ШАҲРЕ, КИ БАРОИ КӮДАКОН НЕСТ ё кӯдаконамонро куҷо барем?

Иҷтимоъ 05.06.2010 16:06

МАРГЕ БАРОИ ФАРОҒАТ

Дар маҳаллаи 46-уми пойтахт тахминан моҳи ноябри соли гузашта ҳодисаи даҳшатворе рух дод. Бачаи 5-сола ҳангоми бозии "рустшавакон" дар таҳхона ба дохили яхдони вайрона даромада пинҳон мешавад, ки дӯстонаш ӯро наёбанд. Дари яхдони вайрона танҳо аз берун кушода мешуд ва ӯ онро кушода натавониста, ҳалок гардид.

НИГАРОНИИ СОКИНОНИ БИНОҲО

Агар аз назди бештари хонаҳои истиқоматии шаҳри Душанбе гузар кунем, дар назди онҳо мавзеъҳое барои бозӣ кардани кӯдакон, яъне ҷойҳои фароғатие, ки замоне мавҷуд буданд ва кӯдакон дар он мавзеъҳо бозӣ мекарданд, қариб осоре намондааст. Агар ҷое мавҷуд бошанд ҳам шикаставу валангор шудаанд ва кӯдакон имконият надоранд, ки ба бозиву фароғат машғул шаванд. Ин ҳам сабаб мешавад, ки кӯдакон дар ҷойҳои ғайри қобили фароғат, ба мисли таҳхонаву дигар ҷойҳо бозӣ кунанд. Ин танҳо як воқеае буд, ки мо дар боло баррасӣ кардем, шояд чунин ҳодисаҳо садҳо бор ба амал омада бошанд, лекин гирифтани сари роҳи чунин ҳаводис вуҷуд дорад? Оё ягон мақомоте ҳаст, ки пеши роҳи чунин ҳодисаҳоро бигиранд ё мақомоте ҳаст, ки ҷойҳои фароғат ва бозии бачаҳоро таъмин намояд.

Нигаронии сокинони Душанбе, ба хусус занҳо аз ин мушкил басо ғамангез буд. Ҳангоми сӯҳбат бо бархе аз занони маҳаллаи 102-юм маълум шуд, ки қариб дар назди ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ танӯру дигар ҷойҳои ниёзи фароғат ва истгоҳҳои мошин мавҷуданд. Он мавзеъ ва асбобҳое, ки барои дилхӯшии кӯдакон буданд, айни ҳол вуҷуд надоранд. Ганҷина, ки модари чор фарзанд мебошад, аз он нигарон аст, ки фарзандонаш калон шудаанд ва дар назди бинои истиқоматии онҳо ҳеҷ гуна ҷойи бозии кӯдакон мавҷуд нест. Ӯ дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки шомгоҳон фарзандонамон ба кӯча мебароянду ба саргармие машғул мешаванд ва дар назди даромадгоҳи бино бархе аз занон машғули сӯҳбатанд, ки онҳоро аз назди худ меронанд.

Шамсия, сокини ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, ки дар бинои истиқоматии онҳо ҳама ҷои бино таъмирталаб асту чанд сол инҷониб рӯи таъмирро надидааст. Ҳар боре, ки кӯдакон бо шавқ бозӣ мекунанд, аксари онҳо афтида, ягон ҷояшон захмин мешавад. Рӯзҳои истироҳат ба хотири он ки ҷойи бозӣ дар назди бинои истиқоматиамон надорем, имкон надорам, ки меҳмон қабул кунам, чун кӯдакон ҳамеша дар хона ҳастанд.

Бо вуҷуди ин ҳама арзу шикояти модарон ин камбудиҳо бартараф намегарданд, балки зиёд мешаванд. Биноҳои баландошёна ки солҳои пеш сохта шудаанд, дар назди худ барои фароғати кӯдакон чунин майдончаҳоро ташкил мекарданд, аммо имрӯз дар вақти сохтани биноҳои нав аз мавзеи дилхушии кӯдакон сарфи назар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои муттараққии ҷаҳон пеш аз сохтани манзилҳои истиқоматӣ ҷойи дилхушии кӯдаконро аввалин шуда ба назар мегиранд. Сабаб дар чист? Ин бозиҷойгоҳҳо ҷои киву чиро танг мекунанд? Чунин мавзеъҳо дар назди биноҳо буда, симои шаҳрро низ зебо мегардонад.

Бисёре аз занҳо ҳайронанд, ки кӯдаконашонро рӯзҳои истироҳат ба куҷо бубаранд. Қаблан дар Парки Ленин, ки акнун номи Устод Рӯдакиро гирифтааст, асбоббозиҳои дилхушӣ вуҷуд дошт, ки онҳоро аз ин ҷо "бадарға" кардаанд, аммо бидуни он ки аввал бисозанду баъд бишкананд.

"ЛИМПОПО"- ҶОЙИ ДИЛХУШИИ КӮДАКОН

Хушбахтона, ниёзи ҷомеа ба назар гирифта шуд ва ахиран кушодашавии марказҳои дилхӯшии кӯдакон ин мушкилии модаронро каме бошад ҳам осон хоҳад кард. Ҳамакнун дар Душанбе дуюмин маркази фароғатии кӯдакон кушода шудааст, ки яке аз онҳо маркази фароғатии "Лимпопо" мебошад. Абдусамадов Мирводӣ - директори маркази дилхушӣ барои кӯдакон - "Лимпопо" бар ин назар аст, ки: "сабаби кушодани чунин маркази дилхушӣ барои кӯдакон дар шаҳр вуҷуд надоштани марказҳои бемалоли истироҳатии хуб мебошад. Мо барои он макони маркази худ маҳаллаи "Профсоюз"-ро интихоб кардем, ки дар инҷо хонаҳои баландошёна хеле зиёд ҳастанд, аммо боғҳои фароғатӣ нест ва ин сабаб шудааст, ки мо дар ин ҷо чунин марказро таъсис диҳем. Мо мақсад дорем, ки теъдоди бозиҳои дулхӯшкунандаи кӯдаконро бисёртар кунем. Рӯзҳои кории мо аз соати 10 шурӯъ шуда, соати 10-и бегоҳ ба анҷом мерасанд. Инчунин дар ин фароғатгоҳ мо 4-мураббӣ дорем, ки вазифаи онҳо қабул ва гусел кардани тифлакон ва тарзи бозиҳоро ба онҳо нишон додан мебошад. Боз дар баъзе маврид падару модароне, ки вақт надоранд, метавонанд кӯдакони худро дар ин ҷо гузошта маблағи иловагӣ супоранд. Кӯдакони ба ин ҷо ворид гардида, 10 сомони бар ивази 1 соат медиҳанд".

Аз ӯ суол кардем, ки оё ин маблағ барои мардум гарон нест? Ӯ чунин посух дод, ки ҳарчанд гарон бошад ҳам, аммо ҳангоми ба боғҳо рафтан маблағи аз ин ҳам гаронеро сарф карда, ҳатто талаботи фарзандонро қонеъ карда наметавонанд.

Дар воқеъ ҳам, ҳангоми ба он марказӣ дилхушӣ ворид гаштан, мо пай бурдем, ки кӯдакон бо хушҳолии бе андоза ба бозӣ машғуланд ва дар посух ба суоли мо ки оё ин марказ ба шумо писанд шуд, чунин ҷавоб гуфтанд: Бале, хело ҳам хуб аст, аз боғҳои фароғатӣ бо он чархофалакҳову бозичаҳои валангору фарсудаашон дида, ин ҷо беҳтар аст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳарчи бештар ба ин ҷо биёем. Аммо дар ин маркази номбурда на ҳамаи тифлон метавонанд истироҳат кунанд.

"ЛИМПОПО"- ҲАМАРО ДИЛХУШ НАМЕКУНАД

Як сокини ин маҳалла, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд ва худро табиб муаррифӣ намуд, чунин гуфт: "Дар назди хонаҳои истиқомати ҷойҳои истироҳатӣ қариб, ки намондааст. Вақте ки кӯдакон аз мактаб ва худи мо аз кор бар мегардем, бегоҳӣ ба истироҳат мебароем, назди хонаҳои истиқоматӣ танҳо танӯру ошдонҳо вуҷуд доранду истгоҳҳои мошинҳо. Дар баробари ин ҳусни шаҳр ва маданияти шаҳрдориро коста мегардонанд. Ман дар як моҳ фарзандонамро 2-3 маротиба боғҳои фароғатӣ мебарам. Ба назари ман кушода шудани чунин ҷойҳои фароғатӣ барои кӯдакон хуб аст. Ман, ки дар маҳаллаи "Профсоюз" зиндагӣ мекунам ва шоҳиди кушодашавии чунин маркази фароғатӣ гаштаам, хуб аст, аммо агар фарзандонам хоҳиши ҳар рӯз рафтанро дошта бошанд, маблағи ба ивази 1-соат 10 сомонӣ муайян кардаро тавони пардохт надорам.

ҒАМИ КӮДАКОНРО НИЗ БОЯД ХӮРД

Бо вуҷуди чунин мушкилҳо боғҳои фароғатии мо аксарашон аз соли 1940 инҷониб фаъолият мекунад ва барои бозии кӯдакон хатарноканд. Аз ҷониби дигар онҳо ба талаботи имрӯзаи тифлон ҷавобгӯ нестанд. Ҳарчанд як миқдор бозичаҳои чинӣ оварда бошанд ҳам, он қадар дархӯри талаботи имрӯза нестанд. Ба андешаи онҳо бояд тамоми васоили боғҳои мазкур таҷдид карда шаванд. Кам будани майдончаҳои бозӣ ба он оварда мерасонад, ки кӯдакон рӯзҳои худро бо бозиҳо дар ҷойҳои мошингузар ва хатарнок ё компутарбозӣ "кӯр" кунанд, ки ин ба амнияти зиндагии кӯдакон таъсири баде дорад.

Дар саросари ҷаҳон рӯзи 1-уми июн рузи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Кӯдакони Тоҷикистон низ ҷузъе аз ин олами атфоланд ва ҳаққи фароғат ва зиндагии хушро доранд. Аз ин рӯ масъулини шаҳрро мебояд сари ин чанд гуфтаи мо андеша намоянд. Барои ояндаи неки фарзандони хонадони тоҷик ва боло бурдани сатҳи маданияти шаҳрдорӣ, тарбияи насли солим ва боғурур, бояд онҳоро аз тифлӣ тарбия намуд. То тавонем, ки фарзандони шоиста ва бофарҳанг пешкаши ҷомеа намоем ва на салафанфурӯшу аробакашу авбошу гадо. Чӣ гуфтед, азизон?!


Ниҳонӣ ҚАДАМОВА,
Фархундаи ФУРҚАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97