КӮДАКОНИ ИМРӮЗ ХУШБАХТАНД Ё АЗ ШӮРАВӢ?

Иҷтимоъ 05.06.2010 16:09

Азиз РАҲИМОВ, собиқ корманди дипломатӣ:

Кӯдакони замони шӯравӣ аз ҳама хушбахт буданд. Ҳозир мебинам ки кӯдакони 6-7 сола дар бозорҳо пакетфурӯшӣ мекунанд (ва на фақат) фикру хайёли кӯдак пул кор кардан ас, ҳоло мешунавем, ки ҳатто ҳодисаҳои кӯдакфурӯшиву танфурӯшии кӯдакон дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Дар аҳди шӯравӣ мо фақат хаёли хондан мекардем. Рӯзҳои идро (1 май, 7 ноябр) сол нав) пазмон мешудем.

Он замон лагери умумииттифоқии АРТЕК вуҷуд дошт. Артек рафтан барои кӯдаки мактабхон баробари гирифтани медали тиллои каҳрамонӣ буд. Як чизи дигар дошт он давара, кӯдак ғам намехӯрд, ки аз куҷо китоб бихарам, аз кӣ дарс биомӯзам. Ҳозир чӣ? Баъзе падарону модарон намехоҳанд ки кӯдак мактаб хонад: "Ман хонда чӣ шудам, ки ту хонӣ". Шароити зиндагӣ маҷбур мекунад, ки баъзе падару модарон фарзандонашонро ба бозор бифиристанд то савдогарӣ ё дигар корҳои майдаро анҷом диҳанд. Яъне зиндагии умумии кӯдакони имрӯз ба зиндагии кӯдакони аҳди шӯрави аслан қиёснашавандаанд.

Фирдавсии НУРАЛИЁН, пажӯҳишгари масоили исломӣ дар Миср:

Хушбахтӣ, ин ормонест, ки инсон онро ҳадафи худ қарор дода ва оромиши қалби худ ва лаззатро дар он мебинад. Хушбахтӣ аз дидгоҳи шахсе то шахсе фарқ дорад, аз ҳар синну соле фарқ дорад. Хушбахтӣ, ду меҳвар дорад, меҳвари дунявӣ ва меҳвари ухравӣ. Яке ин дунёро ҷавҳари хушбахтии худ қарор медиҳад ва дигаре охиратро саввумӣ, ҳар дуро. Барои тифли ширхора дар оғӯши гарми модар будан ва шиками сер, шир макидан хушбахтист, чун бузургтар шавад, хушбахтияш дар бозӣ ва бозичаҳост.

Дар замони шӯравӣ яке аз хушбахтиҳои мо идҳои шӯравӣ буданд, ки худро дар мунтаҳои саодат эҳсос мекардем, аммо барои кӯдакони ҳозира ин саодат ин аст, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсолонаш кӯчагардӣ кунад, як бечораеро озор диҳад, зӯри худро бар касе, ки аз ӯ заифтар аст, нишон диҳад, соатҳои дароз дар интернет чатзанӣ кунад, ё то нимашаб бозиҳои компютерӣ бозад ва нақши марди "крутой"-ро бибозад.

Қолаби низоми хушбахтсозии ҳар тифл ва унсурҳои ахлоқӣ ва шахсияти ӯ аз рӯи тарбия ва муҳите дар зеҳни ӯ устувор мешавад, ки ҷаҳонбинии ӯро ташаккул додаанд. Ва ҷаҳонбинии кӯдакони имрӯза ва тарбияву парваришу парастории онҳоро на падару модари меҳрубон ва на бибиву бобои соҳибтаҷриба, балки филмҳои тасвирӣ (мултфилмҳо) ва филмҳои зӯроварии амрикоӣ ташаккул медиҳанд. Пас, аз ин филмҳо бояд донист, ки оё кӯдакони мо хушбахт ҳастанд, ё на, зеро ҷаҳони хушбахтии онҳо дигар асту ҷаҳони хушбахтии мо дигар.

Ҷумъаи МИРЗО,сармуҳарририҳафтаномаи "Нури зиндагӣ":

Азбаски ман кӯдаки даврони Шӯравӣ будам ва кӯдаки имрӯза нестам, метавонам, ки инҳоро қиёс кунам. Дар қиёс метавон ба чунин хулоса омад, ки кӯдакони давраи Шӯравӣ хушбахт буданд. Чаро? Зеро кӯдаки даврони Шӯравӣ танҳо дар бораи худ фикр мекард. Барои ӯ ҳам падар ҳам модар ва ҳам муаллимон ва тамоми мардум дар хизмат буданд. Кӯдакони он замон ба чизе эҳтиёҷ надоштанд, танашон пӯшида буду шикамашон сер буд, дар мактаб бо китобҳои дарсӣ таъмин буданд ва бе пул таҳсил мекарданд. Масалан, дар фасли тобистон таътил дар фароғатгоҳҳо муҳаё буд. Дар сурати бемор шудан табобат ҳам бепул буд. Тамоми ин имтиёзҳое, ки имрӯз дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ ҳастанд, дар он замон бе пул буданд. Кӯдаки айёми Шӯравӣ воқеъан даврони тиллоӣ дошт, зеро агар муқоиса кунем, аз ҷиҳати маърифатнокӣ ҳам аз кӯдакони имрӯз фарқ доштанд. Кӯдаки даврони Шӯравӣ қариб ҳамарӯза рӯзнома ва нашрия мехонд. Рӯзнома ва нашрияҳое, ки ҷумҳуриявӣ буданд ва онҳо аз шаҳрҳои Маскав, Тошканд ва дигар ҷойҳо оварда мешуданд. Аммо имрӯз қисме аз кӯдакон худашон тақдири худро худ ҳал мекунанд. Кӯдаки имрӯза маҷбур аст, ки салафан фурӯшад, мошин шӯяд, аробакашӣ кунад, рӯзномафурӯшӣ кунад ва ҳазору як ҳунари дигар дорад, ки барои чанд сомонӣ шуда, сарвати асосии худ саломатиашонро аз даст медиҳанд. Ба гумони банда дар даврони Шӯравӣ фарзандон хушбахттар буданд, назар ба кӯдакони имрӯзаи Тоҷикистон.

Зебуннисо РУСТАМОВА, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ:

Ба назари ман кӯдакони имрӯза нисбат ба кӯдакони даврони Шӯравӣ хушбахттаранд. Кӯдакони он замон бо хоҳиши худ коре кардан наметавонистанд. Дар даврони Шуравӣ кадом кӯдак метавонист Дубай рафта истироҳат кунад ё дар хориҷи кишвар рафта таҳсил кунад. Аммо имрӯз бо падару модари худ рафта истироҳат мекунанд, як қисмашон дар онҷо таҳсил мекунанд. Дар даврони Шӯравӣ ҳама як хел ҳуқуқ надошт. Лекин кӯшиш мекардем, ки кӯдаконамон дар мактаб хуб хонанд. Имрӯз вақте мебинӣ, ки кӯдакони хушрӯяк ва дустрӯяк либосҳои зебо дар тан доранд, фикр мекунӣ, ки хушбахттарин тифлаконанд. Чунки ҳатто кӯдакони деҳот ҳам имконият доранд, ки ба давлатҳои хориҷа рафта истироҳат кунанд, таҳсил кунанд. Ин имкониятҳо дар замони Шӯравӣ вуҷуд надоштанд. Агарчӣ камбизоати дасти хеле аз кӯдакони моро кӯтаҳ кардааст, то лаззати ин хушбахтиҳоро бичашанд.

Холаҳмад САМИЕВ, декани факултаи таърихи ДМТ:

Ҷомеи Шӯравӣ аввал талаботи инсонро ба ҳадди сифр поён карда оҳиста- оҳиста онро баланд мебардошт. Аммо вақте ки талаботи маънавӣ пеш омад, онро қонеъ карда натавонист. Мо бояд аввал сатҳи талаботи кӯдакон ва ҷавонони худро муайян кунем. Баъд онҳоро қонеъ гардонем. Хушбахтӣ ин давра ба давра қонеъ кардани талаботи моддиву маънавӣ аст. Фикр мекунам, хушбахтии кӯдаконро муқоиса карда, ба чунин натиҷа расидан имкон дорад, ки он вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи талаботи ишон аст.

КӮДАКОНИ ШУМО ДАР КИШВАР ХУШБАХТАНД Ё ДАР ХОРИҶ?

Ҳошими ХОЛЗОДА Некварз, хабарнигори "Садои Хуросон", Машҳад:

Ба суоли Шумо бояд аз 2 нигоҳ посух дод:

Аввалин, ки кӯдакони аксари онҳое, ки дар хориҷ аз Тоҷикистони азиз ба сар мебаранд, аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ масъалаҳои вобаста ба либос, хӯрок, дармон, истироҳату бозӣ ва дарсу машқи мактабӣ таъминанд. Ва ин ҳама ҷои басе шукргузорӣ аз Худои рӯзидеҳу раҳнамойро дорад. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки фарзандони мо дар қиёс ба ҳамсолони худ дар Ватан хушбахттар ҳастанд. Кӯдакони мо дар инҷо аз муҳити хуби таьлим ва тарбия, аз хона гирифта то кӯдакистону мадраса ва ҳатто дар кӯчаву хиёбон бархӯрдоранд. Аммо аз инҳо муҳимтар рушди фикриашон аст. Дарку фаҳмиш, одобу ахлоқ ва сатҳи ҷаҳонбинии ин қишр ба маротиб болотар аз ҳамсолонашон дар Ватан аст. Мо ҳар сол, ки бо аҳли оила барои гузаронидани мураххасӣ ё таътилот ба кишвари дӯстдоштаниамон меравем, тафовут миёни фарзандони худ ва фарзандони хешу табор ва ошноёнро аз лиҳози маънавӣ ва фикрӣ мушоҳида мекунем. Албатта ин боиси таассуф ва нигаронӣ аст. Костиҳо дар таълиму тарбия ва рушди фикрӣ ва ахлоқии кӯдакону наврасон аз осебрасонтарин омилҳо ба ояндаи Миллат ва Ватан аст. Масъулон ва мардум бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Масъалаи дигар дар иртибот бо ҳаёти рӯзмарраи кӯдакони мусофир, ки то андозае хушбахтии ононро халадор мекунад, дуриашон аз Ватан ва ҳар чизе, ки вобаста ба Ватан аст, мебошад. Соддатар карда бигӯем, ин ҷо кӯдакон (нафақат онҳо) ҳама чиз доранд, вале Ватан надоранд, Ватане, ки ба ҳеч чиз наметавон онро иваз кард. Яке аз мавридҳое,ки ин кӯдаконро ҳамвора озор медиҳад, навьи нигоҳи хоси ҳамсолони маҳаллиашон ба онҳо ба ҳайси як хориҷӣ аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки фарзандони мо беш аз калонсолон ба ёди Ватан ва хӯшиҳову лаззатҳои будан дар диёри аҷдодӣ ҳастанд.

Мирзои САЛИМПУР, хабарнигори "Озодӣ", Прага

Ман фикр намекунам, ки мояи хушбахтӣ маҳалли зисти атфол бошад.

Кӯдак метавонад бо доштани тамоми неъматҳои мумкини ҳаёт ва зиндагӣ дар беҳтарин шаҳри дунё низ эҳсоси хушбахтӣ накунад.

Вале дуруст аст, ки шароит ва имконот барои як зиндагии хуштар ва хушбахттар дар Прага, ки ману кӯдаконам ба сар мебарем, нисбат ба Тоҷикистон хубтар фароҳам шудааст.

Дастрасӣ ба таҳсил ва ҳамин тавр шароити баъд аз дарс дар инҷо бамаротиб беҳтару хубтар аз шароити Тоҷикистон аст, албатта, вале аз сӯи дигар, дурӣ аз муҳити забонӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки онро намешавад бо ҳеҷ чизи дигар ҷуброн кард.

Аммо дар ҳар сурат, ман наметавонам ба ҷойи кӯдаконам қазоват кунам, ки оё дар ин ҷо хушбахттаранд ва ё агар дар Тоҷикистон мебуданд. Ин ҳаққи онҳост, ки низ аз шароит ва тарзи зиндагии инҷо бармеояд. Дар Тоҷикистон, то ҷое медонем, волидон бештар қазоват мекунанд, ки барои фарзандони онҳо чӣ беҳтар аст?

Пурсиши Саъдии ЗАМОН


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97