Чаро духтарони мастчоҳӣ синфи 11 намехонанд?

Иҷтимоъ 24.09.2010 15:04
DSC06403Асри XIX асри кишоварзӣ буд. Мардум аз ҳисоби заминҳои худ даромад ба даст меоаварданд. Деҳқоне, ки замин надошт, камбағалу нодор ҳисоб мешуд.

Асри X Х чун асри зуҳури саноат ва рушди он дар таърих монд. Дар ин аср мардум ба заводу фабрикаҳо рӯ оварданд. Онҳое, ки дар заводу фабрикаҳо кору фаъолият мекарданд, нисбати деҳқонон даромади хубтар ва зиндагии осудаҳолонатар доштанд.

Маҳз рушди саноеъ ба беҳтар шудани зиндагӣ ва рифоҳи мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Асри навин замони технологияи пешрафтаи иттилоотӣ, нанотехнология ва ба вуҷуд омадани фанноварии мудерн аст. Кору фаъолият дар замони нав дар муқоиса бо ду асри рафта то ҷое осонтар гардидааст. Ин албатта дар шаҳрҳои бузург ва кишварҳои дорои саноати рушдкарда чунин аст. Дар кишвари мо ба хусус дар деҳоти он то кунун марди деҳқон аз коргари шаҳрнишин ва дар коргоҳҳои саноатӣ фаъолияткунанда ҳаёти хуштару осудатаре дорад.

То кунун нишонаҳои ҳаёти мардуми Уврупои асри XIX-ро метавон дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мушоҳида намуд. Рустоҳои ин ноҳия дар домани кӯҳҳои осмонбӯси он ҷой гирифта аз ҳам хеле дар масофаи дур ҷойгиранд. Аксари мардуми ин сарзамин ба чорводорӣ ва картошкапарварӣ шуғл варзида, аз ин ҳисоб зиндагияшонро пеш мебаранд. Дар як сол метавонанд онҳо аз ҳама зиёд то 30-тонна аз заминҳои худ ҳосил гиранд. Ҳама мардум ва хонаводаҳо соҳиби чорпову моли майда (гов, гӯсфанд, хар, буз, асп, мурғ) ҳастанд.                                               

Дар сӯҳбат бо бархе аз занони рустоҳои Мадрушкат ва Падаски ин ноҳия дар бораи мушкилоти мавҷудаи онҳо, аксари бошандагон ин деҳаҳо «Ягон мушкилӣ надорем» мегуфтанд, аммо тавре мо мушоҳида намудем онҳоро мушкилоти зиёде домангир аст.

Аввалан ин вайрону валангор будани роҳи мошингард, масалан аз Душанбе то ноҳияи Айнӣ 130 км мебошад ва мошин онро дар ду соат тай мекунад. Аз ноҳияи Айнӣ то ба маркази ноҳияи Масчоҳ шаҳраки Меҳрон 81 километр роҳро бо мошин дар се соат рафтан лозим меояд, ки агар ин роҳро бо мошини сабукрав тай кунед, чанд ҷойи мошин тармимталаб хоҳад шуд.

Мушкилоти дуввуми ин мардум ин дар масофаи дур воқеъ будани беморхона ва нарасидани табибон мебошад. Ҳар сол камаш 1-нафар тибқи квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм мекунанд, аммо пурсида мешавад, ки он хатмкунандагон дар куҷоянд? Баъзан беморонро агар пизишкон табобат карда натавонанд, онҳоро ба ноҳияи Айнӣ мебаранд. Одами солим дар ин роҳҳо бемор мешаваду вой бар ҳоли он бемори бечора. Президент дар суханрониаш дар назди сокинони ин ноҳия гуфта буд, ки «ҳар сол иловатан боз се нафари дигар ба Донишгоҳи тиббӣ тибқи квота аз ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Масчоҳ равона намоед.»

Мушкилоти саввум он аст, ки пас аз хатми синфи нӯҳум толибилмони рустои Падаск таҳсилро идома намедиҳанд ва боз масъулини давлат ва вазири маорифи ҷумҳурӣ нақша доранд, ки ба таҳсили 12 сола иқдом намоянд, дар ҳоле, ки кадрҳои болаёқат ва синфхонаҳо барои таҳсил намерасанд.

Хонаводаҳое, ки шароити хуби зиндагӣ доранд, фарзандонашонро асосан писарҳоро дар ин деҳот ба мактабҳои Бӯстони Масчоҳ барои идомаи таҳсил дар синфҳои 10-11 равона менамоянд.

Мушкилоти чаҳорум он аст, ки иддаи зиёди волидайн духтаронашонро аз таҳсил дар макотиби олии кишвар монеъ мешаванд.

Танҳо шумори ками духтарон дар рустои Мадрушкат тавонистаанд падару модари хешро розӣ намоянд то таҳсили хешро дар макотиби олӣ идома диҳанд. Соли равон панҷ нафар духтарони ин деҳа дар озмун ғолиб омада, соҳиби квота барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар шуданд.

Духтарони деҳаи Падаск агарчанд то синфи нӯҳ дар мактаб хонда бошанд ҳам чизи ҷолиб он аст, ки то шавҳар кардан онҳо касби гулдӯзиро меомӯзанд ва ҷиҳози арӯсиашонро худ медӯзанд, амсоли болишт, ҷомаи зардӯзӣ, тоқӣ, саргирак ва ғ.

Зиндагӣ дар ин ноҳия хеле мушкил аст ва қариб тамоми кори саҳро бар дӯши занону духтарон бор шудааст. Бо вуҷуди он духтарон хеле ҷавон ба назар менамоянд, вале синну солашон аз хонадорӣ гузашта ва дер шавҳар мекунанд. Шояд аз ин хотир аст, ки талоқ ва хонавайроншавӣ дар ин ноҳия хеле кам аст.

Мушкилоти панҷум он аст, ки дар интихоби шавҳар назари духтарро намепурсанд, духтарон пас аз тӯй шавҳари худро, онеро, ки боқимондаи ҳаёти худро бо ӯ мегузаронанд, аввалин маротиба мебинанд, духтаронро падару модарашон ба касе лоиқ бинанд, медиҳанд. Аксари падару модарон аз фарзандонашон ризоят низ намепурсанд. Як ҳамсӯҳбатам худро Бибиҷон муаррифӣ карда гуфт, ки «Маро бе хости худам ба Масчоҳи нав ба шавҳар доданд, ман он вақт аз шавҳар кардани худ воқиф шудам, ки дар фотиҳа будам, аз зиндагӣ шикояте надорам, аммо на ҳама чунин хонадоршудаҳо мисли ман хушбахт мешаванд.»

Заминҳои кишти мардум низ дар масофаи хеле дур ҷойгир аст, шахсони дорои мошин метавонанд маҳсулоти ҷамъовардаи хешро бо техника ба хона оранд, аммо шахсони бемошин то пайдо кардани ягон техникаи боркашонӣ маҳсулоти хешро шабонарӯзӣ дар сари замин истода посбонӣ мекунанд.

Мушкилоти шашум ин дар муҳити хона фарзанд зойидани модарон мебошад, ки ба андешаи мутахассисон таваллуди тифл дар муҳити хона ба ҷони модар ва тифл хатарҳое ҳам дорад. Дар ҳоле ки таваллудхонаҳо кор мекунанд ва имкони бурдани занони ҳомила ба беморхона мавҷуд аст, пас оё беҳтар нест, ки модар дар муҳити хубтар ва муносиб ба зойиш, дар таҳти назорати пизишкону момодояҳо тифли хешро ба дунё оварад.

   Зиндагӣ бе мушкилӣ нест, аммо ин ҳама он мушкилоте буд, ки мо дар тайи ду рӯзи дар Кӯҳистони Масчоҳ меҳмон будан, мушоҳида намудем. Шояд шароити зиндагии дигар деҳаҳо аз Падаск ва Мадрушкат бадтар бошад ва кӣ медонад шояд хубтар.

Фархундаи ФУРҚАТДУХТ

Масчоҳ-Душанбе

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97