SOS: ФУРӮПОШИИ БАРЗИЁДИ ХОНАВОДАҲО

Иҷтимоъ 24.05.2010 16:52

Очаҷон, бигзор, ки Гулнигор то мехи деворҳои хонаамро канда бибарад, насиб бошад сиҳату саломат баргардам боз як духтари «таракаш»-ро мегирам. Ҳамин Шумо аз ман розӣ бошед шуд. Ин ҷавоби муҳоҷирбачаи тоҷик аз он сӯи телефон ҷавобан ба хабаргӯиҳои модараш буд, ки пайваста шикоят аз рафторҳои келини худ мекард. Рустам аз Руссия баргашту дере нагузашта, оилаи нав барпо намуд, Аммо баъди 6 моҳи навхонадорӣ дарк намуд, ки ҷудоӣ аз ҳамсари аввалу ду фарзандашон иштибоҳи бузурге будааст, ки аз дасисаҳои пайвандону сабуксарии худи ӯ ба вуқӯъ пайваста будааст.

Акнун наварӯси армониаш Зебо натанҳо ризои ба Руссия рафтани ӯро дошт, балки мабодо бегоҳие дер ба хона медаромад, он шабу рӯзи дигар доду авғони ҳамсар натанҳо луқмаи аъзоёни оиларо заҳри танашон менамуд, балки оромии кӯчаро ҳам халалдор мекард. Акнун ҳамсояҳо нимшухию нимҷиддӣ ба Рустам пичинг мепартофтанд; Одамон кӯҳу пуштаҳоро шуғ гирифта махкам мекунанд, ту ду лаби занатро маҳкам карда наметавонӣ? Ҳамин тавр баъди як соли дигар Рустами бекор ба гуфти худ сари нанг омаду хулоса баровард; "Сарамро бар санг мезанаму бахти аввалу тифлаконамро ба хона бармегардонам" бекор хулосаи дигар баровард. Гадоӣ мекунаму ҳамсари дигар мегирам.

Ин танҳо як мисоле аз се соли охири ҳаёту зиндагии як хонаводаии рустои Хатлон буд. Ба ҳамин монанд танҳо дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 381 ҳолати аз ҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 87 ҳолат зиёд мебошад. Масъулини Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз болоравии сатҳи ҷудошавии оилаҳо бояд пеш аз ҳама волидайни ҷавонон андешаҳои худро бобати хонадоркунии фарзандон тағйир диҳанд. Иддае аз фаъолони ҷомеа чунин андеша доранд, ки беаҳамиятӣ дар интихоби ҳамсар, нисбатан дар синни ҷавон ба ҳаёти мустақилона гусел кардани фарзандон, дахолати волидайн дар зиндагии навхонадорон ва дигар сабабҳо боиси аз ҳампошии оилаҳои ҷавон шуда истодааст.

Ҳамин тавр тибқи омори расмӣ агар дар соли 2008-ум дар вилояти Хатлон 944 оилаҳо барои бекор кардани никоҳ ба шӯъбаҳои САҲШ муроҷиат намуда бошанд, пас дар соли 2009 дар ҳудуди вилояти Хатлон 1 ҳазору 154 ҳолати ҷудошавии оилахо ба қайд гирифта шудааст. Дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ бошад, дар миқёси кишвар 1657 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба кайд гирифта шудааст, ки аз ин рақам 381 ҳолат дар вилояти Хатлон рух додаанд..

Санавбар Шарипова мудири бахши САҲШ ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бовар дорад, ки бо роҳи баланд бардоштани маблағи боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ метавон аз афзоиши сатҳи азҳампошии оилаҳо ҷилавгирӣ кард. Агар арзиши боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ аз 52 сомонӣ то ба 450-500 сомонӣ боло бурда шавад, бовар аст, ки оиладорон дар барпо намудани оила ва ё бекор кардани ақди никоҳ ба шитбокорӣ роҳ намедиҳанд. Вакили Порлумон Саодат Амиршоева баъди як вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Қӯрғтеппа дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки як сабаби асосии афзоиши сатҳи ҷудошавии оилаҳо ин дар синну соли нисбатан ҷавон ба шавҳар додани духтарон мебошад. Ба андешаи вакили мардумӣ дар замони Шӯравӣ сину соли никоҳ аз 18-солагӣ буд ва агар имрӯз ин меъёр аз 20 солагӣ муайян карда шавад, хуб аст. Зеро духтарон бояд то барпо намудани оила фурсати таҳсил дар ягон омӯзишгоҳу донишкадаҳо пайдо намуда, соҳиби ягон касбу кори муайян шаванд. Ба гуфтаи Саодат Амиршоева барои бунёди ҷомеаи солим маҳаки асосии он оила мебошад, мебояд ҷавононро дар руҳияи покдоманию тоҷикӣ тарбия намуд. Инҷо ҷавонмардон низ истисно нестанд, ки ба тарбияти дигаргуна ниёз доранд. Зеро ҷавонмардон чунин одат пайдо кардаанд, ки дар муносибатҳои оиладорӣ ба ҳамсари худ ҳамчун ба як каниз муносибат мекунанд. Дар низоми оиладорӣ дар ҷомеаи мо таъмин набудани баробарҳуқуқии гендерӣ як иллати дигаре аст, ки он ҳам ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад.

Аммо коршиноси масоили иҷтимоӣ Азимҷон Ваҳҳобов оид ба тағйири сину соли ҷавонон барои иҷозати никоҳ андешаи дигар дорад. Ба гуфтаи ӯ дар сини 16-17 издивоҷ кардан яке аз роҳҳои пешгирӣ аз фасодкориҳо буд. Ҳоло андешаҳо вуҷуд доранд, ки бояд сини издивоҷ боло бурда шавад, фикри мо ин аст, ки агар мо битавонем, ки шароити иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сатҳи таълиму тарбиятро хубтар кунем, то духтарон саргарми хондан, таълим гирифтан ва ба кор машғул бошанд. Воқеан, дар ин ҳолат агар аз назари демократӣ гӯем як навъ озодии духтарон риоя мешавад.

Аммо ҷавондухтарони хатлонӣ бошанд, ҷонибдори он ҳастанд, ки шурӯъ аз сини 17-18 солагӣ онҳо ҳуқуқи барпо намудани оиларо дошта бошанд. Моҳшариф як нафар бонуи хатлонӣ иброз медорад, ки духтарон ҳанӯз дар синни 17-18 солагӣ расидан баробар аз ҷиҳати равонӣ барои барпо намудани оила омодаанд. Гарчанде муҳокимаи ошкорои ин мавзӯъ тариқи расонаҳо қобили қабул нест, аммо хотири ҳалли чунин як масъалаи муҳими ҷомеа метавон ошкор гуфт, ки менталитети мардум ҳамин аст, ки духтарро ҳар чи тезтар ба шавҳар баровард.

Оид ба сину соли мувофиқ барои оиладорӣ мутахассисони соҳаи тандурусти Хатлон мегӯянд, ки сину соли фаъол барои барпо намудани оила ва таваллуди фарзанд аз 20 солагӣ огоз мегардад. ба гуфтаи Улмасой Рачабова,- директори маркази солими репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд; "Мувофиқи назари тиб сину соли аз 20 то 35 солагӣ барои барпо намудани оила ва таваллуди фарзанд солҳои аз ҳама фаъол маҳсуб меёбанд. Зеро баъзе бонувон дар сини 18-20 сола ҳам узвҳои таносули занонаи онҳо на ҳама вақт функцияи худро нағз иҷро карда метавонанд. Бинобар ин ҳангоми ҳомиладорӣ, давраи валодат, ҳангоми таваллудкунии фарзанд як қатор омилҳое, ки барои ҳаёти зан ва кӯдаки навзод хатар мекунад дида мешавад".

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бошад, барои дарки масъулияти навхонадорон дар ҳаёти оиладорӣ расми навро анъана карда истодаанд. Сабоҳат Азимова мудири шӯъбаи САҲШ ноҳия иброз медорад, ки аз ин пас пеш аз бастани ақди никоҳ домоду арӯс дар маросими тантанавии никоҳ назди волидайну пайвандон худ ва дигар шоҳидон савганди оиладорӣ ёд мекунанд. Ин расм ҳиси масъулиятшиносии навхонадоронро бедор мекунад,- мегӯянд масъулини САҲШ-и Хуросон

Аммо ба гуфтаи Саид Исмоил мо бояд ба ҷиҳати зоҳирии мушкилоти оиладорӣ баҳо надиҳему, решаи ин иллатро биҷӯем, ки он ба дарди ҷомеа-харобии маънавиёт, пайвандӣ дорад. Имрӯз воситаҳои гуногуни фарҳангӣ аз қабили диску шабакаҳои моҳворавӣ ва бо суръати кайҳонӣ паҳншавии кинофилму санъатҳое, ки ба арзишҳои миллию фарҳангии мо созгор нест мисли як тӯфон фазои маънавии моро вайрон кардааст. Азбаски воситаҳои тарбиявии мо аз қабили радио телевизион ва сатҳи таълиму тарбият дар мактабу оилаҳо на дар он сатҳи лозима қарор дорад, маънавиёти ҷомеаи мо парпечу ғарқи он "тӯфон"-е аст, ки пештар баён доштем.

Аз ин рӯ, чаро мо сабабгори асосии азҳампошии оилаҳоро аз бетаҷрибагии наварусону сабуксариҳои ҷавонмардон бубинем, вақте волидайн худ ниёз ба насиҳату тарбият доранд. Мо табақаи калонсоли ҷомеа рафтору кирдори фарзандонро мушоҳида мекунему, як бор ба худ суол намедиҳем, ки оё худи мо хусур ё хушдомани намунавие шуда метавонем, ки фарзандон аз мо ибрат омӯзанд. Имрӯз бояд қоил бошем, ки сабабгори асосии азҳампошии оилаҳо ҳамон маънавиёти хароби мо аст, ки аз афкори бегона ғизо гирифта, мо ва ҷомеи моро ба нестӣ мебарад.

Ҳикмати кӯҳандиёри Чин: Иллати чашм гувоҳӣ аз дарди ҷигар ва бемории гӯш шаҳодат аз дардмандии гурда медиҳад.


Ҷамолиддин Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97