КӮДАКОН ДАР ЁДИ ПАДАР

Иҷтимоъ 09.06.2010 14:10

Имсол ҳам садҳо ҳазор кӯдаку навҷавони тоҷик дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак аз меҳру навозиши падар маҳруманд. Оре, садҳо ҳазор, яъне дусад, сесад, чаҳорсад, панҷсад ҳазор тифлаку навраси тоҷик, ки падарҳошон ҷиҳати дарёфти сару сомони беҳтари зиндагӣ зану фарзандони азизу меҳрубони худро ҳаволаи тақдир намуда, барои кор ба диёре дур бар шутури ҳиҷрату дарбадарӣ маҳмил баставу рафтаанд. Ва на танҳо падарон, ки модарон ҳам.

Рафтаанд, то барои аҳли байти хеш маблағе пайдо кунанду барояшон бифиристанд. Рафтаанд, то ҷигарбандонашон мавриди тамасхури фарзандони бархе аз ҳамсоягони худфурӯхта нашаванд. Рафтаанд, то нодории худро аз забони фарзандони навраси хеш нашнаванд. Рафтаанд, то рӯзе фаро бирасад, ки рӯзи хуши ҷигарбандонашонро бубинанд. Рафтаанд …

ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ ВА ОЯНДАИ АТФОЛИ ОН

Мутаассифона, ояндаи ағлабияти фарзандони ин сарзамин норӯшану асафбор аст. Зеро, гӯши фарзандони ин марзу бум, хусусан фарзандони пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010, дар ҳар кӯчаву паскӯча, дар роҳу дар "Тангем", дар қаҳвахонаву рестурон ва ҳатто дар муқаддастарин ҷойи таълиму парвариш - мактабу донишгоҳҳо боди дашном мехӯрад. Дашном ба модари касе, дашном ба номусу шарафи хоҳаре, дашном ба даҳони поки нафаре. Ва кӯдаку навраси бегуноҳ мӯътод ба шунидану гуфтани он мешаванд. Мисле, ки барои миллати мусулмони тоҷик хӯрдани хамр ва бадмастӣ дар беш аз ним асри ҳукумати бедиёнати коммунистӣ одат шуда буд. Аз насле, ки дар айни рушдаш ба ҷойи панду насиҳат дашному ҳақорат мешунавад, ояндаи рӯшан умедвор будан ба гумон аст. Оре, ба гумон аст. Бадбахтона, ин насл дар чорчӯбаи беномусӣ ва бенангӣ "калон" мешавад. Зеро имрӯз дашному ҳақорат ба модару хоҳарашро нодида мегирад ва фардо барояш амалӣ шудани дашном бетафовут хоҳад буд. Кӣ мегӯяд, ки дашном ҳеч чиз нест? Агар бар ин бовар аст, бояд бирасонемаш, ки "Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад". Вақте ки наврас нисбат ба номусу шарафи шахси наздиктаринаш, он ҳам модар, ки муддатҳо ба нозаш мепарварад, бетафовут мегардад, дигар аз ӯ ВАТАНДӮСТӢ умед доштан ҷуз тасаллии ҳамоқатбор чизе дигар нест.

Яқин дорам, ки барои беномусу бенангҳое, ки мусулмониашон ҳам зери суол аст, хондану шунидани ин навишта, мисли як "гапи бекора" аст. Вале, онҳо бояд яқин бидонанд, ки фарзандону ворисони ҳалолзода дар ин сарзамин ҳамеша дар андешаи ободии Ватан ва ҳифзи оби рӯйи ватандорон будаанду ҳастанду мемонанд.

КӮДАКОНИ БЕПАНОҲ ДАР ГАРМИВУ САРДИҲО

Мутаассифона, теъдоди зиёди кӯдакону наврасон табоҳиву сиёҳӣ, ранҷу сахтӣ ва озору таҳқир мебинанд. Ин ҳама гӯиё армуғони ҳаёт барои атфоли бегуноҳ аст. Кӯдакони бепаноҳу хиёбонӣ дар пойтахти фарҳанги исломӣ кам нестанд. Теъдоди наврасони водор ба кор дар бозору дар пайи ёфтани қути лоямути рӯзгор шояд аз марзи ҳазорҳо бигзарад.

Кам нестанд он наврасоне, ки дар атрофу акнофи сарзамини азизамон бо оби сард мошиншӯйӣ мекунанд. Дар сардии чилаи зимистону гармои таммузи тобистон навраси нодору ночор дар кӯчаву бозор бор мекашад. Бечора навраси тоҷик аз бемайдонӣ дар қадди роҳҳо футболбозӣ мекунад. Ва паноҳ-паноҳ аз боғбонҳо дар поркҳои ба истилоҳ "тафреҳӣ"-и пойтахт дигар дилхоҳ бозиҳоро анҷом медиҳанд. Онҳо албатта намехоҳанд, ки монеъи ҳаракати мошинҳо шаванд, ё сабзаи тари боғро поймол кунанд, аммо дигар куҷо раванд, то бозӣ кунанд?

ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН ВА СОЛИ МАОРИФУ ФАРҲАНГИ ФАНОВАРӢ

Дуруст аст, ки атфолу наврасони тоҷик аз шавқи компутар Интернет-кафеҳоро пур кардаанд. Аммо онҳоро чӣ шавқу чӣ завқе ба онҷо овардааст? Шавқи донистани барномаҳои компутарӣ ё бозиҳои харобкунандаи мағзи сар. Ё омӯхтани роҳу равиши қатл бо корду силоҳ, бо тонку мошини зиреҳпӯш? Ё тамошои филмҳои тасвирие, ки аслан ба зеҳнияти мусулмонзода созгор нест? Ин ҳам дар Соли маориф ва фарҳанги фановарӣ дар пойтахти фарҳанги исломӣ - 2010!

Чаро аҳли таълиму тарбия ё ба истилоҳи дӯстдоштаашон - маорифчиёни мӯҳтарами мо тавонистанд, ки гулдухтарони синни мактабиро водор ба пӯшидани формаи "мактабӣ" кунанд, вале натавонистаанд, ки монеи мулоқоту бӯсу канори ошкори наврасони мактабхон дар канораҳои дарёи Душанбеву кӯли Ҷавонону боғҳои шаҳру атрофи он шаванд? Чаро??? Ё ба онҳо меомӯзонанд, ки "ҷавонӣ" кунанд? Ва ин ҳам дар шаҳре, ки пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон шудааст. Либоси бегона аз пӯшиши миллӣ ва бӯсу канори ошкор дар пеши назари меҳмонони мусулмон. Ё чунин аст фарҳанги исломии беш аз 90%-и мусулмони аҳолии кишвар? Ё ин фарҳангро дар китобҳо нанавиштаанду мо нахондаем, ё гурӯҳе махсус чунин "фарҳанги вижаи исломӣ"-и аҳолии шаҳри азизамонро барои хориҷиён ба намоиш мегузорад?

ЛИБОСИ "МАКТАБӢ"-И ТОҶИКӢ ВА "ФАРҲАНГИ ВИЖАИ ИСЛОМӢ"

Ҳамагӣ як ҳафта пеш беш аз 500 нафар меҳмони хориҷии мусулмон ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 37-уми вазирони умури берунаи Созмони Конфронси исломӣ дар Душанбе буданд. Охир фардо онҳо дар матбуоти худишон хоҳанд навишт, ки дар пойтахти фарҳанги исломӣ - 2010 тамошои таматтӯъи ҷинсӣ бепул буд! Онҳо, ки ҳамагӣ медонистанд, имсол ин шаҳри сабз пойтахти фарҳанги исломист. Охир навраси бечора аз онҳо ёд мегирад ва худ мехоҳад "таҷриба" кунад.

Дар заминаи пешрафту боландагии фарзандони ин сарзамин, ки Ватанаш мехонем, усулан марказҳо ва муассисоти мухталиф ба истилоҳ "амал мекунанд". Дар ин росто бояд иқдомоти пайдарпайу пайвастаи фарҳангӣ амалӣ шавад ва фарзандони азизи ин марзу бум эҳсос кунанд, ки дар ободӣ, дар ватан, дар канори наздикони хеш зиндагӣ доранд. Ин азизон, ки фардо соҳибони ватан эшонанд, имрӯз бояд шоиста зиндагӣ кунанд ва бо ҳамон ақли кӯдакӣ падарҳошонро лол накунанд, ки барои чӣ мо монанди амрикоиҳо боғу майдонҳои базеб барои бозӣ надорем…

Бо гуфтани ин, ки мо барои кӯдакону наврасон "ғамхорӣ зоҳир менамоем", ё бо сухане дигар худро тасалло додан, майдонҳои бозӣ ва ҷойҳои хушгузаронии атфолу наврасон мисли занбурӯғҳои пас аз борон пайдо намешаванд. Агар масъулини соҳаи парвариши атфолу фароҳамовари имконоти "замонавӣ" барои онҳо бигӯянд, ки не мо дар ин росто "ҳамеша кор мебарем", пас бояд ба ин суол посух бигӯянд, ки: Пурдоманатарин иқдоми фарҳангӣ дар ростои пешрафту боландагии фарзандони Ватан кай ва кадом буд?

ҲУҚУҚИ КӮДАКОН БОЯД РИОЯТ ШАВАД…

Кӯдакон ва навҷавонон аз маҳрумтарин ва беҳуқуқтарин бахшҳои ҷомеа ҳастанд. Онҳо кӯдакони мо ҳастанд ва норавост, ки аз канори дарду ранҷи онон бигзарем. Ҳар яки мо бояд барои зиндагии кӯдаконаи онҳо эҳтиром қоил шавем ва фурсати кӯдакона зистанро аз онҳо нагирем. Пас якҷоя кӯшишу талош намоем, ки шароити беҳтаре барои кӯдакон фароҳам намоем. Аслан ин кӯдакону навҷавонон гунаҳ надоранд ва воқеияти талхи имконпазире домангири онҳост: Падарони онҳо наметавонанд барояшон шароит фароҳам оранд. Аммо падарҳошон бояд чӣ кор кунанд? Дар куҷо кор кунанд, то маблағи кофӣ пайдо намоянд ва шароитро барои ҷигарбандони хеш фароҳам кунанд? Аммо, ба ҳар сурат ҳуқуқи кӯдакон бояд риоят шавад, зиндагии кӯдак бояд таъмин шавад!


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97