Фирори асирон ва мушкили дарси тайёрии ҳарбӣ

Иҷтимоъ 22.09.2010 17:14

Баъд аз фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққатии КАМТ ва самти номуайяни ҳаракати аксари онҳо бештар аз сокинони рустоиро як андеша ба ташвиш меоварад: Мабодо агар дар танҳоию торикӣ бо афроди ношиносе рў ба рў оянд, оё аз ҳуҷуми ногаҳонӣ худро дифоъ карда метавонанд?

 Волидайни нигарон

Аммо то пеш омадани ин ҳодиса волидайни деҳотӣ ба сатҳи таълими ҳарбии фарзандон ин қадар таваҷҷуҳ надоштанд, ки акнун доранд. Модари миёнсоле, ки аз ноҳияи Ҷилликул ба маркази вилояти Хатлон роҳсипор буд, акнун дар фикри он аст, ки оё имрўз ҳам фарзандони онҳоро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ фанни омодагии дифои ҳарбиро меомўхта бошанд? Чаро инчунин суолро медиҳӣ хола?- ронандаи «Тангем» ба сўҳбати мусофирон ҳамроҳ мешавад.

Додар, бачаам 19 сола шабҳо дар хирман пахтаи хоҷагиро нигоҳбонӣ мекунад, мабодо ягон нафаре аз пеши роҳаш барояд, худро метавониста бошад, ки муҳофизат кунад? Солҳое, ки худам дар мактаб мехондам, омўзгори фанни таёрии ибтидоии ҳарбӣ ончунон сахтгир буд, ки ҳатто муносибат бо аслиҳа ва усулҳои худмуҳофизатӣ аз яроқбадастонро ба духтарон ҳам меомўхт.

Худо медонад, ҳозир фанҳои асосӣ арифметика ва забони модаришона соз намехонанд, фанни ҳарбиро, ки ба забони русӣ мегузарад, чи хел аз бар кунанд? Мусофирон аз ҳар мавзўҳои мубрами рўз сўҳбат мекунанду ман дар пайи тарҳрезии мавзўи имрўз; Вазъи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба фикр ғуттавар мешавам.

Машқгоҳҳои ҳарбии наздимактабӣ дар чӣ аҳволанд?

Воқеан, соле қабл роҳбарияти прокуратураи гарнизони ҳарбии Қўрғонтеппа низ зимни як нишасти матбуотӣ аз коҳиш ёфтани сатҳи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ изҳори ташвиш доштанд. Аслан бидуни ин ҳама ҳаводиси моҳҳои охир дар кишвар ҳам мебояд, ки масъалаи таълими омодагии дифои ҳарбиро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мавриди баҳс қарор дод. Зеро дар замоне ки Тоҷикистон шомили як империяи абарқудрати Шўравӣ буд, сифати таълими фанни ҳарбӣ дар мактабҳо дар сатҳи олӣ қарор дошт. Аммо дар ҳоле ки ҳамасола хатароти гуногуне кишвари кўчаки моро таҳдид менамояд, мебоист ба таълими ҳарбии кулли шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир дар бештар аз муассисаҳои таълимии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ барои таълими донишу маҳорати ҳарбии ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Агар дар бисёре аз давлатҳои ҳамсоя баъди пошхўрии Шўравӣ базаи моддӣ- техникии синфхонаҳои ҳарбӣ муҷаҳҳазу беҳтар гардида бошанд, аммо дар кишвари мо ба хусус дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон вазъи синфхонаҳои дорои асбобу ашёи таълимии фанни омодагии дифои ҳарбӣ бадтар гардидаасту хуб не. Дар баробари ин солҳои 1980-ум дар назди қариб тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят майдончаҳо барои гузаронидани машқҳои ҳарбӣ мавҷуд буд. Ҳамчунин дар базаи мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят 258 ҷойгоҳ барои гузаронидани машқҳои тирпаронӣ ва 374 ҳуҷраҳои бо асбобу анҷомҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз арзи вуҷуд дошт.

Шояд хонандаи гиромӣ нағз дар хотир дошта бошад, ки замоне тамоми донишомўзони синфҳои 9-10-уми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ маҳорати муносибат ба аслиҳа ва кушодану ҷамъ кардани тамоми қисмҳои автомати «Калашников»-ро дар кадом сатҳ меомўхтанд. Аммо дар замони имрўз чӣ?

Таълимоти ҳарбӣ тоҷикӣ шуд, таълимгоҳҳо чӣ?

Аз сўҳбат бо якчанд нафар аз хонандагони синфҳои болоии мактабҳои вилоят маълум шуд, ки онҳо фанни омодагии дифои ҳарбиро танҳо назарӣ меомўзанд, аммо аз сабаби мавҷуд набудани шароити лозима дар мактабҳо машқҳои ҳарбӣ аз қабили муносибат бо аслиҳа, гузаштан аз монеаҳо дар вазъияти фавқуллода ва дигар тактикаҳои ибтидои ҳарбиро ба онҳо намеомўзанд.

Вале, масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон мегўянд, ки дар нисбати солҳои 80-ум сатҳи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ нисбатан беҳтар шудааст. Бинобар гуфтаи манбаи иттилоъ солҳои пеш ин фан дар мактабҳо бо забони русӣ таълим дода мешуду баъди тарҷумаи адабиёти таълимӣ акнун дарсҳои ҳарбӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бо забони модарӣ доир мегардад.

Асомиддин Сафаров, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз медорад, ки дар нисбати 25-30 соли пеш имрўз барои хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дарсҳои таҷрибавии омодагии дифои ҳарбӣ дар сатҳи лозима доир намегарданд. Зеро баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ майдончаҳо ва толорҳои наздимактабии ҳарбӣ аз қабили тирпаронӣ аз байн рафтаанд. Ҳамчунин баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аслиҳаҳои машқӣ аз синфхонаҳои ҳарбӣ бозпас гирифта шудаанд.

Коршинос: Бояд ба ҷавонон маҳорати ҳарбӣ омўхт

Маҳмадраҷаб Расулов, як нафар аз собиқ омўзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ мегўяд: «Агарчанде имрўз вақти он нест, ки синфхонаҳои ҳарбии назди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо аслиҳаву таҷҳизоти ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, аммо масъулини соҳаро мебояд, ки лоақал моҳе як маротиба дар назди қисмҳои ҳарбӣ ва ё комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба хонандагони синфҳои болоии мактабҳо дарсҳои таҷрибавӣ гузаронид.

Бинобар гуфтаи Аскар Ашуралиев, мушовири мудири шўъбаи маорифи шаҳри Қўрғонтеппа оид ба таълими фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, гарчанде ки имрўз барои такмили маҳорати ҳарбии хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ машқҳои таҷрибавӣ дар сатҳи лозим гузаронида намешавад, аммо хонандагон аз рўи назария фанни омодагии дифои ҳарбиро дар сатҳи хуб меомўзанд. Ба гуфтаи ў бо мақсади таъмини шароит барои гузаронидани машқҳои таҷрибавӣ ба хонандагони мактаб шўъбаи маориф бо комисариати ҳарбии шаҳри Қўрғонтеппа ба мувофиқа омадаанд. Дар соли хониши ҷорӣ хонандагони мактабҳои шаҳр имкон пайдо мекунанд, ки дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Қўрғонтеппа маҳорати муносибат бо аслиҳаи ҳарбиро омўзанд.

 Чаро таълимоту машқҳои саҳроӣ аз байн рафт?

Ба иттилои Асомиддин Сафаров, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон, «сол то сол сатҳи касбии омўзгорони омодагии дифои ҳарбии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баланд бардошта мешавад. Имрўз бештар аз 8% омўзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии мактабҳои вилоят дорои маълумоти олии ҳарбӣ, 16, 6% омўзгорони ин фан маълумоти олии омўзгорӣ дошта, ҳамчунин бештар аз 14% омўзгорон бо маълумоти олии нопурра аз фанни омодагии дифои ҳарбӣ бо хонандагон дарс мегўянд.

Бояд гуфт, ки то чанд соли охир дар 87 мактаби таҳсилоти ҳамагонии Хатлон барои хонандагони синфҳои болоӣ фанни омодагии дифои ҳарбӣ таълим дода намешуд. Аммо ба гуфтаи Асомиддин Сафаров дар айни замон ҳамагӣ дар 20 мактаби таҳсилоти умумии вилояти Хатлон бинобар сабаби набудани шароит барои таълим дарси омодагии дифои ҳарбӣ таълим дода намешавад. Дар ин теъдоди мактабҳо бинобар мавҷуд набудани шароити зарурӣ барои таълими фанни мазкур муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар соатҳои алоҳида асосҳои фанни ҳарбиро ба хонандагон таълим бидиҳанд.

Бобати гузаронидани таълимоти саҳроии 5 рўза, ки солҳои қаблӣ ба ҳукми анъана даромада буд, имрўз аз байн рафтааст. Зеро барои гузаронидани чунин машқҳои саҳроӣ маблағҳои иловагӣ лозим меояд. Дар умум ба гуфтаи масъулини соҳаи маорифи минтақа, барои расидан ба сатҳи таълимоти фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба замони Шўравӣ маблағҳои калон лозим меоянд. Зеро он ҳама майдончаҳо ё худ машқгоҳҳои ҳарбии назди мактабӣ аз байн бардошта шудаанд. Толорҳо ё худ машқгоҳҳои тирпаронӣ ҳамчун анбор ва ба дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.

Ҳамин тавр дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки дар баробари таъмини амнияти кишвар инчунин дар вазъияти фавқуллода масъалаи мудофиаи шаҳрвандӣ дар мадди аввал меистад, вале омодагии ҳарбии шаҳрвандони қаторӣ ё худ захираҳои ҳарбӣ дар музофот ба талаботи оддӣ ҷавобгўй нест.

Омодабош

Лозим ба зикр аст, ки барои тайёр кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ё худ баланд бардоштани малакаи мудофиаи шаҳрвандии ҷомеа то солҳои 1980-ум ҳар ҷавонмарди аз сини 18-сола боло дар давоми ҳар панҷсола барои иштирок дар машқҳои саҳроии 3 ё 5 рўза сафарбар мешуданд. Аммо ин ҳама чорабиниҳои ҳарбӣ дар 18 соли охир қариб ба ҳукми фаромўшӣ рафтааст. Ин дар ҳолест, ки масоили баланд бардоштани сатҳи мудофиаи шаҳрвандӣ дар даҳсолаҳои оянда муҳимтарин масъалаи ҳар кишвари соҳибихтиёр боқӣ мемонад. Аз як тараф тағйирёбии иқлими сайёра ва зиёд рух додани ҳодисаҳои табиӣ моро водор кунад, ки ҳолати омодабошии ҷомеаро дар вазъияти фавқуллода беҳтар намоем. Аз ҷониби дигар тағйирёбии муҳити сиёсии минтақа ва фишору ҳуҷумҳои гурўҳҳои экстремистӣ ва баҳонаҳое дар ин замина ҳар кишвари шарқиро водор месозад, ки бобати омодагии шаҳрвандони худ дар ҳолатҳои фавқуллода чораҳои қатъӣ андешад. Ё фикр мекунед, зарурат ба такмили донишу маҳорати худдифоъкунии захираҳои ҳарбӣ вуҷуд надорад?

 

Ҷамолиддини Усмониён

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97