Маблағҳои хайрия чӣ гуна масраф мешаванд?

Иҷтимоъ 23.09.2010 15:22

010203

 

Тобистон наздиконам аз рустои Деҳи Қозии ноҳияи Шӯрообод телефонӣ бароям хабар расониданд, ки Бунёди Оғохон тасмим дорад, то барои мардуми ин деҳа, ки солҳои тӯлонӣ аз нарасидани оби пок танқисӣ мекашанд, хати интиқоли оби нӯшокӣ бикашад. Мо ҳам дар баробари дигар сокинон ба Бунёди Оғохон сипос гуфтем, ки ба ин мушкили мардум таваҷҷӯҳ кардааст ва мехоҳад дар ҳалли он расидагӣ кунад.

 

Ҳамин тавр дар аввалҳои моҳи август ба сокинон аз анҷоми лоиҳаи хати интиқоли оби нӯшокӣ хабар доданд. Аммо пас аз як моҳ, замоне ки ба деҳа рафтам, мушоҳида шуд, ки ҳанӯз ҳам мушкили дастрасӣ ба оби нӯшокӣ пурра бартараф нашудааст.

Аз сӯҳбат бо сокинони деҳа маълум шуд, ки кормандони ноҳиявии Хазина ё худ Бунёди Оғохон ҳангоми кашидани хати об назари сокинонро пурра ба инобат нагирифта, инчунин, ба иштибоҳи зиёде роҳ додаанд. Дар ҳоле ки мувофиқи қонуну қавоиди ин Бунёд ва тарҳи мавҷуда бе розигии сокинон коре бояд анҷом дода нашавад, кормандони масъули ин Хазина корро тақрибан баръакс ва бар хилофи низомномаи худ ба анҷом расонидаанд. Дар ҳуҷҷатҳое, ки сокинони ин деҳа аз Бозрасии ҳифзи муҳити зист ва дигар идораҳои марбута барои кашидани хати об дастрас кардаанд, нишон дода шудааст, ки бояд хати об танҳо аз масофаи 5 километр ва бо қубурҳои қутрашон(диаметр) 50-65мм ба деҳа оварда шавад. Масъулони ноҳиявӣ ё минтақавии ин созмон бар асоси ин ҳуҷҷатҳо мебоист кори худро амалӣ мекарданд, вале онҳо ба ҷои қубури қутраш 50-65мм обро бо турбаи андозаашон 35-40мм ба деҳа кашида, инчунин масофаи дар ҳуҷҷатҳо нишон додаро тақрибан ним баробар кам кардаанд. Ба гуфтаи сокинон бар хилофи назари онҳо обро ба ҷойҳои хатарнок кашидаанд, ки шояд дар зимистон бо сабаби намӣ хати обро осеб расонад. Инчунин, сарбанди об ва чанд маконе, ки бояд пурра сохта мешуданд, нимкора боқӣ мондаанд.

Ихтилоф миёни

аҳолии деҳа

Намояндагони Бунёди Оғохон дар ноҳияи Шӯрообод, ки худ аз камбудиҳои мавҷуда огоҳ буданд, қабл аз расман ба истифода додани хати об ба мардум гуфтаанд, ҳангоми бозшавии он, ки бо иштироки масъулини болоии ин Бунёд ва дигар масъулони ноҳия сурат мегирад, аз ҳеҷ гуна мушкилот шиква накунанд, зеро онҳо пас аз ин ҳатман омада, камбудиҳои ҷойдоштаро рафъ мекунанд. Вале бо гузашти ду моҳ дигар аз масъулони ин ниҳод дараке нашудааст. Сокинон низ ҷое (ба ҷуз назди банда-муаллиф) шикоят накардаанд, зеро ба қавли онҳо масъулини ноҳиявии ин Бунёд гуфтаанд, ки “агар ҷое шиква мекунед, дигар ҳаргиз ба мушкилатон расидагӣ нахоҳад шуд”.

Феълан, бинобар нуқсҳои ҷойдошта об ба ҳамаи сокинони деҳа баробар тақсим намешавад. Гоҳҳо об комилан намеояд ва гоҳҳо барои баъзе аз сокинони болоии деҳ дастрас мешаваду барои мардуми поин на. Чунин аҳвол мардуми деҳро ба ду сангар ҷудо намуда, барои дастрасии об миёнашон нофаҳмиву тафриқа ба вуҷуд омадааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи сокинон агар мувофиқи тавсияҳои мақомоти расмӣ   хати об кашида мешуд, шояд дигар чунин мушкил боқӣ намемонд. Амали анҷомгардида, ки ба истилоҳи мардум “ҳаромкорие” беш нест дар чунин сурат ба кӣ лозим буда метавонад? Барои кашидани хати оби нӯшокӣ мувофиқи лоиҳа 18 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст, вале сокинон муътақиданд, ки дар ин самт на бештар аз 6 ё ҳади ниҳоӣ 8 ҳазор доллари амрикоӣ сарф шуда бошад.

Раҳмат ба Оғохон,

ё “проектгузарон”?

Бунёди Оғохон аз соли 2004 бад-ин сӯ дар ноҳияи Шӯрообод фаъолият мекунад. То кунун ободиҳои зиёде бо маблағгузории ин Бунёд дар ноҳия анҷом ёфтааст. Ба хусус, дар ҳамин рустои Деҳи Қозӣ мактаби замонавие бо маблағгузории Бунёди мазкур сохта шудааст, ки аз ин мактаб тайи 5 сол боз аҳолии се деҳаи дигар низ ба роҳат таҳсил мекунанд. Боварӣ доштам, агар маблағи ин Бунёд мувофиқи мақсад сарф мешуд, чӣ пешрафтҳое дар зиндагии мардум имрӯз дида мешуд. Чанд сол пеш барои деҳаро ба маркази ҷамоат пайвастан бо маблағгузории ин Бунёд роҳ сохта шуд. Пас аз ба истифода додани он ва ҳоло на танҳо мошин, балки ба ин роҳ ҳатто хар ҳаракат карда наметавонад. Чаро? Зеро дар сохтани ин роҳ низ фикри мардум ба инобат гирифта нашуд ва маълум аст, ки маблағҳо низ он ҷо мақсаднок сарф нагаштааст. Обёрии заминҳо ва чанд лоиҳаи кӯчаки дигар низ дар ин мавзеъ натиҷа надод ва маълум аст, ки чаро. Тасаввур кунед, ки агар ҳамаи ин хуб амалӣ мешуд, дигар мардум чӣ рӯзу рӯзгоре медоштанд.

Пас аз дидани ин камбудиҳо аз вакили деҳа Ҳасан Асроров шумораи телефони дастии Самад (насабашро нагуфт) раҳбари Бунёди Оғохон дар ноҳияи Шӯроободро мегирам. Чун шикваамро шунид, бо як дағалгуфтории хос, изҳор дошт, ки чаро шумо ва мардуми деҳа аз ман миннатдор намешавед, ки «проекти обатонро гузарондам. Агар ҳамин хел нолед, дигар ягон проектатонро намегузаронам»

Ҳайрон шудам, ки ман ва сокинони ин деҳа аз пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони IV барои оне, ки хайрияи мардуми Урупоро барои беҳбудии зиндагии мардуми қашшоқи Тоҷикистон ҷамъ карда равон месозад, миннатдор шавем ва ё аз як масъули ин Бунёд дар ноҳияи Шӯрообод, ки ҳатто одоби сӯҳбат кардан бо мардумро риоят намекунад ва ҳам ба мардум ваъдаи дурӯғ медиҳад?

Рекламаи Бунёди

Оғохон ба кӣ лозим?

Дар давоми чанд соли фаъолият Бунёди Оғохон боре дар маросимҳои анҷоми лоиҳаҳои амаликардаи хеш хабарнигорони расонаҳои мустақилро даъват накардааст. Ҳамеша ба чунин маросимҳо намояндагони телевизионҳои давлатӣ даъват мешаванд ва гузоришҳояшон тақрибан аз рекламаи симои намояндагони маҳаллии ин Бунёд ва васфи ҳукумати кишвар дигар чизе беш нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки фикр мекунам, шахсан Шоҳзода Оғохони IV ва масъулини болоии ин Бунёд ба чунин васф эҳтиёҷе дошта бошанд. Аммо чаро дар ин баробар хабарнигорони расонаҳои мустақил даъват намешаванд? Шояд дар фаъолияти масъулини минтақавии Бунёд камбудиҳои зиёде ҷой дорад ва намехоҳанд, аз ин расонаҳои мутақил огаҳ бошанд?

Ба ҳар ҳол бояд мо рӯзноманигорон маблағи хайрияе, ки мардуми Урупо барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми тоҷик тариқи Бунёди Оғохон ба кишвари мо равона мекунанд, назорат кунем. Зеро агар дар як деҳаи кӯчак, ки дар боло сӯҳбат кардем, чунин мушкилот бошад, шояд даҳҳо чунин мушкилоте вуҷуд дошта бошад, ки аз чашми аксар пинҳон мондааст. Маблағи Бунёди Оғохон бояд барои беҳдошти зиндагии мардуми камбизоат сарф шавад, чуноне ки ҳадафи аслии ин Бунёд низ чунин аст. Ин Бунёд бо корҳои хуб миёни маблағгузорони урупоӣ шӯҳрат дорад ва ба андешаи ин ҷониб набояд намояндагони он дар маҳалҳо бо чунин шева, ки дар боло зикр кардам, ба истилоҳ ба ҳаромкорӣ даст зананд ва обрӯи як Бунёди бонуфузро паст зананд.

А. Шерхонов,

ноҳияи Шӯрообод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97