МИНТАҚАИ КАМТАЛОҚ Ё хонавода- муқаддасоти ванҷиҳо

Иҷтимоъ 27.05.2010 17:20

СӮҲБАТИ БИДУНИ РАСМИЯТ

Бароям пайдо намудани бону Марям Давлатова - мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ванҷ осон набуд. Дар хонаи яке аз дӯстон орамида будаму баъди каме сӯҳбат сари суфраи пурнозу неъмат арзи ғараз намудам. Муҳаммад ҷавони хубу бо ахлоқ дар пайдо намудани Марямбону кӯмакам намуд ки ҷо дорад аз ӯ дар оғози ин матлаб сипосгузорӣ намоям. Баъди чанд ҷо сим задану суроғ намудан билохира аниқ намуд, ки номбурда дар идорааш ҳаст ва метавонем ӯро дар утоқи кораш пайдо намоем.

Ин кор тақрибан ду ҳафтае пеш сурат гирифт замоне, ки ба ноҳияи Ванҷ сафар намуда будам. Дар даромадгоҳи бинои ҳукумати ноҳияи Ванҷ ба ман гуфтанд, ки чанд лаҳзае интизор бошед, зеро назди муаллима одам аст ва ҳамин ки фориғ шуд, метавонед бо ӯ ҳамсӯҳбат шавед. Баъди каме интизор мондан, билохира бонуи чеҳракушод Марям ба назди дар омаду маро ба утоқи кораш роҳнамоӣ кард.

Гарчанде ӯро напурсидам, аммо аз рафтораш дарк намудам, ки ин нахустин бор аст, ки ӯ бо як журналист сӯҳбати ихтисосӣ анҷом медиҳад. Ҳанӯз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки як марди таҳамтане аз дар ворид шуду чанд коғазе ба Марямбону дода гуфт, ки аз ин ҳуҷҷатҳо дар сӯҳбатат истифода бикун.

Ба мусоҳибам баъди баромадани он мард итминон додам, ки зарурат ба расмиёту коғазу оморҳои расмӣ нест. Ӯро итминон додам, ки ман барои як сӯҳбати озоду самимӣ наздаш омадаам ва ҳатто ба ӯ гуфтам, ки агар дӯст дошта бошад, метавонад дар сӯҳбат аз лаҳҷааш истифода кунад, муҳим худро роҳат эҳсос намудан аст.

Дар тӯли ҳаёту фаолияти журналистиям, ин нахустин мусоҳибае буд, ки на аксе гирифтаму на садое сабт намудам. Ин кор мусоҳибамро дар ҳолати озодтаре қарор медод. Фақат аз ӯ хостам, ки дар рафти мусоҳиба иҷозат бидиҳад баъзе нуқоти муҳимро ёддошт намоям. Чун навиштани форсӣ бароям роҳаттар аст ба ӯ ҳатто гуфтам, ки ман ба форсӣ менависам. Хушҳол шуду сӯҳбатро оғоз намудем.

Бештар сайъаш бар ин буд, ки аз муваффақиятҳову пешрафтҳо бигӯяд ва аз оҳангу тарзи суханаш пай бурдам, ки ӯ худро тавре эҳсос мекунад, ки бо як рӯзномаи давлатӣ сӯҳбат дорад ва тафовутҳои рӯзномаҳои давлативу хусусиро намедонад.

Фурсаташ додам то гапашро тамом кунад. Аз нақши худ дар вазъияти душвори заминларза гуфт. Он замон Марямбону вазифаи дигаре доштааст. Ҷонишини раиси ҷамоат будаасту барои дастгирӣ ва кӯмаки зилзилазадагон шитофтааст. Бештар бо муассисоти хориҷӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ машғул будааст. Мутаассифона баъди мусоҳиба фурсати бо мутаассирини зилзила сӯҳбат карданро надоштам то розӣ будани онҳоро аз талошҳои ҳукумати ноҳия, алалхусус аз вазифадорони зан бипурсам, аммо аз суханҳояш эҳсос кардам, ки Марямбону рост мегӯяд.

"Вазъияти зан ба шакли умум дар ноҳияи Ванҷ чӣ гуна аст?" яке аз саволҳои ман буд, ки посухашро хеле кӯтоҳ дод: "Вазъияти зан дар Ванҷ хуб аст".

Ба андешаи бону Марям яке аз мушкилоти асосӣ дар иртибот бо масъалаи зан дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ванҷ аст. Занон дар баробари кор баробари мардон дар хоҷагиҳо боз ҳам вазъияти хубе надоранд.

Бузургтарин проблемае, ки домангири занон аст, ин набуди ҷойи кор аст. Аламовар ин аст, ки дар Ванҷ набуди ҷойи кор барои занон бо вуҷуди доштани замина аст. Аввал бо вуҷуди доштани саводу маълумот ва дуввум бо вуҷуди имкониятҳои фаровон.

Муддатҳост, ки ширинии себи Ванҷ коми мардуми ноҳия ва хориҷ аз онро ширин мекунад ва мағзи чормағзаш ба зеҳнҳо тезӣ мебахшад, вале Марямбону аз он менолад, ки дар ноҳия то ҳадде себи зиёд аст, ки "ҳатто дар замистон чорво низ онро намехӯраду ҳайфу нобуд мешавад.

Агар як дастгоҳи шарбатбарорӣ ва ё агар як корхонаи нӯшобабарорӣ вуҷуд медошт, натанҳо аз ин исрофкориҳо мешуд ҷилавгирӣ кард, балки мешуд шумори калони занонро ба кор фаро гирифт".

ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН ДАР ВАНҶ

Ба назари ман, агар дар Ҷумҳурӣ Вазорати маорифе вуҷуд надошта бошаду мактабҳои меросмонда аз даврони шӯравӣ, боз ҳам дар Ванҷ ва дар маҷмӯъ дар тамоми Бадахшон метавон ба роҳатӣ бонувони босаводу маълумотдорро вохӯрд. Зеро ин дар табиати онҳост.

Марямбону инро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи вай, дар тамоми мактабҳои ноҳия дарсу таҳсил бо вуҷуди ҷой доштани баъзе камбудиҳо ба шакли пурра идома дорад. Муҳимтараш ин нигоҳи волидон ба таҳсили духтар дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ аст. Падару модарон дар Ванҷ ба таҳсили духтаронашон нигоҳи мусбат доранд ва дар роҳи таҳсилу кори онҳо монеа намешаванд.

Марям Давлатова инро ситоиш намуда дар идома гуфт; "тарбияи фарзандон бештар бар дӯши модарон аст. Модари босавод метавонад фарзандони босавод тарбия намояд ва боиси падид омадани ҷомеаи саводнок шавад". Зимнан дар Ванҷ як коллеҷи зебое дар арафаи истифодабарӣ қарор дорад, ки ифтитоҳи он қарор аст зимни сафари Президент ба Ванҷ амалӣ шавад. Дар иртибот ба квотаҳои таълимӣ Марямбону шиква аз он намуд, ки квотаҳо нокофӣ буда ба ҳама хоҳишмандон ва онҳое, ки воқеан ҳам сазовори он ҳастанд, намерасад.

Дар идомаи сӯҳбат Марямбону роҷеъ ба талошҳояш дар масъалаи ҳуқуқи зан ҳарф зад. Ба гуфти вай ба хотири амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба баробарии ҳуқуқи зан дар ин иртибот кумитаи зери сарварии вай семинару машваратҳо мегузаронад.

ДАР ВАНҶ ТАЛОҚ НЕСТ

Дар ҳоле ки хонавайрониҳову шӯрбахтӣ дар Ҷумҳурӣ мутаасифона рӯ ба афзоиш аст ва талоқҳои телефониву SMS-ӣ мавзӯъи гарми доираҳои динӣ ва сархати хабарҳост, бонувони ванҷӣ аз бахту ояндаи худ хотирҷамъанд. Зеро дар ин диёри зебову водии хушманзар талоқ нест.

Ба иддаои Марям Давлатова ноҳияи Ванҷ аз лиҳози надоштану камии талоқу хонвайронӣ дар Ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва кумитаи кор бо занони Ванҷ ҷой ва ҷоизаи аввалро дар ин замина соҳиб гаштааст.

Дигар нуқтаи муҳимме, ки Раиси бонувони Ванҷ дар сӯҳбаташ изҳор дошт ин буд, ки эътиёд дар ин ноҳия чӣ ба маводи камтаъсир ва чӣ ба маводи сахттаъсири нашъаовар аз ҷинси зан аслан мушоҳида нашудааст.

Дар охири сӯҳбат аз Марямбону хостам, агар гуфтание ба хонандагони рӯзномаи "Миллат" дошта бошад. Ӯ бо табассум аз баргузор намудани ин сӯҳбат изҳори миннатдорӣ намуда гуфт: "Умедворам, чунин вохӯриҳо бештар бошанд". Мо низ бо умеди дидору мусоҳибаҳои оянда бо ӯ худоҳофизӣ намудем.

P.S. Таҳқиқи мо аз вазъи занони ноҳияи Ванҷ идома дорад, хонандаи азиз Шумо ҳам фикру мулоҳизаҳои худро, хаттӣ ва ё телефонӣ ба мо пешниҳод кунед.

Ин матлаб бо дастгирии молии Бунёди Ҷамъиятии "Перспектива+" чоп мешавад.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97