"БИЛАЙН" ДИГАР ДАР ТАРАФИ ТОБОН НЕСТ

Иҷтимоъ 04.06.2010 15:28

АЗ ОВОЗА ТО ХАҚИҚАТ

Тӯли як ҳафтаи охир мушкили пайвастшавии алоқа аз телефонҳои симӣ ба шабакаи алоқаи "Билайн" норозигии муштариёнро ба бор оварда аст. Дар оғози пайдо шудани мушкили пайвасташвӣ сару садоҳои мардум оид ба рақобату нархгузориҳо миёни "Тоҷиктелеком", "Телеком технолоҷи" ва "Билайн" гуногун ба гӯш мерасид. Яке мегуфт, ки «Телеком технолоҷи» бо арзонтарин арзиш хизматрасонии алоқаро ба роҳ монда бо ин роҳ садҳо нафар муштариёни нав телефонҳои мобилию хонагии онҳоро харидор кардаанд.

Аммо ин нархгузории «Телеком технлоҷи» ба нафъи дигар ширкатҳои мобилӣ набудааст. Дигаре мегӯяд, ки акнун бозии калоне шурӯъ мешавад, ки як "клан"- яке аз "оператор"-фигураҳои сермуштарии ширкати мобилиро аз майдон берун мекунад. Тавре ки Бек Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар ҳафтаи гузашта ба расонаҳо гуфта буд, тамос гирифтан аз телефонҳои симии "Тоҷиктелком" ба ширкати "Билайн" қатъ карда шуд. Ин иқдом ба хотири он гирифта шудааст, ки ихтилофот миёни ширкати "Билайн" дар мавриди доштани иҷозатномаҳои иловагӣ ва насби мавҷгирҳо вуҷуд доштааст.

Аммо ягон нафар аз масъулини намояндагии операторони мобилӣ дар Қӯрғонтеппа сари ин мавзӯъ хоҳиши сӯҳбат кардан накарданд. Ҳатто "Билайн"-и маъруф, ки муаллифи ин сатрҳо низ муштарии фаъоли он ба шумор меравад. Соле пеш бо даъвати намояндагони ширкати мазкур дар як чорабинии худмуаррифии "Билайн" ширкат варзида, бо маҳорати касбӣ, усули ҷалбкунии муштариён ва дигар ҳунарҳои касбии ин ширкат шинос шуда будем. Ростӣ бовар доштам, ки мисли ман шаҳрвандони зиёде муштарии занбӯри асал хоҳанд шуд. Зеро ширкат рамзи занбӯрро гирифта ва муносибати маданиро ба муштариён асоси пешрафти тиҷорати худ меҳисобид. Новобаста аз он ки дар як соли истифодабарӣ аз ин хизматрасонӣ чанде аз "қилиқ"-ҳои "Билайн"-ро таҳаммул ҳам кардем, магар ин ки қатъ шудани пайвастшавии «Билайн» бо алоқаи симӣ, ки ба фаъолияти мо таъсири манфӣ мерасонад.

ТОҶИКРО КӢ ГУМОН КАРДИ "ТОВАРИЩ" БИЛЛАЙН?

Бо мақсади огоҳӣ аз мушкили пайвастшавии "Билайн" бо телефонҳои симӣ роҳ сӯи идораи қӯрғонтеппагии "Билайн"-ро пеш гирифтем. Дар қабулгоҳи идораи филиали Қӯрғонтеппагии "Таком" (бренди тиҷоратии ин ширкат) коргардухтарони навбатдор гӯё дар лаби об нишаста бошанд, саргарми сӯҳбат ба меҳмонони ба толор воридшуда аҳамият намедиҳанд. Баъдан мушоҳида кардам, ки ҳар нафаре, ки вориди ин идора мешавад, гӯё шартист ду се дақиқа дар назди мизи навбатдор рост истода интизорӣ кашад, ки кай мизбонон ба сӯҳбати хеш нуқта гузошта, меҳмонро "хушомад"-ӣ мекунанд.

Азбаски навбатдорони "Билайн" бо забони русӣ сӯҳбат доштанд, бо гумони он ки тоҷикиро намедонанд, ба лафзи русӣ ба онҳо салом додам,

Салом- тоҷикӣ ҷавоб гардонд, нафаре аз онҳо.

Каме дар хиҷолат шуда, аммо хурсанд аз он ки онҳо хоҳиши бо тоҷикӣ сухан гуфтан доранд, бо забони тоҷикӣ худро муаррифӣ кардам.

- "Я не понимаю что он говорить", -худро ҷиддӣ вонамуд карда, овоз баланд кард,- бонуи навбатдор,- "Здесь кто нибудь понимает его?"

Ҷавонмарди дигаре, ки либоси низомӣ ба бар дошт, маро сӯи худ хонд. Духтаракони "шӯх" гӯиё аз таҳқири забони тоҷикию меҳмони нохонда "кайф" карда бошанд, завқ мебурданд. Агар он рӯз роҳбари филиали "Билайн"-ро вомехӯрдам, аз беэҳтиромии коргаронаш нисбати забону мардуми ман як исёне мебардоштам, аммо афсӯс, ки он рӯзу ду рӯзи дигар ҳам на роҳбар ва на муовинонашро пайдо карда натавонистам. Навбатдорони низомии қабулгоҳи идораи "Билайн" як гап доранд. Роҳбар нест, муовин надорад. Дар инҷо ягон нафар ба суолҳои Шумо ҷавоб дода наметавонад. Ҳама ин муносибат нисбати намояндаи ВАУ ҳаст, ки барои посух гирфтан ба арзу суолҳои бешумори муштариёни аз хизматрасонии ширкат норозӣ ба ин даргоҳ омадааст. Аммо дар коргоҳи "Билайн" як дафтари ба қайдгирии муроҷиаткунандагон ҳам нест, ки лоақал арзу шикояти худро расман ба онҳо нависам.

"Товарищ" Билайн! Ман ба суханҳои милисаи навбатдор боварии комил доштам, ки дар ҳамаи рӯзҳои ба даргоҳат омаданам, раиси мӯҳтарам набуданд, инро аз муносибати коргардонат бо муштариён эҳсос кардан мумкин буд. Ҳамин танҳо аз Шумо талаб доштам, то он рӯзе аз ҳисоби ҳамин мардум арзи вуҷуд доред, зердастонатонро насиҳат кунед, ки ба эҳсоси ин мардум бозӣ накунанд. Мо аз бардошти як сӯҳбате, ки як сол пеш бо Шумо доштем мутмаинем, ки масъулини воломақоми ширкат ба муштарӣ ва миллати мо эҳтиром арҷ мегузоранд. Аммо як чиз бароям нофаҳмо ҳаст, ки Шумо коргаронатонро аз рӯи кадом меъёрҳо ба кор қабул кардаед ва онҳоро барои чӣ ҳунарашон маош медиҳед? Ҷалби муштариён, ё хайр?

МАН АЗ ПАЙҒОМҲОИ ШУМО БЕЗОР ШУДААМ, БЕЗОР!

Баъдан, муддати як соле, ки аз муштариёни фаъоли шумо ба ҳисоб меравам, роҷеъ ба шарту вазифаҳои хизматрасониҳои Шумо бардоштҳои дигаре низ дорам. Моҳе ба маблағи 40-50 сомонӣ аз хизматрасониҳои Шумо истифода мебарам. Аммо аз муштарии Шумо будан на он қадар хушнудам. Бубинед, мову Шумо як моҳи дароз неруи барқ, обу гази табииро истифода мебарем, ҳаққи хизматрасониро кай вақте хоҳем ҳамон вақт пардохт мекунем, ҳа?

Аммо шарти хизматрасонии Шумо пешпардохт ҳаст. Мо аввал маблағеро гӯё дар суратҳисоби худ, ки ихтисори он дар ихтиёри Шумо ҳаст, пардохт мекунем. Ман ба ин тарзи хизматрасонӣ мухолиф нестам. Зеро агар соҳаҳои барқу гази мо ҳам ба ҳамин шакл мегузаштанд, имрӯз дар вазъи мушкили молӣ намеафтоданд. Аммо бар асоси чӣ аст, ки барои пешпардохт намудан аз ҳамин маблағи мо боз аз 2 то 10% барои хизматрасонӣ-маблағи моро ба ҳисобамон ворид кардан, ба диллерони Шумо пардохт мекунем. Яъне тамоми харроҷот аз ҳисоби муштарӣ ҳаст, ки ин аз рӯи инсоф нест. Дар баробари ин, ҷанобони Билайн! Шумо бисёр як одати бад доред. Ҳамин, ки дар ҳисоби муштарӣ аз 3 сомонӣ камтар маблағ монд, пайғомҳои пайдарпай қаҳри моро меоранд; "Муштарӣ дар ҳисоби Шумо аз 3 сомонӣ камтар маблағ мондааст, хоҳишмандем ҳисобатонро пурра намоед". "Муштарӣ…".

Эроди аввал; ман розӣ нестам, ки ҳисоби маро тариқи "сообщеный" пайғом ирсол кунед. Оё кафолат дода метавонед, ки чунин паёмҳо оиди ифшои ҳисоби ман барои дигарон дастраст нест? Ё сирри даромаду маблағҳои суратҳисобҳои Шумо махфию "кошелек"-и мардум маълумоти истгоҳи санитарии обуҳавосанҷӣ аст? Баъдан таъминотчиро чӣ кор мондааст, ки дар ҳисоби ман чӣ миқдор маблағ мондааст? Охир, агар ба ман бақияи маблағҳои ҳисобам лозим шавад медонам, ку чӣ кор кунам.

Ман ҳамаи ин эродҳои дар назар соддаро барои он оварда истодаам, ки давлати мо барқу газро бо нархи ҷон истеҳсолу дастраст карда, пешкаши мову Шумо мегардонад. Ҳаққи хизматрасонии онро дар охири моҳ аз мо талаб мекунанд? Аммо Шумо чӣ миқдор харроҷоти истеҳсолӣ доред, ки бо муштариён чунин муносибат мекунед?! Баъдан ҳамин "сообщеный"-ҳои бисёратонро камтар кунед. Агар ҳамон шаби як сол пеш, ки аз овозаҳои дурӯғи замиинларзаи шадид мардум шабро дар берун рӯз кардан, як "сообщеный" ирсол мекардед, ки осуда хоб мерафтем, шояд имрӯз мо чунин эрод намегирифтем. Аммо…

ТЕЛЕФОН МУШ ДОРАД МУШ ГӮШ ДОРАД

Дар интиҳо мехостам як хоҳиши дигарамро низ ба инобат гиред. Шахсан, банда вақти гуфтугӯи телефонӣ ба як мушкил рӯ ба рӯ мешавам, дар оғози пайвастшавӣ ба мусоҳибон садоҳои гӯшхароши мавҷи алоқа табъи моро хира мекунад. Мисли оне ки гӯё дар дохили дастгоҳҳои мавҷпахшкунандаи шумо ё телефонҳои мо муш даромада бошад. Ин эроди фақат як муштарӣ нест. Баъди якчанд сония хир-хири "муш"-ак ором мешавад, мегӯи "ҷондор" гуфтушуниди мусоҳибонро гӯш мекарда бошад. Ин ҳам эроди ҷиддӣ аст ва сода қабул накунед. Охир ман- муштарии доимии Шумо, вақте маблағ сарф мекунам, сифати хуби пайвастшавиро талаб дорам. Аммо афсӯс, ки бо ҳамин теъдоди чандҳазорнафараи муштариёне, ки Шумо доред, ман як нафар аз онҳо мебошам, бо масъулини ширкати Шумо пайваст шуда наметавонам. Ҳоло онки мушкилу монеаҳои пайдошуда ба кори мову Шумо таъсири манфӣ мерасонад. Намедонам аз сӯҳбат канораҷӯйӣ мекунед ё навбатдоронат монеаи вохӯрдани Шумо бо рӯзноманигорон мешаванд, ки сару садоҳо оид ба сабабҳои қатъ шудани пайвастшавии телефонҳои си¬мӣ бо рақамҳои Шумо рӯз то рӯз гуногун ба гӯш мерасанд. Ва фикр мекунам, ки хомӯширо авлотар донистан ба нафъи мову Шумо нест. Ё мо рӯ бар хизматрасонии ширкатҳои мобилии дигар биёрем? Ё масъулини "Билайн" андешаи дигар доред?


Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
Қурғонтеппа
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97