ЗАНГИ ОХИР САДО МЕДИҲАД; "АЛВИДОЪ, ВАЗИР!"

Иҷтимоъ 27.05.2010 17:16

Баъд аз чанд рӯзи дигар соли хониши 2009-2010-ум низ ба анҷом мерасад. Масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар соли хониши ҷорӣ дар қатори муваффақиятҳои соҳа дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбият, инчунин дар ду соли охир 135 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз ҳолати садамавӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо бароварда шудаанд. Ба гуфтаи Ҷӯрабой Собиров,- сардори сарраёсати маорифи вилояти Хатлон танҳо ду соли охир дар вилоят 27 адад мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, барқарор гардида, 59 мактаб ва синфхонаҳои воқеъ дар хонаҳои шахсӣ ва 40 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз вагонҳо бароварда шудааст.

АММО

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи вилоят аз мушкилиҳои дигаре ба мисли дар нисбати сабади истеъмолӣ нокифоя будани музди маош ва маҳдудияти дигар намуд имтиёзҳо барои кормандони соҳаи маориф шикоят мекунанд. Файзалӣ Мирзоев, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №40 ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мегӯяд: "Дар ҳоле, ки музди маоши омӯзгорон сабадчаи истеъмолиро пур намекунад, ҳамчунин дар маҳалҳо қонуни марбут ба соҳаи омӯзгорӣ риоя намешавад. Яъне агарчӣ қонун муайян кардааст, ки кормандони соҳаи маориф ба ғайр аз пардохти хизматрасонии барқу газ дигар аз тамоми намудҳои андоз озод ҳастанд, аммо боз ҳам мақомотҳои марбута меоянд ва аз омӯзгорон пардохти пули обу амволро талаб мекунанд. Дар нисбати солҳои 1980-ум омӯзгори имрӯза аз ягон имтиёзҳо баҳравар нест. Беш аз 20 сол мешавад, ки мо аз он имтиёзҳое, ки замоне доштем, маҳрум шудаем". Ҳамин аст, ки сол то сол шароити иҷтимоии омӯзгорон вазнин шудан дорад. Мо,- мегӯяд Файзалӣ Мирзоев,- хотири ранҷу машаққати донишомӯзӣ ва таҷрибаи 30- солаамон дар касбу кори хеш содиқ мондаем, аммо шароити зиндагии мо омӯзгоронро дида, насли имрӯза ҳеҷ гоҳ орзуи онро надоранд, ки дар оянда касби пуршарафи омӯзгориро интихоб кунанд.

НАСЛИ ЗИРАКУ ДАФТАРҲОИ ХОЛӢ

Аз сӯҳбат бо мардуми рустои Хатлон бармеояд, ки сол то сол теъдоди зиёди омӯзгорони соҳибтаҷриба тарки касби омӯзгорӣ намуда, ҷойи онҳоро таҷрибаомӯзону хатмкунандагони муассисаҳои олӣ пур мекунанд. Тибқи иттилои Ҷӯрабой Солиев- сардори сарраёсати маорифи Хатлон бинобар сабабҳои маълум танҳо дар дар як соли охир 497 нафар омӯзгорон аз кор рафтаанд. Гарчанде дар ин давра беш аз 1000 нафар хатмкунандагону таҷрибаомӯзони муассисаҳои олии кишвар ба мактабҳои ҳамагонӣ ба кор омадаанд, аммо аз рӯи нишондоди сифатан таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон аз ҳисоби қариб 500 нафар омӯзгороне, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, мо дар таъмини соҳа ба мутахассисони касбӣ мушкил пайдо кардаем.

Аз сӯҳбат бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаи макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон бармеояд, бештар аз хатмкунандагоне, ки ба мактабҳо ба кор меоянд, донишу саводи кофӣ надоранд. Ба гуфтаи Маҳбуба Толибова, омӯзгори собиқадор дар чанд соли охир сатҳи таълим дар муассисаҳои олие, ки барои соҳаи маориф омӯзгор омода мекунанд, ба дараҷае паст шудааст, ки баъзе аз омӯзгорони ҷавон, ки акнун корро оғоз кардаанд, бо забони адабӣ сухан гуфтан он тараф истад, ҳатто таърихи рӯзро дуруст навишта наметавонанд. Толибони имрӯза бошанд, навобаста ба шароити таълим дар мактабҳо бисёр зираку бедоранд ва ҳама чизро ҳис мекунанд. Ҳар як ҳаракати муаллимро назора карда, ба ӯ баҳо медиҳанд.

Ҳасан Гулов, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав иброз медорад, ки дар пайи ислоҳи камбудиҳо дар самти таёркунии омӯзгорон мо ҳамаи чораҳоро дида истодаем. Имсол дар шӯъбаҳои буҷавии факултаҳои Омӯзгории донишгоҳ дар нисбати ду соли пеш ҳудуди 1000 нафар довталабонро камтар қабул мекунем. Барои баланд бардоштани сифати таълим 8 стипендия ё маош аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ ва панҷ маош аз ҳисои музди маоши ректору ноиби ректор оид ба тарбия ва як нафар аз академикҳои донишгоҳ таъсис дода шудааст. Баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва малакаи омӯзгорони оянда акнун дар мадди назари масъулини донишгоҳ аст,- мегӯяд- ӯ.

ВАЗЪИЯТ ТАҲҚИҚ МЕХОҲАД

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аз сабаби нокифоя будани музди меҳнат сол то сол теъдоди омӯзгорони мард кам шуда, кори соҳа бештар бар дӯши бонувон афтодааст. Мутаассифона, мо дар ҳамин, ба назар одитарин соҳа, захираи боэътимоди кадрӣ надорем. Вақте ки баъди 20-25 соли таҷрибаи корӣ мардони рустоии Хатлон тарки касабаи омӯзгорӣ карда, ба мардикорӣ рӯ меоранд, мебояд сари ислоҳоти соҳаи маориф андешаи дигар кунем. Нашавад, ки мисли солҳои карахтию таназули соҳаи маориф дар Русия, ки соҳаи омӯзгорӣ қариб пурра бар дӯши занон афтода, таъсири он ба равони насли ҷавон мушоҳида шуда буд, рӯ ба рӯ шавем.

Алъон бештар аз мутахассисони соҳа дар сӯҳбатҳои хоса мегӯянд, ки дар баробари бардошти бори рӯзгору хонавода акнун таълиму тарбияти фарзанд чӣ дар хона ва чӣ дар мактаб бар дӯши бонувон уфтодааст. Вакте ки падарон дар муҳоҷирати корӣ ва тарбиятдиҳандаи фарзанд дар хона модару дар мактаб муаллима, насли ҷавон аз тарбияти дарси мардонагию шуҷоат камтар баҳравар мешавад? Суолест, ки посухи он ба як таҳқиқоти иҷтимоӣ ниёз дорад.

НАСЛИ БЕҒУРУР

Алъон андешаҳои мардумӣ бобати таъсири махсус дар тарбияти модарон фаро гирифтани насли наврас гуногун аст. Равоншиносон мегӯянд, ки як сабаби аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯйӣ кардани ҷавонон ҳам ин аст, ки наврасон дарси ватандӯстию шуҷоату далерӣ камтар мехонанд. Ё дар муҳите онҳо тарбият меёбанд, воситаҳои бедор кардани чунин ҳиссиёт мавҷуд нест. Инсон ба хусус кӯдакону наврасон бештар рафтору хислатҳои калонсолоне, ки дар он муҳите ба сар доранд мегиранд. Барои тақвият додани ин андеша хотирае аз назди дарвозаи комиссариати ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа дорам, ки модаре аз сафарбар шудани фарзандаш ба хизмати ҳарбӣ гириста, дар ҷавоби тасалои ҳамсӯҳбаташ мегуфт:

-Охир фарзанди ман тарбияти падарро надидааст. Орзу доштам, ки дар мактаб аз устодонаш дарси мардонагӣ омӯзад, аммо аз синфи аввал ба дасти муаллима афтод. Дар синфҳои болоӣ бошад, таълими хуб нагирифтааст. Аксари омӯзгорони мактаб занону духтарон буданд. Дар маҳалла, ки бачаҳои беодоб зиёд буданд, фарзандам ба роҳи бад наравад гуфта, намегузоштам аз пеши чашмам дур равад…

ФАЛАҶИ МАЪНАВӢ: АЛВИДОЪ РАҲМОНОВ!

Равоншиносони рус ҳанӯз даҳ сол қабл дар пайи қазияи аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯйӣ кардани ҷавонон гуфта буданд, ки як сабаби аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯйӣ кардани ҷавонон ҳам ин аст, ки наврасон бештар сифатҳои тарбиятдиҳандаҳои худро гирифтаанд. Аммо фарҳангшиноси хатлонӣ Ҷӯрахон Расулов бовар дорад, ки дар ҳамин давру замон дар нисбати мардон бонувони мо дар кори таълиму тарбият содиқу иродаи ба дӯш гирифтани чунин як масъулияти сангинро доранд. Зеро дар ҳамин даврони сармоядорӣ на ҳамаи мардон бо музди маоши омӯзгорӣ қаноат карда, дар касабаи пуршарафи омӯзгорӣ аз сидқи дил кор мекунанд. Баъдан муҳити маънавии ҷомеа насли наврасро беодоб кардааст, муаллим дигар он қадру қиматеро, ки 25-30 сол қабл дошт, надорад. Ба гуфтаи Ҷӯрахон Расулов ҳамин зан-модар ҳаст, ки асабу иродаи кор бо насли наврасро дорад.

Аммо нуҷумшинос Солеҳҷон Комилов ҳолати имрӯзаи соҳаи маорифу фарҳангро рӯ ба таназул арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ ҷомеаи мо бояд аз фалаҷи канораи ҷисмӣ не, балки аз фалаҷи маънавӣ бештар дар ташвиш бошад. Зеро вазъи таълиму тарбият дар мактабҳо рӯ ба табоҳӣ дорад. Инак чанд рӯз паси дигар дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ занги охир садо хоҳад дод. Чанд рӯз пеш як нафар аз ҳамдарсонам, ки то имрӯз дар иншои "Касби дӯстдоштаи ман"-и соли 1981 навиштааш содиқ монда, бо нони омӯзгорӣ қаноат мекард, оҳи сард кашида гуфт; "Дар ин занги охир натанҳо хатмкунандагон балки якчанд омӯзгорон бо мактаб хайрухуш хоҳанд кард. Аммо дар миқёси вилоят ва кишвар чӣ теъдоде аз омӯзгорон азми бо мактабу вазир Абдуҷаббор Раҳмонов хайрухуш кардан доранд, ҳеҷ кас намедонад. Худо накунад, ки рафтанҳои омӯзгорони аз касби хеш дилмонда давом ёбад. Ё алъон, ки фурсате дорем, мебояд пайи таъмини шароиту имтиёзҳои иловагӣ барои омӯзгорон чорае биандешем. Ё масъулини вазорати маориф дигар чора надоранд? Воқеан дар бештар аз кишварҳои тараққикарда, сари чунин масъалаҳо сарвазирони ҳукуматҳо садо баланд мекунанд. Ва вақти он наомадааст, ки сарвазири мо ҳам сухан бигӯяд?


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97