МАСТЧОҲИЁН РОҲИ АЛТЕРНАТИВӢ МЕСОЗАНД!

Иҷтимоъ 02.06.2010 13:22

Бо баробари аз таъмир баровардани роҳи Хуҷанд-Бӯстон, ки як ҷузъи шоҳроҳи Душанбе-Хӯҷанд-Чаноқ ба ҳисоб меравад, шояд аксари сокинони ноҳияи Мастчоҳ мавҷудияти роҳи кӯҳнае, ки ба воситаи шаҳраки Чорукдаррон сохта шуда, нохияи мазкурро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад, фаромӯш карда бошанд. Чунончи зимни сӯҳбат бо як сокини кӯҳансоли Чоруқдарон маълум гардид солҳои охир аз ин роҳ танҳо сокинони шаҳраки мазкур истифода мекардаандуанду бас.

Аммо бо "шарофат"-и пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар роҳи кӯҳна (ронандаҳои мастчоҳӣ ин роҳро хамин тавр меноманд) теъдоди нақлиёти ҳаракаткунанда ду бора афзуд. Аксаран мошинҳои сабукрав, "тангемҳо" ва баъзе микроавтобусҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд бевосита аз ин роҳ убур мекунанд. Аз рӯи маълумоти ронандагони мастчоҳӣ онҳо барои ҳаракат кардан дар роҳи пулакӣ 8-сомонӣ медиҳанд. Тазаккур бояд дод, ки дар ноҳияи Мастчоҳи нав қисми асосии наклиете, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, мошинҳои сабукрав ва тангемҳое мебошанд, ки ҳамагӣ 6-7 ҷои нишаст барои мусофирон доранду бас. Табиист, ки пардохти пули рох барои онҳо гаронӣ мекунад. Аз ин лиҳоз ронандагон бо роҳи кӯҳна ҳаракат карданро афзалтар мешуморанд, ҳарчанд ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ онҳо ба якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ нашаванд ҳам.

Як ронандаи микроавтобус, ки худро Зайниддин муаррифӣ кард, мегӯяд: Автомобили ӯ дар роҳи Чоруқдарон бо сабаби техникӣ ҳаракат карда наметавонад. Дар ҳақиқат аз намуди роҳ пайхас кардан мумкин аст, ки роҳ зарфи 30-40 соли охир рӯи таъмирро надидааст ва аз таъмири он низ ягон манфиате нест, зеро дар замони боришот роҳи мазкурро обҳои борон шуста, аз сари нав харобу валангор мекунад. Ва агар роҳи асосӣ пулакӣ намешуд сокинони Мастчоҳ ҳаргиз аз ин гуна роҳи пурхатар истифода намекарданд. Бар замми ин қисми асосии он дар байни талу теппаҳо ва чойҳои ноқулай ҷойгир шуда, асфалтпӯш нест. Бинобар ин роҳи мазкур натанҳо ҷавобгӯи меъёрҳои бехатарӣ нест, балки он дар асл аз як пайроҳаи оддӣ тавофути зиёде надорад. Бар замми ин навад дар сади микроавтобусе, ки дар ҳудуди вилоят ва шояд ҷумҳурӣ ба мусофиркашони машғуланд, кӯхнаву фарсудаанд. Аз ин лихоз пасту баландиҳои ин қабил роҳҳоро ба осони убур карда наметавонанд. Мошинхои нав бошанд дар натиҷаи ҳаракат дар ин гуна роҳи валангор зуд аз кор мебароянд. Новобаста аз ин ба ғайр аз роҳи пулакӣ роҳи ба воситаи Чоруқдарон гузашта ягона роҳи алтернативиест, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз он ба роҳат истифода мекунанд ва инунин таъкид бояд кард, ки роҳи мазкур шояд дар тамоми ҳудудҳое, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ вуҷуд дорад, ягона роҳи алтернативӣ бошад. Бояд қайд кард, ки роҳи Хуҷанд-Бӯстон барои сокинони вилояти Суғд аҳамияти басо бузургеро дорост. Аввалан ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияои бузурги кишоварзӣ дар минтақаи шимол ба ҳисоб меравад ва табиист, ки пулакӣ шудани роҳ ба нарху навоии озуқавори ва дигар намуди маҳсулот бетаъсир нахоҳад монд. Сониян, бисере аз сокинони вилоят таввасути ҳамин роҳ ба хориҷа сафар мекунанд ва воридоту содироти маҳсулот асосан дар ҳамин роҳ ба амал мепайвандад ва инунин роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди минтақа ягона роҳест, ки солҳои охир рӯи таъмирро дидааст, дигар ҳамаи роҳҳо вайрону валангоранд. Вобаста ба казияи мазкур Далер ном як нафар ҷавони мастчоҳӣ мегӯяд, "дар вақташ сарҳадбонони ҳамсоякишвар роҳҳо ва сарҳадҳоро бо симхор мебастанд, аммо ҳар даъфа сокинони Мастчоҳ ин монеъаҳоро ҳамдилона аз байн мебардоштанд. Эҳтимол дорад, ки агар мардум дилтанг шаванд аз ин усул низ кор бигиранд".

Дар роҳе, ки аҳолӣ барои истифодаи он маблағ пардохт мекунанд, ягон пункти назоратии техникӣ вуҷуд надорад ва аз роҳи муқаррарӣ ягон бартарии он низ мушоҳида намешавад ва чизи дигари нигаронкунанда он аст, ки мардуми оддӣ аз мавҷудияти чунин як вазорате амсоли вазорати нақлиет ва комунникатсия огоҳӣ надоранд ва на Олимҷон Бобоевро мешиносанд. Табиист, ки ҳар мушкилоти дар натиҷаи чунин тасмимгириҳо ба вуҷудомадаро аз мақомоти аввалия медонанд, ки ин дар хақиқат падидаи ҳузнангез аст.


Қодиров БЕҲРӮЗ, Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97