ОФАТИ КӮЛОБ ВА ДАЪВАТИ ҲОҶӢ МИРЗО

Иҷтимоъ 28.05.2010 15:26

Даҳшати обхезии Кӯлоб, ки даҳҳо танро бе ному нишон ва даҳҳои дигарро кушт, шояд дар таърихи Тоҷикистон назир надошта бошад. Ҳарчанд, Тоҷикистон аз ин ҳам даҳшатҳои дигарро, ба мисли зери хок мондани чанд деҳа бо тамоми аҳолӣ ёд дорад, вале ин ҳодиса бо ҷузъиёти дардноку ғамгине ба куллӣ аз тамоми даҳшатҳое, ки дар паи офати табиӣ ба миён омадааст, фарқ мекунад.

ШОК ДАР КӮЛОБ

Сел бо тамоми ваҳшат дар пеши чашми наздикону масъулон инсонҳоро ба коми худ мебурд, лек касе қудрат ва ҷуръати наҷоти инсонҳоро дар ин лаҳзаи ҳасос надошт. Даҳҳо модар шоҳиди марги фарзанди худ ва даҳҳо фарзанди дигар шоҳиди марги модару дигар наздикони худ буданд. Барои аввалин бор медидам, аксари мотамзадагон ба марги модару фарзанди худ сару рӯй намеканданд, фи?он намекашиданд... Бархе мегуфт, ки ин офат онҳоро сангдил карда ва ё дигар ашке барои гиристан надоранд.

Аммо ҳангоми сӯҳбат аз наздик маълум буд, ки аксари онҳо дигар рӯҳан солим нестанд, ваҳшатзадаву даҳшатзада дар ҳолати шок ба чизе пурра сарфаҳм намераванд ва ё ин ҳама ҳодисаро хобе пиндошта, ҳанӯз ҳам умед доранд, ки бедор мешаванд.

15 МИЛЛИОН КУБ ОБ ВА БАҲОНАҲО

Мутахассисон ҳамакнун мегӯянд, ба дарёчаи Тебалай шаби 7-уми май 15,2 миллион куб об омадааст, ки инро касе то ҳол ёд надорад. Қаблан, тибқи гуфтаи онҳо ҳангоми боронгариҳо танҳо аз ин дарёча 3 то 5 миллион куб об ҷорӣ мегаштааст. Инчунин, ба гуфтаи Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб дар пайи борони шадиди сел дар Шӯрообод об бо суръати хеле баланд сӯи шаҳр ҳаракат карда, 17 пули иртиботии хурду бузургро хароб кардааст. Даҳҳо дарахту сангу ша?алро ин офат бо худ ҳамроҳ ба шаҳри Кӯлоб ворид карда, маҳаллаҳоро пур аз санг намудааст.

Бо гузашти беш аз даҳ рӯзи ин ҳодиса масъулин мегӯянд, агар огаҳӣ ҳам медоштанд, дар қиболи чунин офат ҳеҷ тадбире карда наметавонистанд. Аммо сокинони кӯҳансол ва таҷрибадори маҳаллаҳои Нонвои Поён ва Чармгари Поён бовар доранд, ки пеши харобкориҳои селро гирифтан имкон дошт. Онҳо аз даҳҳо мактуби дастаҷамъӣ ёддовар мешаванд, ки унвонии раиси шаҳр барои поккорӣ ва садбандии ин соҳил ирсол доштаанд. Ба қавли эшон агар як тасмачарх санги ин дарёчаро, ки сели охирин қариб ба соҳил баробараш намуда буд, каме берун мекард, ҳеҷ гоҳ чунин фоҷеа сар намезад. Охирин мактуб 15 рӯз пеш аз ин ҳодиса аз номи мардуми маҳаллаи Нонвои Поён бо мазмуни "Сангоб аз сел пур шудааст ва онро тоза кунед" ба ҳукумати маҳаллӣ равон шудааст. Аммо ҳукумат бо баҳонаи оне, ки ин дарёча дар тавозуни ҳукумати шаҳр нест, аз тоза кардани он сарпечӣ кардааст. Коршиносон низ мегӯянд, маҳз ҳамин баҳона даҳҳо масъули бемасъулиятро шояд аз ҷавобгарии ҷиноӣ халос кунад.

ДАЪВАТИ ҲОҶӢ МИРЗО ВА МАРДУМИ ХАЙРХОҲ

Кӯмакҳои башардӯстона ва шаҳру навоҳии кишвар, ки фавран ба маҳали ҳодиса оварда шуданд, танҳо бо сабабе, ки рӯйхат нест, то 6 рӯзи баъд аз офат ба мардум тақсим нашуд. Аммо дар ҳоле, ки рӯйхат омода шуд, аллакай, ба гуфтаи шоҳидон бархе маводи ғизоӣ, ба хусус пиёз, ки сабз шуда буд, ¬ғайриқобили истеъмол гардид.

Аммо тавре шоҳид будем, аз нахустин лаҳзаҳои ин офат мардуми осебнадида ба кӯмаки мардуми зарардида шитофт ва то кунун ин мардум кӯмаки худро аз онҳо дареғ намедоранд.

Ҳангоми сӯҳбат зарардидагон мегуфтанд, ки агар мардум ба кӯмаки онҳо намешитофт, эҳтимол сахт аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Воқеан, ба ин мардуми саховатпеша метавон аҳсан гуфт, ба хусус ба кампири 62 сола Оламбӣ Забирова, ки 1000 сомонӣ нафақаи худро бо дасти худ миёни занони осебдида тақсим мекард. Ба мисли ӯ, садҳо нафари дигар буданд, ки фақат аз гуфтани исмашон худдорӣ мекарданд.

Бархе ҳадс мезананд, ки шояд мавъизаҳои рӯҳонии маъруфи муқими Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзо низ ба ин мардум таъсири зиёд дошт. Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохта дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта ин фоҷеаро намоиши Худованд барои дарси ибрат гирифтани муслимин арзёбӣ намуда, аз офатзадагон даъват кард, то дар қиболи ин санҷиши илоҳӣ таҳаммулпазир бошанд ва ба даргоҳи Худованд ба ин ҳама шукр гӯянд. Дар ин баробар ӯ аз намозгузорон даъват кард, то қадри имкон ба ин зарардидагону мусибатзадагон дасти сахо дароз кунанд.

ФАВТИ КӮДАКОН ВА ДУ ҲОҶАТХОНА БАРОИ 5 ҲАЗОР НАФАР

Шаби 18-уми май дар шаҳраки хаймаҳо тифли як солаву се моҳа бо исми Абдуллои Раҳматулло аз таби баланд даргузашт. Ба гуфтаи Инъом Ҳақназаров, директори беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб онҳо аз ин бемории кӯдак хабар доштанд, вале волидайн барои ба табобат ҷалб кардани тифлашон бо сабабе, ки агар ба беморхона раванд, манзили зисташон намесозанд, аз табобат сарпечӣ кардаанд. Ба гуфтаи Ҳақназаров шояд бо сабаби истеъмоли оби ифлос ва оббозӣ дар он зиёда аз даҳ тифл шикамрав ва 6 тани дигар ба бемории хоришак гирифтор шудаанд, ки ҳоло ҳама ба табобат фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин шумораи гирифторони фишори хун низ аз сад нафар гузаштааст.

Дар хаймаи ин тифли фавтида касеро пайдо накардем, аммо ҳамсояҳо изҳор доштанд, ки воқеан на танҳо ин тифл, балки чандин тифли дигар бемори ҷиддӣ ҳастанд ва аз ин ҳолат онҳоро тарсу воҳима фаро гирифтааст, ки ягон бемории сироятӣ хуруҷ накарда бошад. Ҳамсояҳо аз табобат сарпечӣ кардани волидайни тифлро рад мекунанд. Яке аз онҳо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард гуфт, " кадом волидайн намехоҳад, ки тифли бемораш табобат гирад ва шифо ёбад. Он падару модар хонаро аз фарзанд боло намедонистанд, фақат ин ҷо духутурон он қадар аҳамият надоданд ва фикр карданд, ки дар таги хаймаҳо бо ду се таблетка соз мешавад".

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар наздики 700 хайма беш аз 5 ҳазор нафарро ҷойгир кардаанд. Аммо барои ин шумор одам ҳамагӣ ду ҳоҷатхона ва як ҳамом вуҷуд дорад. Барои занону кӯдакон рафтан ба ин ҳоҷатхонаҳо, ки дар масофаи ду сад - се сад метр ҷойгир ҳастанд, ба хусус шабона, хеле мушкил аст. Бархе аз сокинон низ дар ин хаймаҳо бо намаду дигар ашё барои зист таъмин нестанд. Сокинон мегӯянд, аслан хаймаҳои варзишгоҳ ба се қисм ҷудо шудааст ва аксаран ба ду қисми дигар, ки дар пушту паҳлӯи варзишгоҳ ҷойгир аст, ҳеҷ таваҷҷуҳе намешавад.

МИЛИСАҲО ВА СЕНЗУРА ДАР ХАЙМАҲО

Аз рӯзи нахусти ин ҳодиса ба Кӯлоб теъдоди зиёди милисаҳо сафарбар шудаанд. Вақте ки ба варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар рӯзи нахусти ҷойгир кардани хаймаҳо ҳамроҳи чанд тан аз рӯзноманигорон ворид шудем, сари роҳамонро Наботов ном милиса гирифт ва гуфт, ки шумо рӯзноманигорон "инфексия" паҳн мекунед.

Рӯзноманигорон, ки дар баробари кӯмаки ночиз ба ин мардум рӯзномаҳои худро, ки аксар матолибашон дар бораи фоҷеа навишта шуда буд, ба ин мардум тақсим карда буданд. Аммо чанд рӯз қабл сокинон изҳор доштанд, ки милисаҳо тамоми ин рӯзномаҳоро барои "сарашонро вайрон накардан" ҷамъ карданд. Яъне, ба мардум ?амхорӣ кардаанд.

Аммо сокинон ҳамеша аз бадрафторӣ ва бадгуфтории ин милисаҳо, ки худашон ҳам аксаран шояд намедонанд, барои чӣ он ҷо ҳузур доранд, шиква мекунанд.

P.S. Бино ба хабари "Азия-Плюс", дирӯз дар бемористони шаҳри Кӯлоб яке дигар аз осебдидагони селоби ин шаҳр даргузашт. Навраси 17-сола Худойдод Музаффаров, сокини махаллаи Чармгарони поён аз шаҳраки хаймаӣ ба бемористон интиқол дода шуд. Пизишкон гуфтаанд, ки вай дар шаби селоб чанд соатро дар даруни оби сард гузарондааст ва дар ҳолати ваҳшатзадагии равонӣ қарор доштааст. Сармои беш аз ҳад ба узвҳои баданаш ва ваҳшат ба ҳолати равониаш таъсири ҷуброннашаванда гузоштааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар шаҳраки хаймаии Кӯлоб пизишкони кӯдакон ва равоншиносон ба муоинаи кӯдакон ва осебдидагон машғуланд.


Сулаймон Аҳмадзода,
махсус барои "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97