

Ба қавли хабарнигори «Миллат», ки ба ҳангоми ин садама дар маҳалли ҳодиса ҳузур ёфтааст, ронандаи «Некси» дар бораи кӣ будани ҳамроҳонаш изҳори беиттилоӣ кардааст ва гуфтааст, ки онҳоро намешиносд. Вале ба ин суоли хабарнигори мо, ки оё ронанда иҷозаи мусофиркаширо дорад, ӯ посухи рад додааст.

Хабарнигори мо мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ маҷбур шудааст, ки сафари худ ба Кӯлобро бар асари ин садама лағв кунад ва бозпас ба Душанбе баргардад.

Қазияи мазкур аз сӯи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон дар ҳоли баррасӣ аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97