НИҲОДИ НАВ БОЯД ПУШТИБОНИ МУҲОҶИРИН БОШАД

Иҷтимоъ 04.05.2010 15:44

Масъалаи ташкили ниҳоди ҷудогонаи муҳоҷират барои ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирин чандест аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ ва матбуот ба миён гузошта шудааст. Президенти кишвар зимни ироаи Пайёми солонаааш ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошт ки бояд ниҳоди ягонаи муҳоҷират ташкил шавад ва бесарусомониҳо дар ин самт хотима дода шаванд. Аз ҷумла зикр кард ки: "Вобаста ба ин, ба парламент, ҳукумати мамлакат, тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лозим аст, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафқои муқарраршуда, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақвият бахшида, ба масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати доимӣ диҳанд.

Дар робита ба ин, ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдори он вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи зарурати ташкили сохтори алоҳидаро доир ба танзими масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамаҷониба омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод намоянд".

Муҳочирати корӣ дар Тоҷикистон яке аз шохаҳои асосии иқтисодӣ дар таъмини аҳоли ба шумор меравад. Борҳо инро коршиносон таъкид карда буданд, ки ҳамасола ду баробар бештар аз буҷаи кишвар муоҳҷирини корӣ ба дохил, маблағ ворид менамоянд. Бо тамоми сахтиву меҳнати тоқатфарсое, ки муҳоҷирин доранд, ба қавли коршиносон манбаи асосии даромади аҳолӣ ва низоми иқтисодиёти кишвар онҳоянд. Дар тӯли беш аз 15 соле, ки муҳоҷирини тоҷик рӯ ба давлатҳои ғайр барои дарёфти моддиёту наҷоти авлоду хонадони хеш ниҳодаанд, то ба ҳол мушкилоти зиёдеро ба бар доранд. Аз як тараф пастзанӣ ва эҷоди монеъаҳо, аз ҷониби кишварҳои кордеҳ ва беҳуқукии онҳо аз ҷониби дигар, ин соҳаро дар як дуроҳаи буҳроние қарор додаст. Ба замми ин, дар дохил низ то ба ҳол як сохтори муайяну воҳиде дар бораи муҳоҷирон, ки тавонад ҳама паҳлӯҳои ҳуқуқуқӣ ва иҷтимоии онҳоро дар бар гирад мавҷуд нест. Дар давоми ин солҳо чандин раёсат ва хадамотҳои гуногун ташкил шуданд. Сараввал Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ёфт ва соли 2007 Хадамоти Муҳоҷирати ВКД ташкил шуд. Аммо тавре мушоҳида мешавад бо вуҷуди чандин таъғйирот ва қӯшишҳои ин хадамот то ба ҳол мушкилиҳои зиёде дар ин соҳа вуҷуд доранд. Ҳамасола теъдоди зиёди корҷӯёни тоҷик аз кишварҳоли кордеҳ, ба хусус Русия барои фаъолияти гайриқонунӣ ихроҷ карда мешаванд. Инчунин ҳолати сангини муҳоҷирин дар ин кишвар борҳо таъкид шуд, ки аксари онҳо аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум буда намедонанд ба ки ва куҷо муроҷиат намоянд. Дар доҳили кишварамон низ то ба ҳол ягон имтиёзе барои муҳоҷирин, ки ҷанбаи даромаданд, то ба ҳол муайян нашудаст. Муҳоҷири бечора баъди чандин соли азобу меҳнат, ки қобилияти кори хешро аз даст медиҳад ё дар сурати ягон ҳодисаи нохуш наметавонад дигар кор кунад, бо надоштани дафтарчаи меҳнатӣ аз нафақа ва дигар имтиёзҳо низ маҳруманд. Чандин коршиносон ва роҳбарони ташкилоту аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои ташкили як ниҳоди алоҳидаи муҳоҷирин борҳо дар нишастҳо ва гуфтугӯҳояшон пешниҳод намуда буданд. Дар ин мавзӯъ мусоҳибаҳо ва мақолаҳое дар ҳафтаномаи "Миллат" низ ба табъ расида буд. Аз ҷумла Анвар Бобоев, ҷонишини Директории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳант ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар мусоҳиба бо "Миллат" дар бораи ташкили чунин як сохтор ишора намуда буд.

Ҳизбҳои сиёсии кишвар низ ин мавзӯъро дар барномаҳои пешазинтихоботияшон пешниҳод намуда буданд. Аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ташкили вазорати алоҳида барои муҳоҷирин борҳо таъкид намудаву дар барномаи пешазинтихоботии хеш дохил намуда буд. Бо таъсиси ин гуна сохтор дар замони кунунӣ ба назари мо умед аст паёмадҳои хушеро дар бар дошта бошад. Аз ин рӯ, коршиносон ва масъулини ин соҳаро зарур аст, ки бояд аз таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафта истифода кунанд. Зеро дар ҷаҳон чандин кишваре ҳаст, ки асоси даромади аҳолии онҳо аз ин соҳа мебошад. Аз ҷумла метавон таҷрибаи чилсолаи кишвари Филиппинро мисол овард.

Лозим ба ёдоварист, ба роҳ мондани шакли дурусти кор бо муҳоҷирин дар Филиппин то 600 миллиард евроро дар як сол ташкил менамояд. Ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки барои кор кардан ба хориҷ сафар менамояд барои суғуртаи хеш дар фонд муҳоҷират ба маблағи 25 евро пардохт менамояд, ки дар ҳолати садама ё ин ки бӯҳрон метавонад оилаи муҳоҷирро суғурта намояд. Сохторҳои алоҳидаи вобаста ба муҳоҷирин дар бисёре аз кишварҳо фаъолият доранд, ки ҳангоми таъсиси ниҳоди нав бояд аз таҷрибаи онҳо истифода кунанд.


Аъзамшои Қӯқаншоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97