ТОҶИК ДАР РУСИЯ ВОРИСИ РУДАКИВУ СИНО НЕСТ

Иҷтимоъ 27.05.2010 00:52

Ба корамндони ҳафтаномаи "Миллат".

Барои хабару мақола, очерку ҳикояҳо ва умуман навиштаҷотҳое, ки ба дарди мо сокинони одии ҷумҳурӣ дармон мебахшад ва ҳамаи он навиштаҷотҳо сад дар сад дуруст навишта шудаанд, арзи сипос менамоям. Кас мехоҳад, ки гаштаву баргашта рӯзномаро мутолиа намояд. Бароятон ташаккури беандоза. Ҳафтаномаи "Миллат" дар шумораи № 02 (118) панҷшанбе, 14- январи соли 2010, маводеро дар саҳифаи "Муҳоҷират" бо сарлавҳаи «Марди тоҷик аробакашу бача шуд.

Чаро?» ё бадбахтии муҳоҷирони кори тоҷик дар Россия»-ро ба қалами Азамшоҳи Фақир, муҳоҷири саргардони тоҷик, фориғууттаҳсили факултаи шарқшиносии ДМТ ба табъ расонидааст, ки банда онро мутолиа намуда навиштаҳо муаллифро сад дар сад дуруст (то ҳатто дусад дар сад) меҳисобам.

Дар ҳақиқат далелу рақам ва ҳодисаҳо оид ба муҳоҷирини тоҷик хелу хуб рӯи коғаз оварда шудаанд. Банда бошандаи деҳаи аз ҳама сернуфус-деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ мебошам, ки 8500 аҳолӣ дорад. Баъди мутолиаи маводи таҳлиливу танқидии ҳафтаномаи "Миллат" доир ба муҳоҷират хостам дар мавриди сарсониу саргардониҳои худ баҳри дарёфт намудани музди ночизе, дар вилояти Тюмен-шаҳри Ханти Мансийскии Русия ба хонандагони арҷманди ҳафтаномаи "Миллат" нақл кунам.

Моҳи апрели соли 2003 бо ҳамроҳии ҷиянам тариқи тайёра аз фурудгоҳи шаҳри бостонии Хуҷанд ба сӯи шаҳри Новосбириск парвоз намудем. Ҳамин, ки аз тайёра фаромада вориди фурудгоҳ гардидем, пурсишу тафтишотҳо оғоз гардид. Аз хона барои эҳтиёт ба миқдори якчандрӯза маводи хӯрока ва пӯшокиҳои корӣ дар борхалтаҳоямон ҷой карда будем. Сари ҳар дақиқа аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия санҷида ва тагорӯ карда мешуданд. Баъди ин гуна санҷишҳо ба вокзали роҳи оҳани шаҳр рафтем ва ба кассаҳои чиптафурӯшӣ сар мехалонидем. Ҳангоме, ки навбати мо расид фурӯшандагон ба мо нигоҳкарда мепурсиданд, ки куҷо чипта гирифтанӣ ҳастем. Мегуфтем, ки мо ба шаҳри Ханти Мансийск. Онҳо ҷавоб медоданд, ки чипта нест. Ҳамин тавр бо умеди дарёфти чипта ба чандин касса муроҷиат карем ва ноумед мондем. Ноумед шайтон гуён бо умеди дарёфти чипта такодавҳои зиёд кардем. Шалпару гурусна гашта рӯи харакҳои дохили вокзал нишаста дам гирифтанӣ будем, ки ногаҳон ду нафар милисаҳо омада аз мо ҳуҷҷат пурсиданд. Ман шиноснома, чиптаи тайёра ва дигар ҳуҷатҳои дар даст доштаамро ба милисаи қадбаланди кабудчашм додам. Ҷиянам низ ба милисаи дигар, ки дар даст калтакча (дубинка) дошт дод. Онҳо ҳуҷҷатҳоро хондаю санҷида ба мо амр карданд, ки: "Ставайте, будем разбиратся во отделе….." Моро бурданд ба "отдел". Дар он ҷо чор нафари дигар нишаста гуфтугӯ мекарданд. Як нафар аз нишастагон, ки рутбаи майёр дошт, ҳуҷҷатҳои моро варақгардон намуда пурсишро оғоз кард: Ваша фамиля? От куда? Национальност? Цель приезда? ва ҳоказо…

Ман бо нармсуханиву боодобона гуфтам, ки ҳамааш дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст, ҳаминро гуфтаму дар бало дар мондам. Масхаракунон мегуфт- Что блатной, умный таджик ва ҳоказо.

Дигар нафароне, ки дар ин утоқи корӣ байни худ мегуфтанд, - Скоро ужин как нибуд чтото делат… Ман аз рӯи анъаноти меҳмоннавозии тоҷики аз халтаам раҳовард - зардолуқоқ, ду нони фатир, чормағз ва дигар чизҳоро рӯи мизашон мондем. Ва боз дар бало мондам, - Что ты хочешь нась помазать да? Як нафари дигар аз нишастагон ба майёр гуфт: - Товорищь начальник нет никого толко одних, давайте выпустим. Майёр ба милисаҳое, ки моро ба ин ҷо оварда буданд, ким чи хел ишорае намуд, ки қадбаланди чашмкабуд ба ман ишора намуда, амр кард "замной" аз дар берун рафт дар берун тамоми ҷайбҳоямонро тагу тор намуда, кулли пулу чизҳои бударо гирифта вориди кабинет гардид.

Аз рафтору кирдори ин кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия, ки нисбати ману ҷиянам раво медиданд чунон аламам омад, ки аз чашмонам ашк рехт. Онҳо шояд раҳмашон омад, ки моро бо ибораи тез гум шавед гуён ронданд. Ин ашки як миллати муҳоҷир, мардуми эътирофнашуда ва камбизоат аст, ки ҳамарӯза дар Русияи" шарики стратегӣ" рехта мешавад. Боз ба умеди дарёфти чипта вориди вокзал шудем. Боз ба чандин кас муроҷиат кардему ноумед мондем. Ҳамин тавр ақрабаки соати бинои вокзал 19:30 дақиқаро нишон медод ва мо ҳоло ҳам онҷо будем. Пас аз як соат роҳ сӯи касса гирифтем, ки як нафар пиразани рус наздаш истода бо кассир гуфтугӯ мекад. Ба чиптафурӯш нигаристам. Як ҷавонзани хушқаду қомат чашму абрувони сиёҳ ба мусулмон шабоҳат дошт, муроҷиат кардам. То шаҳри Пит-ях билет ёфт мешавад, агар бошад 2-то билет диҳед, ҷавонзан бо чеҳраи кушода тугмаҳои компютери дар наздаш бударо пахш карда, тахминан, баъди 3-4 дақиқа, -ҳа, ёфт мешавад, фақат дар вагонҳои умумӣ: агар маъқул шавад, соати 2:30-и имшаб… Ин муносибат моро хеле рӯҳбаланд намуд ва он зан хост, ки ман чизе бипурсад ва ман розӣ шудам.

- Аз Тоҷикистон аз кадом минтақааш аз ҷануб ё аз шимол,- гуфтам аз Ленинобод… Мабодо аз Табошар нестед,- Ман дар ҳаяҷон монда пурсидам, ки -Шумо Табошарро медонед

- Ҳа, холаам дар онҷо зиндагӣ мекунад. Боз оид ба нарху наво, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ пурсон шуд.

Хулоса, ин ҷавонзани хушмуоила, ки миллаташ тотор будааст "визиткааш"-ро дода, изҳор кард, ки ҳар замон чипта лозим шавад, метавонед муроҷиат намоед.

Дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳрачи Пит-Ях расида, аз қатор фаромадем, ҳаво чунон хунук буд, ки баробари фаромадан аз қатор худро даруни вокзал задем. Боз дар инҷо низ пурсишу тафтишотҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ оғоз гардид. Мувофиқи қонунҳои Русия мо 3-шабонарӯз ҳақу ҳуқуқ доштем, ки бе қайд дар ин кишвар гаштугузор кунем. Дар ихтиёри мо ҳоло 18-соати дигар монда буд. Аз шаҳри Пит-Ях то шаҳри Ханти Мансийск роҳи оҳан вуҷуд надошт. Мо бояд бо автобус роҳсипор гардем. Аз ронандаи автобус пурсидем, ки роҳкиро то шаҳри Ханти- Мансийск, чанд рубл, ҷавоб дод, ки як одам 158-рубл, аммо дар ҷайби мо 293 рубл боқӣ монда буду халос…

Аз ронанда илтиҷову зора намудем, ки барои ду кас бо ҳамин пул билет бидиҳад. "Что больше у вас денег нет чтоли?" Ман ба ӯ фаҳмондам, ки не. Розӣ шуд моро бибарад. Соати 10-и шаб ба автовокзали шаҳр Ханти Мансийск расидем. Боз ҳамон пурсуҷую тафтишотҳо аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ оғоз гардид.

Хулоса, бо як азобу машақат ҷойи зисти дигар ҳамдеҳагонамонро пайдо кардем. Онҳо дар мошинхонаҳо(гараж)и сокинони ин шаҳр, ки барои муҳоҷирони тоҷик ба иҷора дода буданд, хобу хез мекарданд. Вақте ки ба қавле "дари хона"-и зисти ҳамдеҳагонамонро задем, ҳеҷ ҷавобе нашуд, тахмин 10-15 дақиқа мо ин корро такрор кардем. Чунон хунук хурда будем, ки ҷиянам, ки синаш акунун ба 18- расида буд ба гиря сар кард, аз омаданаш 100-ҳо пушаймон буду афсӯс мехӯрд. Дар ин маврид ман ҳеҷ фикр намекардам, ки набераи Рӯдакию Синоям.

Машинхонаҳо қатор буданд, банда дигарашро тақ-тақ задам, аз дарун овози ғафси мардонае "Кто"-гуён пурсид. "Мы, свои небойтесь", ҷавоб додам.

"Сейчась" ҷавоб дода, дари оҳанинро боз намуд, ки шумо гуфта боз бо забони русӣ пурсид . Мо аз Тоҷикистон ҳамқишлоқиҳоямонро мекобем -гуфтем. Биёед, марҳамат, дароед гуфт, мо дар берун барфи либосҳоямонро афшонда ба дохил даромадем, Онҳо аз чӯбу тахта ба худ 14-нафар кат сохта хоб буданд. Ин ҷои зисти ҳамсояқишлоқиҳои мо будааст. Баъди ҳолу аҳволпурсӣ назди печкаи калон, ки дар дохили ҳуҷра шинонида буданд нишастем. Ҳамон ҷавони овозғафс, ки барои хунук нахурдани муҳоҷирон алов монда, вазифаи навбатдорриро иҷро мекард сӯҳбатро тафсонд. Номи ин ҷавон Азиз буд, ки ӯро хеле хуб мешинохтам (замони дар ҷамоати деҳоти Оҷӣ кор карданам бо ӯ шинос шуда будем).

Азиз аз боду ҳаво, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва дигар навигариҳо мепурсид. Ман дар бораи кору зиндагӣ дар шаҳри мусофириро мепурсидам. Азиз кунҷковона аз ман пурсид,: ки Ако Ҷумъабой шумо дар ҷамоат кор мекардед, хизмати сокинони зиёда аз 10 деҳаҳои ҳудуди ҷамоатро ба иҷро мерасонидед, шуморо чӣ маҷбур кард, ки ба муҳоҷират рӯ оред- ман ҷавоб додам, ки додарҷон насиб кашола карда овард маро.

Субҳ вақте аз хобби бедор шудем ҳама рафтанд ду нафар моро ба назди ҳамдеҳагонамон бурд. Дар ин шаҳр бозори мардикорро худи муҳоҷирон тиҷик ташкил дода буданд. Асосан, дар ин ҷо муҳоҷирон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Айниву Панҷакент ва Масчоҳ кор мекарданд.

Дар бозори мардикор, ки калонтаринаш дар қисми ҷанубии шаҳри Ханти-Мансийск (Площад Свобода) воқеъ буд, таги қариб 100-120 нафар муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти кор ҷамъ мешуданд.

Агар соҳибкор савораи мошин ба инҷо омада истад барои дарёфти мардикор, чунон гирду атрофии онро печонида мегиранд, ки аз омаданаш пушаймон мешавад. Дашномҳои қабҳ дода онҳоро аз назди мошинаш дур мекунад ва одамони даркориро аз мобайнашон ҷудо намуда мегирад. Ҳар рӯз аҳвол чунин буд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ омада онҳоро аз онҷо дур мекарданд. Он муҳоҷирони кориеро, ки ҳуҷҷатҳояшон расмӣ гардонида нашудааст, гирифта ба "отдель"- шӯъбаи лату куб мебурданд, пурсишу санҷишҳо менамуданд. Ин муҳоҷирони тоҷик чунон хору зоранд, ки барои навишти тақдиру рӯзгори онҳо қалам оҷиз аст.

Дар яке аз рӯзҳои офтобии моҳи майи соли 2003 дар ҳамин бозори мардикори муҳоҷирони тоҷик, дар қатори дигарон истода будам, ки ногаҳон як автомашинаи сабукравӣ сиёҳи хориҷӣ омада.

Мардикорони зиёде гирду атрофии онро пеҷонида гирифтанд. - Чӣ кор, чӣ кор чанд нафар лозим гӯён мупурсиданд, банда, ки ягон маротиба сӯи мошинҳо наметохтам, дуртар истода будам.

Аз дохили мошин як марди хушлибос бо айнакҳои сиёҳ фаромада салом дод ва ба назди ман омад ва гуфт:

- Шумо кор кардан мехоҳед?

- Албатта, гуфтам. Ба мошин савор шудам ва аз савор шудани худ пушаймон шудам ба он хотир, ки мошин бисёр ороставу ман бо сару либосҳои чиркин. Ӯ худро Иван Никифорович муаррифӣ намуд ва ман Жора гуён худро муаррифӣ кардам. Мошин тахминан 35-40 км аз шаҳр дур, назди як бинои ду ошёнаи навсохт истод мо вориди хона гаштем. Ӯ ба фикрам гурусна гуён маро ба нӯшидани чой даъват намуд. Баъди ин, ӯ ба ман чи кор карданро нишон дода гуфт, ки метавонам боз 2-3 ҳамшаҳрии худро биёрам. Кори мо аз руфту руб ва шонондани нихолҳо ва тоза нигоҳх доштани 50 сотих боғ иборат буд. Ӯ ҳар рӯз ба мо хӯрокворӣ меовард ва аз ҳоламон хабаро мегирифт.

Баъди 8-рӯз ӯ боз ба мо озуқаворӣ овард. Дигаронро ба кор фиристод ва маро гуфт, ки бишин то бо ту сӯҳбат кунам. Ӯ худро собиқ корманди КГБ Фёдоров Иван Никифорович муаррифӣ намуд ва гуфт Жора - аз дастатон маълум, ки шумо пештар кори вазнин накардаед, пас чӣ сабаб шуд, ки шумо инҷо омадаед? Зеро ман дар бозори мардикор низ мушохҳида намудам, ки шумо чун дигар мардикорон барои кор часпу талош надоштед.

Ба ӯ нақл намудам зеро гуфтам. Банда аз соли 1973 то соли 2002 дар яке аз ҷамоатҳои деҳти калонтарини ноҳияи Ғончии вилояти Суғд вазифаи коргузорро иҷро мекрдам. Аммо дар асоси фармони Пирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 69-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Қайюмов Абдумалик аз вазифаи раисии ноҳияи озод ва ба ҷояш Қаҳҳор Ойматов таъин гардид.

8-октябри соли 2002 ҷаласаи ғайринавбатии намояндагони ҷамоат барпо гардид ва дар вақти нишондода раиси ноҳия, Қаҳҳор Ойматов ва мудири дастгоҳи ҳукумат, Ҷураев Рустамбой дохили утоқи кории иҷрокунанда вазифаи раиси ҷамоат, Эргашев гардиданд. Баъди гузаштани 10-15 дақиқа маро, ки вазифаи таксим намудани даъватномаҳо ба деҳаҳои Угук ва Овчиро дода буданд, ба назди Раис даъват карданд. Вақте вориди утоқ гардидам раиси нави ноҳия, Ойматов, мудири дастгоҳ, Ҷураев, раиси ҷамоат Эргашев, котиб Соқиев хузур доштанд. Сипас раиси нави ноҳия аз котиб пурсид, ки номзадро ба раиси ҷамоат аз деҳаи Басманда - Хасановро огоҳ карда будед, ки ба ҷаласа ҳозир шавад. Котиб саросемавор ҷавоб дод, ки ҳа-ҳа ба Қурбонов даҳонӣ гуфта будам. Ойматов аз ман пурсид, ки ба шумо гуфта буданд, ман ки бехабар будам, не гуфтам, чунки ба ман ягон сухане нагуфта буданд.

Раиси нави ноҳия дар ғазаб шуда, чунин гуфт:- Ба ҳардуятон ҷавоб. Хулоса, ҷаласаи ғарйринавбатӣ оғоз гардид. Раиси нав дар ин ҷаласа супориш дод, ки ману Соқиевро бе ягон сабаб аз кор сабукдӯш намуданд. Аммо котиб, Соқиев бо лагандбардориву дурӯягии худ ба назди раиси ҷамоат даромада боз корашро давом дод. Ман бандаи якрӯяву назди касе сар хам накарда, ба ғайр аз Худои якаву ягона бекор мандам. Дар ин ҷо ман ягон ҷиноят ё қонунвайронкуниро ҳис намекунам, факат ягон "ҷурми" ман аз он иборат буд, ки ба сӯйи раиси нави ноҳия, ки ҳамкишлоқиву хамсояи ман буд, барои дар байни намояндагии 8-деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ноҳурматӣ нашудан сухане нагуфтам.

Хонандаи гиромӣ! Ман худ таърифкуниро хеле баъд мебинам, дар давоми фаъолияти кориам дар Чамоат ба ягон камбудию норасоӣ роҳ надодам. Обруйи раиси ноҳия нарезад гӯён ба ягон ҷой оид ба ин воқеа сухан накардаам. Ҳоли 8 сол аст ,банда бекорам ва ягон нафари лаёқатманд дар ин вазифа кор намекунад. Иван Никифорович оиди рафтору кору бори мо тоҷикон, умуман мусулмон фикру акидаҳои худро баён кард, ман ба фикру акидаҳои ин мард, ки дар ин соҳа кору фаъолият бурдааст, офаринҳо мегӯям. Дар давоми 8 моҳи дар ин шаҳр кору фаълолият карданам, ин мард кумаки худро аз ман дареғ надоштааст. Некиҳои ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Бо эҳтиром, Ҷумъабойи Қурбонмуҳаммад,

сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ, вилояти Суғд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97