Сабабгори камбудиҳо пайдо шуд

Иҷтимоъ 30.09.2010 15:40
101112Пас аз нашри мақолаи “Агар Оғохони 1V медонист...” фавран Бунёди Оғохон гурӯҳи корӣ таъсис дода, ба маҳалли ҳодиса фиристод. Муаллифи мақола, ки он ҷо ҳамчун сокини деҳа, назари худро бо такя ба гуфтаҳои мардуми маҳаллӣ нашр карда буд, бо хоҳиши масъулини Бунёд ин комиссияро ҳамроҳӣ кард.

Дар мақолаи мазкур сухан сари он мерафт, ки Хазинаи Оғохон ба мардуми деҳа хати интиқоли оби нӯшокӣ кашидааст, лекин ин лоиҳа мувофиқи нақша амалӣ нашудааст.

Дар вақти сӯҳбат бо мардум, шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои барнома ва дидани ҳолати воқеии барнома маълум гардид, ки маълумоти дастрасшуда аз манбаи иттилоот дақиқ набудаанд ва барнома мувофиқи нақша амалӣ гаштааст.

Аммо масъулини Бунёд таҳқиқ карданд, ки воқеан камбудиҳое, мисли хуб напӯшонидани болои об ва гоҳ-гоҳ қатъ шудани об ба назар мерасад, ки ин ҷурми идораи сохтмонӣ ва худи мардум буда, барои ислоҳи он ду моҳ мӯҳлат доштаанд. Мардуми деҳ, ки бояд мироб таъин намуда, обро назорат мекардаанд, чунин накардаанд ва қатъ шудани об маҳз бо ҳамин сабаб сурат гирифтааст. Масофаи хати интиқоли оби нӯшокӣ ва андозаи қубурҳои хати интиқоли оби нӯшокӣ, ки ба муаллиф раиси маҳалла нишон дода буд, дар ҳақиқат аз рӯи ҳуҷҷатҳои нишондодаи Идораи бозрасии ҳифзи экология буда ва лоиҳасозон дар вақти лоиҳакашӣ аз рӯи тарҳи ҷуғрофии маҳал лоиҳаро тартиб медиҳанд ва дигар маълумот ба инобат гирифта намешаванд. Бинобар ҳамин дар маълумот пайдо шудааст.

Дар масъалаи роҳ маълум гардид, ки онро Бунёди Оғохон 6 сол қабл барои истифода супурдааст ва он ба тавозуни ҷамоат дохил карда шудааст. Воқеан, дар давраи истифодабарӣ ҳолати роҳ дар аксар ҷо хароб шудааст.

Тавре ҳангоми боздид ва нишондоди ҳуҷҷатҳо маълум гардид, ин камбудиҳо аз ҷониби масъулини ҷамоати Саричашма сар задаанд. Масъулини ҷамоати Саричашма ҳангоми вохӯрӣ изҳор доштанд, ки онҳо ҳангоми қабул кардани ин роҳ аз ҷониби Бунёди Оғохон ба ӯҳда гирифтаанд, ки ҳар сол ин роҳро тоза карда ва пойдориву устувории он нигоҳ дошта мешавад. Вале бинобар сабаби боронҳои пайдарпай, шароити кӯҳистон ва надоштани имкониятҳои молиявӣ ин кор ба онҳо даст надодааст.

Ба Самад Раҳимов, менеҷери барномаи Ҷонибдории Рушди манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо муаллиф бо лаҳни тунд сӯҳбат карда, ҳадафи лоиҳаро пурра нафаҳмонда буд, ҳушдор дода шуд.

А. Шерхонов,

ноҳияи Шӯрообод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97