ОСЕБДИДАГОНИ ВАНҶ ҲАНӮЗ ХАЙМАНИШИНАНД Ё сокинони он зарбаи шадиди равонӣ гирифтаанд

Иҷтимоъ 01.06.2010 14:15

ЗАМИНҶУНБИИ АҶОИБ

 

КУМАКҲОИ ЗАНОНА ВУҶУД НАДОРАНД

 

Моҳшариф Хомӯшова, ҷонишини раиси ҷамоати "Ванҷ"-и ноҳия мегӯяд, ки албатта, дар давраи заминларза ва ба баъд ба занҳо кумаки махсусе равона нашудааст, аммо аз ҷониби як қатор ташкилот ҳои хориҷӣ, аз қабили "Ҳилоли аҳмар", "Фокус", Кумитаи имдоди Хумайнии Ирон ва иттиҳодияи ҷамъиятии "Мадина" як қисм кӯмакҳое буданд, ки ба занҳо бештар бастагӣ доштанд. Инчунин бону Хомӯшова изҳор кард, ки мардуми ноҳия ҳанӯз дар ҳузури сарвазири кишвар гуфта буданд, ки мо ба хӯрокаву либос ниёз надорем, барои мо кӯмакҳои молиявӣ барои сохтмони хона лозим аст.

Занҳое, ки бо муддатҳои гуногун манзилҳои худро тарк карда буданд, албатта айбро дар гардани касе бор намекунанд, вале онҳо намедонанд, ки аз пушти ҳуқуқношиносии онҳо ҳазорон пули созмонҳои хориҷиро созмонҳои дохилӣ обу лой мекунанду касеро парво нест. Як қисм аз хонаводаҳои ванҷӣ ба Русия ҳиҷрати якбора намуданд. Миралишо Чачаев, раиси деҳаи Гшхуни ноҳияи Ванҷ дар мавриди мушкилоти занону кӯдакони ноҳия дар замони заминҷунбӣ ва то кунун чунин иброз дошт:

"Баъди заминларзаи шадид, албатта дар зимистони хунук имкони зисти занону кӯдакон дар ҳавои сарди зимистонии Ванҷ набуд. Як қисм занҳо маҷбур шуданд, ки ба Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба хонаи хешу табор бираванд ё иҷоранишин шаванд. Мутаассифона, дастгириҳои давлатӣ ё созмонҳои хориҷӣ моддӣ буданд на молиявӣ. Яъне мардум ниёз дошт ба сарпаноҳ ва маблағ, ки битавонад худро аз азоби сангин наҷот диҳанд. Ин гуна кумак дида нашуд. Занҳо бо кӯдакҳои хурдсол ба Душанбе рафтанд, диданд, ки намешавад, гашта омаданд. То ҳол хонаводаҳои ванҷие, ки аз заминларза зарари шадид дидаанд, дар хайма зиндагӣ мекунанд. Ин вазъият ба мардум таъсири бади равонӣ гузошт. То ҳатто аз деҳаи мо баъди ба Душанбе рафтан ду зан ҷони худро аз даст дод. Албатта, онҳо бо марги табиӣ гузаштанд, вале таъсири равонии заминларза низ буд".

 

ЁРИИ РАВОНӢ, АММО БАЪДИ 22-РӮЗ

 

Ҳукумати ноҳия ё шӯъбаи кор бо занони ноҳия ҳатто натавонист, ки занонро аз нигоҳи равонӣ дастгирӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки бояд чунин корро равоншиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мекарданд. Баъди рух додани ҳодисаҳо бояд то 3-рӯз ёрии равонӣ ба мардум расонида шавад. Баъди ин заминларза як гурӯҳи равоншиноcони ДМТ, бо кӯмаки созмонҳои хориҷӣ ба ноҳияи Ванҷ рафтанд. Аммо онҳо хеле дер ба ин сарзамин рафта буданд. Ба эътиқоди равоншиносон дар вазиятҳои фавқулода новобаста аз он, ки ин офати табиӣ аст, ин офати техногенӣ аст, ё офатҳои антропогенӣ, ки аз тарафи худи инсонҳо монанди тероризм, ташкил карда мешаванд, равоншиносҳо баробари духтурҳо бояд дар ҷои ҳодиса ҳозир шаванд. Онҳо бояд ҳатман дар се рӯзи аввал баъд аз вуқуи ҳодиса дар он ҷо бошанд ва ба мардум кӯмак расонанд.

Нафиса Юсуфова, мудири кафедраи равоншиносии ДМТ далоили ин амрро чунин арзёбӣ кард: "Дар ҳолати сар задани ягон ҳодиса, аз қабили сел, тарма, заминҷунбӣ, як кас метарсад, як кас гиря мекунад, касе карахт шуда, дар ҷояш мемонад на давидан метавонад, на нишастан, на гап задан, касе даву тоз мекунад, давутозҳои бемақсад, ҳаяҷонҳои бемаврид, касе доду фиғон мекунад, худашро шояд худро ба қатл бирасонад. Одам дар ин вазъият ҳар хел аст ва вазифаи равоншинос дар як муддати кӯтоҳ ба одамоне, ки бештар осеб ёфтаанд кӯмак расонидан аст. Мутаассифона, имрӯз ҳеҷ кас заминларзаро пешбинӣ карда наметавонад ва ин гуна имкониятҳо имрӯз дар илми сейсмология нест. Шояд мардум дар ҳамон лаҳза мунтазир буданд, ки ҳоло ягон ташкилоти хориҷӣ ба кӯмаки онҳо мешитобад ва маълум мекунад, ки аз чӣ сабаб замин меҷунбад, аммо бо вуҷуди он, ки намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷопониҳо ба он мавзеъ омаданд, муайян нагардид".

Бону Юсупова дар ин бора афзуд:

-Мо барои ҳамин фаъолиятро аз кӯдакон шурӯъ намудем ва ба як қатор деҳаҳо, аз он ҷумла ба деҳаи Гишхун, ки он ҷо бисёр осеб дидааст, равон гардидем. Вазифаи асосии мо ором кардани аҳолӣ буд. Бинобар он рӯзи 24 - уми январ рӯзе буд, ки таҳсил сар шуда буд ва мо кӯшиш кардем, то кӯдаконро ба дарс ҷалб кунем. Вақте ки кӯдак бо кӯдак дар бораи ҳолат ва тарси худаш гап мезанад барои равоншинос ҳамин чиз муҳим аст, ки одам тавассути муошират тарсашро бартараф кунад. Албатта, нақши занҳо дар тарбия ё парастории кӯдакон зиёд аст. Мо бо онҳо низ кор бурдем ва то андозае тавонистем он сокинонеро, ки гирифтори дипресия, тарс ва ба ҳолати стреси хроникӣ ё вайроншавиҳои асабии баъд аз осебҳои дида, гирифтор шуда буданд, кӯмак расонем.

Сокинони ноҳияи мазкур 2 сол аст, ки дар маҳали заминҷунбӣ умр ба сар мебаранд ва аллакай таҷриба доранд. Онҳо ҳатто муддате ором шуда наметавонанд ва ҳамеша ҳушу хаёлашон ба ҷунбидани замин банд аст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки одамони ин ноҳия ҳамеша дар ташвишанд ва ҳар лаҳза хатар бар ҷони онҳо асар карданаш ҳам аз имконият берун нест, лекин мардум ба Худои таоло бовар дошта, дар фикри онанд, ки ҳамеша онҳоро нигаҳбон аст. Аммо агар чунин ҳол идома ёфтан гирад мардум наметавонанд ҳаёти солимро пеш баранд ва таъсири ин заминҷунбидан дар зеҳни мардум, хусусан, кӯдакон умрбод боқӣ мемонад. Таъсирпазирии равонии занҳо ба сарнавишти минбаъдаи кӯдакони онҳо низ таъсир дорад.

 

Ин матлаб бо дастгирии молии Бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" нашр мешавад.


Саъди Юсуфӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97