МАҲШАР ДАР КӮЛОБ Ё мардум пулу пахта нест, изофанависиву камнависӣ фоида надорад

Иҷтимоъ 25.05.2010 14:53

ФОҶИАИ УМУМИМИЛЛӢ

 

ФОҶИА ПИНҲОН ДОШТА МЕШАВАД, БАЪД АЗ ВУҚӮЪ

 

Фоҷиае, ки дар Кӯлоб рух дод, наметавонад касеро дар канор гузорад. Мо, ки аз тариқи расонаҳои дигар дар мавриди даҳшати ҳодиса ва таъсиру зиёни он огоҳӣ пайдо намуда будем, то андозае манзараи сел бароямон ошно буд, вале ончи рафтему ба сар дидем, Худоё ба касе дигар ин ҳолро нишон надиҳад.

Рӯзи 10 май соати 15:25 дар назди автовокзали шаҳри Кӯлоб расидем ва хостем, ки бо мошин ба маҳаллаи Чармгарон ворид шавем, ки милисаҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мумкин нест. Мо аз мошин поин шудем ва дидем дар даруни наҳре, ки бар асари боришоти зиёд пур шуда буду оби он аз сатҳи муқаррарӣ баланд шуда ва ин даҳшатро ба вуҷуд оварда буд, 6-7 эксватору булдозер ва мошинаҳои дигар машғули кушодани маҷрои дарёча буданд. Ба назари мо як манзараи умумии муқаррарӣ намудор гашт ва гумон кардем, ки хисороти сел танҳо воҳимае будаасту халос. Зеро касе дар ташвиш набуд, мардуми зиёд ва аслан, сокинони зарадида рафту омад доштанд ва бору колояшонро аз ҷое ба ҷое мекашониданд. Гумон доштем, ки зарару хисороти сел рафъ шудааст ва мардум ба зиндагии маъмулӣ баргаштаанд, аммо дареғу дард ва афсӯс, ки чунин набуд. Аҷиб он аст, ки то имрӯз шумораи қурбониён ва беному нишон гаштагони фоҷиаи сели Кӯлоб маълум нест ва мақомоти масъул низ онро намедонанд ё намегӯянд. Омори гуфтаи онҳо ба воқеият наздикӣ надорад. Дар ҳоле ки як қисм таҳлилгарон имкони пешгирии ин фоҷиаро таъкид мекунанд. Як зан, истиқомакунандаи кӯчаи Чармгарони Поён, хонаи 340 дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки дар замони шӯравӣ аз барои убури ин рӯдхона мо 15 зина ба поён ва 15 зина ба боло мерафтем. Дар чанд соли охир ягон маротиба ин рӯдхонаро тоза накарда буданд. Натиҷааш ҳамин шуд, ки мо имрӯз бори зараршро мекашем.

 

ПРЕЗИДЕНТ РОСТ МЕГӮЯД Ё РАИСИ КӮЛОБ ВА Ё СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ?

 

Президенти кишвар, ки баъди зуҳри рӯзи 7 май ба маҳалли селзада омада буду ҳамдардии амиқи хешро ба зарардидагон ва хешу табори қурбониёни сел изҳор дошта буд, дар ҷаласаи таъҷилии Ҳукумати кишвар рӯзи 10 май шумораи қурбониёни селро дар сартосари кишвар зиёда аз 20 нафар гуфт, ки аксарияти ин теъдод ба шаҳри Кӯлоб бастагӣ доштанд. Аммо раиси шаҳри Кӯлоб дар нишасти матбуотии рӯзи 9-май шумораи қурбониёнро 9 нафар гуфта буд. Сухангӯйи ситод дар шаҳри Кӯлоб, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ ба мо шумораи қурбониёнро 9 нафар ва шумораи беномунишонбудагонро 37 нафар гуфт. Аммо ин омор ба воқеият мувофиқат намекунад. Танҳо дар як кӯчаи маҳаллаи Чармгарон аз 7 хоҷагӣ 13 нафар мурдааст. Манучеҳр сокини ин кӯча, ки мутаассифона сели даҳшатбор се писарбачаи нозанинашро бурдааст, бо аламу андӯҳ омори расмии ҳукуматро инкор кард ва гуфт, ки "се нафар писарбачаи ман, мана зани ҳамсоя, ана аз ун хонайи дигарӣ 2 нафар, аз хонаи дасти чап 2 нафар ва 1 нафари дигар аз ун хонаи поён мурдаанд. Ман ҷасади як писарбачаамро пайдо кардан натавонистам". Манучеҳр ба ман ишора карда мегӯяд, ки "Ина ака вақте аз як кӯчаак ин миқдор одам мурда бошад, баъд тамоми минтақаи сел фарогирифтара худат фикр кун".

Омори расмӣ ба воқеият мувофиқат намекунад, мақомоти масъул ва ситод шумораи қурбониён ва беному нишонгаштагонро пинҳон медоранд, гӯё кадом сирри давлатӣ ё ҳарбие фош мешавад. Аз рӯйи тахминпароканиҳои сокинон ва шоҳидони ин офати мудҳиш шумораи қурбониён ва беному нишонгаштагон аз 100 нафар болост.

СЕЛ ШАБОХУН ЗАД, МАСЪУЛОН ДАР ХОБ БУДАНД

 

Сели мудҳише, ки аз наҳри Тебалай сар зада аст, хисороти хеле гаронеро бар ҷой гузоштааст. Даҳшати сел дар он буда, ки шаб, ҳангоме, ки мардум хоб будаанд, рух дода, ба иборае онҳоро "ғофилгир" кардааст. Яъне дар шаб, имкони наҷоти мардум вуҷуд надошт, дар ҳоле ки наҷотдиҳандагон ҳам баъди чанд соати сел ба макони ҳодиса омадаанд. Абдулмӯъмини Шерхон, ки моро дар шаҳри Кӯлоб ба минтақаҳои зарардида роҳнамоӣ мекард, гуфт, ки тахминан соатҳои 2-2:20 аз тариқи яке аз бародарон огоҳ шудам ва ҳамон замон масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлобро занг задам ва аз асли ҳодиса хабардор кардам. Аммо онҳоро танҳо субҳи хеле дер дар макони ҳодиса дидам. Раиси вилояти Хатлон ва вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ, ҳарчанд ки дархости чархбол карда буданд то мардумро наҷот диҳанд, аммо ҳеҷ кадом чархболе барои наҷоти мардум ва молу колоашон дар лаҳзаҳои даҳшат нарафтааст. Мардум аз ёрмандии кормандони КҲФ ва ҳукуматҳои маҳал розӣ нестанд. Дар кӯчаи Чармгарон як идда мардум дар сӯҳбат бо мо аз тақсимоти ноодилонаи хаймаҳо шиква карданд. Онҳо мегӯянд, ки "мардумеро, ки аслан сел зарари ҷиддӣ нарасондааст, дар хаймаҳо ҳастанду мо, ки хонаҳомон батамом харобу валангор ҳастанд, ҳаминҷо болои сангҳо хобем". Манучеҳр, сокини маҳаллаи Чармгарон, ки гуфтем, се писарбачаашро сел куштааст, мегӯяд, ки то ҳол аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёрдам гирифтаем, аммо хайма нагирифтаем ва намедонем, ки сарнавишти ояндаи мо чӣ мешавад. Танҳо ба умеди Ҷаноби Олӣ ҳастем". Президенти кишвар бошад рӯзи 10 май дар ҷаласаи изтирории Ҳукумат чунин зикр кард:

"Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз ҳалокати одамон сахт андӯҳгин ҳастам ва ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ наздикону пайвандони худро аз даст додаанд, бори дигар аз номи худ ва аз номи ҳукумати мамлакат изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ менамоям ва аз Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил металабам. Мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале афсӯс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад".

 

МАРДУМ ЭЪТИРОЗ ДОРАНД!

 

Мо тамоми маҳаллаи Чармгаронро хона ба хона гашта, мардумро ҳолпурсӣ ва изҳори ҳамдардӣ мекардем. Аммо мушоҳида мешуд, ки мардум хеле танҳо аст. То ҳол бо гузаштани чор рӯз аз сел роҳҳо омода нестанд, ки мардум бору колояшонро бикашонанд. Сокинони деҳаҳои зарардида мегӯянд, ки то ҳол хонаҳошона ба қайд нагирифтаанд, ки чӣ гуна зарар ба онҳо расидааст. Аз мардум суол мекунем, ки чаро дар хаймаҳое, ки дар варзишгоҳ гузошта шудаанд хоб намераведу болои сангу тахта хоб меравед, ҷавоб медиҳанд, ки мо эътироз дорем. Ин нишонаи эътирози мо ҳаст. То ҳозир мардуме ҳаст, ки як халта орд нагирифтаанд, аммо одамҳое, ки тамоман зарар надидаанд соҳиби хаймаву дигар намуди ёрмандиҳо шуданд. Замоне ки мо дар маҳаллаҳои офатзада миёни мардум гаштугузор доштем, чанд нафареро дидем, ки бо либоси ғайринизомӣ ручкаву коғазе дар даст мегаштанд. Суол кардем, ки шумо бо намояндагӣ аз куҷостед ва чиро ё киро ба қайд мегиред, гуфтанд, ки аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлобем, аз хадамоти кофтукови ҷиноятием. Мо нафаронеро, ки мурдаанд ва онҳое, ки беному нишон ҳастанд, рӯйхат мекунем. Пурсон шудем, ки тибқи рӯйхати шумо чанд нафар мурдааст ва чанд нафари дигар бе ному нишон, посух ин буд, ки 8 нафар мурдааст ва 28 нафар беному нишон.

Ин сардаргумиҳо дар ҳисобу китоб натиҷаи он аст, ки ҳукумати Кӯлоб ва умуман Комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолияти пурсамере то ҳол надоранд. Чаҳор рӯз аз фоҷиа гузаштаасту то ҳанӯз омори дақиқе вуҷуд надорад.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯйи ситоди мазкур дар сӯҳбат ба мо зикр кард, ки ёриҳо аз чанд ташкилоти хориҷӣ ва ташкилоти ватанӣ, Ҳизби халқи демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳо омада расидаанд, ки мо онҳоро ба тадриҷ ба мардум мерасонем.

 

ХАЙРИ ҶАВОНМАРДОНИ КӮЛОБ

 

Ба назар чунин мерасид, ки ҳайатеро, ки ҳукумат сафарбар намуда буд, тамоми мардумро фаро гирифта натавонистааст. Зеро шикояти мардум аз ҳукуматдорон зиёд буд. Онҳо бештар аз соҳибкорону ҷавонмардони Кӯлоб розиянд. Соҳибкорони кӯлобӣ ва як қисм соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ба мардум хайрия бурда тақсим кардаанд. Мардуми деҳаҳои гирду атроф дар маҳалли офат дегҳои таом монда ба зарардидагон тақсим мекунанд. Замоне, ки мо миёни мардум мегаштем дар ҳар кӯчае аз ҷавонмардони кӯлоби либосу хӯрокаву пул тақсим мекарданд. Фирдавси Раҷабалӣ, соҳибкор, намояндаи ширкати "Ориёнформ", ки дар маҳалҳои офатзада ба мардум пулу дигар навъи ёриҳо мерасонд, изҳор намуд, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои "Аптека-36,6" ва "ТГМ" ба 150 хонавода 50 сомонӣ ва маводи ғизоию пӯшок тақсим намудем. Мардум аз хайри ин гуна соҳибкорон розӣ буданд ва онҳоро дуои нек мекарданд. Аз ҷумла, баъзе аз онҳо то ҳатто розӣ нашуданд, ки ба мо ному насабашонро бигӯянд. Изҳор медоштанд, ки мо дар роҳи Худо хайр мекунем ва агар бигӯем, миннатгузорӣ мешавад.

 

МАРДУМ АЗ ҲУКУМАТ ЧӢ МЕХОҲАНД?

 

Дар маҳаллаи Чармгарон дар хонаи Саид Саидов, ҳамсараш дар ҳоли гиристан иброз дошт, ки "чор мошинмона сел бурд. Ина бубинед хонаҳора, нав таъмир карда будем. Гову моломона ҳамаша сел бурд. Ин зарара ягон кас гардондан метонад? То ҳозира як қопча орд ва 4 литр равған ёрдам гирифтему халос".

Ҳасанов шаҳрванди дигаре, ки зарар дидааст мегӯяд, ки "Дар мавриди берун кардани бору бандамон мукшилоти зиёд дорем. Рӯзи аввал МЧС як омаду дигар рафт. Намеоянд ҳамин роҳмуна соз кунан, ки бигирем лоқу лапармона ба хонаи хешу табормона бубарем". Қосимова Ҷонона, сокини дигари маҳаллаи Чармгарон мегӯяд, ки "сел тамоми чизу чораи хонаи моро бурд. Худмона сел бурд, рафтем шоху барги дарахтора қапидему то рӯза шиштем. Ягон хизматрасонӣ нашид. То соати шаша дар шиғи ҳамсоямон дар даруни ов қапида шиштум. Мора бурдан ПТУ 32, ки шароиташ вазнинай. Дар панҷ шаш гулак 2 матрас додан, шароити ховмон безебай. То рӯза сармот мезана, болои инда 10-15 оила дар як синфай ҷағ-пағ мардуми тарсидагӣ, девона мешай. Ба Худо амуқа азоб дорем, хайр шукронаи Худо. Худо медонад, ки то кайа дар ин азоб мемонем".

Амиршо, сокини дигари маҳаллаи Чармгарони Поён, хонаи 35 мегӯяд, ки дар тақсимоти хайрияҳо тартибу низом нест: "Даводаву паропар. Сагда соҳиб ҳастайу мода не. Ягон кас намепурса, ки чӣ ҳоли зор доред. Ин чанд вақт гузаштай занма наёфтестам. Гум шидай". Насимов Олим сокини дигари ин маҳалла аз ҳукумат чунин дархост мекунад: "Ай ҳукумат талаб дорам, ки биёя, бубина вазъията бифаҳма. Ин майда-чайдае, ки миёя, помоше, ки ройи мекунан ба кӣ мераса номаълум. Як одаме даркор, ки ира тақсим кунад. Одамера, ки ов назадай, зарар надидаст гирифтестай, одамера, ки сел хонаву дарша бурдай ҳичи нагирифтай, нигоҳ дора, даҳанш воз". Сокини дигари ин маҳала, Сафаралӣ мегӯяд, ки Президент гуфт, ки хона ба хона бигардед, аммо мо касеро то ҳол надидем. Дар болои ҳамом бо 13 нафар аъзои хонаводаам хоб меравем: "Боло даъват мекунан, мерем, миёем, ки ними чизу чораамонро дуздиданд. Хаймаҳора бурданд дар вокзал мондаанд, мо уҷа мерем миёем, ки хонаҳомона ғорат кардаанд. Мо аз ҳукумати шаҳр, аз Ҷаноби Олӣ илтимоси сахт дорем, ки чораи ҷиддӣ биандешанд. Мо аз бӯйи мурдаи одаму ҳайвонот хатар дорем, ки имрӯзу пагоҳ эпидемия сар назанад".

 

58 НАФАР ДАР ЯК СИНФХОНАИ ПТУ-И 32

 

Қисми бештари мардумро дар Омӯзшгоҳи касбӣ-техникии 32 ҷой кардаанд. Тавре ба мо директори ин муассиса гуфт, феълан дар омӯзишгоҳи онҳо 580 нафар маскун шудааст, ки аз лиҳози ҷойи хоб сахт танқисӣ мекашанд. Дар сӯҳбат бо занҳои маскунии ин омӯзишгоҳ маълум шуд, ки онҳо дар мавриди хонаву дарашон маълумоте надоранд. Дар синфхонаҳои ин муассиса то 58 нафар ҷой шудаанд, ки шароити хубе нест. Ҳамчунин дар беморхонаи вилоятии минтақаи Кӯлоб 85 нафар аз зарардидагони ҳодиса бистарӣ шудаанд. Бино ба гуфти духтури навбатдор Ҳакимов ҳоли аксари беморон хуб аст, ба истиснои як нафар. Вале қисми зиёди занҳо ва кӯдакон зарбаҳои сахти рӯҳӣ бардоштаанд.

 

МАРГ АЗ ЯК СӮ ВА АЗ СӮЙИ ДИГАР КОНСЕРТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

 

Абдулмӯъмини Шерхон, рӯзноманигор ба мо гуфт, ки дар ҳоле ки дар Кӯлоб бояд рӯзи мотам эълон мешуд, аммо мақомдорон Рӯзи ғалабаро бо суруду рақс пешвоз гирифтанд ва гузарониданд. Ҳамчунин дар ин шаҳр, ки наздик ба бист нафар қурбонӣ додааст дар ҳеҷ куҷое эҳсос намешавад, ки мардум андӯҳ дорад. Дар кӯчаҳо нишонае аз ин фоҷиаи мудҳиш дида намешуд. Дар ҳоле ки бояд дар пайи ин ҳодиса Рӯзи мотами миллӣ эълон мешуд. Замоне ки мо соати 23-и шаб ба Душанбе бармегаштем бо як эҳсоси гарон ва хиҷолату шармандагӣ Кӯлоби селзадаро тарк мекардем, ки имкони ҳеҷ гуна кӯмаке надоштем. Ба ҷуз он ки тасалло медодем мардумро бо навиштани матлаб ва инъикоси дарду азобҳошон. Ва ин мардум ҳам аз мо ташаккур мегуфт, ки омадеду ҳолпурсӣ кардед моро. Дар даруни мошин Родиёи Тоҷикистон суханронии Президенти кишварро аз ҷаласаи изтирории ҳукумат пахш мекард, ки Сарвари давлат мегуфт:

"Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиие, ки рӯзҳои охир ба вуқӯъ омаданд, мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ қариб 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар кишварамон дар маҷмӯъ қариб даҳ ҳазор гектар замини кишт, зиёда аз 70 пул, шумораи зиёди иншооти ҳифозати соҳил, садҳо километр роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ хароб гардиданд. Умуман аз тамоми офатҳои табиие, ки соли равон рӯй доданд, мо беш аз дуюним миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидем. Ҳоло сокинони шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишине, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ба кӯмаки моддӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, озуқаву доруворӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввалия эҳтиёҷ доранд".

Мутмаинем, ки масъулону ҳукуматдорон аз пайи тақсиму судҷӯйӣ аз ёрдамҳо нашуда, мардуми зарардидаву мустаманду зорро дастгирӣ мекунанд.

 

Саъди ЮСУФӢ

Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

(таҳқиқот давом дорад)


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97